Инҳисори соф
Хусусиятҳои хос. Аксуламали рақобати озод инҳисори соф (мо нополия) ба шумор меравад (калимаи юнонӣ «моно» – як, «полио» – мефурӯшам), ки вобаста ба он дар соҳа танҳо як корхона фаъолият ме намояд, дар ин ҷо мафҳуми «корхона» бо мафҳуми «соҳа» мутобиқат менамояд. Аз нигоҳи аввал, чунин ҳолат аз эҳтимол дур буда, дар миқё си мамлакат кам мушоҳида мешавад. Дар мавриде ки агар мо қисмати муайяни миқёсӣ, масалан, як шаҳри хурдро ба инобат гирем, пас маъ лум мегардад, ки ҳолати инҳисори соф ҳолати муқаррарист. Дар ин гуна шаҳр танҳо як пойгоҳи барқӣ, як роҳи оҳан, фурудгоҳи ягона, як бонк, як корхонаи калон, як мағозаи китобфурӯшӣ ва монанди инҳо арзи ҳастӣ менамоянд. Мисол, дар ИМА 5%и ММД дар шароити наздик ба инҳи сори соф истеҳсол карда мешавад.
Инҳисори соф одатан дар ҳамон ҷое ба миён меояд, ки дар он ҷо ал тернативаи воқеӣ ҷой надошта, ивазкунии маҳсулоти истеҳсолшаванда вуҷуд надорад ва он ягона ба шумор меравад. Чунин ҳолатро ба таври комил ба монополияҳои табиӣ нисбат додан мумкин аст, ки дар ин соҳа фаъолият намудани шумораи зиёди фирмаҳо барои зиёд гардидани ха роҷоти миёна оварда мерасонад. Мисоли муқаррарии монополияи таби иро хадамоти коммуналии мунисипиалӣ ташкил медиҳад. Дар шароити инҳисори соф монополист (истеҳсолкунандаи ягона) нисбат ба маҳсу лоти истеҳсолшаванда ҳокимияти мутлақро соҳиб буда, дар андозаи му айян назоратро аз болои нарх ба амал мебарорад ва он ба тағйир дода шудани миқдори мол таъсир мерасонад.
Инҳисор ҳамчунин дар ҳамон ҷо ва дар ҳамон вақт ба миён меояд, ки вобаста ба он барои дохил шудан ба соҳа монеаҳои бузург ҷой доранд. Ин мумкин аст бо миқёси иқтисодиёт (масалан, дар саноати автомо билӣ), бо инҳисори табиӣ (вақте ки ширкати муайян – дар соҳаи почта, алоқа, газ, обтаъминкунӣ – ҳолати монополии худро бо роҳи аз ҳукумат гирифтани бартарият мустаҳкам менамояд) вобаста мебошад.
Дар ин самт давлат бо роҳи додани иҷозатнома ва патент монеаҳои расмиро эҷод менамояд. Мутобиқи муқаррароти ҳуқуқи патентии ИМА, ихтироъкор нисбат ба ихтирооти худ дар муҳлати 17 сол ҳуқуқи мут лақи ба амал баровардани назоратро дорад. Патент дар пешрафти шир катҳои зерин, ба монанди «Ксерокс», «Истман Кодак», «Интернэшнл Бизнес Машин» (IBM), «Sony» ва амсоли инҳо нақши бузургро бози даанд. Ҳолати монополии бо патент асосёфта ба сифати ҳавасманд кунии сармоягузорӣ ба корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию кон структорӣ (КИТТК) баромад намуда, дар ҳамон як вақт омили асосии пурзӯр намудани ҳукмронии инҳисорӣ ба шумор меравад. Дохил шудан ба соҳа мумкин аст ҳамчунин бо роҳи дода шудани иҷозатнома ба таври назаррас маҳдуд карда шавад. Дар ИМА зиёда аз 500 номгӯйи касбҳо (духтурон, таксистҳо ва монанди инҳо) зери иҷозатномадиҳӣ қарор дода шудаанд. Иҷозатнома мумкин аст чи ба фирмаҳои хусусӣ ва чи ба ташкилотҳои давлатӣ дода шавад (мисоли классикӣ – таърихи инҳисо ри обӣ дар Россия).
Инҳисор метавонад нисбат ба захираҳои муайян ҳуқуқи истисноӣ дошта бошад (масалан, ба омилҳои табии истеҳсолот). Мисоли таъри хии чунин ҳолат фаъолияти ширкати «Де Бирс» ба шумор меравад, ки дар Африқои Ҷанубӣ солиёни зиёд сарчашмаҳои калонтарини истеҳсоли алмосро монополия намуда, бозори ҷаҳонии алмосро назорат мекунад.
Дар асри гузашта ва ҳозира публистони самти сотсиалистӣ ба фаъо лияти агрессивии монополӣ тавсифҳои гуногунранг дода буданд. Чунин ҳолатро дар асарҳои Ҷ.А. Гобсон «Империализм» (1902), Р.Гилфердинг «Капитали молиявӣ» (1910), Н.И. Бухарин «Хоҷагии ҷаҳонӣ ва импе риализм» (1915) ва В.И. Ленин «Империализм ҳамчун нуқтаи олии ка питализм» (1916) мушоҳида кардан мумкин аст. Дар шароити муосир амали қатъии монополия ҳамчун «рақобати бевиҷдонона» дар маҷмӯъ, аз тарафи мамлакатҳои дорои иқтисодиёти бозории пешрафта қотеъона манъ карда шудааст, гарчанде чунин ҳолат дар гӯшаву канорҳои ҷаҳони муосир мушоҳида карда мешавад.
Ҳамин тавр, дар асоси таҳлилҳои боло чунин хулосабарорӣ кардан мумкин аст: фирмаро ҳамон вақт монополисти соф номидан мумкин аст, ки агар он ягона истеҳсолкунандаи неъмати иқтисодӣ буда, ивазкунан даи наздиктарини он (субститутҳо) ҷой надошта бошад ва аз рақобати бевосита тавассути монеаҳои баланди дохилшавӣ ба соҳа ҳимоя карда шуда бошад.
Ҳисоб менамоянд, ки нархҳои инҳисорӣ одатан нархҳои аз ҳама ба ланд мебошанд. Дар ҳақиқат, ҳамчун қоида, онҳо нисбат ба маҳсулоти рақобатӣ баландтар мебошанд, лекин онро ёдовар шудан лозим аст, ки монополист кӯшиши то ба ҳадди максималӣ расонидани даромади худро менамояд, на ин ки фоида ба ҳисоби воҳиди маҳсулот. Аз ҳама муҳимаш, болоравии нарх беохир набуда, бо чандирии талаботи нарх нисбат ба маҳсулоти корхонаи мазкур маҳдуд карда мешавад.