Ҷумҳурии Тоҷикистон: асосҳои сохтори конститутсионӣ ва рукнҳои давлатдорӣ
Аз соли 1991- соли бунёди Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон то соли 1994 — қабули нахустин Конститутсияи давлати мустақили Тоҷикистон вазъи сиёсиву иҷтимоии мамлакат хеле мураккаб буд. Нахустин бор 30 ноябри соли 1990 Қаҳҳор Маҳкамов дар интихоботи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, 24-уми ноябри соли 1991 бори аввал дар таърихи Тоҷикистони давраи нав раъйпурсии умумихалқӣ барои интихоби Президенти кишвар баргузор шуд ва Раҳмон Набиев аз ҷониби кулли шаҳрвандони мамлакат ба ҳайси сарвари давлат интихоб гардид.
Дар назари аввал чунин менамуд, ки ҳокимияти сиёсӣ мувофиқи талаботи демократия барқарор ва суботи сиёсӣ дар кишвар таъмин шудааст, аммо муқовимати сиёсӣ хеле авҷ гирифта, гирдиҳамоиҳои моҳҳои апрел- майи соли 1992, таъсиси Ҳукумати муросои миллӣ, силсилаи зӯровариҳо ва фишорҳо ба Сарвари давлат ва вакилони халқ, ниҳоят задухӯрдҳои дохилӣ оқибат боиси сар задани ҷанги гражданӣ гардиданд. Моҳҳои май-ноябри соли 1992 Тоҷикистон дар ҳолати бӯҳрони шадиди сиёсиву иҷтимоӣ қарор гирифта, бесомониву беқонунӣ ҳукмфармо гардид.
Нихоят, 16-уми ноябри соли 1992 дар Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ шурӯъ кард ва тавассути ҳамин иҷлосияи сарнавиштсоз барои хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ замина гузошта шуд. Рӯзи 19-уми ноябри соли 1992 дар ҳамин иҷлосия интихоботи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки бо тарафдории 186 депутят аз 197 депутати ҳузурдошта Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ ва Сарвари давлати Тоҷикистон интихоб гардид.
Мардуми шарифи Тоҷикистон савганди Эмомалӣ Раҳмонро дар он лаҳзаҳои таърихӣ бо мароқи тамом шуниданд: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…»
Натиҷаи фаъолият ва ҷонбозиҳои содиқонаи Эмомалӣ Раҳмон буд, ки сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар кишвар пойдор гардида, давлат аз хавфи нобудӣ наҷот дода шуд. Минбаъд тавассути ҷасорату заковат ва хираду адолатпешагии Эмомалӣ Раҳмон 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти милли дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки баъди он кишвар ба маҷрои ҳаёти осоишта ва созандагӣ қадам ниҳод.
Воқеан, асосҳои сохти конститутсионӣ гуфта, чиро дар назар дорем? Инҳо принсипҳо ё усулҳои роҳбарикунандае мебошанд, ки фаъолияти ҷомеа ва давлат дар асоси онҳо ба роҳ монда мешавад. Принсипҳои демократизм, ҷумҳурият, волоияти қонун, иқтисоди бозорӣ, давлати иҷтимоӣ, дунявӣ, гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ ба ҷумлаи ин принсипҳо дохил мешаванд.
Муҳимтарин хусусиятҳои Тоҷикистон ҳамчун давлат дар моддаи 1-уми Конститутсия зикр шудаанд: соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва ягона. Маънои соҳибихтиёрӣ хеле васеъ аст, яъне он ҳам ба халқ ҳамчун сарчашмаи ҳокимият тааллуқ дорад. Соҳибихтиёрии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки давлат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ — роҳу усулҳои тараққиётро дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, қонуният ва ғайра, дар сиёсати хориҷӣ роҳу усулҳои муносибат бо давлатҳои хориҷӣ ва умуман ҷомеаи ҷаҳониро мустақилона муайян менамояд.
Дар масъалаи соҳибихтиёрии халқ бояд дар ёд дошт, ки халқ баёнгари соҳибихтиёрист ва ҳокимияти худро бевосита (яъне дар раъйпурсӣ ва овоздиҳӣ) ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Мафҳуми халқ дар қисми сеюми моддаи 6-уми Конститутсия шарҳ дода шудааст, яъне тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, сарфи назар аз миллаташон халқи Тоҷикистон ҳисоб меёбанд. Соҳибихтиёрии халқ боз дар он ифода меёбад, ки аз номи вай танҳо Президент, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан доранд. Чаро? Сабаб ин аст, ки Сарвари давлатро тамоми шаҳрвандон бо тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мекунанд, яъне ӯ ба маънии пуррааш вакили олии халқ аст. Вакилони парламентро низ халқ тавассути овоздиҳии умумихалқӣ интихоб менамояд. Раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ифодаи олии ҳокимияти бевоситаи халқ аст.
Акнун дар хусуси демократия сухан меронем. Демократия калимаи юнонӣ буда, маънояш ҳокимияти халқ аст. Ҳокимияти халқ дар ду шакл зоҳир мегардад: дар шакли демократияи бевосита, яъне қабули қарору қонунҳо ё ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим дар интихобот ва раъйпурсиҳо ва дар шакли демократияи намояндагӣ, яъне ба воситаи мақомоти аз тарафи халқ бевосита интихобшудаи намояндагӣ.
Яке аз шаклҳои дигари демократия ҳамин аст, ки шаҳрвандон ҳуқуқ доранд дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳо, ассосиатсияҳо, маҳфилҳо, гурӯҳҳо ва ғайраҳо муттаҳид шаванд ва ба ин восита дар амалӣ гардонидани ҳокимият иштирок намоянд.
Маънои давлати ҳуқуқбунёд низ хеле васеъ аст. Чунин тарзи давлатдорӣ орзуи ҷомеаи инсонӣ аз қадимулайём аст. Давлати ҳуқуқбунёд чунин давлатест, ки фаъолияти ҳама — ҳам давлату мақомоти он ва ҳам кулли шаҳрвандон ба ҳуқуқ тобеъ мебошад. Ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд эътироф шудани Тоҷикистон маънои ба ҳуқуқ ва псш аз ҳама, ба Конститутсия тобеъ будани фаъолияти мақомоти давлатиро дорад.
Тоҷикистон аз рӯзи қабули Конститутсияи соли 1994 инҷониб давлати ҳуқуқбунёд месозад ва аллакай бисёр нишонаҳои он дар ҳаёт татбиқ шудаанд. Хонандагони азиз, агар танҳо ба номгӯйи қонунҳое, ки дар се ҷилди «Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» чоп шудаанд, бодиққат нигаред, хоҳед фаҳмид, ки ягон соҳаи ҳаёти ҷомеа ва давлат нест, ки оид ба танзими он қонун қабул нашуда бошад.
Яъне қонун ба ҳайси танзимгари муносибатҳои ҷамъиятӣ паҳлуҳои гуногуни зиндагӣ ва кору фаъолияти мову шуморо мураттаб месозад. Масалан, барои хонандаи мактаби миёна ва донишҷӯйи мактаби олӣ донистани Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф» ва Қонуни ҶТ «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» хеле зарур аст, чунки ин санадҳо ҳама масъалаҳои вобаста ба таҳсилро фаро мегиранд ва дар ин санадҳо ҳуқуқу манфиатҳои хонандагону донишҷӯён равшану возеҳ ифода ёфтаанд.
Аломатҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд инҳоянд: волоияти қонун, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тақсимоти ҳокимият ва масъулияти байниҳамдигарии давлат ва шахсият. Ин аломатҳо дар боби аввали Конститутсия, инчунин, дар бисёр қонунҳои дигар инъикос ёфтаанд.
Маънои дунявӣ чандон душвору мураккаб нест. Давлати дунявӣ чунин давлатест, ки дар он ягон дину мазҳаби аз ҷониби давлат эътирофшуда вуҷуд надорад ва ҳеҷ як дину мазҳаб ҳатмӣ ё худ афзалиятнок ҳисобида намешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон дини расмӣ вуҷуд надорад, ҳама дину мазҳабҳо аз ҳуқуқи баробари вуҷуд доштан бархӯрдоранд. Шаҳрвандони Тоҷикистон, сарфи назар аз он, ки ба кадом дин пайравӣ мекунанд, комилан баробарҳуқуқ мебошанд. Дар ягон ҳуҷҷати давлатӣ диндор будан ё набудани шахс қайд карда намешавад. Дар Тоҷикистон бо вуҷуди он ки беш аз 90 дарсади шаҳрвандон дини исламро пайравӣ мекунанд, лекин ин дин аз ҷониби давлат ҳамчун дини асосӣ ё расмӣ эътироф намешавад. Ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо мебошанд ва ҳуқуқи ба кори давлат дахолат карданро надоранд. Тамоми муносибатҳои вобаста ба ташкилотҳои диниро Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии вичдон ва иттиҳодияҳои дини» ба танзим медарорад.
Тоҷикистон давлати ягона мебошад. Маънои ягона будани Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки мақомоти олии намояндаги, иҷроия ва судии барои тамоми кишвар умумӣ дорад, як Конститусия, як низоми қонунгузорӣ ва шаҳрвандии ягона дорад. Дар Тоҷикистон низоми ягонаи пул, сиёсати ягонаи қарз ва андоз ҷорист. Ғайр аз ин, қисмҳои таркибии давлати ягона (вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо) дорои ҳуқуқи соҳибихтиёри буда наметавонанд. Вобаста ба тобеият аз мақомоти марказӣ давлатҳои ягона — мутамарказ ва гайримутамарказ мешаванд. Тоҷикистон аз ин ҷиҳат давлати мутамаркази ягона аст, зеро сарваронӣ мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз марказ таъйин карда мешаванд. Масалан, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро Президент таъйин ва озод мекунад ва ба тасдиқи Маҷлиси дахлдори вакилони халқӣ пешниҳод менамояд. Мувофиқи моддаи 7-уми Конститутсия Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳаҳо иборат аст. Дигар хусусияти давлати ягона аз он иборат аст, ки қувваи мусаллаҳи ягона дорад, ки аз ҷониби мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ идора карда мешавад.
Тоҷикистон дар қисми 3-юми моддаи 1-уми Конститутсия Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ эътироф шудааст. Хусусияти иҷтимоӣ доштани давлати Тоҷикистон дар он зоҳир мешавад, ки сиёсати дохилии он ба фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи шахсият нигаронида шудааст. Таъмини некӯаҳволии ҷамъият дар асоси адолати иҷтимоӣ — принсипи асосии давлати иҷтимоист. Мафҳуми некуаҳволии ҷамъият дар муҳайё кардани шароит барои кор ва гирифтани музди сазовор барои кор, вазъи хуби манзил ва ғизо, ба ҳама дастрас будани ёрии тиббӣ, маориф, шаклҳои гуногуни иттилоот ва ғайра ифода меёбад.
Дигар хусусияти асосҳои сохти конститусионии Тоҷикистон дар гуногун будани равияҳои сиёсӣ ва мафкуравист. Ҳеҷ як мафкура ҳамчун мафкураи ҳукмрон ё мафкураи давлатӣ эътироф шуда наметавонад. Гуногунии мафкуравӣ маънои онро дорад, ки ҳар як шахс, гурӯҳи иҷтимоӣ, ҳизби сиёсӣ, иттиҳодияи ҷамъиятӣ метавонад назария ва ақидаҳои сиёсии худро бемонеа таҳия ва инкишоф диҳад, онҳоро тарғибу ташвиқ намояд. Ҳамон мафкурае роҳ дода намешавад, ки миллатгароӣ, нажоднарастӣ, бадбинӣ ва хусумат, зӯран сарнагун намудани сохти конститутсионии Тоҷикистонро тарғиб намояд.
Намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ дар парламент низ фаъолият мекунанд, онҳоро мардум аз рӯйи ақидаҳои сиёсӣ ва мавқеашон дар ҷомеа ба сифати вакил интихоб кардаанд.
Аз ин рӯ, онҳо ҳуқуқи комил доранд, қи манфиати интихобкунандагони худро ба воситаи ваколатҳое, ки қонун ба онҳо додааст, ҳимоя ва пешбарӣ кунанд.
Ниҳоят, яке аз хусусиятҳои дигар — принсипи иқтисоди бозаргонист. Баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳама шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ асоси ин принсипро ташкил медиҳад.
Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ — рамзҳои истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат буда, симои воқеӣ ва таърихии онро дар шакли ба худ хос инъикос менамоянд. Онҳо рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ ба шумор мераванд. Ба дидани Парчаму Нишон ва шунидани Суруди миллӣ ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан боло мегирад. Дар тамоми кишварҳои ҷаҳон аз ҷониби шаҳрвандон нисбат ба рамзҳои давлатӣ садоқату эҳтиром ба ҷо оварда мешавад. Беэҳтиромӣ нисбат ба рамзҳои давлатӣ тибқи қонуни ҷиноятӣ сазовори ҷазо дониста мешавад.
Рамзҳои давлатӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва низомномаҳои дахлдор инъикос ёфтаанд, ки онҳоро Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст. Тибқи Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Маҷлиси Олии ҶТ аз 11 декабри соли 1999 тасдиқ шудааст, Парчами давлатӣ матои росткунҷаест, ки дар рӯйи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯйи рахи сафед, дар мобайни Парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқшуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдо- ира тасвир шудааст.
Парчами давлатӣ дар биноҳое афрохта мешавад, ки дар онҳо намояндагони ҳар се шохаи ҳокимияти давлатӣ фаъолият мекунанд, чунончи қароргоҳи расмии Президенти ҶТ, Маҷлиси Олии ҶТ, Ҳукумат, судҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, инчунин дар давраи гузаронидани иҷлосияҳои Маҷлиси Олӣ, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ва маҷлисҳои намояндагони ҷамоатҳо. Низомномаи мазкур истифодаи тасвири Парчамро ба мақсади ороишӣ низ иҷозат додаст, ба шарте ки ороиши он ба асли тасвири Парчам мувофиқат кунад ва нисбат ба он беҳурматӣ зоҳир карда нашавад.
Нишони давлатӣ аз тасвири тоҷи тансиқшуда ва нимдоира аз 7 ситорае, ки бо нурҳои офтоби аз паси кӯҳҳои барфпӯш тулӯъкунанда рӯйи онро гирифтааст ва бо чанбаре оро ёфтааст, ки атрофашро аз тарафи рост хӯшаҳои гандум ва аз тарафи чап шохаҳои пахтаи шукуфон иҳота кардаанд, иборат мебошад. Болои чанбара бо тасмаи сераха печонида шӯда, дар қисми поён рӯйи курсӣ китоби боз ҷой гирифтааст. Нишон ранга буда, тоҷ, офтоб, кӯҳҳо, хӯшаҳои гандум, китоб, лавҳ бо зарҳал тасвир ёфтаанд, появу баргҳои ниҳолҳои пахта сабз, рахҳои тасмаҳо сурх, сафед ва сабз, муқоваи китоб сурх аст. Бояд гуфт, ки мавриди истифодаи Нишони давлатӣ нисбат ба Парчаму Суруди миллӣ васеътар аст, чунончи шиносномаҳои ҳар яки мову шуморо маҳз Нишони давлатӣ оро медиҳад, инчунин дар ҳама муҳру бланкҳои ҳуҷҷатҳои мақомоти давлатӣ тасвири Нишон ҷой дода шудааст.
Агар Парчаму Нишони давлатӣ танҳо ба дидан ҳисси эҳтиром ва ифтихори моро бедор намоянд, шунидани Суруди милли ҳаяҷони касро дучанд мегардонад. Суруди миллӣ рамзи давлатдории миллӣ аст. Тибқи Низомномаи Суруди милли, ки он бо Қарори Маҷлиси Олии ҶТ аз 11- уми декабри соли 1999 тасдиқ шудааст, эҳтироми Суруди миллӣ ва азёд донистани он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди кишвар мебошад.
Ҳар кишваре, ки соҳиби истиқлолияти давлатӣ аст, соҳиби пойтахт низ мебошад. Пойтахт мавқеи ҷойгиршавии мақомоти олии ҳокимият, маркази фарҳанг ва инчунин макони ҷойгиршавии намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ ба шумор меравад. Мувофиқи Конститутсияи ҶТ шаҳри Душанбе пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва шаҳри дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ҳисоб меёбад.
Оиннома ва Нишони пойтахт аз мавқеи махсус доштани он дар ҳаёти кишвар гувоҳӣ медиҳад.
Забон муқаддастарин рукни давлатдории ҳар миллати дунёст. Маҳз бо шарофати Истиқлол ва худшиносии миллӣ забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ пайдо кард ва дар Конститутсияи Тоҷикистон (моддаи 2) ба сифати забони давлатӣ эътироф гардид. Ёдрас шудан лозим аст, ки халқи тоҷик аз ҷумлаи халқҳоест, ки забони хеле қадима дорад. Давраи ниҳоии ташаккули забони тоҷикӣ ба асрҳои IХ-Х рост меояд. Бо вуҷуди набудани давлатдорӣ дар тӯли асрҳои зиёд забони тоҷикӣ дар аксар кишварҳои Шарқ ба сифати забони коргузории давлати истифода мешуд ва бузургтарин дастовардҳои илму адаби дорои шуҳрати ҷаҳонӣ бо ҳамин забон офарида шудаанд. Қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба эҳёи фарҳанги нави давлатдорӣ мусоидат кард.
Дар Қонуни мазкур манфиати миллатҳои ғайритоҷик дар истифодаи забони модариашон ба эътибор гирифта шуда, забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо эътироф шудааст.
Пули миллӣ — сомонӣ нишонаи дигари устувории Истиқлоли давлатист. Пули миллӣ ба рушди иқтисоди миллӣ мусоидат карда, муносибатҳои ин соҳаро ба танзим медарорад. Вазъи муътадили иқтисодиёти кишвар дурустии иқдоми Сарвари давлатро дар хусуси ба муомила баровардани асъори миллӣ-сомонӣ собит мекунад.
Саволҳо:
1. Рукнҳои давлатдориро номбар кунед.
2. Давлатҳои қадимтарини аҷдоди мо кадомҳо буданд ва дар кадом минтақаҳо сукунат доштанд?
3. Сохти давлатдории империяи Ҳахоманишиҳо чӣ гуна буд?
4. Нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар ба кӣ тааллуқ дошт?
5. Давлатҳои Бохтару Суғд дар кадом асрҳо вуҷуд доштанд?
6. Давлати Сосониён чӣ гуна давлат буд ва чанд сол ҳукмронӣ кардааст?
7. Давлати Сомониён чӣ гуна сохти давлатӣ дошт?
8. ҶМШС Тоҷикистон кай ва дар чӣ гуна вазъи сиёсӣ ташкил ёфт?
9. Тоҷикистон дар ҳайати ИҶШС чанд маротиба Конститутсия қабул кардааст?
10. Таърифи мафҳуми Истиқлолияти давлатиро тибқи Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон шарҳ диҳед.
11. Конститутсияи соли 1994 аз чанд боб иборат аст ва кадом масъалаҳоро дар бар мегирад?
12. Хусусияти иҷтимоӣ доштани Тоҷикистонро шарҳ диҳед.
13. Ба фикри шумо, чаро рамзҳои давлатӣ муқаддас эълон шудаанд?