Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ва усулҳои ҳисоби он
Олими иқтисодшиноси амрикоӣ С. Кузнес дар ибтидои солҳои си юми асри XX оқибатҳои буҳрони шадиди умумиҷаҳонии солҳои 1929– 1933ро дар Америка таҳлил намуда, ба хулосае омад, ки натиҷаи фаъ олияти иқтисодиёт дар миқёси мамлакат бояд бо нишондиҳандаҳои муайяни иқтисодӣ ҳисоб карда шавад.
Барои муайян кардани ҳаҷми истеҳсолоти мамлакат, бояд ҳаҷми ис теҳсоли хамаи молҳо ва хизматрасониҳо ҷамъ карда шавад. Вале дар ҳо лати ҷамъ кардани миқдори куртаҳои истеҳсолкардашуда бо миқдори телевизорҳо ва масолеҳи сохтмонӣ номумкин аст. Бинобар ин дар ин ҷо сухан оид ба арзиши онҳо меравад. Арзиши молҳо ва хизматрасониҳоро ҷамъ карда истода, мо нишондиҳандаи асосии ҷамъбасткунандаи мак роиқтисодӣ – маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)ро мебарорем. Аз рӯи сатҳи ин нишондиҳанда мо метавонем муайян намоем, ки иқтисодиёти мамлакат рушд ё таназзул ёфта истодааст.
ММД арзиши бозории ҳамаи молҳо ва хизматрасониҳои ни ҳоиест, ки дар давоми як сол дар мамлакат истеҳсол карда шудааст.
Ин таърифро шарҳ додан зарур аст.
Якум, неъматҳо ва хизматрасониҳое, ки дар бозор фурӯхта намеша ванд, аммо истеҳсол гардида, масалан, дар дохили хоҷагии хонагӣ мав риди истифода қарор мегиранд, ба ММД дохил намешаванд. Агар шахс дар қитъаи замини наздиҳавлигӣ маҳсулотро барои оилаи худ истеҳсол карда, онро барои фурӯш ба бозор набарорад, он гоҳ ин маҳсулот ба ММД дохил намешавад.
Дуюм, ба ММД молҳо ва хизматрасониҳое, ки дар истеъмоли ниҳоӣ истифода нашуданд, дохил карда намешаванд. Фарз мекунем, ки дар давоми сол деҳқон пахта кишт карда, ҳосили ҷамъкардаашро ба корхонаи коркарди пахта мефурӯшад; корхонаи коркарди пахта онро коркард наму да, матоъ истеҳсол менамояд ва онро ба корхонаи дӯзандагӣ мефурӯшад; корхонаи дӯзандагӣ ин матоъро истифода карда, аз он либос дӯхта ба ис теъмолкунандагон мефурӯшад. Савол ба миён меояд. Дар натиҷаи ин ама лиётҳо афзоиши ММД ба чӣ баробар аст? Ҷавоби дуруст: ба арзиши либо си фурӯхташуда. Арзиши пахта ва арзиши матоъ ба арзиши либос дохил мешаванд, бинобар ин, агар мо онҳоро ба ММД дохил намоем, ин чунин маъно дорад, ки мо арзиши матоъро ду маротиба, арзиши пахтаро бошад, се маротиба (як маротиба – арзиши худи пахта, маротибаи дуюм – дар арзиши матоъ, маротибаи сеюм бошад, дар арзиши либос) ҳисоб менамо ем. Пахта ва матоъ дар ин ҳолат маҳсулоти фосилавӣ (мобайнӣ) маҳсуб меёбанд, маҳсулоти ниҳоӣ танҳо либос мебошад. Агар мо ба ММД маҳсу лоти фосилавиро дохил намоем, он гоҳ ба ҳисоби такрорӣ роҳ медиҳем. Дар таҷриба ММДро чунин ҳисоб мекунанд: аз арзиши маҳсулоти ҳар як истеҳсолкунанда арзиши молҳоеро, ки вай аз дигар истеҳсолкунандагон харида буд, тарҳ мекунанд ва ҳамонеро ки боқӣ мемонад (арзиши ило вашуда), ҷамъ мекунанд. Суммаи ҳамаи арзишҳои иловашуда ба арзиши молҳо ва хизматрасониҳои ниҳоӣ ё ки ММД баробар аст.
Сеюм, дар ММД молҳо ва неъматҳое, ки дар иқтисодиёти ниҳонӣ (ғайриқонунӣ) истеҳсол мешаванд, ба ҳисоб гирифта намешаванд. Агар соҳибкорон фаъолияти истеҳсолии худро расман ба қайд нагирифта, молу хизматрасониҳоро истеҳсол намуда, мувофиқан ба давлат андоз насупоранд, молҳои истеҳсолкарда ва хизматрасониҳои иҷронамудаи онҳо дар ММД ба ҳисоб гирифта намешавад.
Чорум, ба ММД арзиши маҳсулоти истеҳсолкардаи фирмаҳои хо риҷии дар ҳамин мамлакат фаъолияткунанда низ дохил мешавад. Ма салан, арзиши роҳҳое, ки аз тарафи фирмаҳои хитоӣ бунёд карда меша ванд, дар ММД Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта мешаванд.
Панҷум, дар ММД аризиши молҳо ва хизматросониҳои танҳо дар ҳамин сол истеҳсолгардида дохил мешавад. Масалан, ҳангоми муайян кардани ҳаҷми ММДи соли 2015 фақат арзиши бозории молҳо ва хиз матрасониҳои дар соли 2015 истеҳсолгардида ба ҳисоб гирифта меша вад. Арзиши молҳои солҳои қаблӣ истеҳсолгардида (масалан, соли 2013, 2014) ба ММД дохил намешавад.
Ҳамчунин бояд дар назар дошт, ки амалиётҳои молиявӣ дар ММД ба ҳисоб гирифта намешаванд. Маблағи хариди саҳмияҳо, вомбаргҳо, фо изҳо аз рӯи вомбаргҳои давлатӣ ва трансфертҳоро ҳангоми ҳисоби ММД ба назар намегиранд.
Ҳисобкунии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бо истифода аз усулҳои гу ногун имконпазир аст. Аз модели гардиши даврии захираҳо, пул, молҳо ва хизматрасониҳо медонем, ки даромадҳо ва хароҷоти агентҳои иқти содӣ мувофиқи давра ҳаракат менамоянд, илова бар ин, даромадҳои яке арзиши ниҳоии молҳо ва хизматрасониҳо
Дар вақти ҳисоби ММД
ба ҳисоб мегиранд
ба ҳисоб намегиранд
арзиши бозории молҳо ва хизматрасониҳо
аз агентҳои иқтисодӣ хароҷотҳои дигар агентҳои иқтисодӣ мебошад. Мувофиқан барои муайян кардани бузургии ММД усулҳои ҳисоб кар данро «аз рӯи хароҷот» ва «аз рӯи даромадҳо» истифода мекунанд. Ба ғайр аз ин, ба таркиби ММД танҳо молҳо ва хизматрасониҳои ниҳоӣ во рид карда мешаванд, бинобар ин барои ҳисоби ММД усули ҳисобкуниро аз рӯи ҷамъ кардани арзишҳои иловашудаи дар мамлакат давоми як сол истеҳсолгардида истифода мекунанд.
Дар аввал усули ҳисобкунии ММДро аз рӯи усули хароҷот дида ме бароем. Ҳар яке аз агентҳои макроиқтисодӣ хароҷоти муайян мекунад ва ММД бошад, ба суммаи хароҷоти ҳамаи агентҳои макроиқтисодӣ барои молҳо ва хизматрасониҳо баробар аст.
Хароҷоти истеъмолкунандагон (consumption – C) ба се гурӯҳи калон ҷудо мешаванд: хароҷот барои молҳои истеъмоли ҷорӣ; хароҷот барои молҳои истифодаи дарозмуддат; хароҷот барои хизматрасониҳо.
Бояд дар назар дошт, ки хароҷоти истеълкунандагон дар таркиби ММД ҷамъшавандаи калонтарин маҳсуб меёбанд.
Хароҷоти фирмаҳо сармоягузориҳо (investments – I) низ аз се гурӯҳ иборат аст: хароҷот барои хариди таҷҳизот; хароҷот барои сохтмон (аз ҷумла, хароҷот барои сохтмонҳое, ки на танҳо фирмаҳо, инчунин, шаҳрвандон масраф мекунанд); сармоягузориҳо барои захираҳо (маводҳо, маҳсулоти фурӯхтанашуда дар анборҳо).
Хароҷоти давлат барои молҳо ва хизматрасониҳо (government – G) самтҳои гуногунро фаро мегиранд, аз ҷумла, хароҷотро барои: тандуру- стӣ; маориф; фарҳанг; мудофиа; инфрасохтор ва ғайраҳо.
муносибатҳои ғайрибозорӣ: трансфертҳо, кор барои худ
арзиши молҳо ва хизма трасониҳои мобайнӣ
арзиши молҳо ва хизма трасониҳои дар мамла кат истеҳсол кардашуда
даромадҳое, ки берун аз қаламрави мамла кат гирифта шудаанд
арзиши молҳо ва хизма трасониҳои ҳамин сол
арзиши молҳо ва хизма трасониҳои солҳои қаблӣ
арзиши истеҳсолоти моддӣ
маблағҳои молиявӣ: хари ди саҳмияҳо, вомбаргҳо
Хароҷоти бахши берунииқтисодӣ ҳамчун фарқияти байни содирот (export – Ex) ва воридот (import – I) муайян карда мешавад, ки онро со дироти соф (NX) меноманд.
Ҳамин тавр, формулаи ҳисоби ММДро аз рӯи хароҷот дар намуди зерин тасвир кардан мумкин аст;
Y = C + I + G + NX
дар ин ҷо: Y – маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, С – хароҷоти истеъмолкунан дагон, I – сармоягузориҳои умумӣ (хароҷоти фирмаҳо), G – хароҷоти давлат, NX – содироти соф.
Мувофиқан аз рӯи даромадҳо ҳисоби ММД бо формулаи зерин ҳи соб карда мешавад:
ММДд = А + Т + W + R + % + Р = истеҳлок (амортизатсия) + + андозҳои ғайримустақим + даромад аз меҳнат (музди кор) + рента + + фоизи қарз + фоидаи корхонаҳо (даромад аз моликият, дивиденд)
Истеҳлок маблағҳое мебошанд, ки аз даромади умумии фирмаҳо ба рои нав кардани сармояи асосӣ бинобар сабаби фарсудашавии онҳо ҷудо карда мешаванд.
Андозҳои ғайримустақим андозҳое мебошанд, ки соҳибкорон ба буҷет баъди фурӯши молу хизматҳояшон пардохт мекунанд.
Даромад аз меҳнат шакли асосии даромад ба ҳисоб меравад ва дар шакли музди кор зоҳир гашта, онро фирмаҳо ва муассисаҳои давлатӣ ба коргарон ҳамчун нархи қувваи корӣ медиҳанд. Инчунин ба музди кор мукофотпулиҳо низ дохил карда мешаванд.
Рента фоидае мебошад, ки аз истифодаи амвол, хусусан аз истифодаи замин гирифта мешавад. Масалан, соҳибони замин барои ба иҷора дода ни замин дар ихтёрдоштаашон маблағи муайян мегиранд. Ба ин маблағ ҳо соҳиби замин ҳамчун даромад аз истифодаи амволаш соҳиб мешавад.
Фоизи қарз даромади соҳибони сармояи пулӣ мебошад, ки ба он бар ивази истифодаи сармоя соҳиб шудаанд.
Фоидаи корхонаҳо ба самтҳои зерин тақсим карда мешавад: ба буҷаи давлатӣ ҳамчун андоз, ба соҳибони саҳмияҳо ҳамчун дивиденд ва фои даи тақсимнашаванда, ки барои сармоягузорӣ истифода карда мешавад.
Даромад аз моликият даромади бахши хусусӣ аз сармоя мебошад.
Дивиденд даромади соҳибони саҳмияҳо мебошад, ки аз фоидаи уму мии фирмаҳо ҷудо карда мешавад. Дивиденд як қисми асосии даромади оилаҳо низ ба ҳисоб меравад.
Ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти миллӣ як қисми воситаҳои асосии ис теҳсолот фарсуда мешаванд, бинобар ҳамин ММД ҳаҷми ҳақиқии иқти дори истеҳсолиро нишон намедиҳад. Дар иртибот бо ин нишондиҳандаи дигар – маҷмӯи маҳсулоти соф (ММС) истифода карда мешавад.
ММС маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бе дарназардошти маблағи истеҳлок (амортизатсия) мебошад, яъне:
ММС = ММД – А
Нишондиҳандаи дигари макроиқтисодӣ даромади миллӣ мебошад. Даромади миллӣ (ДМ) маҷмӯи даромадҳои ҳамаи соҳибони омилҳои ис теҳсолот мебошад. Барои муайян кардани даромади миллӣ аз консепси яи марксистӣ ва консепсияи неоклассикӣ истифода мекунанд.
Мувофиқи консепсияи марксистӣ даромади миллӣ гуфта, арзиши аз нав бавуҷудовардашударо меноманд. Бинобар ин К. Маркс барои ҳисоб кардани даромади миллӣ формулаи зеринро пешниҳод кардааст:
ДМ = V + m
Яъне сармояи гардон (музди кори коргарон) + арзиши илова.
Мувофиқи консепсияи неоклассикӣ даромади миллӣ арзиши бо зории мол ва хизматҳое мебошад, ки баъд аз хориҷ намудани маблағи истеҳлок ва андозҳои ғайримустақим боқӣ мондааст. Аз ин ҷо барои ҳисоб намудани даромади миллӣ онҳо формулаи зеринро пешниҳод кардаанд:
ДМ = ММС – Т
дар ин ҷо: ДМ – даромади миллӣ, ММС – маҷмӯи маҳсулоти соф, Т – ан дозҳои ғайримустақим.
Мақсади асосии истеҳсоли бештари молу хизматрасониҳо баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад. Дар сатҳи макроиқтисодӣ барои нишон додани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз нишондиҳандаҳои даро мади шахсӣ ва даромади дар ихтиёрбуда истифода мебаранд.
Даромади шахсӣ (ДШ) суммаи ҳамаи даромадҳоест, ки то супори дани андозҳо дар ихтиёри шахсони алоҳида ё оилаҳо боқӣ мондааст. Ба даромади шахсӣ ҳамаи даромадҳо ва пардохтҳои трансфертӣ дохил ме шаванд, ки он барои истеъмол, пасандоз ва пардохти андозҳо сарф кар да мешавад. Даромади шахсӣ (ДШ) аз рӯи формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:
ДШ = ДМ – ҳиссаҷудокунӣ ба фонди суғурта – андоз аз фоидаи кор- хонаҳо – фоидаи тақсимнашудаи корхонаҳо + пардохтҳои трансфертӣ
Даромади дар ихтиёрбуда (ДД) даромадест, ки баъд аз супоридани андозҳо дар ихтиёри шахсони алоҳида ва ё оилаҳо боқӣ мемонад, ки ба рои ҳисоб кардани он формулаи зеринро истифода кардан мумкин аст:
ДД = ДШ – Андозҳо
Даромади дар ихтиёрбуда ҳамчун нишондиҳандаи асосӣ ҳангоми таҳлили некуаҳволии халқ ва вазъи иҷтимоии аҳолӣ истифода карда мешавад.
Усули ҳисобкунии ММДро мувофиқи арзиши иловашуда усули ис теҳсолӣ низ меноманд. Азбаски як намуди молҳо барои намуди дигари молҳо ҳамчун ашёи хом баромад мекунанд, ҳангоми ҳисоби ММД ҳисо би дубора сурат мегирад. Аз ҳамин ҷиҳат барои бартараф намудани ҳи соби дубора ММДро бо усули истеҳсолӣ, яъне аз рӯи арзиши иловашуда низ ҳисоб мекунанд. Ин усули ҳисоби ММД тақозо менамояд, ки тамоми молу хизматрасониҳои дар як сол истеҳсолшуда танҳо як маротиба ба ҳисоб гирифта шаванд. Яъне ҳангоми ҳисобгирӣ маҳсулоти ниҳоии ба ҳисоб гирифта шуда, маҳсулоти фосилавӣ, ки якчанд маротиба метаво над хариду фурӯш шавад, ба ҳисоб гирифта намешавад.
Маҳсулоти ниҳоӣ молу хизматрасониҳое мебошанд, ки барои истеъ моли ниҳоӣ харидорӣ мешаванд. Маҳсулоти фосилавӣ ин молу хизмат расониҳое мебошанд, ки бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ якчанд маротиба мавриди хариду фурӯш қарор мегиранд.
Ҳамзамон бояд мо ММДи номиналиро аз ММДи ҳақиқӣ фарқ на моем. ММДи номиналӣ аз рӯи нархҳои соли ҷорӣ ҳисоб карда мешавад. ММДи номиналӣ аз сатҳи нархи дар ҳамин вақт ҷойдошта дар мамла кат вобаста аст. Агар дар мамлакат таваррум баланд бошад, сатҳи нархи бозорӣ низ метавонад хеле баланд бошад. Мувофиқан ҷамъи арзишҳои молҳо ва хизматрасониҳои дар мамлакат истеҳсолшуда назар ба солҳои қаблӣ зиёд мешавад. Ҳатто дар ҳолати кам шудани ҳаҷми истеҳсол ММДи номиналӣ аз ҳисоби болоравии нархи бозорӣ зиёд шуда мета вонад. Бинобар ин ММДи номиналӣ сатҳи некуаҳволии ҷамъият, пуёи инкишофи онро тавсиф дода наметавонад.
Барои ҳисоби ММДи ҳақиқӣ соли базавиро интихоб мекунанд. Дар ин замина тағйирёбии сатҳи нарх дар давраи байни соли базавӣ ва соли ҷорӣ муайян карда мешавад. Бинобар ин ММДи ҳақиқӣ (ММДҳ) дар нархҳои муқоисавӣ (доимӣ)и соли базавӣ ҳамчун таносуби ММДи но миналӣ (ММДн) ба намоя (шохис, индекс)и нарх (Р) муайян карда ме шавад. Бо формула онро чунин тасвир кардан мумкин аст:
ММДҳ = ММДн : Р
Нишондиҳандаи ММДи ҳақиқиро барои таҳлили сатҳи инкишофи иқтисодии мамлакат дар давраҳои гуногун истифода кардан мумкин аст. Дар ин ҳолат муқоиса дар асоси нархҳои доимӣ ба амал бароварда меша вад, ки он дар навбати худ пуёи ҳаҷми истеҳсолотро дар мамлакат нишон медиҳад.
ММДро ба теъдоди шаҳрвандони мамлакат тақсим намуда, мо ба нишондиҳандае соҳиб мегардем, ки онро «ММД ба сари аҳолӣ» мено манд. Агар нишондиҳандаи ММД бузургии умумии иқтисодиёти мамла катро ҳисоб намояд, он гоҳ ММД ба сари аҳолӣ имконияти муайян кар дани сатҳи зиндагиро дар мамлакатҳои гуногун медиҳад.