Хизматрасониҳои асосии бонкӣ. Самараи иқтисодии фаъолияти бонкҳо
Бонкҳо корро аз табодули пули давлатҳои гуногун, маҳфуздории пасандозҳо ва додан (пешниҳод)и қарзҳо сар карда, тадриҷан доираи 49
хизматрасониҳои хешро васеъ менамуданд ва пеш аз ҳама, барои рушди савдо ёрӣ мерасониданд. Дар бораи дар Аврупои асримиёнагӣ чӣ қудрате пайдо кардани бонкҳо таърихи оилаи Медичи – бонкдоре аз Флоренсия шаҳодат медиҳад.
Бонки Медичи дар асри XV дар Аврупо яке аз пуриқтидортаринҳо гашта, мусоидат кард, ки ин оила муддати 300 сол ҳокими шаҳр (дав лат)и Флоренсия бошад ва соҳиби унвони герсогӣ (ашрофзода) гардад. Зимнан, Медичиҳо барои таъмини ҳимояи манфиатҳои иқтисодии худ танҳо бо герсогӣ (ашрофзодагӣ)и худ маҳдуд намешуданд. Онҳо аз рӯи нақшаи санҷидашуда амал карда, аввал дар назди салтанати Папаи Рим бонк таъсис доданд ва сипас, дар ин салтанат ду нафар аъзои оилаи ху дро шинонданд.
Медичиҳо чун сарпарастони бузурги санъат ва илм низ шуҳратёр ме бошанд: маҳз бо шарофати онҳо Флоренсия яке аз шаҳрҳои зеботари ни ҷаҳон гардид ва ин ҳам решаҳои иқтисодӣ дошт. Медичиҳо бо чунин фаъолият гӯё «гуноҳҳои бонкдорӣ»и худро мешустанд. Гап дар сари он аст, ки он замон фоизи бонкӣ аз ҷониби калисо чун андоз барои вақт (дар ин маврид – вақти истифодаи пулҳои қарз) баррасӣ мешуд. Вақт бо шад, ба ақидаи падарони калисо, ҳиссаи Худо маҳсуб мегашт. Пас, бонк дорон гӯё аз ҳисоби он чи ки танҳо ба Худо тааллуқ дорад, бой мешаванд ва ғарқи гуноҳ мегарданд.
Хушбахтона, имрӯз банкдоронро лозим намеояд, ки барои фоизси тонӣ аз қарздорон «худро сафед кунанд» (ҳарчанд дар мамлакатҳои му сулмонӣ то кунун фоизситонӣ мамнӯъ буда, бонкҳо бо усулҳои дигар, аз ҷумла, аз ҳисоби иштирок дар фоидаи ояндаи ширкатҳои қарзгирифта даромад мегиранд). Дар натиҷа ташкилотҳои бонкӣ дар иқтисодиёти бо зорӣ мавқеи асосиро ишғол намудаанд. Зиёда аз ин, бонкҳоро аксар вақт дар бисёр кишварҳо «шохаи панҷуми ҳокимият» низ меноманд (агар ба назар гирем, ки чор шохаи аввал парлумон, ҳукумат, суд ва матбуот аст).
Бонкҳо дар иқтисодиёт чор вазифаи асосии зеринро иҷро мекунанд:
вазифаи ҳисобӣ кардан – бо ташкил кардани ҳисобикуниҳои байниҳам- дигарии фурӯшандагон ва харидорони мол ва хизматрасониҳо, ҳатто дар мавриди дар мамлакатҳои гуногун будани онҳо; вазифаи амонатӣ – ба соҳибони пасандозҳо таъмин кардани имконияти муваққатан дар бонк гузоштани пулҳои озод ва аз ин ҳисоб гирифтани даромади иловагӣ; ва- зифаи қарздиҳӣ – ба субъектҳои хоҷагидорӣ дар асоси шартҳои муайян пешниҳод кардани маблағҳои пулие, ки ба онҳо барои ҳалли ин ё он ма- съала зарур аст; таъсиси шаклҳои нави пул барои суръатбахшӣ ва осон гардондани пардохтҳо барои мол ва хизматрасониҳо (маса- лан, пулҳои электронӣ).
Ғайр аз ин, бонкҳо ба мизоҷон хизматҳои дигар низ мерасонанд, ма салан, дар идора кардани пасандозҳояшон кумак мерасонанд, ба шир катҳо дар ташкили фурӯши саҳмияҳо ва вомбаргҳояшон ёрӣ медиҳанд, бозори хариду фурӯши асъор ташкил менамоянд, барои нигоҳдории сарватҳо сейфҳо пешниҳод мекунанд ва умуман дар давлатҳои пешрафта беш аз 300 намуди хизматрасониҳоро иҷро мекунанд.