• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Маводҳои мактабӣ/Хизмати ҳарбӣ – қарзи ҳар шаҳрванд
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Хизмати ҳарбӣ – қарзи ҳар шаҳрванд

34 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
15.02.2024

Хизмати ҳарбӣ – қарзи ҳар шаҳрванд

Бӯсам ҳама умр чеҳраи поки Ватан,
Болам зи вафои халқи бебоки Ватан.
Бо меҳри диёр қаҳрамонӣ бикунам,
Бар дидаи ман сурма шавад хоки Ватан.

Шаҳрванд бояд ҳуқуқ ва озодиҳои худро бо мақсади ободонӣ ва инкишофи ҳаматарафаи кишвар ва манфиати худ, инчунин ҷамъият истифода барад. Зери мафҳуми шаҳрванд мо шахсеро дар назар дорем, ки садоқатмандии худро нисбат ба кишваре, ки дар он ҷо ҳуқуқи шаҳрвандӣ дорад, нигоҳ медорад ва ҳуқуқҳои ӯ аз тарафи он кишвар таҳти ҳимоя қарор гирифтааст.

Шаҳрвандони ҷавон ба камол расида на танҳо соҳиби ҳуқуқу озодиҳои зиёд мегарданд, балки вазифа ва масъулияташон низ меафзояд. Дар яке аз суханронии худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди масъулияти ҷавонони ватандӯст ва пурмасъулият зикр намуданд: «Шумо – ҷавонон барои тақдири имрӯзу ояндаи давлату миллат, рушду ободии мамлакат дар арсаи ҷаҳон ва миёни давлатҳои мутамаддини олам мақоми шоиста ёфтани Тоҷикистони азиз масъулияти бузург бар дӯш доред. Бояд бо набзи ҳаёт ва асри нав ҳамқадам бошед, талаботи замонро пайваста эҳсос намоед, аз таҷрибаи пешбурди иқтисоду идоракунӣ воқиф гардед, манфиати миллату амнияти давлати соҳибистиқлоли худро дар раванди пурталотуми бархӯрдҳои ҷаҳонӣ ҳимоя карда тавонед. Шумо – ҷавонон идомадиҳандаи таъриху фарҳанги қадимаи ватани худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкорӣ, тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошед».

Дар ҳақиқат ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеа ва давлат буда, бояд бо тамоми масъулият ва ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ ҳуқуқ ва уҳдадориҳое, ки давлат ба зиммаи онҳо гузоштааст, ҷавонмардона иҷро намоянд.
Шаҳрванд ва давлат дар муносибатҳои ҳуқуқӣ қарор доранд. Агар як тараф давлат дар назди шаҳрванд вазифаҳо дошта бошад, пас тарафи дуюм – шаҳрванд низ дар назди давлат вазифаҳои муайянро ба ҷо меорад, ки яке аз онҳо хизмат ба Ватан мебошад.

Тибқи моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст».
Уҳдадории ҳарбӣ — ин уҳдадориест, ки ба дӯши шаҳрванди ҳар кишвар гузошта мешавад ва он иборат аз хизмат кардан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аст.

Дар ҳақиқат, хизмат ба Ватан қарзи ҳар як шаҳрванд буда, вай далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар як шаҳрванди бонангу номусро нишон медиҳад. Барои ҳамин, ҳифзи Ватан на танҳо вазифаи ҳуқуқӣ, балки қарзи ахлоқӣ ва ватандӯстии ҳар шаҳрванд аст!

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  •  Мусобиқаи истеҳсолӣ дар давраи бунёди асосҳои ҷомеаи сотсиалистӣ
  • Хизмат ба Ватан-Модар шараф аст
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун низоми таркибии хоҷагии ҷаҳонӣ
  • Зарурати гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисоди бозорӣ
  • Мафҳум ва моҳияти бозори асъор
  • Сабабҳои иқтисодии пайдоиши савдои байналхалқӣ. Содирот ва воридот
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов