• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Маводҳои муфид/Канзи шифо: Сулфаи кӯдакон. Сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирии он
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Канзи шифо: Сулфаи кӯдакон. Сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирии он

29 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
12.02.2024

Канзи шифо: Сулфаи кӯдакон. Сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирии он

Тирамоҳ, ки сар шуд, мушкили модарон афзун мегардад, зеро кӯдакон тез-тез бемор шуда, табашон баланд мешавад, месулфанд, инҷиқӣ карда, хӯрок намехӯранд, дуруст хоб намераванд ва гиря мекунанд. Аксари волидон сулфаю табби кӯдакро нишонаи шамолхӯрӣ ва зуком пиндошта, мустақилона бо дорую давоҳои оддии зидди грип фарзанди худро табобат кардан мехоҳанд, вале сулфа метавонад нишонаи бемориҳои ҷиддие бошад, ки дар сурати табобати нодуруст оқибатҳои нохушро ба бор оварда метавонанд.

Сулфа нишонаи чист?

Зуком ва ОРВИ — кӯдак месулфад, атса мезанад, биниаш маҳкам аст, гулӯяш дард мекунад, аз чашмаконаш об мешорад ва табаш аз 37 то 39 дараҷа баланд мешавад.

Бронхит — кӯдак бо шиддат месулфад, нафасгириаш душвор шуда, бисёр арақ мекунад, табаш хеле баланд шуда, ба зудӣ намефарояд. Ин беморӣ кӯдакро камҳол ва беҳаракат мекунад.

Астма — кӯдак хеле сахт месулфад ва чунон ба назар мерасад, ки ҳаво барояш камӣ карда, нафасгир шуда истодааст. Вақти нафаскашӣ як садои хоси ба ҳуштак монанд мебарорад.

Пневмания — сулфаи балғамдор, дард кардани қафаси сина ҳангоми нафаскашӣ. Кӯдак камҳаракат шуда, нафасгириаш торафи душвортар мегардад. Таби тифл то 38-40 дараҷа баланд мешавад.

Круп — Кӯдак пуҳ-пуҳкунон месулфад ва тез-тезу чуқур-чуқур нафас кашида, як садои ҳуштакмонанд мебарорад. Овозаш гирифта, ҳиррос мезанад. Табаш гоҳ баланд шуда, гоҳ мефарояд. Дар ин ҳолат кӯдакро фавран ба беморхонаи касалиҳои сироятӣ бурдан лозим аст, чунки круп бисёр бемории хатарнок буда, дар сурати бепарвоӣ метавонад боиси нафасгир шудан ва ҳатто марги кӯдак гардад.

Коклюш — Сулфаи хушк бо садои ҳуштакмонанд, обравӣ аз бинӣ, дилбеҳузурӣ ва сурх шудани рӯйи кӯдак. Маъмулан таби тифли ба коклюш гирифтор то 37-37, 6 дараҷа баланд мешавад.

Туберкулёз — сулфаи хушки доимӣ ва пуршиддат, суст, камҳаракат ва хоболуд шудани тифл. Кӯдаке, ки ба туберкулёз гирифтор шудааст, бисёр инҷиқӣ карда, табаш то 37,5–38 дараҷа баланд мешавад.

Тавре ки мебинед, бемориҳое, ки номбар кардем, нишонаҳояшон ба ҳамдигар монандӣ доранд, бинобар ин, агар сулфа дар муддати як ҳафтаи табобат бо доруҳои маъмулии зидди балғам ва сулфа гум нашавад, ҳатман кӯдакро ба духтур бурда, аз ташхис гузаронед.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Бармакиён
  • Забони форсӣ
  • Забони тоҷикӣ
  • Сосониён
  • Табрикот ва шеър барои Наврӯз – Наврӯз муборак
  • Саркаши аз хизмати ҳарби ҷиноят аст
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов