• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Маводҳои мактабӣ/Кори дил
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Кори дил

97 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
08.02.2024

Кори дил

Хосияти автоматикии дил. Дил дар ҳолати нисбатан ором дар як шабонарӯз тахминан 100000 маротиба кашиш мехӯрад. Дар айни ҳол вай қариб 10 тонна хунро чун насос ба ҳаракат медарорад. Кашишхӯрии дилро мушакҳои дил ба ҷо меоранд. Он ба мушаки кӯндаланграхи скелетӣ монанд аст.

Мушакҳои дил аз нахҳои махсус иборат буда, дар онҳо ангезиш ба амал меояд ва ин ангезиш аз даҳлези роста дил cap шуда, баъд ба даҳлези чап ва меъдачаҳои росту чап паҳн мешавад ва бо навбат (ритмикӣ) кашишхӯрии даҳлезҳо ва меъдачаҳоро таъмин менамояд. Дар дил системаҳои махсус мавҷудаст, ки импулсҳоро аз як қисми дил ба дигараш паҳн намуда, барои берун аз организм кашишхӯрии дил имконият фароҳам меоварад. Ин тавр худ аз худ кашишхӯрии дилро автоматияи дил меноманд.

Фаъолияти дил. Дил кашиш хӯрда, ҳаракати хунро дар рагҳо таъмин менамояд. Дар ҳолати оромӣ дил дар як дақиқа 70-75 маротиба кашиш мехӯрад. Се даври кори дилро фарқ кардан мумкин аст, ки 0,8 сонияро дар бар мегирад. Кашишхӯрии даҳлезҳо 0,1 сония, меъдачаҳо 0,3 сония, давраи оромии умумӣ 0,4 сония аст (расми 48).

Расми 48. Давраи кашишхурии дил

Танзими кори дил. Суръати кашишхӯрии дил аз муҳити беруна, дохилӣ, системаи марказии асаб, системаи вегетативии асаб ва системаи ҳуморалӣ вобаста аст. Вақте ки суръат ва қувваи кашишхӯрии дил зиёд мешавад, вай ба системаи рагҳо дар воҳиди вақт бештар хун медиҳад. Баръакс, суст ва заиф шудани фаъолияти дил, боиси кам омадани миқдори хун ба рагҳои хунгарди организм мегардад.

Ба кори дил асабҳои вегетативӣ таъсири гуногун мерасонанд. Масалан, асабҳои симпатикӣ кори дилро метезонад, рагҳои хунро хурд ва фишорро баланд мекунанд. Асаби гумроҳ кори дилро суст, рагҳои хунро васеъ ва фишорро паст мекунад. Ҳормонҳои адреналин, ки дар қабати мағзи ғадудҳои болои гурда ҳосил мешаванд, кори дилро фаъол мегардонад. Намаки калсий ҳам кори дилро метезонад, моддаи атсетилхолин ва намаки калий, баръакс, кори дилро суст мекунад.

Танзими асабию ҳуморалӣ кори дилро ба шароити муҳит мутобиқ менамояд.

Саволҳо:

  1. Автоматизми дил чист?
  2. Фаъолияти дил аз кадом давраҳо иборат аст?
  3. Системаи асаб ва системаи ҳуморалӣ ба кори дил чӣ тавр таъсир мерасонанд?

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  •  Мусобиқаи истеҳсолӣ дар давраи бунёди асосҳои ҷомеаи сотсиалистӣ
  • Хизмат ба Ватан-Модар шараф аст
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун низоми таркибии хоҷагии ҷаҳонӣ
  • Зарурати гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисоди бозорӣ
  • Мафҳум ва моҳияти бозори асъор
  • Сабабҳои иқтисодии пайдоиши савдои байналхалқӣ. Содирот ва воридот
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов