• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Камолиддини Биноӣ ва «Беҳрӯзу Баҳром» – и ӯ / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

Камолиддини Биноӣ ва «Беҳрӯзу Баҳром» – и ӯ / Иншо

162 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
16.01.2022

Мавзӯъ: Камолиддини Биноӣ ва «Беҳрӯзу Баҳром» – и ӯ

Нақша:

Муқаддима

  1. Маълумот дар бораи ҳаёт ва фаъолияти шоир
  2. Мундариҷаи асосии «Беҳрӯзу Баҳром»
  3. Мавқеи панду ахлоқ дар «Беҳрӯзу Баҳром»

Хулоса

Камолиддини Биноӣ номи асосиаш Шералй буда бо лақаби Камолиддин ва тахаллуси Биноӣ машҳур гардидааст. У соли 1153 дар шаҳри Ҳирот, ки яке аз марказҳои асосии илму адаб ба ҳисоб мерафт, таваллуд ёфтааст. Бинобар ин, дар боло рафтан ва сабзиши маънавии ӯ нақши мактаби адабии Хдоот басо бузург будааст. Қайд кардан бамаврид аст, ки Биноӣ яке аз шогирдони

беҳтарини Абдураҳмони Ҷомӣ ба шумор меравад. Биноӣ ба дарбори Ҳусайн Бойқаро даъват карда мешавшд. Вале, ӯ баъди шиносой бо аҳли дарбор, воқиф мешавад, ки /щар назди шоҳ як гурӯҳ хушомадгӯёну одамони пасту разил ҷамь юмада, ҳамеша аз пайи кинаву адовату озори якдигар мебошанд. Онҳо якдигарро ҳаҷву масхара менамоянд, то хокимону шюҳонро хурсанд йамоянд.

Биноӣ дар вақти ҷангу ҷидолҳои Исмоили О Сафавӣ дар айни ҷӯшу хурӯши эҷодй вафот мекунад.

Аз мероси адабии Биной асарҳои зиёде боқй мондааст. Биной дар умри пурбаракати худ асарҳои бузург: махнавии «Беҳрӯзу Баҳром», асарҳои таърихии «Шайбонинома», «^Футуҳоти Хонй» ва се девон таълиф намудааст.

Маснавии «Беҳрӯзу Баҳром» асари ахлоқй буда, дар эҷодиёти шоир мавқеи асосй дорад. Масъалаи одобу ахлоқ дар адабиёт аз тарафи шоирону адибони гузашта таҳлилу баррасй шудааст. Дар ҷамъияте, ки Биной умр ба cap мебурд, аҳвол:и одамони одни ҷамъият ниҳоят вазнин гардида буд. Дар барообари ин, одобу ахлоқи табақаи боло хеле вайрон шуда буд. Аз ин рӯ, Биной сабаби пайдоиши ахлоқи одамони ҷамъияти болоро рӯйирост ошкор намуда, аз забони қаҳрамонони маснавии «Беҳрӯзу Баҳром» онҳоро махдсум намудааст. Одобу ахлок; аз нигоҳи шоир ирей будааст. Дар охир ба хулосае меояд, ки одо-бу ахлоқи ҳар як инсон дар натиҷаи таъсири муҳити атроф ба миён меояд:

Ҳар кӣ cap зад ба гулхани пурдуд,

Ҷомааш бӯйи дуд гирад зуд.

Нашавӣ ҳоҷа ҳамншиини бадон,

То нагардй зи хаёли бехирадон.

Яъне, Биной таъкид бар он дорад, ки ҳамнишини бад инсонро ба роҳи бад мебарад, аз ҳамнишини хуб бошад, танҳо хулқу атвори некӯ мебинад:

В-он ки бо гулханӣ шаеад ҳампой,

Ҷуз ба хоки сиёҳ нагирад ҷой.

Ҳар кӣ атвори неку бад гирад,

Ҳама аз ҳамнишини х (в) ад.

Камолиддин Биной барои исботи фикру андешаҳои худ ҳамеша саъю кӯшиш менамояд, ки аз ҳолу аҳволи одамон, аз ҳаёти онҳо мисолҳои зиёде биёварад.

Биной чунин андеша дорад, ки ҳангоме ки мо бо одамони бад нишастухез мекунем, рафта-рафта дар натиҷаи таъсири онҳо ба як шахеи разилу хиёнаткор табдил меёбем. Аз ин рӯ, тарки ҳамсӯҳбатони бад ва ё бо одамони хуб ҳамнишин шудан ягона роҳи халосй аз ҳамин аст.

Гуфт: «Бигзар аз ин сияҳрӯзоп,

Пой баркаш зи отагии сузон!

То аз ин ҳамдамони бадгуҳарат.

Чй бало хоҳад омадан ба сарат».

Биной дар маснавии «Беҳрӯзу Баҳром» ба масъалаи кибру ғурур аҳамияти ҷиддй додааст. У қайд менамояд, ки кибру гурур набояд хосси олимону адибон бошад, Вале, дар байни аҳли илму адаб низ пайдо шудани кибр ҳам як ҳодисаи воқей гардида буд. Ахди илму адаб бояд аз кибр дурй ҷуста, ба хоксорй рӯ оваранд, зеро танҳо ба ҳамин роҳ мақбули омма шуда метавонанд:

В-он ки кибр отрад зи илму ҳунар,

Ҳунару илмро намонад асар.

Гар тавозуъ ба илм матвонй,

Аҳли дониш пай, нодонй.

Умуман, Биной дар асари худ ба ҳама масъалаҳо дахл намудааст. Ғайр аз ин, у он шахсонеро. ки аз рӯйи хешу ақрабо давлату салват мекунанд, онҳоро ба зери тозиёнаи танқид мегирад:

Мард бояд, ки худ падар бошад,

Боиси фахри сад писар бошад.

Дар бораи сухан ва суханварй, одоби сухан кардан низ таълими хуб медиҳад. Таъкид менамояд, ки дар вақти сухан кардан эҳтиёт бояд буд. Сухани мегуфтагиатро дар тарозуи акд бисанҷ ва пас аз он ки ба дуруст будани он боварй ҳосил кардй, ба забон биёр:

Суханеро, ки дар мақол орӣ,

Аввал он беҳ, ки дар хаёл ори.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Зан, Модар – ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
  • Солҳои мактабии ман. / Иншо
  • Китоб мӯниси ҷону дил аст. / Иншо
  • Шоири дӯстдоштаи ман / Реферат
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат