• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Маводҳои муфид/Канзи шифо: Каду ҷисмро тозаю иммунитети инсонро пурқувват месозад
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Канзи шифо: Каду ҷисмро тозаю иммунитети инсонро пурқувват месозад

13 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
12.02.2024

Канзи шифо: Каду ҷисмро тозаю иммунитети инсонро пурқувват месозад

Аксарият ба каду назарногирона менигаранд, вале дар таркиби ин сабзавоти оддӣ моддае бо номи карнитин мавҷуд аст, ки ҷисми моро саршор аз нерӯ ва энергияи нав мегардонад.

Каду ҷисми инсонро аз дарун тоза карда, ифлосиҳо (шлаки)-ро мебарорад ва кори майнаи сарро ба низом медарорад.

Каду дар таркибаш ҳамчунин витамини К дорад, ки барои мубодилаи моддаҳо ва фаъолияти бонизоми гурдаҳо бениҳоят зарур мебошад. Бартарии дигари каду дар он аст, ки дар таркибаш ба миқдори зиёд алфа ва бета-каротин дорад. Ин моддаҳо барои биноии чашм, рушди ҳуҷайраҳо ва пурқувват шудани системаи муҳофизатии организм, яъне иммунитети инсон бениҳоят зарур мебошанд.

Ҳамагӣ ним истакон шарбати кадуро бо ду қошуқ асал омехта карда нӯшед, асабро ором намуда, ба шумо эҳсоси фараҳу шодӣ мебахшад.

Ба шахсоне, ки аз бемории фишорбаландӣ азият мекашанд ё сатҳи холестерин дар хунашон баланд аст, хӯрдани донаки каду маслиҳат дода мешавад.

Кадуро дар бисёр намуди таомҳо истифода бурдан мумкин аст. Ҳоло, ки фасли тирамоҳ ва каду фаровон мебошад, бештар мантуи кадугӣ пухта хӯред ва аз каду ҳар хел хӯрокҳои лазиз омода намоед, то ки аҳли хонадони шумо солиму бардам гарданд.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Бармакиён
  • Забони форсӣ
  • Забони тоҷикӣ
  • Сосониён
  • Табрикот ва шеър барои Наврӯз – Наврӯз муборак
  • Саркаши аз хизмати ҳарби ҷиноят аст
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов