• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Китоб манбаи дониш / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

Китоб манбаи дониш / Иншо

8 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
16.08.2022

Мавзӯъ: Китоб манбаи дониш

Нақша:

Муқаддима

  1. Китоб манбаи дониш

Хулоса

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурғи субҳи доноӣ китоб аст.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, маҳзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, хосса ойинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст. Бо ҳамин далел шоири бузурги форсу тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ китобро чун «Фуpyғи субҳи доноӣ» ба қалам додааст. Инсон метавонад ба востаи китоб ба адабиёту фарҳанг, сиёсат иҷтисодиёти мамолики зиёд ошно гашта, оламро бо тайёраи андеша сайр намояд.

Таърихи пайдоиши китоб ба пайдоиши хат ва забон, санъат марбут аст. Баъди зуҳури хат одамони кадим имкон пайдо карданд, ки дар рӯи санг, чӯб, сафол, барги дарахтон, устухонҳо, пӯсти ҳайвонот нақш офаранду нависанд. Хулоса, бо мурури замон дар натиҷаи ихтирои коғаз назми нави китобдорӣ ҷорӣ гардид. Акнун ба ҷои сангу чӯб аз коғаз васеъ истифода мебаранд. Китоб асосан навиштаҷоти варақҳои ҷилдшуда, воситаи интишоргардонӣ ва нигаҳдории маълумот, идея, об¬раз ва донишҳо мебошад. Аввалин дастнависҳо, ки дар Мисри Қадим пайдо шудаанд, ба таърихи ҳазораи то мелод марбутанд.

Дар Аврупо низ китобчопкунӣ аз варақҳои яклухт баъд ба пӯст ва ниҳоят ба коғаз гузашт. Китоби «Авесто» низ аввал дар пӯсти гов навишта шудааст. Асрҳои миёна дар Осиё санъати хаттотӣ хеле инкишоф ёфт. Асарҳои мутафаккирон Абурайҳони Берунӣ, Форобӣ, Ибни Сино, Саъдӣ, Ҷомӣ, Навоӣ аз ҷониби хушнависон иншо гардида, насл ба насл гузаштанд. Хушбахтона, китобҳои сафолину сангӣ ва нақши рӯи чӯбҳо то замони мо расида, имрӯз зиннати осорхонаҳои мӯътабари ҷаҳонианд.

Осори классикон низ тавассути китоб то замони мо эҳё гардида, олами тафаккури мардумро мисли субҳ равшан мекунад. Агар дақиқтар андеша ронем, китоб рафиқи ҷонии инсон аст. Дар лаҳзаи вазнинӣ, бахусус танҳоӣ китоб дар бари мост. Ин андеша дар шеъри Ҷомӣ хеле мӯъҷаз ифода ёфтааст:

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест.
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест,
Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ,
Сад poҳaтe ҳасту ҳаргиз озоре нест.

Халқи тоҷик аз шумораи он халқҳоест, ки ба китобу китобдорӣ эҳтиром ва эътиқоди хосса дорад. То омадани ислом ва истилои арабҳо низ аҷдодони мо анъанаи хуби китобнависӣ доштанд. Аз он давра ёдгориҳои хатие, мисли «Авесто», «Дарахти ассурик» боқӣ мондааст.

Махсусан, замони салтанатии Сомониён барои рушду камо¬лоти сухан ва анъанаии ки тобдори замимаҳои мусоид фароҳам овард. Дар Бухорои давраи Сомониён китобхонаи калони давлатӣ бо номи «Ганҷинаи ҳикмат» амал мекард. Хушбахтона, имрӯз дари Китобхонаи миллии ба номи Фирдавсӣ ба рӯи ҳамаи ниёзмандон боз acт.

Воқеан, дар ягон давру замон бе китоб ғизои маьнавии зиндагии paнгинpo наметавон тасаввур намуд. Ба таъбири халқ: «Хонаи бе китоб рӯзи бе офтоб» аст. Хушбахтона, ин анъанаи неки гузаштагон, яьне санъати китобдориву сухансозӣ имрӯз низ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мавқеи шоиста дорад. Ҳар рӯз аз тариқи нашриётҳои давлативу хусусӣ садҳо китоб ба нашр расида, ҳамчун неъмати бузург ба хони маънавии мардум гузошта мешавад.

Оре, «ганҷ магир – китоб гир» – мегуянд. Ганч агар масраф гашта, ба итмом расад, китоб як умр чун ёри бовафо ва беозор боқӣ хоҳад монд:

Беҳтарин ёри вафодор китоб аст, китоб,
Ёри бе заҳмату озор китоб аст, китоб.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Зан, Модар – ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
  • Солҳои мактабии ман. / Иншо
  • Китоб мӯниси ҷону дил аст. / Иншо
  • Шоири дӯстдоштаи ман / Реферат
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат