Информатика ва прогрессии илмӣ- техник
Нақша
1.1 Мақсад ва вазифаи фанни Информатика
1.2 Мафҳуми маълумот (информатсия) ва намудҳои он
1.3 Воҳидҳои ченкунии маълумот (информатсия)
1.4 Таърихи пайдоиш ва тараққиёти техникаи ҳисоббарор
1.5 Самтҳои асосии истифодабарии МЭҲ барои ҳалли
масъалаҳои комплекси агросаноатӣ
Асри XXI – ро асри информатика ва технологияи компютерӣ меноманд. Ин маънои онро дорад, ки бояд дар ин аср тамоми самтҳои фаъолияти инсон аз дастовардҳои техникаи ҳисоббарорӣ замонавӣ ва технологияи навтарини компютерӣ ба таври васеъ истифода карда шавад. Истифодабарии техникаю технологияҳои навин, соҳаҳоро ба дараҷаи баландтарини тараққиёт мерасонад.
Истифодабарии компютерҳои ҳозиразамон дар соҳаҳои комплекси агросаноатӣ барои ба даст овардани муваффақиятҳои навтарин кӯмак мерасонад. Дар шароити иқтисодиёти бозорӣ компютерро воситаи асосии кории иқтисодчӣ, агроном, муҳандис, духтур ва ѓайраҳо ҳисобида, онро барои ба даст овардани натиҷаҳои самаранокӣ дар ҳалли масъалаҳои соҳавӣ истифода намудан мумкин аст. Мутахассиси замонавӣ аз технологияи иттилоотии имрӯза истифода бурда, онро барои дастрас намудани технологияи навтарин дар соҳаҳои гуногун истифода карда тавонад.
1.1 Мақсад ва вазифаи фанни Информатика
Информатика фанни техникӣ буда, усулҳои ѓункунӣ, нигоҳдорӣ, коркардабароӣ ва интиқоли маълумотҳои (ахборҳои) илмиро бо ёрии техникаи ҳисоббарори имрӯза меомӯзад.
Информатикаи имрӯза ба се самтҳои асосии зерин нигаронида шудааст:
1). истифодаи усулҳо ва алгоритмҳое, ки ба ҳалли масъала оварда мерасонанд;
2). ҷустуҷӯи усулҳо ва алгоритмҳои нав, ки ба тезонидани ҳалли масъ-алаҳо оварда мерасонанд;
3). техникаи ҳисоббарори замонавӣ зарур аст, ки барои расидан ба ду мақсади дар боло зикрёфта кӯмак намояд.
Аз таърифи фанни Информатика бармеояд, ки вай бо воситаи техникаи ҳисоббарори имрӯза, ки онро компютер меноманд, алоқаи зич дорад.
Компютер калимаи англисӣ буда, маънояш ҳисоббарор аст. Компютер, ки онро мошини электронии ҳисоббарор (МЭҲ) низ меноманд, яке аз бузургтарин дастовардҳои илму техникаи ҳозиразамон ба ҳисоб меравад. Қариб ҳар сол схема ва сохти ин мошинҳо такмил ёфта, соҳаҳои тадбиқи онҳо васеъ мегарданд.
Имрӯз компютерҳо барои ҳалли масъалаҳои риёзӣ, иқтисодӣ, муҳандисӣ, молиявӣ, илмӣ, ҳисобкуниҳои оморӣ ва ѓайраҳо истифода мешаванд. Тадбиқи истифодабарии компютерҳо дар соҳаҳои гуногун аз донишу малакаи истифодабарандаи он вобастаги дорад. Омӯзиши ҷамъоварикунӣ, нигоҳдорӣ, коркард ва интиқоли ахбор бо воситаи компютери имрӯза мақсад ва вазифаи асосии фанни Информатика мебошад.
Технологияи иттилоотии замонавӣ дар соҳаҳо татбиқи худро ёбанд, бо туфайли онҳо шароит ва сатҳи зиндагии одамон баланд гардида, қувваҳои истеҳсолии ҷамъиятӣ ба куллӣ таѓйир меёбанд. Агар мошинҳои муқаррарӣ имкониятҳои ҷисмонии одамро васеъ гардонанд, компютер нерӯи ақлонию зеҳнии онҳоро баланд мебардорад. Гарчанде мошинҳои ҳисоббарори ҳозиразамон аз ҷиҳати намуд гуногун бошанд ҳам вале тарзи истифодабарӣ, асоси кори онҳо ба ҳамдигар монанд аст.
1.2 Мафҳуми ахбор (маълумот) ва намудҳои он
Мақсади истифодабарии ахбор аз он иборат аст, ки роҳбар (мутахассис) дар фаъолияти худ барои қабули қарорҳои идоракунӣ ва ҳалли масъалаҳои рӯзмарра аз он истифода барад.
Ахбор (информатсия) аз калимаи лотунии information гирифта шуда маънояш баён кардан, фаҳмонидан, нақл кардан мебошад. Се намуди ахбор вуҷуд дорад, ки онҳоро сарчашмаҳои он низ ҳисобидан мумкин аст ва онҳо инҳоянд:
– даҳонӣ;
– матнӣ;
– графикӣ.
Имрӯз ахбор ба монанди дигар омилҳо, яъне модда, энергия ва ѓайраҳо ба зумраи он ѓизоҳое табдил ёфтааст, ки инсони асри нав мазмуну мундариҷаи ҳаётро ба вай такья намуда, фаъолияти ақлонию ҷисмонии худро ба низом медарорад.
Агар дар солҳои гузашта тавонои давлат аз рӯи истеҳсоли миқдори металл ва энергияи он муаяйн карда мешуд, имрӯз вай аз рӯи истифода бурда тавонистани техналогияи иттилоотӣ камхарҷ оиди коркард ва тайёркунии маҳсулот муаяйан карда мешавад. Имрӯз вақти он расидааст, ки ба монанди масъалаҳои сарфакунии ашё, энергия ва тозагии экологии муҳити зист, оиди тозагии ахбор низ фикр намоем. Ин маънои онро дорад, ки инсоният масъалаи истифодабарии ахбори илмиро бояд дар мадди аввал гузорад.
Пеш аз ҳама пешрафт ва инкишофи ҷамъият, ба рушди иқти-содиёти он вобаста аст. Имрӯз он давлатҳоеро мутараққӣ менамояд, ки маҳз иқтисодиёти онҳо боло рафтааст. Бинобарин танҳо он соҳаи иқтисодиёташ бемайлон инкишоф меёбад, ки агар дар он тартиби кор пурра ба ӯҳдаи компютер вобаста карда шуда бошад.
1.3 Воҳидҳои ченкунии ахбор
Ахбор низ монанди дигар бузургиҳо воҳиди ченкунии худро дорад. Якчанд намудҳои воҳидҳои ченакунии ахбор мавҷуд аст. Воҳиди хурдтарини ахбор бит мебошад, ки вай ба 0 ё 1 баробар аст.
Пайдарпайии 8 битро байт мегӯянд. Зеро ки байт ҳам ченаки нисбатан хурд аст, бинобар он барои ба ҳаҷми хотираи компютер баҳо додан, аз ченакҳои калонтари байналмилалӣ истифода мебаранд, ки онҳо инҳоанд, килобайт, мегабайт, гигабайт, терабайт, оксобайт:
1 Килобайт (1Кб) = 210 байт = 1024 байт;
1 Мегабайт (1Мб) = 210 Кб=1024 Кб;
1 Гигабайт (1Гб) = 210 Мб=1024 Мб;
1 Терабайт (1Тб) = 210 Гб=1024 Гб;
1 Оксобайт (10б) = 210 Тб = 1024 Тб;
1 Мб = 400 саҳифа 1,44Мб=600 саҳифа.
1.4 Таърихи пайдоиш ва тараққиёти техникаи ҳисоббарор
Дар тамоми давраҳои мавҷудият инсон аз воситаҳои ҳисобкунӣ истифода мебурд ва мебарад. Ин воситаҳои ҳисоббарор низ таърихи пайдоиши худро дорад, ки онро аз давраи пайдоиши инсон ҳисоб намудан мумкин аст.
Дар соли 1642 олими франсуз Блез Паскал мошини механики ҳисобкуниро ихтиро намуд, ки вай ададҳои то ҳашт рақам доштаро ҷамъ мекард.
Дар соли 1694 математики олмонӣ Готфрид Вильгелм Лейбниц мошини ихтирокардаи Паскалро такмил дода, мошини механикиро сохт, ки вай амали ҷамъ ва зарбро иҷро мекард. Олими франсуз Чарлз Калмар дар соли 1820 арифмометирро сохт, ки вай чор амали арифметикиро иҷро мекард. Муҳандиси рус Вильголд Однер дар соли 1880 арифмометри навро ихтиро кард, ки баъдтар дар асоси вай дар Иттиҳоди Шӯравии собиқ арифмометр бо номи «Феликс» сохта истифода карда мешуд. Хизмати шоиста дар тараққиёту пешрафти техникаи ҳисоббарор ба олими намоёни англис Чарзл Беббидж тааллуқ дорад. Ӯ дар аввали асри XIX лоиҳаи мошини ҳисоббарореро пешниҳод намуд, ки он бояд қиммати бисёраъзогиро ба таври автоматӣ ҳисоб мекард, сохт, вале ӯ дар бораи мошини ҳамакора (универсалӣ) орзу мекард, ки ба воситаи он масъалаҳои ҳисобкунии дилхоҳро ҳал кардан мумкин бошад. Беббидж тамоми фаъолияти худро баҳри сохтани чунин мошин бахшид, лекин онро сохта натавонист. Лекин барои он ки мошин ҳисобкуниҳои заруриро иҷро карда тавонад, лозим аст, ки барои он барнома (программа) сохта шавад. Барои ҳамаи қисмҳои мошини ҳисоббарор пайдарпайии дастурҳоро додан лозим буд. Барномаҳои аввалинро барои мошини ҳисоббарори Беббиҷ математики соҳибистеъдод – духтари шоири намоёни англис Ҷ. Байрон – Ада Лавлайс сохт. Ада Лавлайсро аввалин барномасоз дар таърихи информатика номидан мумкин аст. Новобаста ба ин, аз замони Беббиҷ то имрӯз қариб ду аср гузашта бошад ҳам, ҳамаи мошинҳои ҳисоббарори ҳозиразамон аз рӯи сохти худ ба мошини пешниҳод кардаи вай хеле монанд мебошад.
Дар соли 1889 ихтирокори амеркои Герман Холлерит дастгоҳи перфаратсиониро барои ҳалли масъалаҳои оморӣ сохт ва он ба ширкати машҳури дуньё оиди истеҳсоли компютерҳои фардӣ IBM (International Busines Machines) асос гузошт. Холлерит барои нигоҳ доштани ахбор перфокартаро истифода мебурд.
Ба ѓайр аз мошинаҳои механикӣ боз машинаҳои ҳисоббарори механикию электромеханикӣ пайдо шуданд, ки онҳо барои ҳалли масъалаҳои гуногун истифода карда мешуданд.
Соли 1937 олимони амеркои Ҷон Атанасов ва Клиффорд Берри ба сохтани мошини ҳисоббарории электрони сар карда, соли 1940 онро сохтанд, ки он барои халли масъалаҳои физикию математикӣ пешбинӣ шуда буд. Онҳо пешниҳод карданд, ки барои инъикоси ададҳо аз системаи дуи истифода карда шавад.
Тақрибан дар ҳамон сол лоиҳаи мошини релегиро дар ШМА Г. Айткен пешниҳод намуд. Ин мошини ҳисоббарор Mark -1 номида шуд ва соли 1944 аз тарафи фирамаи IBM сохта шуд. Вале, вай мошини электронӣ набуда, балки электромеханикӣ буд. Соли 1945 дар ШМА аввалин МЭҲ бо номи ENIAC- ро кормандони донишгоҳи Пенсилван П. Эккерт ва Ҷ. Мочли сохтанд. Дар Иттиҳоди Шӯравии собиқ бо роҳбарии академик Сергей Алексеевич Лебедев мошини ҳисоббарори хурд бо номи МЭСМ соли 1951 сохта шуд.
Дар давраи на он қадар тӯлонӣ пайдоиш ва тараққиёти техникаҳои ҳисоббарорро ба 5 давра (насл) ҷудо намудан мумкин аст. Насли якӯми машинаҳои ҳисоббарор ба солҳои 1942-1956 мувофиқ меояд. Насли дуюми он ба солҳои 1956-1963, насли сеюм – 1963-1971, насли чорӯм – 1971- 1981 ва насли панҷӯм аз соли 1981 то имрӯз рост меояд.
Пайдоиши компютерҳои фардӣ бошад, аз машинаҳои насли чорӯм оѓоз гардида аст. Ширкатҳои гуногун ба ин кор солҳои гуногун сар карданд, ширкати IBM ба ин кор соли 1979 оѓоз намуда, моҳи августи соли 1981 аввалин компютер фардӣ бо номи IBM PC (Ай-Би-Эм Пи-Си) –ро истеҳсол намуд. Соли 1983 компютери фардии IBM PC ХТ, компютери дорои диски дурушт (жесткий диск), соли 1985 компютери IBMPC АТ, бо микропротсесори Intel-80286, ки нисбат ба компютери IBMPC ХТ, ду- се маротиба тезтар кор мекардагӣ истеҳсол карда шуд.
Имрӯз бошад зиёда аз 90% – и машинаҳаи ҳисоббарориро компютерҳои фардӣ ташкил медиҳанд, ки онҳоро ширкатҳои гуногун истеҳсол менамоянд.
-
Самтҳои асосии истифодабарории МЭҲ барои ҳалли масъалаҳои комплекси агросаноатӣ
Дар шароити ҳозира барои ҳалли масъалаҳои комплекси агросаноатӣ аз компютерҳои ҳозиразамон ва барномаҳои махсус васеъ истифода бурда мешавад.
Тарақкиёти соҳаи комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити иқтисодиёти бозоргонӣ ба инкишофи соҳаҳои иқтисодӣ, биологӣ ва муҳандисӣ вобастаги дорад.
Барои ҳалли масъалаҳои ин соҳаҳо барномаҳои умуми ба монанди дастаи барномаҳои амалии Microsoft Oficce мавҷуданд, ки онҳо дар қисми таркибии худ редакторҳои матнӣ ва графикӣ, ҷадвали электронӣ, манбаи маълумотҳо ва ѓайраро дорост. Истифодабарандагон метавонанд барои ҳалли масъалаи мушаххас барномаи даркориро истифода бурда, онро ҳал намоянд.
Ба ѓайр аз барномаҳои дар боло номбаркарда шуда, боз барнома-ҳои махсуси тахассусӣ: барномаҳои бухгалтерӣ (муҳосибӣ) ва иқтисодӣ, лоиҳакашӣ, сохтмонӣ, обёрикунӣ ва ѓайраҳо мавҷуданд, ки истифодабаранда барои ҳалли масъалаҳои рӯзмарра аз онҳо ба таври васеъ истифода бурда метавонанд.
Барномаҳои таъиноти иқтисодӣ барои иҷро намудани ҳисобкуниҳои бухгалтерӣ, тайёр намудани ҳисоботҳои молиявӣ ва таҳлили фаъолияти молиявии муассисаҳои кишоварзӣ, сохтани баланси муассисаҳо, ба ҳисобгирии молу амвол, тафтиш ва назорат, ҳисобкунии пулҳо, гузаронидани амалиётҳо дар биржаҳои фондӣ, автоматикунонии ҷои кори мутахассис ва дигар соҳаҳои давлатӣ истифода бурда мешаванд.
Барои ҳалли ин масъалаҳо истифодабаранда метавонад аз шабакаи Интернет ба таври васеъ истифода барад.
Барои иҷрои ин масъалаҳо мутахассиси имрӯза вазифадор аст, ки техникаю технологияи иттилоотии замонавиро хуб донад.