• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Кашфи электрон ва консепсияи нави атомизм / Реферат
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Кашфи электрон ва консепсияи нави атомизм / Реферат

89 нафар дид 2

Муаллиф: Донишхона
03.01.2024

Кашфи электрон ва консепсияи нави атомизм

Консепсияи атомизм, яъне ақидае ки мувофиқи он ҳамаи моддаҳои табиат аз зарраҳои майдатарин, ба чашм нонамоён ва дигар тақсимшаванда – атомҳо иборат аст, ҳанӯз дар асри V то милод аз ҷониби файласуфи Юнони қадим Левкипп ва шогирди ӯ Демокрит пешниҳод шудааст. Маънои истилоҳи атом тақсимнашаванда аст. Онҳо чунин мепиндоштанд, ки моддаҳои гуногун аз атомҳои шаклу андозаи ҳархела таркиб ёфтаанд. То Левкиппу Демокрит ва баъди онҳо дар тӯли садсолаҳо ақидае ҳукмфармо буд, ки кулли моддаҳо аз чор нахустматерия (чор унсур) – обу оташу хоку ҳаво иборат буда, ҳар як моддаи табиат аз якҷояшавии таносубҳои гуногуни миқдории ин чор унсур ҳосил мешавад. Ҳамин тавр, зиёда аз ду ҳазор сол ақидаи атомистӣ ба боди фаромӯшӣ дода шуд. Танҳо дар ибтидои асри 19 барои маънидод намудани ҳодисаи ҳаракати броунӣ(ҳаракати бетартибонаи зарраҳои майдаи дар моеъ ё газ омехташуда, ки бо ёрии микроскоп мушоҳида мешавад), мавҷудияти ҳақиқии атомҳо ҳамчун ҷузъи таркибии модда исбот карда мешавад. Вале то кашфи электрон атом зарраи майдатарини тақсимнашаванда ҳисобида мешуд.

Соли 1895 физики англис Ҷозеф Томсон дар аснои тадқиқи нурҳои катодӣ заррачаеро кашф намуд, ки аз рӯи андоза ва массааш аз атоми хурдтарин — атоми ҳидроген ҳам ҳазорҳо маротиба хурд буда, бар замми он дорои заряди электрикии манфӣ мебошад. Онро электрон номидаанд. Кашфи электрон ба пайдоиши ду самти нави тадқиқот замина гузошт. Физикон ба хулоса омаданд, ки модоме зарраи аз атом хурд мавҷуд аст, пас:

а) атом тақсимнашаванда набуда, шояд сохти мураккаб дошта бошад.

б) дар табиат зарраҳои дигари ҳамтои электрон бояд мавҷуд бошанд.

Дере нагузашта ҳар ду гумон ҳам тасдиқ шуданд. Дар натиҷа назарияи сохти атом ва назарияи зарраҳои элементарӣ бунёд гардид, ки минбаъд ба пайдоиши шохаҳои нави физика физикаи атомӣ, физикаи ядроӣ, физикаи зарраҳои элементарӣ асос гузоштанд.

Консепсияи нави атомизм, ки дар асоси ин кашфиётҳо ба вуҷуд омад, муқаррар менамояд, ки атомҳо яке аз ҷузъҳои майдатарини моддаҳо мебошанд, вале онҳо тақсимнашаванда набуда, балки сохти мураккаб доранд ва аз объектҳои боз ҳам майдатари зарраҳои элементарӣ номидашаванда таркиб ёфтаанд

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

2 Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
  • Китобшиносӣ ва феҳрастнигорӣ дар қаламрави адабиёт / Реферат
  • Масъалаҳои ахлоқӣ дар “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов