• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Истиқлол – неъмати бебаҳо / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Истиқлол – неъмати бебаҳо / Иншо

108 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
15.02.2024

Истиқлол – неъмати бебаҳо

Нахуст мо бояд донем, ки калимаи «Истиқлол» чӣ маъно дорад ва чаро мардум бо шунидани ин калима худро хушбахту хуррам ҳис мекунанд? Вожаи «истиқлол» дар фарҳангҳо ба маънои мустақил, мухтор, соҳибихтиёр ва бе дахолат, бо фикру ақидаҳои худ анҷом додани нақшаҳои хеш аст. Дорои истиқлол будан ин маъноро дорад, ки давлат ё халқ, новобаста аз қарор ё фикри дигар давлату халқиятҳо, хостаҳои худро мустақилан амалӣ мегардонад.

Аммо барои тоҷикон бошад, истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлативу миллӣ мебошад. Зеро миллати азиятдидаву ранҷкашидаи тоҷик ба осонӣ соҳиби истиқлол нагаштааст. Баъд аз суқути давлати Сомониён ҳудуди даҳ аср тоҷикон дар орзуи эъмори давлати миллӣ буданд ва аҷдоди мо дар ин роҳ чӣ ҷонбозиҳое накардаанд. Аммо ба ҳукми таърих бунёди давлати тоҷикон (албатта, нисбӣ) танҳо дар асри бистум амалӣ гардид.

Соли 1924 Тоҷикистон ҳамчун Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистӣ дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон таъсис ёфт. Аммо мо ҳақ ба ҷумҳурии алоҳида доштем. Зеро дар Осиёи Миёна мардуми тоҷик дар қиёс ба дигар халқу миллатҳо таъриху тамаддуни пурғановат доштанд. Устод Садриддин Айнӣ маҳз ба хотири исботи гузаштаи пурифтихори мо китоби «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро навишта, собит сохт, ки тоҷикон мардумони қадим буда, фарҳангу адабиёти куҳан доранд. Дар ин китоб устод Садриддин Айнӣ дар бораи рӯзгор ва намунаҳои осори шоирони тоҷик, аз устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ то шоирони замони худро навишт. Аммо пантуркистон онро оташ заданд. Ба ақидаи онҳо ҳамаи мардуми Мовароуннаҳр ӯзбек ва турк буданд, тоҷикон бошад, танҳо дар ҳудуди Бухорои Шарқӣ (минтақаҳои марказӣ ва ҷанубии Тоҷикистони имрӯза) зиндагӣ мекарданд ва шумораашон низ кам буд. Ин ақидаи пантуркистон комилан ғалат ва инкори таърих буд. Зеро мардуми тоҷик асрҳо соҳибони аслии Мовароуннаҳру Хуросон буданд.

Бо талошҳои фарзандони ҷоннисору фарзонаи миллат Садриддин Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратуллоҳ Махсуму дигарон то ҳадде адолати таърихӣ барқарор ва соли 1929 Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта, аввалин Конститутсияи мо қабул шуд.

То соли 1991 мо дар ҳайати Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ будем. 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон расман давлати соҳибистиқлол эълом шуд. Мардуми тоҷик якдигарро ба ин рӯз табрик мекарданд. Аммо душманони аҷнабӣ тоқати дидани ин рӯйдоди таърихиро надоштанд ва бо истифода аз макру ҳилаҳои гуногун тоҷикро бо тоҷик ҷанг андохтанд. Мардуми фирефташуда байни худ ҷангро шуруъ карданд. Дар ин ҷанги хонумонсӯз бародар ба бародартеғ мекашид. Фитнаандозии хоинони Ватан ва мардуми одиро ба ҷанг кашидани онҳо натанҳо сабаби заиф шудани давлат, балки боиси бе хонаву дар гаштани мардум шуд.

16 ноябри соли 1992 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид ва бо кӯшишу талошҳои ватандӯстона тавонист давлати парешонгаштаро аз сари нав ҷамъ намояд. “То охирин фирорӣ ба Ватан барнагардад, худро осуда ҳис намекунам” ва «Ман ба шумо сулҳ меорам» – барин суханҳои Сарвари тозаинтихоб он солҳо воқеан малҳам ба захми дили тоҷикони парешон буд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ваъдаи худ вафо карда, мардуми гурезашударо ба Ватан баргардонид ва сулҳу оромиро дар кишвар таъмин намуд.

Хушбахтона, шаби сиёҳи мардуми тоҷик поён ёфт ва рӯзи сафеди пур аз шодиву хурсандӣ фаро расид. 27 июни соли 1997 мо ба Ваҳдати комил даст ёфтем.

Акнун бо ҳидоят ва раҳнамоиҳои Роҳбари дилсӯз ва меҳрубон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо сол ба сол ва бо дили пуру азму иродаи қавӣ ба пеш ҳаракат карда истодаем. Дар ҳоли ҳозир Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комлиҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва даҳҳо сомзону ташкилоти байналмилаливу минтақавӣ буда, дар арсаи ҷаҳон мавқеи шоиста дорад.

Мо меваҳои боғи истиқлол аз ин дастоварду пешравиҳо шукр мекунему бо сарзамини худ мефахрем. Ва медонем, ки бояд ҳар яки мо Ватани худро беш аз дилу ҷон дӯст дорему истиқлоли давлатӣ ва сулҳу ваҳдати миллиро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
  • Китобшиносӣ ва феҳрастнигорӣ дар қаламрави адабиёт / Реферат
  • Масъалаҳои ахлоқӣ дар “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов