• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Маводҳои мактабӣ/Маданияти ҳуқуқӣ
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Маданияти ҳуқуқӣ

33 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
12.02.2024

Маданияти ҳуқуқӣ

Маданияти ҳуқуқӣ яке аз навъҳои фарҳанги ҷамъиятӣ буда, барои таснифи ҳамаи низоми ҳуқуқии кишвар аз нуқтаи назари муайян истифода мегардад. Вай вазъи сифатии ҳаёти ҳуқуқии ин ё он ҷомеаро муайян намуда, дониши аҳолиро оид ба қонун муайян мекунад, дар кадом ҳолат қарор доштани эҳтироми қонунҳоро аниқ намуда, инчунин нишонаи чигунагии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷараёни қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад.

Маданияти ҳуқуқии ҷомеа, пеш аз ҳама, аз сатҳи инкишофи шуури ҳуқуқии аҳолӣ вобаста мебошад. Яъне маданияти ҳуқуқӣ аз он, ки аҳолӣ то чӣ дараҷа арзишҳои ҳуқуқиро медонад ва оид ба муносибатҳои ҳуқуқӣ маълумот дорад, муносибати аҳолӣ ба қонун, суд ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чӣ гуна мебошад, ақидаву мафҳумҳои ҳуқуқӣ то чӣ андоза дар шуури одамон акс ёфтаанд, вобаста мебошад.

Сатҳи инкишофи шуури ҳуқуқӣ мумкин аст танҳо дар фаъолияти воқеии ҳуқукӣ ва рафтори ҳуқуқии одамон ифода ёбад. Барои ҳамин унсури дуюми таркибии маданияти ҳуқуқӣ сатҳи инкишофи фаъолияти ҳуқуқӣ мебошад. Вай аз фаъолияти омӯзишии донишҷӯён ва шунавандагони факултаҳо ва донишкадаҳои ҳуқуқӣ, инчунин, аз фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва татбиқи он иборат аст. Ҳамзамон, маданияти ҳуқуқии ҷомеаро дар бисёр ҳолатҳо рафтори воқеии ҳуқуқии шаҳрвандон, фаъолияти онҳо оид ба амалӣ намудани ҳуқуқ, дараҷаи дониши ҳуқуқҳои худи онҳо ва дар сари вақт нҷро намудани уҳдадориҳо, ннчунин, тамоми амалҳои манъшуда ва то чӣ дараҷа ҳу’қуқҳои худро пурра истифода бурдани одамон муайян менамояд.

Унсури сеюми маданияти ҳуқуқии ҷамъият сатҳи инкишофи низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар маҷмӯъ мебошад. Ҳама гуна санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд ба талаботи тасаввурот оид ба адолатнокӣ, баробарӣ ва озодии дар шуури ҷомеаи ҳукмрон ҷавобгӯ бошанд. Санади меъёрии ҳуқуқӣ аз нуқтаи назари шакл бояд мукаммал, бемухолифат, ба қадри имкон кӯтоҳ, аниқ ва ба аҳолӣ фаҳмо, ба Конститутсия мутобиқ бошад ва дар сарчашмаи ба аҳолӣ дастрас ба нашр расонида шавад ва ғайра.

Ҷудо намудани унсурҳои таркибии маданияти ҳуқуқӣ шартӣ мебошад, зеро фаъолияти ҳуқуқие вуҷуд надорад, ки ҷудо аз шуури ҳуқуқӣ амалӣ карда шавад ва ҳамзамон шуури ҳуқуқӣ танҳо дар фаъолияти ҳуқуқӣ ва натиҷаи он – санади меъёрии ҳуқуқӣ нфода меёбад. Ҳамзамон, қисмҳои таркибии маданияти ҳуқуқӣ бе ннсон, гурӯҳи одамон ва аҳолӣ дар ягонагӣ вуҷуд дошта наметавонад. Маданияти ҳуқуқии гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва касбӣ, инчунин, аз сатҳи инкишофи фардҳои алоҳида вобаста мебошад. Аз ин лиҳоз, маданияти ҳуқуқии аҳолӣ, маданияти ҳуқуқии гурӯҳӣ ва маданияти ҳуқуқии шахсиро бояд аз ҳам ҷудо кард. Маданияти ҳуқуқии шахсӣ сатҳи дониши ҳуқуқии шахсӣ, муносибати онро ба арзишҳои ҳуқуқӣ ба қонун ва дараҷаи нишондоди ҳуқуқиро оид ба риояи навиштаҷоти ҳуқуқӣ ифода менамояд. Доир ба маданияти ҳуқуқии шахс аз рӯйи рафтори ӯ дар соҳаи ҳуқуқ ва танҳо дар сатҳи инфиродӣ баҳо додан мумкин аст.

Саволҳо:

1. Шуури ҳуқуқӣ чист?

2. Таркиби шуури ҳуқуқӣ аз кадом унсурҳо иборат мебошад?

3. Кадом навъҳои шуури ҳуқуқиро медонед?

4. Дар бораи шуури ҳуқуқии инфиродӣ ва дастаҷамъӣ маълумот диҳед.

5. Дар бораи маданияти ҳуқукӣ маълумот диҳед.

6. Унсурҳои таркибии маданияти ҳуқуқиро номбар намоед.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  •  Мусобиқаи истеҳсолӣ дар давраи бунёди асосҳои ҷомеаи сотсиалистӣ
  • Хизмат ба Ватан-Модар шараф аст
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун низоми таркибии хоҷагии ҷаҳонӣ
  • Зарурати гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисоди бозорӣ
  • Мафҳум ва моҳияти бозори асъор
  • Сабабҳои иқтисодии пайдоиши савдои байналхалқӣ. Содирот ва воридот
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов