Касбу ҳунар ва тиҷорат
Касбу ҳунар. Дар давлати Ҷониён (Аштархониён) шароит барои тараққиёти касбу ҳунар номусоид буд, вале косибон ҳунари худро фаромӯш намекарданд. Шоҳиди замон, шоири ширинкалом Сайидои Насафӣ танҳо дар Бухоро дусад навъи ҳунарро ном бурдааст. Касибону ҳунармандон, ки маҳсули дасти онҳо ба хориҷ содир мешуд, як дараҷа вазъи беҳтаре доштанд. Содироти мол дар чунин шароити сахт ба пешрафти истеҳсолот мусоидат мекард.
Косибон матоъҳои ҳархеларо бештар дар хонаҳояшон истеҳсол мекарданд. Ҳунари бофандагӣ ривоҷу равнақ ёфта, матоъҳои пахтагӣ бештар талабот доштанд ва онҳоро ба бозорҳои хориҷ аз кишвар мебароварданд. Харидорони чунин матоъҳо бештар қабилаҳои бодиянишин ва давлати Русия буданд. Бинобар он муносибатҳои тиҷоратӣ бо Русия вусъат меёфт.
Дар шаҳрҳои Бухоро навъҳои гуногуни матоъҳои абрешимӣ ва нимаабрешимӣ, матоъҳои пахтагӣ, ба монанди суфи хом, матоъҳои нақшдор, дастархонҳо, миёнбандҳо ва маҳсулоти дигар бо усули дастӣ коркард мешуданд.
Дар Балх ва шаҳрҳои дигари он карбос, алоча, бахмали рангҳои гуногун, қолинҳои ранга ва абрешимӣ ва амсоли онҳо истеҳсол мешуданд.
Аз касбу ҳунарҳои дигар коркарди чарм рушд ёфта буд, ки дар ҷараёни он чарми дорои сифати баланд тавлид мешуд.
Ҳамин тариқ, дар Балх коркарди пӯстҳои қундуз ва паланг, дар Файзобод–пойтахти Бадахшон кафш ва ниммӯзаҳо барои бозори дохилӣ ва содирот истеҳсол мегардид.
Мисли асрҳои гузашта сохтани афзорҳо аз оҳан ва мис афзалият пайдо кард. Устоҳо аз сӯзан сар карда, то юғу сипор ва афзорҳои рӯзғор истеҳсол мекарданд. Чун пештара устоҳои соҳибҳунари силоҳсоз аслиҳаҳои гуногун–камон, найза, шамшер, корд, ханҷар, ҷавшан, зиреҳ, сипар, тоскулоҳҳои бо сангҳои гаронбаҳо ва нақшу нигори бо тилло ва нуқра ороёфта месохтанд. Дар шаҳрҳои марказӣ, махсусан дар Бухоро, истеҳсоли тиру тӯп ва борут ба роҳ монда шуд. Истеҳсоли маҳсулоти филизӣ бо сабаби кам будани истихроҷи оҳан дар Осиёи Миёна нисбатан маҳдуд буд. Ҳукумати подшоҳии рус ба ин сарзамин овардани мис, оҳан ва пӯлодро манъ кард. Миқдори ночизи филизот дар вилоятҳои Бухоро ва Самарқанд истеҳсол мешуд. Аз филизот зарфҳои навъҳои гуногуни биринҷӣ ва мис, ба мисли кӯзаҳо, ҷомҳо ва ғайра истеҳсол мешуданд, ки намои берунаи онҳо бо нақшу нигор ва гуногуншаклии худ фарқ мекард. Ин зарфҳо аксаран бо катибаҳо ба забони арабӣ ва форсӣ оро дода мешуданд.
Дар Файзобод (пойтахти Бадахшон) ҳунармандони маҳаллӣ аз филизот зарф ва шамъдонҳои нақшдор месохтанд, ки онҳо ба бозорҳо бароварда мешуданд.
Дар вилоятҳо мутахассисоне буданд, ки ба коркарди санги мармар ва гаҷ шуғл доштанд.
Ҳунармандони маҳаллӣ бо сохтани ашёи сафолӣ машғул мешуданд, ки намунаҳои онҳо то рӯзҳои мо расидаанд. Зарфҳои нақшдори зебои сирдор низ истеҳсол мешуданд.
Дар Самарқанд ва Бухоро истеҳсоли коғази баландсифат ба роҳ монда шуда буд.
Истеҳсоли навъҳои гуногуни сангҳои қиматбаҳо ва нимақиматбаҳо бештар дар Бадахшон мушоҳида мешуд. Лаъли Бадахшон дар аксари мамлакатҳо маъруф буд.
Ҳунари дастӣ, ба мисли кошинкорӣ ва кандакорӣ дар гач ва чӯб дар сатҳи баланд қарор дошт.
Касбу ҳунар ва тиҷорат мисли замонҳои пешин аслан дар дасти аҳолии муқимии шаҳрҳо буд.
Нисбатан рушд ёфтани ҳунармандию косибӣ ба густариши савдои дохилӣ ва хориҷӣ сабаб шуд.
Муомилоти пулӣ. Дар асри XVII ва нимаи аввали асри XVIII вазъи умумии сиёсии ҳукумат дар мавриди сикказанӣ ва гардиши тангаҳо ба тараққиёти ҳунармандӣ ва тиҷорат мусоидат намекард. Дар ин давра беқурбшавии бошиддати тангаҳои нуқрагӣ ба чашм мерасид. Тангаҳо аслан аз хӯлаи нуқра ва мис сикка зада мешуд, ки миқдори мис ҳарчи бештар дар он зиёд мешуд. Ҳангоми паст кардани маҳаки тангаҳо хазина доимо фоида ба даст меовард. Аҳолӣ бошад, ҳарчи бештар дучори зарар гардида, бар зидди беқурбшавии тангаҳо мубориза мебурд. Дар чунин маврид манфиати тамоми табақаҳои ҷомеа тақрибан ба ҳам меомаданд.
Дар мубориза барои қурби тангаҳо мардум баъзан ғолиб меомад, ки дар натиҷаи он ҳукумат маҳаки тангаҳоро муваққатан баланд мекард, вале дар охири чоряки асри XVII тангаҳои баландмаҳак сикка зада намешуданд. Дар соли 1708 Убайдуллоҳхон ислоҳоти пулӣ гузаронида, миқдори нуқраро дар тангаҳо 9% пойин овард, ки ин боиси норозигии аҳолӣ гардид. Ҳукумат бо чунин роҳ аз амалиёти танга фоида ба даст меоварад. Бори аз ин ҳам гаронтар барои аҳолӣ ҳилаву найрангҳо дар муомилаи тангаҳо буд. Дар асри XVII тамоми тангаҳои нуқра дар хонии Бухоро ба «куҳна» ва «нав» тақсим мешуданд. Ҳар лаҳза ҳукумат метавонист «тангаҳои нав»-ро «куҳна» эълон кунад. Қобилияти харидории тангаҳои «куҳна» дар бозор ба таври куллӣ аз маҳаки он вобаста буд. Масалан, тангаҳое, ки дар он 60 % нуқра мавҷуд буд, дар ҳолати «нав» буданашон бо қурби маҷбурӣ гардиш менамуданд ва онҳо тангаҳои баландқурб ба шумор мерафтанд. Чун онҳоро «куҳна» эълон менамуданд, пас 40% қобилияти харидории худро гум мекарданд, яъне аҳолӣ ҳамон замон 40% зарар медид. Дар тӯли асри XVII меъёри истисмор бо амалиёти танга хеле афзуд, ки ин ба муфлисшавии бештари ҳунармандон ва тоҷирон оварда расонд.
Ҳамин тариқ, дар ин давра сарфи назар аз шароити номусоид ҳунармандӣ дар хонии Бухоро хомӯш намешуд ва оҳиста-оҳиста қувват мегирифт, ки ин ба рушди тиҷорати дохилӣ ва хориҷӣ мусоидат менамуд.
Тиҷорати дохилӣ. Ҳарчанд мамлакат ба вазъияти мураккаб дучор шуда бошад ҳам, дар шаҳру ноҳияҳо тиҷорат дар бозорҳо амал мекард. Дар бисёр ҳолатҳо бозорҳо марказонида шуда буданд. Бозорҳо дар тамоми шаҳрҳо вуҷуд доштанд. Аҳолии шаҳру деҳот, дукондорони хурд, кишоварзон, ҳунармандон ва ашроф ба тиҷорат машғул мешуданд. Дар байни вилоятҳо ва шаҳрҳои мамлакат савдо доимо амал мекард.
Дар қаламрави Бухоро шумораи хеле зиёди бозорҳои марказонидашуда, растаҳои тиҷоратӣ, коргоҳҳои ҳунармандӣ ва дуконҳои тиҷоратӣ мавҷуд буданд. Ҳар як касбу ҳунар дар ин ҷо бозори махсуси худро дошт. Дар бозорҳои Бухоро молу ашёи дар шаҳрҳои дигар истеҳсолшудаи ҳунармандонро пайдо кардан мумкин буд. Ба бозорҳои ин ҷо на танҳо маҳсулоти кишоварзӣ ва баъзе навъҳои маҳсулоти ҳунармандӣ аз деҳаҳои гирду атроф оварда мешуданд, балки ба Бухоро маҳсулот ва маснуоти дар шаҳрҳои дигари Осиёи Миёна сохташуда низ ворид мегашт. Дар байни онҳо ҷойи махсусро амволу ашёи ҳунармандони Самарқанд ишғол менамуд.
Дар бозорҳои Балх, дар баробари ашёи дигар фурӯши молҳои аз ҷониби ҳунармандони маҳаллӣ сохташуда ва истеҳсолшуда, ба мисли афзори асп, карбос, матоъҳои гуногуни абрешимӣ ва ғайра ба савдо бароварда мешуданд.
Дар ин давра байни Бухоро ва Хева робитаҳои наздики тиҷоратӣ барқарор буд. Тоҷирони хевагӣ бо молу ашёи худ зудзуд ба шаҳрҳои хонии Бухоро мерафтанд. Молу ашёи маъруфи хевагиҳо матоъҳои абрешимӣ ва катонию пахтагӣ буданд. Бухориҳо дар навбати худ бо молу амволи худ ба Хева аз тариқи дарё бо заврақҳои на он қадар калони аз тахтапораҳо сохташуда меомаданд.
Тошканд дар нимаи дуюми асри XVIII, ки ба ҳайати хонии Бухоро дохил намешуд, бо тамоми шаҳрҳои муҳимтарини Осиёи Миёна: Бухоро, Самарқанд, Кӯлоб, Балх, Шаҳрисабз ва ғайра робитаи тиҷоратӣ дошт. Беҳтарин тилло дар бозори Бухоро сиккаҳои тошкандӣ буданд. Аз Самарқанд ба Тошканд сурб мебурданд ва онро бо нархи арзон мефурӯхтанд. Тоҷирони бухороӣ молу амволи зиёдеро, ки аз Русия, Хитой, Эрон ва Ҳиндустон ворид мешуданд, ба Тошканд мебурданд.
Тиҷорати хориҷӣ. Дар асри XVII ва нимаи аввали асри XVIII хонии Бухоро бо Русия, Ҳиндустон, Хитой ва дигар кишварҳо робитаи тиҷоратӣ дошт. Мувофиқи шаҳодати сайёҳи англис Ҷенкинсон, ки дар ин давра ба Бухоро сафар карда буд, ҳар сол дар Бухоро ҷамъомади тоҷирон, ки бо корвонҳо аз Ҳиндустон, Русия, Хитой ва кишварҳои дигар ба ин ҷо меомаданд, баргузор мегардид.
Дар ин лавра муносибатҳои тиҷоратии хонии Бухоро бо Ҳиндустон хеле авҷ гирифт. Баъд аз ҳамроҳшавии Астрахан ба Русия (1566) он ба яке аз марказҳои тиҷоратии империяи Русия мубаддал гашт, ки ба тиҷорати Русияро бо Осиёи Миёна ва дигар кишварҳои Шарқ, аз ҷумла бо Ҳиндустон вусъат бахшид. Осиёи Миёна ҳамчун пайвандгари тиҷорати Русия ва Ҳинд ба ҳисоб мерафт. Ин дар навбати худ ба вусъатёбии гардиши мол байни хонии Бухоро ва Ҳиндустон таъсири судманд мерасонид. Ҳамаи ин ба рушди минбаъдаи воридшавии даромадҳо ба хазинаи давлат мусоидат мекард.
Дар Бухоро якчанд маҳаллаҳое буданд, ки дар онҳо тоҷирони ҳиндӣ зиндагӣ мекарданд. Тоҷирони бухороию балхӣ низ барои тиҷорат ба Ҳиндустон мерафтанд.
Дар ин давра аз шаҳрҳои хонии Бухоро ба Ҳиндустон аспҳо, шутурҳо, сагҳои тозӣ, парандагони шикорӣ, абрешим, чарми хом, лаълҳои андозаашон гуногун, зарфҳои булӯрин, меваҳои хушк ва ғайра мебурданд. Дар байни ин молҳо аз ҳама ба асп талабот зиёд буд ва Ҳиндустон ба ҳисоби миёна ҳар сол беш аз 25 ҳазор сар асп мехарид.
Аз Ҳиндустон ба хонии Бухоро асосан матоъҳои ҳиндӣ, ба мисли ҷомавор, амволи нақшину гулдор, шол, ҳарир, пироҳанҳои зардӯзӣ, шероза, дока, ресмон, атриёт, ханҷарҳо, шамшер бо сипар ва анвои дигари аслиҳа, дурдонаҳо, сангҳои гаронбаҳо, ашёи мухталифи тиллоӣ ва нуқрагӣ ва амволи дигар ворид мегаштанд.
Тиҷорат бо Хитой низ амал мекард. Аз Чин аксаран матоъҳои абрешимӣ ва катонӣ, зарфҳои булӯрин, тамоку, чой, доруворӣ ва амволи дигар оварда мешуданд, ки миқдори зиёди онҳо барои фурӯш ба давлати Русия интиқол меёфт.
Дар тиҷорати хориҷӣ мубодилаи мол бо кӯчиён низ ҷойи муайяни худро дошт. Тоҷирони маҳаллӣ ба онҳо маҳсулоти ҳунармандони шаҳриро дастрас мекарданд ва аз онҳо асосан чорво ва маҳсулоти чармӣ мегирифтанд.
Дар ин давра робитаҳои тиҷоратӣ байни хонии Бухоро ва Русия хеле вусъат ёфта буд. Ба рушди робитаҳои тиҷоратии байни ин давлатҳо, пеш аз ҳама шоҳони рус манфиатдор буданд ва барои беҳбудии ин кор ба тоҷирон имтиёзҳо медоданд.
Молу амвол асосан бо роҳҳои корвонгузар ба воситаи шутурҳо оварда мешуданд, ки ин ба талаботи ҳар ду ҷониб ҷавобгӯ набуд. Барои таъмини тиҷорати мусоид ва зиёдшавии гардиши амвол ҳукумати Русия дар баҳри Хитой барои дарёгардӣ киштиҳои калони бодбондорро нигоҳ медошт. Онҳо дар як сол ду маротиба (баҳор ва тирамоҳ) байни Астрахан ва қароргоҳи Каригон барои тиҷорат бо Хева ва Бухоро ҳаракат менамуданд.
Дар соли 1681 дар Астрахан меҳмонхонаҳо бунёд шуданд ва дар ҳавлии онҳо барои тоҷирони мусофир дуконҳо, таҳхонаҳо ва растаҳо сохтанд. Тоҷирони бухороӣ, ба ғайр аз Астрахан дар Тоболск низ тиҷорат карда, Сибирро бо ашёи ҳунарҳои дастӣ таъмин менамуданд. Дар ин давра роҳҳои тиҷоратӣ ба Волга ва Сибир низ кушода шуд. Сибир, Тоболск, Тара ва Оренбург ба марказҳои калони тиҷоратӣ тадил ёфтанд.
Дар асри XVII аз Осиёи Миёна ба Русия асосан, ғайр аз шоҳроҳи Сибир, се роҳи дигар мавҷуд буд, ки бо онҳо тоҷирони бухороӣ тиҷорати худро амалӣ менамуданд. Яке аз ин роҳҳо аз Бухоро ба Урганҷ ба воситаи дарёи Эмбу ва Яик ба соҳили баҳри Арал то Астрахан мегузашт. Паймудани ин масофа тақрибан 10 рӯзро дар бар мегирифт. Роҳи дигар аз Урганҷ ба шимолу ғарб ба Манқишлоқ, ба бандари Қарағанда мерафт. Аз бандари Қарағанда тоҷирони бухорӣ аз баҳри Хазар гузашта, ба Астрахан мерафтанд. Аз бандари Қарағанда то Астрахан тоҷирон вобаста аз вазъи обу ҳаво бо киштиҳои бодбондори давлатӣ дар давоми 7 – 8 рӯз шино менамуданд. Сеяки роҳе, ки аз Осиёи Миёна ба Русия мерафт, аз тариқи Машҳад, Астаробод, Ашроф, Рашт, Толиш, Боку, Дарбанд, Буйнашӣ ва Таркӣ буд. Ин роҳ аз Бухоро то Машҳад 4 ҳафтаро дар бар мегирифт, аз Машҳад то Астрахан 10 ҳафта. Аз ин роҳ тоҷирон дар мавридҳои истисноӣ истифода менамуданд.
Номгӯйи молҳои аз тарафи тоҷирони ҳар ду ҷониб овардашуда гуногун буданд. Аз Русия ба шаҳрҳои хонии Бухоро аксаран чарм ва мӯйина, асбобу афзори мухталифаи асп ва фойтун, инчунин, моҳутҳои аврупоӣ, муҳраи реза, оинаҳои гуногун, маснуоти ҷавоҳиротӣ ва чарчинворӣ, гӯшворҳо, сӯзан, коғаз, абрешим ва амволи дигар ворид мешуд.
Аз Бухоро ба Русия маҳсулоти бофандагӣ, матоъҳои абрешимӣ ва пахтагӣ мебурданд, ки дар он ҷо ба ин молҳо талаботи зиёд буд.
Дар бозорҳои Русия молҳои зиёди осиёимиёнагӣ чун чарм, камонҳои бухорӣ, баъзе мӯйинаҳо, колинҳо, коғази пахтагӣ, меваҳои хушк ва амсоли онҳо хеле фаровон буданд.
Дар нимаи аввали асри XVIII вазъи робитаҳои тиҷоратии Бухоро бо Русия боз ҳам беҳтар гардид, ки он ба наздикшавии ҳар ду кишвар дар соҳаҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ мусоидат менамуд.
Аксар ҳокиму хонҳои мамлакатҳои номбурда барои ривоҷу равнақи савдои берунӣ чораҳо меандешиданд. Дар роҳҳои корвонгузар чоҳҳои об канда, корвонсаройҳо бино намуда, аз молҳои тиҷоратӣ боҷро кам мекарданд. Тоҷирони бухороӣ аксаран амволи хориҷиро яклухт қарз мегирифтанд ва пас аз фурӯши он тавассути нуқра ҳисобу китоб менамуданд. Ғайр аз он, тибқи шариат, моли харидоришударо метавонистанд дар давоми се сол баргардонанд. Ин амал барои тоҷирони хориҷӣ нороҳатии зиёде пеш меовард. Убайдуллоҳхон барои зиёдшавии воридоти амволи хориҷӣ ин дастури шариатро беэътибор эълон кард.
Баробари ривоҷи муносибатҳои тиҷоратӣ робитаҳои дипломатӣ низ рушд меёфт. Баъзан тоҷирон вазифаи дипломатиро ба уҳда доштанд ва супориши ҳокимони худро иҷро менамуданд.
Сарчашма:
Маълумоти Мирмуҳаммад Амини Бухорӣ дар бораи ислоҳоти пулии Убайдуллоҳхон дар соли 1708: Вазъияте, ки соли 1120 (1708) дар Бухоро барои ба мубодила баровардани пулҳо ба амал омад, чунин буд: бо сарнавишти тақдир дар хазинаи ҳокимони баландмартабаи Бухоро пули нақд коҳиш ёфт. Илова бар он, сарфи ҷаноби олӣ Убайдуллоҳхон ба корҳои давлатӣ зиёд гардид. Замина барои ин чунин ташаккул ёфта буд: масъулони соҳаи молияи дарбор аз шахсони давлатманд ва тоҷирон барои сарфи заруратҳои гуногуни хазина пули зиёд қарз гирфта буданд ва маблағи девон барои рӯйпӯш намудани ин миқдор қарзҳо намерасид. Илова бар он, сарфи ҷаноби олӣ рӯз аз рӯз зиёд мегардид.
Дар чунин вазъият шахси фитнаангез ва фиребгар меҳтар Хоҷа Шафеъ ба сардори хазинаи давлатӣ Хоҷа Болтуи сарой, ки ҷаноби олӣ ба суханҳои ӯ эътимод дошт, чунин маслиҳат пешниҳод намуд: Маблағе, ки дар давлат ҷамъоварӣ мешавад, ба сарфи ҳазрати ҷаҳонкушой, барои таъмини маоши ҳарбиён ва масъулони давлатӣ, барои қабул ва ирсоли сафирон камӣ мекунад. Роҳҳои ба қарз таъмин кардани ин сарфиёт низ хеле танг гаштааст. Агар миқдори андозҳо ба аҳолӣ боз ҳам зиёд карда шавад, дили онҳо аз ҳокимияти олӣ хунук шуда, вилоят ва шаҳрҳо қашшоқ мегарданд. Агар зарурате барои нохост ҷамъ намудани лашкар ва бо таҷҳизоти лозимӣ таъмин намудани онҳо пайдо шавад, тамоми амр ва тадбирҳо барои амалӣ гаштани ин кор беҳуда мегардад. Ба фикри ман барои ҳалли ин масъала бояд маҳаки тангаҳоро тағйир дода, арзиши онҳоро паст намоем. Агар ин кор амалӣ гардад, роҳи тиҷорат васеъ мешавад, ба хазина пули зиёд ворид мегардад ва касе аз ин зарар намебинад.
Ҳамин тариқ, Хоҷа Болту ба суханони Хоҷа Шафеъ бовар карда, лоиҳаи ин амалро ба хон пешниҳод намуд. Хон амр дод, ки корро тавре амалӣ намоянд, ки он ба манфиати давлат ва аҳолӣ мусоидат намояд. Хоҷа Болту ба хон дар бораи чӣ гуна ба давлат омадани даромадро бо ҷузъиёташ фаҳмонд, вале ӯ намедонист, ки ин меҳтари маймун (яъне Хоҷа Шафеъ) чӣ тавр ҷаноби олиро ба кори хеле ҳам бад гирифтор менамояд.
Ҳамин тариқ, дар сиккаи тангаҳо тағйирот ворид карда шуд. Аз ҳар як тангаи куҳнаи нуқрагин чор тангаи нав сикка зада шуд.
Ин боиси норизоятии умумӣ гардид. Тоҷирони Бухоро гирифтани тангаҳои навро рад карданд, дуконҳои худро бастанд, аз онҳо тамоми амволи худро берун кашиданд. Ҳунармандон намехостанд маҳсулоти худро ба пулҳои беқурбшуда бидиҳанд. Ба сабаби ғайриимкон будани дарёфти маҳсулот, корҳо дар коргоҳҳо қатъ гардиданд. Одамони одӣ аз хӯроквории рӯзмарра маҳрум шуда ба вазъи фалокатбор гирифтор шуданд. Дар бозор чизе фурӯхта намешуд. Дар Бухоро ва гирду атрофи он ҳаёти муътадили иқтисодӣ комилан халалдор гардид. Ин ба гуруснагӣ оварда расонд. Анбӯҳи одамони ба ғазаб омада бо фарёд ва таҳдид ба дарбори хон наздик шуданд.
Мирмуҳаммад Амини Бухорӣ. Убайдуллоҳнома. Тарҷума аз забони тоҷикӣ ба русӣ ва тавзеҳоти А.А. Семёнов. Тошканд, 1957, саҳ. 156-158.
Дар бораи робитаи тиҷоратии Бухоро бо Русия дар асри XVII: «Дар солҳои 1645–1646 бо фармони подшоҳи бузург Алексей Михайлович ба сарзамини Бухоро ба дасти Анисим Грибов ва ҳамроҳони ӯ чунин молҳо фиристоданд: ба маблағи 4251 сӯм пӯсти санҷоб, ба маблағи 100 сӯм 2 гривен устухони моҳӣ, моҳути анорранг 15 аршин, нархаш ба маблағи 143 сӯму 13 олтину 2 динор, 2500 сӯм пули тилло, ҳар кадомаш як сӯми тилло фиристода шуд. Ба Анисим инчунин, 10000 сӯм барои харидани мол дода шудааст, то ки молро аз Москва харида, ба Бухоро барад».
Материалы по истории Узбекской, Таджикской и Туркменской ССР. Ч. I. Ленинград, 1933, с. 211.
Санаҳои муҳим:
1681– барои тоҷирони мусофир бунёди меҳмонхонаҳо дар Астрахан 1708– ислоҳоти пулии Убайдуллоҳхон
Савол ва супориш:
1) Дар бораи вазъи касбу ҳунарҳои ин давра чӣ медонед?
2) Дар шаҳрҳои Бухоро кадом навъҳои гуногуни матоъҳо истеҳсол мешуданд?
3) Дар бораи сохтани афзорҳо аз оҳан ва мис ва силоҳсозии он давр маълумот диҳед.
4) Боз кадом навъҳои ҳунармандиро номбар карда метавонед?
5) Дар бораи муомилоти пулӣ ва гардиши тангаҳо маълумот диҳед.
6) Вазъи тиҷорати дохилӣ чӣ гуна буд?
7) Робитаҳои тиҷоратӣ бештар дар байни кадом шаҳрҳо вуҷуд доштанд?
8) Дар бораи тиҷорати хориҷӣ чиҳо медонед?
9) Робитаҳои тиҷоратии хонии Бухороро бо Ҳиндустон шарҳ диҳед.
10) Дар бораи робитаҳои тиҷоратии хонии Бухоро ва Русияро маълумот диҳед.