Хотир
Аҳамияти хотир. Таҷрибаҳосилкунии шахсиро таълим меномем. Ташаккули рефлексҳои шартӣ яке аз шаклҳои таълим мебошад. Боз дигар намуди таълим мавҷуд аст. Таълим ба туфайли хотир имконпазир аст. Хотир — маҷмӯи равандҳое мебошад, ки дар системаи марказии асаб ҷараён дошта, андӯхтан, нигоҳдорӣ ва зоҳиршавии таҷрибаи шахсиро таъмин мекунад. И.М. Сеченов навишта буд, ки одамони бехотир бояд тамоми умр дар ҳолати навзодӣ монанд. Одамони бехотир мавҷудоти «якдамаанд», зеро тамоми ҳиссиёт, ҳамаи образҳои одами беруна ба қадри пайдоишашон бе ному нишон гум мешаванд.
Бо одамони аз қувваи хотир маҳрум чӣ ҳодиса рӯй доданро дар беморони кори майнаашон осебдида мушоҳида кардан мумкин аст. Чунин беморон худро намешиносанд, дар куҷо будан ва кори ҳамин рӯз кардаашонро намедонанд, як саҳифаро борҳо мехонанд ва мазмунашро дар хотир гирифта наметавонанд. Онҳо кор карда наметавонанд, малакаҳои оддитарин ҳосил намекунанд. Беҳосил кардани таҷрибаи шахсии зиндагии муқаррарии одам барбод рафта, вай маъюб мешавад.
Табиати физиологии қувваи хотир. Физиологҳо дар таҷрибаҳои бо ҳайвонот гузаронида ва духтурон дар мушоҳидаи беморон муайян кардаанд, ки қувваи хотир бо шӯъбаҳои муайяни нимкураҳои калони мағзи cap алоқаманд аст. Ҳангоми вайрон шудани қишрҳое, ки бо анализаторҳо алоқаманданд, шаклҳои махсуси қувваи хотир — сомеа, босира, ҳаракат ва ғайра вайрон мешаванд. Ин боиси вайрон шудани қобилияти дар хотир нигоҳ доштан ва талаффуз кардани овозҳо, чизҳои дида, ҳаракат мегардад. Дар сурати вайрон шудани қисми пешонӣ ё чаккаи қишри майна қувваи хотир тамоман суст мешавад. Бемор ягон чизро да хотир нигоҳ дошта ва гуфта наметавонад.
Мувофиқи тасаввуроти имрӯза шӯъбаҳои мағзи cap, ки бо равандҳои қувваи хотир робита доранд, байни худ бо силсилаи сарбастаи нейронҳо алоқаманданд. Импулсҳои дар ин силсилаи даврзанандаи асаб дар ҳуҷайраҳои асаб ҷараёни биосинтезро тағйир медиҳанд. Дар натиҷаи ин моддаҳо — омили моддии «осори хотирот» ба вуҷуд меоянд. Вайрон шудани синтези баъзе моддаҳои фаъоли биологӣ ба пайдоиши осори хотирот ва раванди таълим халал мерасонанд. Барои дар хотир мондани ахбор муддате онро такрор кардан зарур аст. Масалан, мо барои дар хотир нигоҳ доштани рақами телефон, шеър ё формулаи математикӣ маводро борҳо такрор мекунем, то ки дар хотир нақш бандад.
Намудҳои қувваи хотир. Вобаста ба чиро дар хотир нигоҳ доштани одам қувваи хотирро ба 4 намуд ҷудо кардан мумкин аст.
Хотири озод асоси омӯзиши ҳаракат, малакаҳои зиндагӣ, варзиш, меҳнат ва нутқи хаттиро ташкил мекунад.
Хотири фасеҳ ёрӣ мерасонад, ки қиёфаи одамон, манзараҳои табиат, муҳит, ҳар хел бӯй, садоҳои муҳит, савту навоҳои мусиқӣ дар хотир сабт ва таҷдид карда шаванд. Хусусан хотираи фасеҳи нависандагон, артистон, рассомон ва мусиқинавозон ба хубӣ инкишоф ёфтааст.
Хотири эҳсосӣ ҳиссиёти аз cap гузаронидаи одамро устувор нигоҳ медорад. Исбот шудааст, ки моддаҳои биологие, ки ҳангоми ҳаяҷони эҳсосӣ ба вуҷуд меоянд, боиси ба хотирнигоҳдорӣ мегарданд. Хотираҳои эҳсоси ҳар як одам то андозае инкишоф ёфтааст. Дар бораи чунин намуди хотираи эҳсосӣ режиссёрӣ собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ К.С. Станиславский навиштааст: «Модом, ки Шумо танҳо ҳангоми ба хотир овардани саргузаштатон лаёқати рангпарӣ, сурхшавӣ доред, модом, ки Шумо аз ба хотир овардани бадбахтии кайҳо аз cap гузаронидаатон метарсед, Шумо хотири ҳискунӣ ё хотири эҳсосӣ доред». Ба туфайли хотири эҳсосӣ одам ба шахси дигар ҳамдардӣ баён мекунад.
Ранҷонидан, нигоҳ доштан ва таҷдиди суханони хонда, шунида ё эродшуда хотири каломӣ ном дорад.
Ҳамаи намудҳои хотир ба ҳамдигар алоқаманданд. Одатан байни як хабар тавассути ду ё бештар намудҳои қувваи хотир нигоҳ дошта мешавад.
Гигиенаи қувваи хотир. Дар сурати бе ягон кӯшиш худ аз худ ба хотир овардани ягон чиз хотири ғайриихтиёрӣ ба вуҷуд меояд. Одам ҳодисаеро, ки ба ӯ сахт таъсир кардааст ё барояш аҳамияти муҳим дорад, беихтиёр дар хотир нигоҳ медорад.
Хотир мумкин аст ихтиёрӣ ҳам шавад. Дар чунин ҳолат одам барои дар хотир нигоҳ доштани воқеае кӯшида, усулҳои махсусро ба кор мебарад. Истифодаи суратҳо, тартиб додани нақшаҳо, таблитсаҳо фикрҳои асосиро равшан дар хотир мемонад. Айнан ҳамон як хабари борҳо такроршуда ба хубӣ дар хотир мемонад. Аз ин ҷост, ки мегӯянд: «Такрор модари дониш аст». Мустақилона, такроран баланд хондан нисбат ба он, ки мавзӯъ чанд маротиба рӯякӣ паст хонда мешавад, бештар нафъ дорад. Қувваи хотир ҳар андоза бештар машқ кунад, вай ҳамон андоза хубтар мешавад.
Дар синни томактабӣ хотири беихтиёри бачаҳо афзалият дорад. Хотири ихтиёрии бачаҳо дар солҳои мактабӣ бештар ташаккул меёбад. Қувваи хотир бештар то 25-солагӣ инкишоф ёфта, то 50-солагӣ боқӣ мемонад. Баъд қобилияти дар хотирдорӣ тадриҷан суст мешавад. Хотири касбӣ дар пиронсолӣ ҳам боқӣ мемонад.
Хотирро на танҳо дар мавридҳои ба ин мақсад ҷудошуда, балки дар хона, дар роҳи мактаб, дар автобусу троллейбусҳо машқ додан лозим аст.
Саволҳо:
- Таълим чист?
- Чиро хотир меноманд?
- Шумо кадом намудҳои хотири одамро медонед?
- Хотир бо кадом қисмҳои мағзи сар алоқаманд аспг?
- Хотири беихтиёр ва ихтиёрӣ чист?