• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Имоми Аъзам ва мазҳаби ӯ / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

Имоми Аъзам ва мазҳаби ӯ / Иншо

35 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
16.01.2022

Мавзӯъ: Имоми Аъзам ва мазҳаби ӯ

Эълон шудани Соли бузургдошти Имоми Аъзам ва таҷлили ҷашии 1310-солагиаш, ҳалқае дар сиёсати фарҳангии Сарвари давлат буда, ҳадафи онро худшиносии миллй, гиромидошт ва қадршиносии фарзандони фарзонаи миллати тоҷик, абармардони майдони илму маърифат ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи онҳо ташкил медиҳад.

Ҳамин нуктаро хотирнишон кардан бамаврид аст, ки мазҳаби Имоми Аъзам дар тӯли таърихи қариб 1300-солаи худ қаламрави васеъ пайдо карда, миллату халқҳои гуногуни о лам аз он пайравй менамоянд. Хонҳои Олтин-Урда, муғул ва султонҳои Хилофати усмонӣ ҳанафимазҳаб буданд.

Хушбахтона, имрӯз дар бораи Имоми Аъзам ва мероси гаронбаҳои илмиву ҳуқуқии ӯ таълифоту таҳқиқоти зиёд ва маноқиву зиндагиномаҳои зиёде дар дастраси муҳаққиқону донишмандон қарор дорад. Ҳукумати ҷумҳурй тасмим гирифтааст, ки мероси гаронбаҳои Имоми Аъзамро ба забони аҷдодии ӯ баргардону тарҷума намояд. Ҳамчунин, дар бораи зиндагй ва мероси илмии ӯ тадқиқот ба нашр расонида, пешкаши ташнагону дилбохтагони илму маориф гардонад, то ин фарзанди фарзонаи миллати худро бишиносанд ва аз файзу баракати мероси илмиву адабии эшон баҳравар гарданд. Мазҳаби ҳанафӣ нахустин мактаби фиқҳӣ мебошад, ки бунёдгузор ва пешвои он бузургмарде аз наели озодагони тоҷик будааст.

Имоми Аъзам (р.) барои исботи ҳақиқати динй ва арзишҳои Ислом бо далелҳои мантиқӣ бо намояндагони равияҳои динии хориҷӣ ба мубоҳиса мепардохт ва мавқеи нодурусти онҳоро дар ҳар мавриде таҳлилу баррасй намуда,масъалаҳои норавшанро барояшон равшан мееохт.

Имоми Аъзам дар аҳди ду давлати исломӣ ҳаёт ба cap бурдааст. Ӯ 52 соли ҳаёти худро дар Хилофати Умавӣ ва 18 соли охири умрашро дар Хилофати Аббосӣ сипарй намудааст.

Яке аз сабабҳои асосии густаркши босуръати мазқаби ҳанафй дар миқёси ҷаҳон асли шарьй қарор додани урфу одатҳо дар ҳаллу фасли бисёр масъадаҳои ҳаётан муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ ба шумор меравад..

Дар ҷумҳурии мо низ кулли мардум эътиқодманд ба равняй суннии дини Ислом, яъне пайрави мазҳаби Имоми Аъзам буда, ниёзҳои эътиқодии худро аз рӯйи таълимоти мазҳаби мазкур анчом медиҳанд.

Хулоса, Имоми Аъзам Абӯҳанифа аз ҷумлаи бузургтарин донишмандон, бунёдгузори нахустин мактаби ҳуқуқй дар Ислом, саромад ва пешвои мазҳаби ҳанафӣ буда, бо хизматҳои шоиставу арзандаи худ дар таърихи тамаддун ва фарҳанги башарӣ мақоми беназирро касб намудааст.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Зан, Модар – ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
  • Солҳои мактабии ман. / Иншо
  • Китоб мӯниси ҷону дил аст. / Иншо
  • Шоири дӯстдоштаи ман / Реферат
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат