Мафҳум, таркиб ва навъҳои шуури ҳукуқӣ
Ҳуқуқ ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ ин ё он шакли муносибати одамонро нисбат ба худ ифода менамояд. Чунин муносибат мумкин мусбат ё ин ки манфӣ бошад. Агар инсон арзиш ва зарурати ҳуқуқро дар ҷомеа дарк намояд, он гоҳ муносибат ба ҳуқуқ мусбат мебошад ва баръакс, агар инсон ҳуқуқро ҳамчун падидаи бефоида ва нолозим шуморад, он гоҳ муносибати худро ба ҳамаи он чизҳое, ки предмети батанзимдарории ҳуқуқ мебошад, дар ин ё он шакл ба таври манфӣ ифода менамояд. Ин муносибат вобаста ба дарки моҳияти ҳуқуқ метавонад самаранок, оқилона ва пуртаъсир бошад.
Бояд дар назар дошт, ки шуури ҳуқуқӣ яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ мебошад. Вай дар алоқамандӣ бо шаклҳои дигари шуури ҷамъиятӣ вуҷуд дошта метавонад. Шуури ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама, бо ахлоқ вобастагии зич дорад, зеро одамон ба моҳият ва мафҳуми қонунҳо, рафтори қонунӣ ва фаъолияти макомоти ҳифзи ҳукуқ аз рӯйи меъёрҳои ахлоқӣ баҳо медиҳанд. Шуури ҳуқуқӣ бо ҷаҳонбинии фалсафӣ, ақидаҳои сиёсиву мафкуравӣ ва динӣ зич алоқаманд аст. Чунки тасаввуроти инсон доир ба олам, қонунҳои умумии инкишофи табиат ва ҷомеа, таносуби шуур ва ҳаёт дар шуури ҳуқуқӣ инъикос мегардад. Муносибат ба ҳуқуқ бисёр вақт вобаста ба ақидаи сиёсӣ муайян карда мешавад. Ин хусусан ба муносибати марксистӣ-ленинӣ нисбат ба ҳуқуқ хос буд, зеро аз нигоҳи фаҳмиши марксистӣ-ленинӣ ҳуқуқ ифодаи иродаи синфи ҳукмрон дар қонун буда, қонун ҳамчун чораи сиёсӣ маънидод карда мешуд.
Ба шуури ҳуқуқӣ низ дин таъсир мерасонад, зеро одамони дорои эътиқоди динй ба ҳукуқ аз нигоҳи фаҳмиши динӣ баҳо медиҳанд.
Агар мо ҳуқуқро ҳамчун воқеияти объективӣ баҳо диҳем, он гоҳ бояд мавҷудияти аксуламали субъективии одамонро ба ҳукуқ, ки шуури ҳуқуқиро ташкил медиҳад, эътироф намоем. Шуури ҳуқуқӣ ҳамрадифи ногузири ҳуқуқ мебошад, зеро ҳуқуқ танзимкунандаи муносибати байни одамон мебошад. Аз тарафи дигар, ҷараёни эҷоди қонунҳо ба фаъолияти бошууронаи одамои алоқманд аст. Аз ин ҷо ҳуқуқ натиҷаи маҳсули чунин фаъолият мебошад. Он чиз низ маълум аст, ки ҷараёни ба ҳаёт татбиқ шудани ҳуқуқ одатан натиҷаи фаъолияти бошуурона ва иродавии одамон мебошад. Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мисоли равшани кори бошуурона шуда метавонад. Ба сифати фаъолияти шуур инчунин татбиқи ҳуқуқ дар ҳаёти ҳар яки мо мисол шуда метавонад, зеро ҳангоми содир намудани амали дорои аҳамияти ҳуқуқӣ мо на матни санади меъёрӣ, балки тасаввуротеро, ки оид ба он дар шуури мо пайдо шудааст, ба инобат мегирем. Шуури ҳукуқӣ маҷмӯи тасаввурот ва ҳиссиёте мебошад, ки муносибати инсонро ба ҳуқуқ ва зуҳуроти ҳуқуқӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ ифода менамояд.
Таъсири шуури ҳуқуқӣ дар бунёдӣ ҳаёти ҷамъиятӣ ниҳоят калон аст хусусияти характерноки шуури ҳуқуқӣ ҳамчун қисми таркибии механизми танзими ҳуқуқӣ дар он ифода меёбад, ки вай ҳам дар марҳалаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва ҳам дар марҳалаи татбиқи ҳуқуқ амал мекунад. Вай дар ҳамаи механизми танзими ҳуқуқӣ, ба монанди меъёри ҳуқуқ, муносибатҳои ҳукуқӣ, санади татбиқи ҳуқуқ ба ин ё он дараҷа иштирок мекунад. Шуури ҳуқуқӣ дар марҳалаи татбиқи ҳуқуқ, ҷараёни амалӣ намудани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ҳуқуқӣ дар ҳаёт нақши муҳим мебозад. Аз сатҳ, сифат, характер ва мазмуни шуури ҳуқуқӣ то дараҷае рафтори одамон дар ҷомеа (қонунӣ, ғайриқонунӣ, зарарнок ва хатарнок) вобастагӣ дорад. Маҳз ба туфайли шуури ҳуқуқӣ одамон ба қонунӣ ё зиддиҳукуқӣ будани рафтори хеш баҳо медиҳанд.
Дар ҷомеаи имрӯза шуури ҳуқуқӣ бояд мазмуни ғайримафкуравй ва ғайрисиёсӣ дошта бошад. Инсон ба ҳодисаҳои ҳуқуқӣ на аз нигоҳи манфиатҳои мафкураи ҳизбӣ, сиёсӣ, гурӯҳӣ ё давлатӣ, балки бо дарназардошти арзишҳои башарй бояд баҳо диҳад.
Таркиби шуури ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама, аз идеологияи (мафкураи) ҳуқуқӣ иборат мебошад. Ба мафкураи ҳуқуқӣ мафҳум ва тасаввурот оид ба ҳуқук ва зуҳуроти ҳукукӣ дар ҷамъият дохил мешавад. Сатҳ ва сифати нишондоди чунин тасаввурот мставонад гуногун бошад аз оддӣ, муқаррарӣ, рӯякӣ то ба илмиву назариявӣ. Ба мафкураи ҳуқуқӣ ҳам муҳокимарониҳои шахс, таҷрибаи ҳастидоштаи роҳбари маҳалла ва ҳам асари илмию назариявии эҷоднамудаи олими соҳаи ҳуқуқ тааллуқ дорад.
Нақши мафкураи ҳуқуқӣ дар танзими ҳуқуқӣ хеле муҳим аст. Дар асоси ақида, назария ва таълимоти ҳуқуқӣ фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ба роҳ монда шуда, ҷараёни татбиқи ҳуқуқ амалӣ карда мешавад. Дар ҷомеаи ҳозира мафкураи ҳуқуқӣ инъикоси бевоситаи фаҳмиши мусбат ва муфиди башар буда, асоси конститутсионии худро дорад. Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар Тоҷикистон хаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад» (к.1 м.8.). «Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад» (к.2. м.8.). Яъне мафкураи ҳуқуқӣ дар кишвари мо ифодакунандаи ҳеҷ гуна манфиат набуда, балки инъикоскунандаи арзишҳои ҳуқуқии умумибашарӣ мебошад.
Дар таркиби шуури ҳуқуқӣ унсури дигар низ мавҷуд аст, ки онро равоншиносии (психологияи) ҳукуқӣ меноманд. Эҳсос ва ҳиссиёт ба таркиби шуур дохил мешавад ва барои ҳамин инсон наметавонад дар соҳаи танзими ҳуқуқӣ танҳо фикрронии оқилонаро ба инобат гирад. Равоншиносии (психологияи) ҳуқуқӣ, ки одатан аз шиносоии одам ба ҳуқуқ огоз мегардад, бо таъсири муҳити ҳуқуқии амалкунанда ташаккул меёбад. Дар назар бояд дошт, ки равоншиносии (психологияи) ҳуқуқӣ воқеиятро тавассутӣ эҳсос дарк намуда, дар сатҳи фаҳмиши ҳуқуқии ҳамарӯза қарор дорад ва бо ҳамин сабаб тағйирпазир ё зудивазшаванда мебошад. Тобиши эҳсосии мусбат ё манфӣ ба хислат ва рафтори дуруст ё нодурусти ҳуқуқӣ таъсир мерасонад.
Таҳлили муносибати одамон ба қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ имкон медиҳад дар шуури ҳуқуқӣ унсурҳои дигари таркибиро ҷудо намоем, ки ба онҳо унсури иттилоотӣ, баҳодиҳӣ ва иродавӣ дохил мешавад. Унсури иттилоотӣ нишонаи дар шуури инсон мавҷуд будани маълумот оид ба қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад. Сатҳи иттилоотии шуури ҳуқуқӣ қисми таркибии шуури ҳуқуқӣ мебошад, зеро бе иттилоот доир ба қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ наметавонад муносибат ба онҳо вуҷуд дошта бошад.
Инсон оид ба санади меъёрии ҳуқуқӣ маълумот гирифта, онро бо арзишҳои шахсии худ муқоиса мекунад ва ба онҳо медиҳад. Вобаста ба тасаввуроти инсон доираи рафтори ӯ дар соҳаи ҳуқуқӣ ташаккул меёбад. Аз тарафи дигар, фаҳмиши моҳияти ҳуқуқ аз тарафи инсон барои амалӣ намудани мақсад ва манфиати инсон мусоидат менамояд, зеро фаҳмиши бошууронаи моҳияти ҳуқуқ аз ҷониби инсон ба ӯ имконият медиҳад, ки дар амалӣ шудани ҳуқуқ амалӣ шудани мақсаду манфиати худро бубинад.
Дар асоси унсурҳои иттилоотӣ ва баҳодиҳӣ унсури дигари таркиби шуури ҳуқуқӣ — ирода ташаккул меёбад. Инсон қонунро дониста ва онро баҳо дода, ба хулоса меояд, ки дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ӯ чӣ кор карда метавонад — қонунро барои амалӣ намудани вазифаҳои шахсии худ истифода барад ё иҷро накунад, ё ин ки қонунро қатъиян риоя намояд ё дигар санади меъёрии ҳукуқиеро ёбад, ки ба манфиат ва талаботи вай ҷавобгӯ бошад. Ҳамаи ин лаҳзаҳо ба унсури иродавии шуури ҳукуқӣ дохил мешавад.
Албатта, шуури ҳуқуқӣ дар ҳаёти воқеӣ дар шакли яклухт ифода меёбад. Ҷудо намудани унсурҳои таркибӣ дар шуури ҳуқукӣ танҳо барои фаҳмиши нақш ва ҷойи он дар ҳаёти инсон ва ҷамъият мусоидат менамояд.
Барои он ки моҳияти шуури ҳуқуқй дуруст фаҳмида шавад, зарур аст ки навъҳои гуногуни он мавриди таҳлил қарор дода шавад. Вобаста ба дараҷаи эътирофи зарурати ҳуқуқ, дарки моҳияти он ва дигар зуҳуроти ҳуқуқӣ дар ҷомеа шуури ҳуқуқӣ ба се намуд ҷудо карда мешавад:
Шуури ҳуқуқии мукаррарӣ ба шумораи бсштари аъзои ҷомеа хос буда, дар асоси ҳаёти ҳаррӯзаи шаҳрвандон дар соҳаи танзими ҳукуқӣ ташаккул меёбад. Одамон дар ин ё он шакл бо навиштаҷоти ҳуқуқӣ дучор мешаванд, аз ахбори омма маълумот мегиранд, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла Маҷлиси намояндагонро мушоҳида менамоянд, рафтори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро назорат мекунанд ва ғайра. Барои одамони ин сатҳи шуури ҳуқуқӣ донистани принсипҳои умумии ҳуқуқ хос буда, ақидаҳои ҳуқуқии онҳо бо тасаввуроти ахлоқӣ зич алоқаманд мебошад.
Дар ҷараёни омодагии махсус ва дар рафти амалӣ намудани фаъолияти ҳуқуқии таҷрибавӣ шуури ҳуқуқии касбӣ ба миён меояд. Субъектҳои ин сатҳи шуури ҳуқуқӣ дорои дониши махсус оид ба қонунгузории амалкунанда буда, маҳорату малакаи татбиқи онро доранд. Ба чунин субъектҳо шахсоне дохил мешаванд, ки факулта ва донишкадаҳои ҳуқуқиро хатм намуда, донишҳои ҳукуқиро дар ҷараёни фаъолияти амалии худ истифода мекунанд.
Барои муҳаққиқон ва коркунони илмие, ки бо таҳқиқи масъалаҳои танзими ҳукуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ машғуланд, шуури ҳуқуқии илмиву назариявӣ хос мебошад.
Вобаста ба субъекте, ки дорои шуури ҳуқуқӣ мебошад, шуури ҳукуқӣ ба инфиродӣ ва дастаҷамъӣ ҷудо карда мешавад. Шуури ҳуқуқии инфиродӣ ба шахси алоҳида тааллуқ дошта, ба сатҳи тафаккур ва ҷаҳонбинии ӯ ва хислатҳои шахсии ҳар як шахс вобаста мебошад.
Шуури ҳуқуқии дастаҷамъӣ хислати гурӯҳӣ, оммавӣ ва ҷамъиятӣ дорад. Вобаста ба ин, онро ба шуури ҳуқуқии гурӯҳӣ, шуури ҳуқуқии оммавӣ ва шуури ҳуқуқии ҷамъиятӣ ҷудо менамоянд. Шуури ҳуқуқии гурӯҳӣ ба гурӯҳу табақаҳои алоҳидаи иҷтимоӣ ҳос буда, тасаввур ва ҳисси ин ё он гурӯҳи иҷтимоӣ, синф, табақа ва ҷамъомади касбиро ба ин ё он масъалаи танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ ифода менамояд. Шуури ҳуқуқии гурӯҳӣ аз шуури ҳуқуқии оммавӣ фарқ дорад. Шуури ҳуқуқии оммавӣ ба гурӯҳи муваққати ва ноустувори одамон хос буда, ҳангоми гирдиҳамоӣ, намоишҳо ва раҳпаймоиҳои осоишта зоҳир мегардад. Шуури ҳуқуқии ҷамъиятӣ ба тамоми аҳолии кишвар, қитъа ва давраи таърихии муайян тааллуқ дорад. Масалан, шуури ҳуқуқии буржуазӣ, сотсиалистӣ ва ғайра. Ба он мафкураи халқиятҳо ва миллатҳоро низ дохил намудан мумкин аст.