• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Касби пурифтихор / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

Касби пурифтихор / Иншо

20 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
20.08.2022

Мавзӯъ:Касби пурифтихор 

Нақша:

Муқаддима

1.Касби пурифтихор 

Хулоса

Айб аст, ки дар ҳунар на кушӣ,
Сад айб ба як ҳунар накушӣ.
Соҳибҳунаре, ки ботамиз аст.
Дар дидаи мардумон азиз аст.

Оре, њар як инсон бояд дар зиндагӣ ҳамеша бар он ҷаҳд намояд, ки соҳибақлу соҳибхирад ба воя бирасад. Байни дустону наздикон обрӯю эътибор ва манзалату қимат дошта бошад. Муҳити иҳотакарда ӯро пазируфта эҳтиромашро ба ҷо оранд. Лекин ин нишонаҳои бузург барои инсон ба осонӣ муяссар намешаванд. Барои ба даст овардани обрӯ машаққати зиёд лозим меояд. Барои соҳибкасб гаштан бисёр мебояд омӯхт. Барои ифтихорманд гаштан худ бояд кони ақлу заковат ва мардонагиву далерӣ буд. Соҳибақл бояд буд, то пешаи дурустеро интихоб намуда, тавассути меҳнати бузург обрӯ пойдор кард.
Шахсияти баркамол ва озодфикр ҳануз аз овони хурдӣ дар худ фикри интихоби пешаи асосиро мепарварад. Ин ақидаи бузург ҳар инсонро аз аввал бояд дар дилаш бедор гардад. Зеро равшании ҳар як рӯз аз оғози саҳари он маълум мегардад. Интихоби касб низ пешаи худододист, ки табиатан дар дили кас пайдо мегардад.

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд,
Меҳри онро дар дилаш андохтанд.

Интихоби касб бояд дар кас бо як фикри дурандешонаву чиддӣ ва таҳаммулпазир пайдо гардад, зеро барои омғхтану соҳибкасб гаштан машаққатҳои зиёд пеш меоянд. Барои омӯхтани касб ҳамаи он машаққату азиятҳоро пурбардор будан лозим аст. Шахсони сабуксору бетааммул наметавонанд соҳибкасб гарданд.

Сабуксарон дар интихоби касб сахт азият мекашанд, зеро ба машаққату заҳмати зиёд тобовар бошанд. Ин аст, ки дар ҳаёт на ҳар кас соҳибкасб буда метавонад.

Аммо шахсияти пурбардор ва барнодил ба ҳеҷ гуна душворӣ нигоҳ накарда, ҳунар меомӯзад ва пешаи худро интихоб карда, ҳар лаҳзаи ҳаёташро баҳри касби пуршарафи худ дарег надошта меҳнат мекунад. Мегӯянд, ки меҳнат одамро аз се хокистари бузург мераҳонад: “дармондагӣ, фиск ва эҳтиёҷ”. Албатта, ҳунарвар ва соҳибкасб ҳамеша соҳибиззат аст, зеро заҳмати бепоёнаш ҳамеша ба хонадонаш сарбаландӣ меорад. Сарбаландии ҳар як қавм натиҷаи меҳнату машаққати худи ӯст. Ифтихори ҳар як соҳибкасб мояи ранҷи пурмаҳсули ӯст, ки осон ба даст наомада. Баҳри ҳар як ободӣ ва бурдбории зиёд меҳнати ҳалол мебояд.

Бе дарду ранҷ ганҷ муяссар намешавад,
Музд он гирифт ҷони бародар, ки кор кард.

Ин ҷо музд ба маънои саховату бурдборӣ ва обрӯву манзалати бузург аст, ки танҳо тавассути меҳнату интнхоби пешаи пуршараф омада.
Хулоса, умр барои инсои танҳо як бор муяссар мегардад. Танҳо илм омӯхту амали бузург намуд. Пешаи дуруст интихоб карду ифтихор пайдо намуд, то умри азиз ройгону сарсон нагзарад:

Умре, ки баҳо бувад гаронаш,
Бо ҳар баду нек магзаронаш.

Интихоби пешаи дурусту манфиатбахш тамоми умр ба инсон хушию сурур, рӯзгори осоишта ва хонаи обод меорад. Соҳибкасбон ҳамеша соҳибиззатанд. Ифтихори бузург танҳо аз ҳунари воло ва касби пуршараф ба даст меояд.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Зан, Модар – ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
  • Солҳои мактабии ман. / Иншо
  • Китоб мӯниси ҷону дил аст. / Иншо
  • Шоири дӯстдоштаи ман / Реферат
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат