Камоли Хуҷандӣ — бунёдгузори кохи азими сухан
Шеъри орифи бузург Хоҷа Камол саршор аз меҳру муҳаббат ва ишқу созандагист, ақлу заковат, покизагӣ ва меҳру муҳаббати шайх Камол дар дилу дида ба таври умум дар сар то сари Тоҷикистон таҷаллӣ ёфтааст. Дарахти андешаҳои башардӯстонаи шайх Камол мисли дарахти зиндагӣ асрҳои аср сарсабзу устувор боқӣ хоҳад монд.
Хуҷанд Камол ва Камол Хуҷанди худро машҳури ҷаҳон сохтанд. Ҳанӯз дар солҳои аввали даргузашти ҳамватани бузурги мо, хуҷандиён мазори рамзие бунёд карда буданд, ки “Қадамҷойи Хоҷа Камол” ном дошт.
Ватани мо сарзамини шоирони ҷаҳоншумул, олимони машҳур ва қаҳрамонони воқеии муборизаҳо барои обрӯ ва сарбаландии халқамон мебошад. Ба хотир овардани симои шахсиятҳои бузург, қадр кардани хидмати бебаҳои онҳо барои афзудани обрӯ ва эътибори халқи мо вазифаи ҳамаи фарзандони ин марзу бум аст. Кохи азиме, ки Хоҷа Камол барин бузургон аз сухан бунёд кардаанд, аз боду борон газанд намеёбад, ному кори ин мардони бузург зиндаву ҷовид хоҳад монд. Азизу гиромӣ доштани осори ин бузургон, омӯхтан ва дар зиндагии худ истифода бурдани панду ҳикмати эшон беҳтарин хотираест, ки мо ба ифтихори онҳо бино месозем.