Рақобат байни субъектҳои бозор баҳри шароитҳои беҳтарини истеҳ солот ва тиҷорат, хариду фурӯши молҳо, ба тарафи худ ҷалб намудани харидорон, нисбат ба дигарон зиёдтар гирифтани фоида ба амал баро варда мешавад.
Ҳарифии муборизаи иқтисодиро дар бозор чунин шароитҳои объек тивӣ ба вуҷуд меоваранд: мустақилии комили ҳар як истеҳсолкунанда дар асоси моликияти хусусӣ ба воситаҳои истеҳсолот, вобастагии манфиатҳо аз конъюнктураи бозор, дар мубориза барои харидорон нисбат ба ди гар истеҳсолкунандагон афзалият доштан. Муборизаи рақобатӣ унсури муҳимтарини механизми танзимкунандаи бозор мебошад. Дар натиҷаи рақобат ба маҳсулоти якхела нархи умумӣ (бозорӣ) ба вуҷуд меояд.
Дар низоми бозорӣ рақобат истеҳсолкунанда ва фурӯшандаро маҷбур месозад, ки талаботро таъмин намоянд. Зиёд шудани талаботи истеъмолкунандагон ба мол нархи онро дар бозор нисбат ба арзишаш хеле баланд мебардорад. Фоидаи дар натиҷаи он гирифташуда моҳия тан хабар ба истеҳсолкунанда мебошад, ки барои ҷамъият миқдори зи ёди чунин маҳсулот зарур аст. Танҳо рақобат метавонад, ки дар як вақт истеҳсолотро васеъ намояд ва нархи молро паст. Рақобат соҳибкорро маҷбур мекунад, ки технологияи самараноктарини истеҳсолотро ҷорӣ намояд ва дар баробари ин шароитҳои ба пешрафти техникӣ мусоидат кунандаро муҳайё созад.
Дар адабиёти иқтисодие, ки ба масъалаи рақобатпазирӣ бахши да шудааст, се нуқтаи назар оид ба муайяннамоии рақобат мавҷуд аст. Якум, рақобатро ҳамчун мусобиқа дар бозор муайян менамоянд. Дуюм, рақобатро ҳамчун унсури механизми бозорӣ, ки имконияти мувозинат намудани талабот ва таклифотро медиҳад, дида мебароянд. Сеюм, рақо батро ҳамчун меъёри муайянкунандаи навъи бозори соҳавӣ муайян ме кунанд ва он дар назарияи морфологии бозор асос меёбад.
Нуқтаи назари мазкур оид ба масъала яктарафа буда, рақобатро танҳо ҳамчун фаъолияти озодии рақибонро маҳдудкунанда дида баро мада, ҳавасмандии худи субъектҳоро бо натиҷаи мусбӣ ба инобат наме гирад. Чунин нуқтаи назари омӯзиши моҳияти рақобатпазирӣ яқин но кифоя мебошад. Ҳамин тариқ, дар ин ҳолат моҳияти рақобатпазирӣ ба таври истисноӣ аз мавҷудияти имконият ва воситаҳои муқовимати сама ранок ба озодии фаъолияти рақибон иборат мебошад.
Қайд кардан зарур аст, ки дар ин ҳолат ҷузъи таркиби ниҳоят муҳим ва асосгузори рақобат – принсипи сабқат дида баромада мешавад. Ра қобат ба ифодаҳои гуногун ҳам бошад, ҳамчун муқовимати субъектҳои иқтисодӣ фаҳмида мешавад.
Дар чаҳорчӯбаи назарияи классикии иқтисодӣ рақобат чун унсури ҷудонашавандаи механизми бозорӣ баромад мекунад. Вақте ки фурӯ шандагон ва харидорони инфиродӣ дар бозор барои хариду фурӯши нисбатан манфиатнок мувофиқан мусобиқа менамоянд, А. Смит ин рақобатро ҳамчун категорияи рафтор маънидод намудааст. Рақобат ҳа мон «дасти ноаён»и бозор мебошад, ки фаъолияти иштирокчиёни онро ба ҳам мутобиқ менамояд.
Ҳамин тариқ, тарафи дигари рақобат қувваи ҳаракатдиҳанда барои ҳар як иштирокчӣ, ҳавасмандии шахсӣ, ҳавасманд будан дар ноилшавӣ ба натиҷаи барои худ мусбат мебошад. Муқовимат ба ҳарифон набояд ва наметавонад мақсади худи рақобат бошад. Он бояд натиҷаи дуюминда раҷаи кӯшишҳои амалишаванда барои ноил гардидан ба натиҷаҳои ба рои худ манфиатбахш бошад.
Ба бозори рақобати озод пеш аз ҳама, шумораи зиёди субъектони хоҷагидорӣ (харидорон ва фурӯшандагон) ва инчунин, таҳвили як мол хос мебошад. Зеро бо таъсири талабот ва таклифот нархҳо ба ҳам наздик мешаванд, яъне дар минтақаи алоҳида дар вақти муайян нархҳо қариб ки якхела мешаванд. Мувофиқан дар шароити иқтисоди бозорӣ кӯшиши ҳар як фурӯшанда оид ба гирифтани фоидаи максималӣ меафзояд. Барои 34
нигоҳ доштани мавқеи худ дар бозор фурӯшанда (истеҳсолкунанда) тах фифро (скидка) истифода мебарад (3–5%). Дар натиҷа фоидаи фурӯ шанда аз ҳисоби зиёд гардидани таҳвили мол ба бозор бештар мегардад.
Дар амалияи воқеӣ мавҷудияти рақобати озод ҳолати камшумор ба ҳисоб рафта, танҳо баъзе аз намуди бозорҳои алоҳида, ба монанди бозо ри ғалла, қоғазҳои қиматнок, асъори хориҷӣ ва амсоли онҳо ба рақобати озод наздик мебошанд. Дар ин самт барои мо на танҳо соҳаи амалии та тбиқнамоии донишҳои назариявии азхуднамуда (дар ин бозорҳо), ҳам чунин омилҳое низ аҳамиятнок мебошанд, ки вобаста ба онҳо рақобати озод ҳолати одӣ ба шумор рафта, барои муқоиса ва баҳо додани самара нокии равандҳои воқеии иктисодӣ намунаи аввалияи меъёрҳоро муайян мекунад.
Рақобати озоди арзанда. Дар давраи дарозмуддат шарти рақобати озод баробарии MR = MC = AC = P (Ҳудуди даромад = Ҳудуди хароҷот = =Хароҷоти миёна = Рнарх) мушоҳида карда мешавад (расми 4.1).
Албатта, дар шароити рақобати озод корхона метавонад дар мудда ти кӯтоҳ даромади зиёдеро ба даст орад ва ё ин ки баръакс, зарар бинад. Лекин заминаи мазкур дар доираи вақти зиёд ғайриимкон буда, метаво над дар шароити озоди дохилшавӣ ва хориҷшавӣ ба соҳа таваҷҷуҳи кор хонаҳои дигарро ба худ ҷалб намояд. Дар натиҷа корхонаҳои зараровар муфлис гардида, аз соҳа хориҷ мегарданд.
Рақобати озод имкон медиҳад захираҳои маҳдуди мавҷуда тавре тақсим гарданд, ки дар заминаи он қонеъгардонии максималии талабот таъмин карда шавад. Чунин ҳолат ҳангоми ҷой доштани як шарт Р=МС будан имконпазир мешавад. Ин маънои онро дорад, ки корхонаҳо миқ дори максималии маҳсулотро то мавриде истеҳсол карда метавонанд, ки хароҷоти ниҳоии захираҳо ба нархе, ки аз рӯи он харидорӣ карда шудани маҳсулот даст дода истодааст, баробар намегардад. Дар ин маврид на танҳо самаранокии баланди тақ симоти захираҳо, ҳамчунин сама ранокии баланди истеҳсолӣ низ ба даст оварда мешавад. Рақобати озод корхонаҳоро маҷбур менамояд маҳ сулоти худро бо хароҷоти миёнаи минималӣ истеҳсол намуда, онро бо нархе, ки ба хароҷоти пешниҳод кардашуда мутобиқат менамоянд, ба фурӯш бароранд. Ба таври графикӣ ин маънои онро дорад, ки каҷхатаи хароҷоти миёна танҳо ба каҷхатаи талабот мерасаду халос. Дар ҳолате ки агар хароҷоти истеҳсолӣ нисбат ба ҳар як воҳиди маҳсулот аз нархи он барзиёд гардад (AC>P), пас барои корхона аз нуқтаи назари иқтисодӣ истеҳсоли ҳама гуна маҳсулот зарар нок гардида, боиси аз соҳа рафтани он мегардад. Агар хароҷоти миёна нисбат ба каҷхатаи талабот ва мутобиқан нисбат ба нарх паст бошад (AC<P), ин маънои онро дорад, ки каҷхатаи хароҷоти миёна каҷхатаи талаботро гузашта, як навъ ҳаҷми истеҳсолоти фоидаи зиёддиҳандаро ба вуҷуд меорад. Дар ин маврид миқдори корхонаҳо дар соҳа зиёд гардида, фоидаи мазкурро дер ё зуд ба сифр баробар менамоянд. Ҳамин тавр, каҷ хатаҳо танҳо ба ҳамдигар мерасанду халос, ки ин ҳолати мувозинатӣ дар давраи дарозмуддат на фоида ва на зарарро ба вуҷуд меорад.
Дар ин ҷо муаммои ба худ хос ба вуҷуд меояд: дар шароити мувози натӣ барои ҳама гуна корхонаи дар соҳа фаъолияткунанда бояд хароҷо ти якхела рост ояд. Лекин чунин замина ғайриимкон аст, зеро мо медо нем, ки як корхона бо ашёи хоми босифат фаъолият намуда, корхонаи дигар дорои таҷҳизоти муосир ва самаранок мебошад, сеюмӣ корман дони соҳибтаҷрибаро ҷалб намуда, чорумӣ менеҷерҳои беҳтаринро гирд овардааст. Зиёда аз ин ягон корхонаи якхела ҷой дошта наметавонад. Корхонае, ки аз захираҳои беҳтарин истифода мебарад, комилан маълум аст, ки хароҷоти нисбатан камтар дорад. Аз ин ҷо чунин омили баръало намоёнро бо ҳолате ки аз рӯи он хароҷоти корхонаҳо дар шароити рақо бати озоди соҳа якхелаанд, чӣ гуна мувофиқ кардан мумкин аст?
Дар иқтисодиёт тартиби зерини шарҳ додани муаммои мазкур вуҷуд дорад: дар назар дошта шудааст, ки соҳибони захираҳои нисбатан беҳтар мукофотпулии зиёдтареро ба даст меоранд. Масалан, кормандо ни соҳибтаҷриба музди меҳнати хуб мегиранд, барои таҷҳизоти муосир арзиши калонтар пардохт карда мешавад. Аз ин ҷо маблағҳои аз ҳисо би истифодаи захираҳои нисбатан самаранок сарфагардида барои нигоҳ дошта шудани онҳо хароҷот карда мешавад. Чунин ҳолат дар навбати худ раванди мувозинатии хароҷоти дар шароити рақобатпазирии соҳа мавҷударо ифода менамояд.
Норасоии рақобати озод. Рақобати озод дар маҷмӯъ ба монанди иқтисоди бозорӣ дорои як қатор норасоиҳо мебошад. Вобаста ба ин дар хусуси аз тарафи рақобати озод таъмин карда шудани тақсимоти сама раноки захираҳо ва то ба ҳадди максималӣ қонеъ гардонда шудани тала боти харидорон сухан ронда, онро фаромӯш набояд кард, ки чунин ҳолат аз пардохтпазирии талабот, аз тақсимоти даромадҳои пулӣ, ки қаблан ба миён омада буданд, пайдо мегардад. Ҳолати мазкур баробарии им кониятҳоро ба вуҷуд оварда, баробарии натиҷаро кафолат намедиҳад. Рақобати озод танҳо ҳамон хароҷотҳоеро ба назар мегирад, ки онҳо рӯйпӯш мегарданд. Аммо дар шароити нокифоягии таснифоти ҳуқуқи 36
моликият манфиатҳо (хароҷот)е ҷой доранд, ки онҳо аз тарафи корхо наҳо ба инобат гирифта намешаванд: онҳоро ҷомеа ба амал мебарорад.
Дар ин маврид сухан дар бораи нафъ ё ин ки хароҷоти беруна (эк стернали мусбӣ ё ин ки манфӣ) меравад. Бинобар ин, дар шароити но расоии таснифоти ҳуқуқи моликият кам истеҳсол шудани экстерналҳои мусбӣ ва барзиёд истеҳсол шудани экстерналҳои манфӣ эҳтимолият доранд.
Рақобати озод истеҳсол карда шудани неъматҳои ҷамъиятиро пеш бинӣ наменамояд, гарчанде онҳо боиси қаноатмандии истеъмолкунан дагон мегарданд, аммо, онҳо наметавонанд ба таври аниқ ва мушаххас тақсим, баҳодод ва ба ҳар як истеъмолкунанда дар алоҳидагӣ (донабайъ) фурӯхта шаванд. Чунин ҳолат ба як қатор неъматҳои ҷамъиятӣ, ба мо нанди амнияти зиддисӯхторӣ, мудофиаи миллӣ ва монанди инҳо таал луқ дорад.
Рақобати озоде, ки шумораи зиёди корхонаҳоро дар назар дорад, на ҳама вақт имконияти таъмин намудани ҷамъоварии захираҳои ба рои тезондани раванди илмӣтехникӣ зарурбударо дорост. Ин пеш аз ҳама, ба тадқиқотҳои бунёдӣ (тадқиқотҳое, ки одатан зараровар мебо шанд), соҳаҳое, ки аз ҷиҳати илмӣ ва сармоявӣ калонҳаҷм мебошанд, тааллуқ дорад.
Рақобати озод барои баробарнамоӣ ва ба талабот мувофиқ намуда ни маҳсулот мусоидат менамояд. Он доираи васеи интихоби истеъмо лиро дар маҷмӯъ ба назар намегирад. Дар баробари ин, дар ҷамъияте, ки сатҳи баланди истеъмолиро ноил гардидааст, завқу салиқаҳои гуно гун инкишоф меёбанд. Дар ин маврид истеъмолкунандагон на танҳо ба таъйиноти ашё, инчунин ба тартиби ороиш, ташаккул додан, имконияти мутобиқ намудани он ба хусусиятҳои хоси фардии ҳар як инсон ҳарчи бештар диққат зоҳир менамоянд. Мутобиқ ба ин, ҷиҳатҳои мазкури ашё танҳо дар шароити гуногунии мол ва хизматрасониҳо имкон медиҳад, ки он хоҳу нохоҳ бо зиёд намудани хароҷоти истеҳсолӣ алоқаманд бошад.
Таснифоти сохтори бозорӣ. Маҳдудияти рақобати озод дар ша роити навъҳои гуногуни сохтори бозорӣ бартараф карда мешавад. Рақобате, ки дар он ҳадди ақал яке аз унсурҳои рақобат риоя карда на- мешавад, рақобати ғайрикомил эътироф карда мешавад. Дар ин самт ҳо лати истисноӣ инҳисори соф (pure monopoly) ба шумор меравад, ки аз рӯи он дар соҳа танҳо як корхона ҳукмрон буда, доираи амали он бо доираи амали соҳа мутобиқат менамояд.
Ҳангоми дар соҳа фаъолият намудани шумораи ками корхонаҳо ҳо лати олигополӣ фаро мерасад. Ҳолати акс дар мавриде рух дода метаво над, ки агар дар соҳа шумораи корхонаҳо зиёд буда, ҳар яке аз онҳо ҳад далимкон барандаи қисмати муайяни ҳукмронии инҳисорӣ мебошанд.
Намудҳои асосии сохтори бозорӣ ҳадди охирони намуди сохтори бозорӣ набуда, ҳамчунин намудҳои дигари зиёди онҳо фарқ карда меша ванд. Дар бозор ҷой доштани як истеъмолкунанда монопсония номида мешавад. Корхонае, ки маҳсулоти худро ба категорияи гуногуни истеъ- молкунандагон бо нархи гуногун мефурӯшад, корхонаи истифодабаран- даи гуногунии нарх номида мешавад.
Дар ҳолати ба ҳам бархӯрдани монопсонистистеъмолкунанда бо монополистфурӯшанда инҳисори дутарафа ба вуҷуд меояд. Дар соҳа фаъолият намудани ду корхона, ки чунин ҳолати бештар ба назаррасан даи олигополия мебошад, дуополия номида мешавад.
Дар мавриди гузаштан ба омӯзиши роҳҳои гуногуни омезиши шак лҳои таклифот ва талабот, миқдори имконпазири сохторҳои бозорӣ ме афзояд (ниг. ба табл. 4.3). Лекин ҳангоми таҳлили ҳолати мавҷуда ода тан аз тахмине бармеоянд, ки аз рӯи он талабот рақобатпазир буда, бо омӯзиши шаклҳои гуногуни таклифот маҳдуд мешавад.