Хуҷанд ва Ӯротеппа дар асри XVII ва нимаи аввали асри ХVIII. вазъи хонии Бухоро дар замони ҳукмронии Абдулфайзхон
Ду шаҳри қадими халқи тоҷик – Хуҷанд ва Ӯротеппа дар асри XVII баъзан ҳамқисмат гашта, аз тарафи як ҳоким идора мешуданд. Дар ибтидои ҳукмронии сулолаи Аштархониён аз парокандагии рӯйдода истифода намуда, Хуҷанд, Ӯротеппа ва Тошканд аз итоати ҳокимияти Бухоро баромаданд.
Дар солҳои ҳукмронии Имомқулихон Ӯротеппа ва Хуҷанд аз тарафи Суюнчбий ном ҳоким идора мешуд. Ба ӯ муяссар мешавад, ки якчанд шаҳрҳои ба Тошканд тобеъро забт кунад. Дере нагузашта Хуҷанд ва Ӯротеппа ба ҳокими Самарқанд Ялангтушбийи атолиқ тобеъ шуданд.
Намояндаи ин қабила Боқибийи юз амалиёти зидди ҳукумати марказиро сарварӣ намуда, ба қувваи ҳарбии қабилаи қазоқҳо такя мекард. Ӯ пинҳонӣ вориди Хуҷанд гашта, худсариҳо менамуд. Бар зидди қазоқҳо ва Боқибий лашкари Бухоро бо сардории Абдулазизхон фиристода шуд. Вақте ки Абдулазизхон вориди Хуҷанд гашт, Боқибийи юз назди ӯ шарт гузошт, ки ба муқобили падари худ – Надирмуҳаммадхон амал намуда, худро хони Бухоро эълон кунад. Агар ӯ ба суханони онҳо гӯш надиҳад, он гоҳ ба ӯ марг таҳдид мекунад. Дар натиҷа ин тадбир амалӣ гашта, дар Сарой ном музофоти Ӯротеппа Абдулазизхони 25 сола соли 1645 маросими тоҷгузорӣ барпо кард. Падараш, ки дар дашти Қаршӣ машғули шикор буд, аз ин воқеа огоҳ гашта, ба Балх паноҳ бурд.
Боқибийи юз аз тарафи Абдулазизхон ҳокими Хуҷанду Ӯротеппа таъйин шуд. Қабилаи юз мақеъи худро дар ҳукумати Бухоро мустаҳкам намуд. Дар солҳои ҳукмронии Абдулазизхон (1645 – 1680) ҳокимони Хуҷанду Ӯротеппа тобеи Бухоро буданд. Баъд аз ба сари ҳокимият омадани Субҳонқулихон (16801702) дар Ӯротеппа ва мулкҳои тобеи он якчанд сол (1677 – 1686)
Муҳаммадмуратойбий ҳокимият кард. Намояндаи қабилаи юз – Муҳаммад Раҳимбийи юз аз тарафи хони Бухоро соли 1703 барои пахш кардани шӯриши халқӣ ба Ҳисор фиристода шуд.
Убайдуллоҳхон баъд аз он ки ба сари ҳокимият омад, барои идора кардани Ӯротеппа ва Хуҷанд писари Раҳимбийи юз – Оқбӯта қушбегиро ҳоким таъйин кард, ки ӯ зиёда аз сӣ сол (1702 – 1734) дар ин ҷо ҳукмронӣ намуд.
Пойтахти Оқбӯта қӯшбегӣ шаҳри Ӯротеппа буд. Сарзамини васеъ–аз ҳудуди Хӯқанд то сарҳади Самарқанд, болооби Зарафшрн–Масчоҳу Фалғар тобеи ӯ буданд. Ба ҳокимияти ин сарзамини густурда қаноатманд нашуда, Оқбӯта қӯшбегӣ хост водии Фарғонаро низ ишғол намояд. Ин хоҳиши ӯ амалӣ нашуд, чунки соли 1734 аз дасти падарарӯси худ, хони Хӯқанд Раҳимбийи минг (1734–1750) ба қатл расид. Баъд аз ин Раҳимбий Хуҷанд ва Ӯротеппаро забт кард.
Дар нимаи аввали асри XVIII вазъият дар қаламрави ҳокимияти Бухоро боз ҳам мушкилтар гардид. Халқ дар вазъияти бениҳоят вазнин қарор дошт. Амирону ҳокимони маҳаллӣ дар ҳама ҷо ба онҳо зулм мекарданд. Хони охирини сулолаи Аштархониён Абулфайзхон ба корҳои давлатӣ аҳамият намедод ва аз субҳ то шом ба дилхушӣ дода шуда буд. Дар натиҷаи тохтутозҳои ҳафтсолаи қазоқҳо (1723–1730) Миёнколот (байни Самарқанду Бухоро) тамоман ба харобазор табдил ёфт. Кишвар дар шароити бесарусомонӣ ва таназзули иқтисодӣ қарор дошт. Қаҳтӣ ва гуруснагии сахт сар шуд. Касони аз ҷанги фалокат раҳоёфта ба ҳар тараф фирор мекарданд. Шаҳрҳои мамлакат бе одам монданд. Ба харобӣ рӯ ниҳодани ноҳияҳои марказии давлат ба тараққиёти нисбии гӯшаву канорҳои мамлакат сабаб шуд, зеро косибону ҳунармандон барои эмин мондан аз хавфу хатар ва пайдо намудани имкони кори осоишта марказҳои бузурги касбу ҳунар ва тиҷоратро тарк карда, ба гӯшаҳои дурдаст паноҳ мебурданд.
Дар тамоми қаламрави кишвар дар байни ашрофи феодалӣ ва сарлашкарон ҷангҳои дохилӣ ва исёнҳо ба амал меомаданд, ки дар натиҷаи он давлат ба мулкҳои хурд тақсим шуд, ки онҳо мустақилона фаъолият карда, ба ҳокимияти марказӣ итоат намекарданд. Амирон ва мансабдорон аз беназоратии ҳокимияти марказӣ истифода бурда, барои ба даст овардани фоида аҳолиро зулм мекарданд, ки ин норозигии халқро нисбат ба ҳокимон боз ҳам бештар тақвият медод. Ҳокими Самарқанд Фарҳодбий ба аҳолӣ бераҳмона ва душманона муносибат менамуд. Дар ин вазъияти ноустувор соли 1722 ҳокими Шаҳрисабз – Иброҳимбий бо дастгирии ҳокими Кармина Абдулкарим шоҳзодаи хевагӣ Раҷаб султонро хони Самарқанд эълон кард ва ба номи ӯ танга сикка зада шуд. Раҷаб султон душмани ашаддии ҳокими Қаршӣ Муҳаммадҳакимбий буд. Раҷаб султон бо ҳамроҳии ҷонибдорони худ барои сарнагун кардани Абулфайзхон омодагӣ мегирифт. Ӯ барои ба даст овардани Бухоро ба қазоқҳое, ки дар Дашти Қипчоқ кӯчманчигӣ карда, аз сардию бенавоӣ рӯзҳои вазнинро аз сар мегузарониданд, муроҷиат намуд ва ба онҳо ғаниматҳои фаровонро ваъда кард. Кӯчиёни муфлисшуда ва гурусна бо чорво ва чизу чораи худ ба Самарқанд кӯч бастанд ва дар тамоми водии Миёнкол то туманҳои Бухоро паҳн шуданд. Дар давоми ҳафт сол (1723 – 1730) онҳо аҳолиро бераҳмона ғорат карданд ва маконҳои ободро ба харобазор табдил доданд. Кӯчиёни бераҳм зери суми аспони худ киштзор ва боғоту токзорҳои деҳқононро поймол намуданд. Заминҳои кишт ва чарогоҳҳои мамлакат дар зери суми чорпоёни сершумори бодиянишинон ба биёбон мубаддал шуданд. Маҳаллаҳои шукуфону ободи аҳолии маҳаллӣ ба вайрона ва биёбон табдил ёфт. Нарасидани маҳсулоти хӯрокворӣ эҳсос мешуд. Қаҳтӣ, гуруснагӣ ва қашшоқӣ сар шуда, чанд сол ҳукмфармоӣ кард. Сокинон ба маконҳои нисбатан бехавф кӯч мебастанд, вале қисми зиёди одамон дар роҳ аз гуруснагӣ ба ҳалокат мерасиданд. Халқ дар вазъияти ниҳоят вазнин қарор дошт. Амирону ҳокимони маҳаллӣ дар ҳама ҷо ба онҳо зулм мекарданд. Кишвар дар шароити бесарусомонӣ ва таназзули иқтисодӣ қарор дошт.
Сарчашма:
Маълумоти Абдурраҳмони Толеъ оид ба вазъи Бухоро дар замони ҳукмронии Абулфайзхон: «Идораи Самарқандро ба Фарҳодбийи парвоначии утарчӣ вогузор намуданд. Ӯ нисбат ба аҳолӣ сиёсати зӯровариро пеша гирифта, бедодгариҳои зиёд намуд. Хабари беадолатии ӯ ба аҳолӣ то ҳокимияти марказӣ расид, вале Фарҳодбий аз рафтори худ даст накашид. Дар Мовароуннаҳр бесарусомонӣ рӯй дод. Худоёрбий низ дар Шаҳрисабз муборизаи худро бо кенегасҳо идома медод. Дар соли 1125 ҳ.қ (1713), ҳамаи сарлашкарон дар Бухоро ҷамъ омада, ба чунин қарор расиданд, ки рафтори Фарҳодбийи золим аз андоза берун омадааст. Аз ин хотир, идораи Самарқандро ба ихтиёри Муҳаммадраҳимбийи дурман супориданд. Муҳаммадраҳимбий аз уҳдаи идораи Самарқанд баромада наметавонист ва яке аз хешовандони худ Султон тӯқсаборо аз Шаҳрисабз ба Самарқанд даъват намуд. Кенегасҳо дар Самарқанд ба аҳолӣ бераҳмию зӯроварии зиёд намуданд. Дар натиҷа халқи ба дод омада, шӯриш бардошт ва Султон тӯқсаборо аз Самарқанд берун карданд”.
Абдурраҳмони Толеъ. История Абулфейз-хана. Перевод с таджикского, предисловие, примечания и указатель профессора А.А. Семёнова. Ташкент, 1959, саҳ. 37-39.
Санаҳои муҳим:
1645 – дар музофоти Сарои Ӯротеппа маросими тоҷгузорӣ барпо кардани Абдулазизхон
1703 – аз тарафи хони Бухоро ба Ҳисор фиристодани
Муҳаммадраҳимбийи юз барои пахш кардани шӯриши халқӣ
1734 – ба қатл расидани хони Хӯқанд Раҳимбийи минг ба дасти падарарӯсаш
Савол ва супориш:
1) Дар бора вазъи Хуҷанд ва Ӯротеппа дар асри XVII маълумот диҳед.
2) Дар бораи муборизаи Боқибийи юз бо лашкари Бухоро чӣ медонед?
3) Чаро забти Фарғона ба Оқбӯта қӯшбегӣ муяссар нагардид?
4) Вазъи хонии Бухороро дар замони ҳукмронии Абулфайзхон шарҳ диҳед.
5) Раҷаб султон кӣ буд ва чӣ корҳоро анҷом дод?
6) Оқибати ғоратгариҳои кӯчманчиёни Дашти Қипчоқ мамлакатро ба кадом ҳолат овард?