• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Маводҳои мактабӣ/Маълумоти умумӣ дар бораи санъати тарсеъ
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Маълумоти умумӣ дар бораи санъати тарсеъ

21 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
16.02.2024

Маълумоти умумӣ дар бораи санъати тарсеъ

Тарсеъ калимаи арабист. Маънои донаҳои гавҳарро ба чизе ё ба риштае кашиданро дорад. Метавон онро ба шаддаи гавҳар ё донаҳои тасбеҳ монанд кард. Вале ин калима ҳамчун истилоҳ як намуди санъати бадеии лафзӣ маҳсуб меёбад. Тарсеъ дар «Луғати истилоҳоти адабиётшиносӣ» чунин маънидод шудааст: «Санъати тарсеъ он аст, ки шоир дар байт аксари калимаҳои муқобили якдигар қароргирифтаро ҳамвазн ва ҳамқофия меорад ва ба ин восита шакли шеърро зебову мавзунтар мекунад». Донишманди ин соҳа Родуёнӣ хона-хона, бахш-бахш овардани мисраъҳои байт, Шамси Қайси Розӣ «мусаҷҷаъ гардондани калимот ва мутасовӣ доштани алфоз дар вазну қофия» -ро санъати тарзеъ гуфтаанд. Дар ин ду байт Абдураҳмони Ҷомӣ санъати тарсеъро бамаврид истифода бурдааст:

1.    Дамсози муғанниёни фарёд,

Ҳамсози муҷаррадони озод.

2.    Ҳамгардани оҳувони саҳро,

Ҳамшевани булбулони шайдо.

Воқеан, дар байти аввал калимаҳои дамсоз бо ҳамсоз, муганниён бо муҷаррадон, фарёд бо озод ҳамқофия ва ҳамвазну ҳамоҳанг шуда омадаанд. Ҳамин тавр, дар байти дувум калимаҳои ҳамгардану ҳамшеван, оҳувону булбулон ва саҳро бо шайдо низ бо ҳам мутавозӣ ва аз нигоҳи вазну қофия баробаранд ва бо ҳам мувофиқат доранд.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  •  Мусобиқаи истеҳсолӣ дар давраи бунёди асосҳои ҷомеаи сотсиалистӣ
  • Хизмат ба Ватан-Модар шараф аст
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун низоми таркибии хоҷагии ҷаҳонӣ
  • Зарурати гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисоди бозорӣ
  • Мафҳум ва моҳияти бозори асъор
  • Сабабҳои иқтисодии пайдоиши савдои байналхалқӣ. Содирот ва воридот
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов