• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Инсон бародари инсон аст! / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

Инсон бародари инсон аст! / Иншо

1 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
29.08.2022

Мавзӯъ: Инсон бародари инсон аст!

Нақша:

Муқаддима

  1. Инсон бародари инсон аст!

Хулоса

Инсон ба талаби табиати хеш пайваста дар кўшиш ва ташо аст ва усулан башари бефаъолият аз қатори инсонҳо хориҷ аст.
Аз қадимтарин замонҳо инсон барои таъмини зиндагии хеш ва таҳияи мўҳоҷоти худ кор ме­кардааст. Бо ин тафовут, ки кори ў комилан ҷанбаи фардӣ дошт, зеро иҷтимооти қадим пайвастагӣ ва ба ҳамбастагии имрўзро надошт ва ҳар як аз афроди инсонӣ сирфан барои намур­дан талош меварзид.
Аз пўсти ҳайвонот барои хеш либос таҳия мекард ва аз гўшти онҳо садди гуруснагӣ менамуд. Қарнҳо аз он сол мегузарад ва инсон дар роҳи такомули хеш гом гирифт, кор кард ва андешаҳояшро масруфи дониш ва камол кард, то билохира ба остонаи тараққиёт ва шигифтиҳои имрӯзии хеш авҷ гирифт. Маҳз бародарии инсон бо инсон буд, ки ўро аз марг наҷот дод, аз ҳалокатҳо наҷот дод. Бародарии инсон буд, ки он ба қуллаҳои баланди фатҳу зафарҳо ноил гардид.
Аммо ногузир аз тавзеҳи ин нуқта ҳастам, ки бояд маънии бародарии инсонро бо инсон дарк кунем. Шояд иддае бародарии инсонро бо инсон фақат дар кўмак карданҳо бидонанд. Ҳол он ки мафҳуми бародарии инсон бо инсон бамаротиб васеътар аз кўмак кардан ба ҳамдигар аст. Бародарии инсон бо инсон дар мафҳуми васеи худ шомили ҳар талош ва ҷунбаиш аст, ки инсон ба манзури беҳтар зистан ва дарки рамузи табиат анҷом медиҳад, хоҳ кӯшиши баданӣ ва ҷисмонӣ бошад, ё фаъолияти рӯҳӣ ва фикрӣ. Аз ин рў, инсон, агар фаъолият ва ҷунбиш надошта бошад ва барои беҳтар зистан накӯшад, чун обе аст, ки ба зудӣ хоҳад вайрон гардид. Ин қабил аз инсонро бояд мурдаҳои мӯҳтарик донист. Ингуна инсонҳо инсонҳоянд, ки моҳияти инсонии худро гум кардаанд. Онҳо зоҳиран ба инсон шабоҳат доранду халос. Амалан онҳо даррандае мебошанд, ки инсониро тўъмаи худ кардаанд. Кӣ намедонад воқеаи Беслану Маркази ҷаҳонии савдоро, кӣ намедонад таркишҳоро дар Москваю Испания, кӣ намедонад амалиётҳои ҷангиро дар Авғонистону Ироқ, кӣ намедонад одамрабоиҳоро дар Африқову ҷаҳони муосир. Магар ин ҳама аз камоли инсонист? Магар ин ҳама ҳиссиёти бародарии инсон бо инсон аст?
Инсон бе пайкор чӣ фарқе бо ҳайвонот дорад? Ҳеҷ ва балки ҳайвонотро бар чунин башаре мазият аст. Инҳо хӯраи ҷомеаанд ва мазоҳими саодати мардум, чӣ дар бархӯрд бо дигарон ҳамеша дам аз яъс ва ноумедӣ мезананд, аз шикастҳояшон мегӯянд ва ҳасрати зиндагии дигаронро мехӯранд. Ба инҳо бояд гуфт, ки:

Бирав, шерри дарранда бош, эй дағал,
Маяндоз худро чу рӯбоҳи шал.

Як нигоҳи маърифатомез бо зоҳири табиат беҳтарин муаллим ва мураббии ҷавонони пуршӯр ва фардоталаб аст. Ҳеҷ чизе, ҳеҷ мавҷуде дар дунё орому бефаъолият нест, бераҳму шафқат нест. Ҳатто ҳайвонот, ҳар кадом ба таносуби ҷуссаи хеш, дар талошу кӯшиш барои беҳтар зистан ҳастанд. Дарахтҳо низ, ҳаргиз дар ҳолати сукути мутлақ ба сар набурда, дар ҷунбишу ҳаракатанд. Ва билохира ба ин натиҷа мерасем, ки зиндагӣ ба ҳаракат ва ҷунбиш, пуштикор ва раҳму шафқат табдил меёбад. Бинобар ин бояд, ки дар талош бошем ва аз кӯчактарин лаҳзаи зиндагӣ барои фардои тиллоӣ ва орзуи худ пояҳо бино кунем, то қасри хушбахтиамон маҳкам ва устувор пайрезӣ шавад. Эътиқод дошта бошем, ки зиндагӣ мисли як тоблуни наққошӣ аст ва ҳар ки бештар талош кунад, нақши зеботар ангезад, яъне хушбахттар зияд. Мӯъмин бошем, ки ин дастҳои тавоно ва андешаи бузурги мо аст, ки созандаи калиди дари хушбахтӣ аст.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Зан, Модар – ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
  • Солҳои мактабии ман. / Иншо
  • Китоб мӯниси ҷону дил аст. / Иншо
  • Шоири дӯстдоштаи ман / Реферат
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат