• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Клавиатура ва вазифаҳои он / Реферат
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Клавиатура ва вазифаҳои он / Реферат

613 нафар дид 1

Муаллиф: Донишхона
06.01.2024

Клавиатура ва вазифаҳои он

Клавиатура таҷҳизоти асосии компютер ба ҳисоб рафта барои ворид намудани фармонҳо ва информатсияи матнӣ хизмат мекунад

Бе клавиатура кор кардан дар компютер ғайриимкон аст.

Аз рӯи вазифаҳое, ки тугмаҳои клавиатура иҷро мекунанд, онҳоро ба панҷ гурӯҳ тақсим менамоянд:

  • тугмаҳои ҳарфу ракамхо (кисми асосӣ);
  • тугмаҳои функсионалӣ;
  • тугмаҳои ракамҳо (клавиатураи хурд ё ёрирасон);
  • тугмаҳои идоракунандаи курсор;
  • тугмаҳои махсус;

Қисми асосии клавиатура аз ҳама калонтар мебошад. Ин қисм дар тарафи чапи клавиатура ҷойгир аст ва дар он тугмаҳои ҳарфҳу ракамҳо, аломатҳои китобӣ, амалҳои арифметикӣ ва ғайраҳо ҷойгир карда шудааст.
Қисми ёрирасони клавиатура дар тарафи рост ҷойгир мебошад. Дар он тугмаҳои ракамҳо ҷой дода шудааст. Бо ин қисм иҷро кардани амалҳои арифметикӣ осон аст. Ба воситаи ин қисм инчунин курсорро ҳам ба ҳаракат медароранд.
Тугмаҳои идоракунандаи курсор дар байни қисми асосӣ ва қисми ёрирасони клавиатура ҷойгир шудааст. Ин тугмаҳои барои ҳаракат додани курсор истифода мешавад.

Вақте мо дар компютер кор мекунем, бояд нишон диҳем, ки дар лаҳзаи оянда бо кӣ ва дар куҷо бояд кор кунем. Ин корро мо танҳо дар экрани монитор ба воситаи муш ё тугмаҳои идоракунандаи курсор иҷро карда метавонем.

Аз ҳамин сабаб курсор – ин нишондиханда мебошад.

Курсор вобаста ба он ки бо кадом пакети барномаҳо кор мекунем, метавонад ба худ шаклҳои гуногун гирад.
Тугмаҳои функсионалӣ гуфта тугмаҳои қатори болои клавиатураро меноманд, ки дар болои онҳо F1, F2,… ,F12 навишта шудааст. Вазифаҳои онҳоро як хел шарҳ додан мушки ласт. Онҳо аз он вобастаанд, ки дар айни замон мо бо кадом пакети барномаҳои амалӣ кор карда истодаем. Дар ҳар пакети барномаҳои амалӣ ба ҳар як тугма як намуди амал вобаста карда шудааст.

Аз қатори тугмаҳои функсионалӣ ба тугмаи F1 диққат медиҳем. Гап дар сари он аст, ки қариб дар аксари барномаҳои истифодашаванда ба ин тугма вазифаи ба экран баровардани кӯмаки кор (справка) бо барнома бароварда мешавад.

Акнун ба вазифаҳои тугмаҳои махсус аҳамият медиҳем, яъне ба он тугмаҳое, ки танҳо дар клавиатураи компютер ҷойгир шудаанд.
Tab тугмаи таблятсия мебошад. Ин тугма борои ба якчанд аломат ба тарафи рост ба пеш ҳаракат додани курсор истифода мешавад. Чунин ҳаракат ба 8 рамз ё ба 1,27 см баробар аст.
Caps Lock навишти ҳарфҳоро аз хурд ба калон табдил медиҳад. Ҳангоми пахш кардани тугмаи Caps Lock дар қисми болоии тарафи рости клавиатура чароғак фурӯзон мешавад. Ин чароғак нишон медиҳад, ки дар айни ҳол реҷаи ҳарфҳои калон ба кор дароварда шудааст. Барои ба реҷаи ҳарфҳои хурд баргардондан лозим аст, ки бори дигар тугмаи Caps Lock, пахш карда шавад.
Shift ин тугма дар алоҳидагӣ ягон функсияро аниқ надорад. Ҳангоми дар якҷоягӣ бо дигар тугмаҳо пахш намудани онҳо амалиётҳои гуногун иҷро карда мешавад. Тугмаи Shift — ро пахш намуда шумо ҳарфи бароятон зарурро пахш менамоед, ҳарфи аввал калон мешавад ва сипас онро сар дода ҳарфҳои дигарро пахш кардан мегиред, ҳарфҳои боқимонда хурд мешаванд.

Тугмаҳои Ctrl, Alt, Shift—ро тугмаҳои бисёрфунксиягӣ меноманд, зеро онҳо қариб аксар вақт барои бо дигар тугмаҳо якҷоя кор кардан истифода мешаванд. Масалан, Alt+F4 пӯшондани равзанаи ҷорӣ, анҷом додани кор бо системаи Windows истифода мешавад. Тугмаҳои мазкур дар клавиатура дутоӣ мебошанд, аз ин рӯ бо ҳамоне кор кардан лозим аст, ки барои дасти шумо мувофиқ аст.
Del – барои пок кардани аз ҷониби рости курсор қарордошта истифода мешавад.
Baсkspace (ç) – барои пок кардани рамзи аз тарафи чапи курсор қарордошта истифода мешавад.
Insert – реҷаи вставкаи компютерро ба реҷаи замена табдил медиҳад.

Реҷаи вставка ва реҷаи замена чӣ маъно дорад.

Дар реҷаи вставка, ҳангоми илова кардани матн ба ҳуҷҷати аллакай сохташуда, матни пештар сохташуда пок нашуда, танҳо ба ҷониби рост мекӯчад.

Дар реҷаи замена ҳангоми илова кардани матн ба ҳуҷҷати аллакай сохташуда, матни пештар сохташуда пок мешавад ва ба ҷойи он матни нав пайдо мешавад.

Масалан, шумо матне сохтед, ки дар он навишта шудааст, «Маҷлис рӯзи шанбе дар кафедраи ММТИ барпо мегардад». Барои иваз кардани ин ҷумла ба ҷумлаи нави «Маҷлис рӯзи шанбе соати 1100 дар кафедраи ММТИ барпо мешавад» курсорро дар матн баъди калимаи шанбе гузошта «соати 1100» нависед. Дар ин ҳолат ҳар чизе, ки баъди калимаи шанбе навишта шуда буд, пок намешавад ва танҳо ба тарафи рост мекӯчад. Ҳамин реҷаивставка аст.

Агар ба шумо лозим бошад, ки калимаи «маҷлис»-ро ба «ҷаласа» иваз намоед, пас барои иҷрои ин амал лозим аст, ки ба реҷаи заменагузаред. Барои ба реҷаи замена гузаштан тугмаи Insert – ро пахш кардан лозим аст. Баъди ин шумо курсорро пеш аз ҳарфи авали калимаи маҷлис гузошта калимаи навро менависед. Ҳарфҳои калимаи «маҷлис» пок шуда ҷойи онро ҳарфҳои калимаи «ҷаласа» мегирад. Ин реҷаи замена аст.
Enter — бандҳоро барои иҷро кардан медиҳад.

Тугмаҳои идоракунандаи курсор зеринанд:

ҳаракати курсор ба тарафи чап;

ҳаракати курсор ба тарафи рост;

ҳаракати курсор ба як сатр боло;

ҳаракати курсор ба як сатр поён;
Home — курсорро ба авали сатр меорад;
End — курсорро ба охири сатр мебарад;
Page Up — курсорро ба саҳифаи боло, ба авали ҳуҷҷат мебарад;
Page Down — курсорро ба саҳифаи охири ҳуҷҷат мебарад.
Esc — рад намудани иҷрои амали пештараи анҷомнаёфта.
Pause — муваққатан боздоштани кори компютер. Барои давом додани кор тугмаи дилхоҳатонро дар қисми асосии клавиатура пахш мекунед.
Print Screen — ҳангоми пахш намудани ин тугмача чизҳои дар экран бударо ба буфери ивазкунӣ (обмена) мегузорад.
Буфери ивазкунӣ ҷойи муваққатан нигоҳ доштани қисми буридашуда ё нусхабардоришудаи информатсия мебошад.

Чизҳои дар буфери ивазкунӣ мавҷудбударо дар ҷойи дилхоҳи ҳуҷҷат гузоштан мумкин аст. Дар айни замон буфери ивазкунӣ пок намешавад ва информатсияи дар он мавҷударо ба ҷойи дилхоҳатон чанд маротибае, ки хоҳед гузоштан мегиред.

Информатсия дар буфери ивазкунӣ мавҷудбуда, вақти хомӯш кардани компютер ба тарики автомати тоза карда мешавад.

Вақте ба буфери ивазкунӣ информатсияи нав мегузоранд, информатсияи пештара тоза мешавад.

Ҳангоми ворид намудани матн шумо бояд дар байни калимаҳо фосилаҳо (пробел) гузоред. Барои иҷрои ин амал дар қисми поёнии клавиатура тугмаи дарози беном мавҷуд аст, ки онро «фосила» меноманд.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

1 Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Наврӯз – ҷашни эҳёи табиат
  • Наврӯз ( иншо )
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов