• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Кодгузории матнҳо ва тасвирҳо / Реферат
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Кодгузории матнҳо ва тасвирҳо / Реферат

86 нафар дид 0

Муаллиф: umar
03.02.2024

Кодгузории матнҳо ва тасвирҳо

Кодгузории матнҳо бо ёрии барномаи махсуси таблитсаҳои кодӣ анҷом дода мешаванд. Мувофиқи ин таблитсаҳо ба ҳар як символи алифбоҳои лотинӣ ва русӣ як адади 8-битаи дуи мувофиқ гузошта мешавад, ки онро код ё рақами символ мегӯянд. Ҳангоми пахши ягон тугмаи клавиатура барномаи махсус ба протсессор рақами он тугмаро равон мекунад. Протсессор ба таблитсаи кодӣ муроҷиат намуда, муайян менамояд, ки рақами ҳосилшуда ба коди кадом символ мувофиқ аст. Баъд коди символ бо ёрии барнома ба видеокарта равон карда мешавад. Видеокарта бошад, тасвири нуқтавии символро ҳосил намуда, онро дар экрани монитор нишон медиҳад.

Ҳамин тариқ, мувофиқати байни тугмаҳои клавиатура ва тасвири экрании онҳо, танҳо ва танҳо ба таври барномавӣ амалӣ гардонида мешавад. Барномаҳое, ки ин мувофиқатгузориро таъмин менамояд драйвери клавиатура ва экран ном дорад.

Драйвер – ин барномаи ёрирасони миёнарави байни таҷҳизот ва дигар барномаҳо мебошад.

Масалан, мувофики стандарти кодгузории АNSI (Аmerican National Standart Institute) Институти стандартҳои миллии Америка) барои системаи оператсионии Windows коди ҳарфи калони русии «Ф» ба адади 212 мувофиқат мекунад. ҳангоми дар клавиатура пахш намудани тугмаи «Ф», драйвери клавиатура рақами он. яъне адади 212-ро ба протсессор равон мекунад. Протсессор мувофиқи таблитсаи кодӣ, муайян месозад, ки он кодӣ харфи «Ф» аст ва онро дар шакли адади дуии 11010100 ба видеокарта мефиристад. Видеокарта бо ёрии драйвери монитор шакли зоҳирии ҳарфи «Ф»-ро сохта, онро ба монитор мефиристад ва монитор дар навбати худ тасвири ҳарфро ба экран мебарорад.

Кодгузории тасвирҳо.Яке аз усулҳои аз ҳама маълуми кодгузории тасвирҳо аз он иборат аст, ки тасвирро бо ёрии ягон ҷадвали турии андозаи ячейкаҳояш хеле хурд мепӯшонанд. Агар расм дар тасвири сиёҳу сафед бошад, он гоҳ ячейкаҳои ранги сафеддошта бо ёрии 0 ва ячейкаҳои ранги сиёҳдошта бо ёрии 1 ишорат карда мешаванд. Барои тасвирҳои ранга бошад, кодгузорӣ бо ёрии нуқтаҳои рангашон гуногун таъмин карда мешавад. Дар ин маврид ҳар як нуқтаи тасвир дар хотираи компютер на бо ёрии як бит, балки якчанд битҳо ифода карда мешавад. Тасвирҳое, ки бо ин усулҳо кодгузорӣ карда шудаанд, картаҳои битӣ, растрҳо ё тасвирҳои растрӣ ном доранд. Барномаи махсусе, ки ин усули кодгузории тасвирҳоро медонад, ин тасвирҳоро ба экран мебарорад ва дар қоғаз чоп менамояд. Тасвирҳои растрӣ як камбудии хеле ҷиддӣ доранд. Онҳоро калон ё хурд кардан бисёр ҳам душвор аст. Ҳангоми интихоби масштаби хурд, якчанд нуқтаҳои ҳамсояи тасвир ҳамҷоя шуда, деталҳои хурди тасвир аз назар нонамоён мемонанд. Дар вақти интихоби масштаби калон бошад, андозаи ҳар як нуқта якчанд маротиба меафзояд ва тасвир намуди зинашаклро мегирад.

Барои аз ин камбудиҳо озод шудан, ҳоло ба ҷои кодгузории намуди растрӣ, аз кодгузории намуди векторӣ истифода мебаранд. Мувофиқи кодгузории векторӣ он элементҳои расм, ки сохти шаклҳои геометрӣ ва хатҳои каҷу ростро доранд, дар хотираи компютер дар намуди формулаҳои математикӣ ва абстрактсияҳои геометрӣ – давра, квадрат, эллипс ва ғайраҳо нигоҳ дошта мешаванд. Масалан, давраи радиусаш 10 воҳид ва координатаҳои марказаш х=1 ва у=1 росткунҷаи тарафҳояш 5 ва 8 воҳидӣ ва координатаҳои марказаш х=4 ва у=12 аз қабили чунин мисолҳоянд.

Ҳамин тавр, андоза каҷӣ ва ҷои ишғолнамудаи элементҳои расм дар хотира дар намуди коэффисентҳои ададӣ нигоҳ дошта мешаванд. Бо шарофати ин усул, калону хурдкунии андозаи тасвири расмҳо ва нусхаҳои онҳо хеле осон гаштаанд. Кифоя аст, ки дар ин маврид қимати параметрҳои элементҳои графикӣ ба коэффитсиенти масштабӣ зарб карда шавад. Аз тарзи кодгузории векторӣ истифода бурдан, ҳатто фикр ҳам кардан лозим намеояд, ки мо нишонаи миниатурии расм ё транспаранти думетраи онро сохтанием. Дар ҳар ду ҳолат ҳам ба таври эътимодбахш боварӣ дошта метавон, ки тасвирҳои табдилдодашуда ҳамаи сифатҳои тасвири асосиро доранд. Яке аз намунаҳои кодгузории векторӣ формати РоstScript ба шумор меравад. Ин формат дар системаи амалиётии Windows ҳангоми кодгузории ҳуруфҳои миқёсӣба таври васеъ истифода бурда мешавад.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
  • Китобшиносӣ ва феҳрастнигорӣ дар қаламрави адабиёт / Реферат
  • Масъалаҳои ахлоқӣ дар “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов