Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар дунё ҳама инсонҳо ватан доранд. Ватан хонаи умеди ҳар соҳибватан аст. Маконест, ки ҳар қатраи оби зулолу ҳар кафи хокаш, сабзаву дарахтони сарсабзу ҳар сангпораи кӯҳсораш азизу муқаддас ва бемонанд аст. Кӯчаву гулгаштҳои дилрабояш, чашмаву ҷӯйборони мусаффояш ва саҳрову теппаҳои сабзоғӯшаш бароямон ошност. Сарзаминест, ки гузаштагони мо он ҷо умр ба сар бурдаанд. Ватан манзили ободу меҳрпарвар аст, ки кас дар оғӯши гарму рӯҳафзояш ба камол мерасад, аз чашмаҳои зулолаш нӯш мекунад ва дар фазои паҳновараш чун парастуҳои баландпарвоз озодона пару бол мезанад:
Ватан меҳрат ба дил азбаски ҷо шуд,
Дилам аз хуррамӣ чун ғунча во шуд.
Ватани ман Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Табиати дилорову ҳавои беғубор ва кишту саҳроҳои ҳосилхез дорад. Қуллаҳои сарбафалаккашидааш барфпӯш ва арчаҳои домани кӯҳсоронаш ҳамешасабзу назаррабост. Оби мусаффои чашмасорон аз дили кӯҳҳо фаввора зада, аҷаб дармонбахшу ширинанд. Ба ин ҳусну таровати худододи кишварам менигарам ва боварӣ ҳосил мекунам, ки ватани ман биҳишти рӯйи замин аст.
Имрӯзҳо Тоҷикистони азиз дар арафаи ҷашни истиқлол қарор дорад. Истиқлолият неъматест, ки дар натиҷаи саъю талошҳои афзун ба даст омадааст. Он самари ҷоннисориву қаҳрамониҳои мардони майдон, ашки сӯзону шабзиндадорӣ ва ниёишҳои модарон аст. Истиқлолият атои Офаридгор аст, ки мардуми тоҷик бо нерӯи созандагиву ободкорӣ ва кӯшишҳои рӯзафзуни хеш ба ин неъмати бузург муваффақ гаштаанд.
Муборак субҳи истиқлоли тоҷик,
Шаҳодатномаи иқболи тоҷик.
Чу истиқлол истиқбол гирад,
Ҳумоюн субҳи истиқболи тоҷик.
Албатта, истиқлолият барои мардуми тоҷик осон ба даст наомадааст. Таърих гувоҳ аст, ки халқи меҳнаткаши тоҷик чӣ рӯзҳои нангину даҳшатборро паси сар кардаву чӣ қурбониҳоро таҳаммул намудааст. Замоне абри сиёҳи ҷанги шаҳрвандӣ осмони поку фазои беғубори Тоҷикистони навбунёдро тира намуда, рӯзгори осудаву амнияти мардумро халалдор намуд.
Хушбахтона, халқи тоҷик бо нерӯи хирад ва заковати фитрӣ тамоми мушкилоти пешомадаро бартараф намуда, бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон парчами сулҳу ваҳдатро дар кишвари тозаистиқлоли тоҷикон барафрохт.
Аз парешонӣ ба ваҳдат омадем,
Ваҳдати моро нигаҳ дорад Худо.
Имрӯзҳо Тоҷикистони азизи мо 21 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии хешро ҷашн мегирад. Мардуми сарбаланду сулҳофарини тоҷик бо шукргузорӣ ва ифтихормандии афзун ин санаи фархундаро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирад. Зеро маҳз фазои мусоид ва сулҳпарвари тоҷикон имкон дод, ки дар фосилаи на чандон тӯлонӣ душвориҳои мавҷударо бартараф намуда, дар самти ободкориву созандагӣ ба дастовардҳои шоёни таҳсин ноил гардем. Бунёди роҳҳои бузурги мошингард, ки минтақаҳои мухталифи кишварро ба ҳам пайваста, муҳаббат ва ҳамгироии мардумро меафзояд, барои пешрафту тараққиёти соҳаҳои мухталифи ҳаёти халқ мусоидат намуд. Бунёди як қатор иншоотҳои бузургу замонавӣ, муассисаҳои таълимӣ, дармонгоҳҳои ҷавобгӯ ба талаботи муосир ва ғайраҳо нишони пуштибонӣ ва дастгирии ҳукумат аз соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳангу маданияти кишвар маҳсуб мегардад. Маҳз бо нерӯи халқ бунёд гаштани нерӯгоҳи азими Роғун, ки минбаъд Тоҷикистонро нурофарину чароғон месозад, натиҷаи ваҳдату ягонагӣ ва иттиҳоди тоҷикон ба ҳисоб меравад. Воқеан, барои ояндаи дурахшон ва рӯзгори ободи хеш бояд ҳар яки мо ҳиссагузор бошем, то ки роҳи пешрафту тараққиёти кишварамро наздик созем. Шоир дар ин маврид хеле хуб гуфтааст:
Тараққиҳои ҳар миллат самар аз ҳиссашон бошад,
Талоше, ғайрате, ҳиссе, шумо ҳам миллатед охир.
Таваҷҷӯҳи рӯзафзуни сарвари давлат ба пешрафти соҳаи маориф ва дастгирии ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, забономӯзӣ, такмили донишу малакаи наврасону ҷавонон ҳар як фарзанди бонангу номуси миллатро вазифадор месозад, ки дар ҷодаи такмили донишу маърифати хеш кӯшиш намояд ва барои пешрафти ҳаёти кишвар саҳмгузор бошад.
Муҳимтарин тӯҳфаи мо ҷавонон ба истиқболи 21 – солагии Истиқлолияти ватани азизамон дониши баланду ахлоқи ҳамида доштан, эҳтиром намудани муқаддасоти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои ниёгон ва худшиносу ваҳдатгаро будан аст.
Дар олам бузургтар аз нерӯи озодӣ қуввае нест ва саодате баландтар аз саодати халқи озод нест. Бигзор арзишҳои олии халқи бузургворам поянда ва саодати он ҷовидона бошад ва дар тайи ҷодаи пешрафту тараққиёт муваффақу комгор гардад. Истиқлолияти комил дар тамоми соҳаҳои ҳаёт ҳамеша насиби ватани азизамон бошад.
Ман ин соат дар паси мизи донишҷӯӣ нишаста, муҳаббат ва садоқати хешро нисбат ба ватани азизам изҳор медорам. Орзу дорам, ки Истиқлолияти кишварам пояндаву халқи заҳматкаши тоҷик сарбаланд бошад ва ман дар оянда чун мутахассиси соҳибкасб барои тараққиёти ватанам саҳми худро гузорам.
Албатта, пешрафту тараққиёти ҳар халқу миллат ба саҳми шаҳрвандони он вобаста аст. Зеро шоири зиндаёд Иқболи Лоҳурӣ мефармояд:
Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Ба он миллат сарукоре надорад,
Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.
Мо низ бо шукргузорӣ аз сулҳу оромӣ ва шароити мусоид пайваста мекӯшем, ки барои пешрафту тараққиёти ватани азизамон бо нерӯи хирад ва заковати хеш саҳмгузор бошем.
Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар яки мо муборак бод!