Илм ва адабиёт
Рушди илм. Дар нимаи дуюми асри XIV ва асри XV соҳаҳои гуногуни илм рушд ёфта, ба дараҷаи баланди тараққиёти худ расид. Олимон дар соҳаҳои тиб, нуҷум, ҳуқуқ, фалсафа ва таърих асарҳои беҳамто эҷод карда, дар таърихи башарият хизматҳои арзанда намудаанд.
Олими маъруф, файласуф ва адиби ин давр Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мебошад, ки бо номҳои Мири Кабир, Шоҳи Ҳамадон, Ҳазрати Амирҷон ва бо лақабҳои Алии Сонӣ ва Сиёҳпӯш маъруф аст. Ӯ соли 1314 дар шаҳри Ҳамадон таваллуд ёфта, таҳсили ибтидоиро дар кӯдакӣ назди тағояш Алоуддин гирифта, дар мактаби шайхи маъруфи замонаш Алоуддавлаи Симнонӣ тарбият ёфтааст. Дар тариқат пайрави шайхи маъруфи силсилаи кубравия Маҳмуди Маздоқӣ гардид ва ба дастури ӯ ба ҷаҳонгардӣ пардохт. Тӯли беш аз 21 сол барои таблиғи андешаҳои худ миёни халқҳои гуногун заҳмат кашид ва ба кишварҳову шаҳрҳое чун Маккаву Мадина, Бағдод, Басра, Шом, Симнон, Курдистон, Язд, Луристон, Султония, Табрез, Ҳинду Покистон, Хатлон, Балх, Бадахшон ва Чину Сейлон сафар кард. Дар ин минтақаҳо иродатмандону ихлосмандони зиёде ба ӯ мепайванданд ва Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳамроҳи онон ба кишварҳои дигар сафар мекард.
Сайид Алии Ҳамадонӣ се маротиба ба Хатлон сафар карда, аз роҳи Балх ва Бадахшони Афғонистон ба Кӯлоб омада, дар деҳаҳои Алишоҳ ва Чӯбак чанд муддат зиндагӣ кардааст.
Бадгӯён ва ҳосидон назди Темурланг бадгӯйии Сайид Алии Ҳамадониро мекунанд, ки ӯ гӯё дар Хатлон даъвои салтанат мекунад. Темурланг аз ин бимнок мешавад ва аз Сайид Алии Ҳамадонӣ талаб мекунад, ки ин сарзаминро тарк кунад. Сайид Алии Ҳамадонӣ баъди вохӯрӣ бо Темурланг Хатлонро тарк мекунад ва ба Кашмир меравад.
Сайид Алии Ҳамадонӣ бори охир соли 1384 мехоҳад ба ҷониби Хатлон сафар кунад. Роҳи сафараш аз тариқи Покҳлии Покистон мегузашт. Ӯ аз ҷониби ҳокими он–малик Шарафиддини Хизршоҳ бо камоли иззату икром пазируфта мешавад, вале дар ин ҷо ӯ бемор шуда, баъди чанд рӯзе вафот мекунад. Тибқи васияташ ҷасадашро баъд аз шаш моҳи вафоташ ба шаҳри Кӯлоб меоранд ва ба хок месупоранд.
Сайид Алии Ҳамадонӣ бештар аз 70 асари ирфонӣ, илмӣ ва адабӣ дар заминаи фиқҳ, ҳадис, фалсафа, ахлоқ, сиёсат ва ғайра таълиф кардааст. Муҳимтарини асарҳояш: «Захират-улмулук», «Авроди фатҳия», «Миръот-ут-тоибин», «Мактуботи амирия», «Рисолаи футувват», «Воридоти амирия», «Чиҳил мақоми сӯфия», «Рисолаи дарвешия», «Одоб-ул-муридин», «Рисолаи Ҳамадония», «Рисолаи зикрия» мебошанд.
Яке аз файласуфон, олимон ва мантиқшиносони маъруфи он замон Саъдуддин Масъуд ибни Умари Тафтазонӣ (1332 – 1389) мебошад. Ӯ дар соҳаи сарфу наҳв, фиқҳ ва илми баён рисолаҳои зиёде таълиф намудааст, ки ҳанӯз дар вақти дар қайди ҳаёт будани вай ба қатори китобҳои дарсӣ дохил гардидаанд. Ӯ дар Ғиждувон, Ҷом, Самарқанд, Ҳирот, Сарахс дарс гуфта, зимнан ба корҳои илмӣ машғул шудааст. Баъди ҳамчун мударрис ва олим шуҳрат ёфтанаш, ӯ ба Самарқанд даъват шуд. Тафтазонӣ дар Самарқанд қариб 18 сол зиста, аксари асарҳояшро дар ҳамон ҷо таълиф кардааст. Асарҳои машҳури ӯ «Таҳзиб-ул-мантиқ ва-л-калом», «Ас-саъдия», «Ал-иршод-улҳодӣ», «Ал-мухтасар-ул-маонӣ», «Ал-мутаввал» мебошанд. Ба якчанд асари пешгузаштагонаш шарҳ низ навиштааст.
Яке аз мутафаккирони асри XV форс-тоҷик Ҷалолиддини Давонӣ (1427 – 1503) ба шумор меравад. Давонӣ аввал дар деҳаи Давон, сипас дар Шероз таҳсил кардааст. Ба ақидаи Давонӣ фалсафа илмест дар бораи мавҷудот ва ҳастӣ, ки аз ду қисм – ҳикмати назарӣ ва амалӣ иборат аст. Ба қалами Давонӣ асарҳои зиёде доир ба фалсафа, мантиқ, ахлоқ, риёзиёт, монанди «Ахлоқи Ҷалолӣ», «Исботи воҷиб», «Шарҳи таҳзиб-ул-мантиқ валкалом», «Шарҳи ишорот», «Рисола дар адолат», «Шарҳи таҷриди Уқлидус» ва ғайра тааллуқ доранд.
Таърихнигори барҷастаи он давр Низомиддини Шомӣ ба шумор меравад, ки солҳои 1392 – 1393 дар шаҳри Бағдод зиндагӣ кардааст. Вақте ки Темурланг Бағдодро забт кард, ба Низомиддини Шомӣ супорид, ки таърихи салтанаташро нависад. Низомиддини Шомӣ дар соли 1404 бо унвони «Зафарнома» китобе навишт, ки дар он ба ҷуз аз ҳуҷумҳои Темурланг ва хунрезиҳои вай, инчунин, доир ба таърихи наҳзатҳои мардумӣ, аз он ҷумла, шӯриши Сарбадорон ва роҳбарони он маълумот дарҷ гардидаанд. Ӯ шоир низ буда, бо тахаллуси Низомии Шомӣ шеър мегуфт ва қисме аз ашъорашро дар «Зафарнома» сабт кардааст.
Таърихнигори машҳури дигари он давр Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Арабшоҳ (1392–1450) буд, ки дар Димишқ таваллуд ёфтааст. Темурланг соли 1401 Шомро ишғол намуда, Ибни Арабшоҳ ва хешу ақрабояшро чун асир ба Самарқанд овард. Дар Самарқанд аз олимони машҳур таълим гирифт. Ибни Арабшоҳ асарҳои зиёди таърихиро, ба мисли: «Ғуррат-ус-сияр фи дувал ат-турк ват-татар», «Фуқоҳат-ул-хулафо ва муфокаҳатуз-зурафо», «Аҷойиб-ул-мақдур фи ахбори Темур» ва ғайра таълиф намудааст. «Аҷойиб-ул-мақдур фи ахбори Темур» яке аз асарҳои машҳури ӯ ба шумор меравад, ки дар он аз разилатҳо ва хулқи бади Темурланг, инчунин, аз лашкаркашиҳо ва хунрезиҳои ӯ маълумоти фаровон додааст. Ибни Арабшоҳ ягона таърихнигорест, ки Темурлангро хеле ҷасурона мазаммат ва сарзаниш мекунад.
Яке аз ашхоси маъруфи он давр Муиниддин Муҳаммади Исфизорӣ ба шумор меравад. Ӯ дар Исфизори Ҳирот ба дунё омада, дар он ҷо тарбия гирифтааст. Дар хаттотӣ яке аз устодони бузург ба шумор меравад. Муиниддини Исфизорӣ инчунин, муаррихи варзида буда, соли 1491 доир ба таърихи Ҳирот китоберо бо номи «Равзат-ул-ҷаннот фи авсофи мадинати Ҳирот» таълиф намудааст.
Аз зумраи таърихнигорони машҳури он давр Мирхонд Муҳаммад ибни Ховандшоҳ ибни Маҳмуд (1433 – 1498) ба ҳисоб меравад, ки бо дастури Алишер Навоӣ асари худ «Равзат-уссафо фи сират-ил-анбиё вал мулук вал хулафо»-ро навиштааст, ки ба таърихи пайғамбарон, сулолаҳо, подшоҳон ва халифагон бахшида шудааст. Асар аз 7 ҷилд иборат буда, ҷилди 7 ва хотимаи асарро, ки ҷилди 8-ум низ меноманд, набераи духтарии ӯ Хондамир ба итмом расонидааст.
Таърихнигори маъруфи ин давра Хондамир Ғиёсиддин ибни Ҳумомиддини Ҳусайнӣ (1475 – 1535) ба шумор меравад, ки аввалҳо дар дарбори Темуриёни Ҳирот хизмат кардааст. Баъд аз сарнагун шудани сулолаи Темуриён дар Ҳирот, ба маркази Темуриёни Ҳинд – шаҳри Деҳлӣ рафт. Дар замони ҳукмронии Бобур ва писари ӯ – Ҳумоюн зиндагӣ ва хизмат кардааст. Хондамир дар Ҳиндустон асари сеҷилдаи худ «Ҳабиб-ус-сияр»ро навиштааст, ки он таърихи Эрон, Мовароуннаҳру Хуросон ва дигар мамлакатҳои Шарқро дар бар мегирад. Ба қалами Хондамир инчунин, асарҳои «Дастур-ул-вузаро» ва «Ҳумоюннома» тааллуқ доранд.
Муаррих ва ҷуғрофидони тоҷик Шиҳобиддин Абдуллоҳ ибни Абдуррашиди Ховарӣ, ки бо номи Ҳофизи Абрӯ машҳур аст, дар аҳди салтанати Шоҳрух умр ба сар бурдааст. Ҳофизи Абрӯ бо супориши Шоҳрух якчанд асари таърихӣ ва дар ду ҷилд оид ба ҷуғрофиё китобе таълиф намудааст. Шоҳрух инчунин ба Ҳофизи Абрӯ дастур медиҳад, ки таърихи умумиҷаҳониро дар як китоб ҷамъ оварад. Ҳофизи Абрӯ доир ба таърих «Маҷмӯаи Ҳофизи Абрӯ»-ро навишт. Ӯ дар он тарҷумаи тоҷикии «Таърихи Табарӣ», қисми зиёди «Ҷомеъ-ут-таворих»-и Рашидуддин ва «Зафарнома»-и Низомиддини Шомиро рӯйнавис карда, баёни воқеаҳои ин асарҳоро то солҳои ҳукумати Темурланг давом дод. Китобҳои «Таърихи Шоҳрух» ва «Зубдат-ут-таворих» низ ба қалами Ҳофизи Абрӯ тааллуқ доранд.
Дар соҳаи таърихнигорӣ олимони маъруфи зиёде буданд, ки доир ба таърихи ин давр асарҳои гаронбаҳо эҷод намудаанд. Машҳуртарин таърихнигорони ин давр: Ғиёсиддин Алии Яздӣ, Хоҷа Тоҷиддини Салмонӣ, Хусрав ибни Обиди Абаркӯҳӣ, Муиниддин Натанзӣ, Фасеҳи Хавофӣ, Ҷаъфар ибни Муҳаммади Яздӣ, Муҳаммад ибни Фазлуллоҳи Мӯсавӣ, Ҷаъфарӣ, Шарафуддини Яздӣ ва Абдурраззоқи Самарқандӣ мебошанд.
Аз намояндагони варзидаи ин замон дар соҳаи адабиёт ва таърих Абдурраззоқи Самарқандӣ (1413–1482) буд, ки дар Ҳирот таваллуд шуда, қариб тамоми ҳаёташ дар он ҷо гузаштааст. Дар ҷавонӣ илмҳои таърих, ҳадис, тафсир, забон, адабиёт ва санъати шеърро омӯхтааст. Аввалин асари Абдурраззоқи Самарқандӣ шарҳи «Рисолаи Азудия» (оид ба грамматикаи забони арабӣ) буд, ки то замони мо нарасидааст. Ба қалами ӯ асарҳои адабии «Достони сафари Ҳиндустон», «Шарҳи ғароиб ва баёни аҷойиби он» ва девони ғазалиёт тааллуқ доранд. Абдурраззоқи Самарқандӣ дар илми таърих асари дуҷилдаи «Матлаъ-уссаъдайн ва маҷмаъ-ул-баҳрайн»-ро таълиф намудааст, ки воқеаҳои таърихии солҳои 1304–1470-умро дар бар мегирад.
Аз олимони маъруфи он замон Ҳусайн Воизи Кошифӣ ба шумор мерафт. Вай дар соҳаи ваъзу иншо хеле моҳир буд. Кошифӣ доир ба ахлоқ, таърих, тасаввуф, нуҷум, риёзиёт, фиқҳ ва ғайра 37 асари илмӣ ба мерос гузоштааст, ки муҳимтаринашон инҳост: «Оинаи Искандарӣ», «Ахлоқи Муҳсинӣ», «Саҳифаи шоҳӣ», «Рисола дар илми ҳисоб», «Калиди ганҷҳо дар кимиё», «Анвори Суҳайлӣ» ва ғайра. Ғайр аз ин, Кошифӣ дар шеърнависӣ низ маҳорати баланд дошт. Аз мероси манзуми ӯ маснавие бо номи «Зод-ул-мусофирин» боқӣ мондааст, ки ақидаҳои тасаввуфии ӯро дар бар гирифтааст.
Илмҳои дақиқ аз қабили илми нуҷум ва ҳандаса низ дар ин давр инкишоф ёфтанд. Бо ташаббуси Улуғбек дар Самарқанд мадрасае сохта шуд, ки донишмандони барҷастаи он давр Муҳаммади Хавофӣ, Қозизодаи Румӣ, Алии Қӯшчӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ ва дигарон аввалин муддарисони ин мадраса буданд. Соли 1424 расадхонаи Улуғбек бино ёфт, ки натиҷаҳои кори илмии чандинсола дар ин расадхона дар китоби «Зиҷи Курагонӣ» ҷамъбаст гардид. Ин китоб ба забони тоҷикӣ таълиф ёфтааст.
Вазъи адабиёт дар XIV ва асри XV. Мактаби адабии Ҳирот. Дар ин асрҳо адабиёти бадеӣ низ рӯ ба тараққӣ ниҳода, адибони машҳур ва барҷастае ба майдон ворид гардиданд. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои хаттӣ дар ин замон танҳо дар Мовароуннаҳру Хуросон зиёда аз 132 адиб умр ба сар мебурд. Дар байни онҳо шоирони машҳури форс-тоҷик Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ ва Абдурраҳмони Ҷомиро метавон номбар кард. Асарҳои онҳо бештар дар шакли достон, ғазал, қасида, мухаммас ва рубоӣ офарида шудаанд. Баробари ин, ба навиштани асарҳои насрӣ низ диққати махсус дода мешуд.
Дар адабиёти ин давр ҳаҷву муаммо мавқеи намоёнро ишғол мекарданд. Яке аз хусусиятҳои назарраси адабиёти ин аҳд пайдо шудани шоирони дузабона буд, ки ҳам бо забони тоҷикӣ ва ҳам бо забони туркӣ шеър эҷод мекарданд.
Шоири маъруфи он замон Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ (1321 – 1389) мебошад, ки ӯ дар ҷавонӣ Қуръонро азбар кард ва ба сабаби хуб тиловат карданаш тахаллуси «Ҳофиз»-ро гирифт. Ҳофизи Шерозӣ дар таърихи адабиёти форс-тоҷик нақши ниҳоят бузургеро бозидааст. Вай шоирест, ки навъи ғазалро ба дараҷаи олии такомул расонида, ба он мазмунҳои тоза ворид кард. Шеърҳои ошиқонаи Ҳофиз эҳсоси баланд ва шавқу рағбати бепоёни одамиро иброз намуда дурӯғу риёро мазаммат ва писандидатарин хислатҳои инсониро талқин мекунад.
Аз Ҳофиз як девони ашъор боқӣ мондааст, ки 418 ғазал, 5 қасида, 41 рубоӣ ва се маснавии хурдро дар бар мегирад. Нусхаҳои нодири девони Ҳофиз дар китобхонаҳои машҳури дунё нигоҳ дошта мешаванд. Асарҳои ӯ дар Ғарб ва Шарқ борҳо нашру тарҷума гардидаанд.
Шоири маъруфи дигари ин давр Камоли Хуҷандӣ (байни солҳои 1318 – 1323 – 1400) буда, аз барҷастатарин устодони назм ба ҳисоб меравад. Айёми кӯдакӣ ва таҳсили ибтидоияш дар шаҳри Хуҷанд гузашта, охири умри ӯ дар Табрез сипарӣ мегардад. Қисми асосии девони Камолро ғазал ташкил медиҳад. Ғазалҳои ӯ равон ва хушоҳанг буда, баъзе аз онҳо бо мавзӯъ ва мазмуни худ ба ғазалҳои Ҳофиз монандӣ доранд. Асоси эҷодиёти Камоли Хуҷандиро ашъори ҳаётдӯстона, ғазалҳои рӯҳбахши ошиқона, таронаҳои вафодорию садоқат, самимияту саховат, мардонагию шуҷоат ва амсоли онҳо ташкил медиҳанд.
Аз Камоли Хуҷандӣ девони ашъор боқӣ мондааст, ки гузаштагон ҳаҷми онро 14 ҳазор байт гуфтаанд, аммо алҳол 7–8 ҳазор байт дорад. Вай аз 917 ғазал, 101 қитъа, 37 рубоӣ, 4 қасида ва байтҳои дигар иборат аст.
Намояндаи дигари маъруфи ин давра Хоҷа Низомиддин Убайдуллоҳи Зоконӣ (1270 ё 1280 – 1371) ба шумор меравад, ки бо номи Убайди Зоконӣ машҳур аст. Ӯ дар деҳаи Зокони наздикии Қазвин таваллуд ёфта, давраи ҷавонӣ ва таҳсилоти ибтидоии худро дар Қазвин гузаронида, сипас барои идомаи таҳсил ба Бағдод рафтааст. Баъд ба зодгоҳаш баргашт, вале аз рӯйи нодорӣ маҷбур шуд ба хизмати ҳукмрони Бағдод бозгардад. Сипас аз Бағдод ба Шероз омада, охири умрашро дар Шероз гузаронид.
Аз Убайди Зоконӣ осори мансуру манзуми начандон зиёд, вале аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа ва мавзӯъ ғанӣ боқӣ мондааст. Машҳуртарин асари мансури ӯ «Ахлоқ-ул-ашроф» мебошад, ки аз 7 боб иборат буда, масъалаҳои пандуахлоқиро дар бар мегирад. Дар рисолаи «Сад панд» масал, мақол ва ҷумлаҳои андарзӣ фароҳам оварда шудаанд. Асари дигари ӯ «Даҳ фасл» ном дошта, ба шакли фарҳанги тафсирӣ сохта шудааст.
Асари машҳури Убайди Зоконӣ «Рисолаи дилкушо» ном дорад, ки ҳикоёт ва латифаҳои зарифро дар бар мегирад. Чоряки ҳикоёти ин рисола бо забони арабӣ навишта шуда, мавзӯи ҳикояҳои «Рисолаи дилкушо» аз танқиди вазъияти замон – харобию қашшоқии мазлумон, бехонумонӣ ва гуруснагӣ, танқиди подшоҳон, рӯҳониён, бидъат ва хурофоти динӣ, сахтии аҳволи аҳли илму адаб, макру фиреби табақаи ҳоким, ҳозирҷавобии одамони одиву бебизоат ва ғайра иборат аст. Асари ҳаҷвии ӯ «Ришнома» аст, ки дар он танқиди зоҳирпарастӣ, кирдори ношоистаи як гурӯҳ инсонҳо зикр шудааст.
Убайди Зоконӣ дар «Куллиёт»-и худ боз як қатор асарҳои насриашро ҷой додаст, ки аксари онҳо то ҳол дастраси муҳаққиқон нагардидаанд. Дар «Куллиёт» ба ғайр аз асарҳои мансур якчанд асари манзум–қасидаҳо, ғазалҳо, рубоиёт, муқаттаот, таркиббанду тарҷеъбандҳо ва маснавиҳо (тақрибан 3500 байт) фароҳам омадааст.
Убайди Зоконӣ гарчанде дар мавзӯъ ва мазмунҳои гуногун асарҳои манзуму мансур офаридааст, дар таърихи адабиёти форс-тоҷик бо асарҳои ҳаҷвиаш машҳур мебошад.
Яке аз намояндагони бузурги мактаби адабии Ҳирот Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ (1414 – 1492) ба шумор меравад. Ӯ дар деҳаи Ҷоми, наздикии Нишопур, таваллуд ёфта, таҳсили худро дар Ҳирот ба анҷом расонид ва ба фаъолияти илмию адабии худ дар ҳамин шаҳр оғоз бахшид. Ӯ баландтарин дараҷаи дониши замонаро азхуд карда, дар таърихи адабиёти асри миёнаи тоҷик аз сермаҳсултарин шоирон мебошад. Абдурраҳмони Ҷомӣ куллиёташро соли 1490 худаш мураттаб сохтааст, ки 38 асарро дар бар мегирад.
Аз осори бадеии Ҷомӣ се девон, «Ҳафт авранг», «Баҳористон» ва ғайра боқист. Дар девонҳо ғазалиёт, қасоид, қитъаот ва дигар навъҳои шеърӣ ҷамъ оварда шудаанд. Ҳаҷми умумии ин девонҳо бештар аз 16000 байт мебошад. Яке аз асарҳои машҳури манзуми Ҷомӣ «Ҳафт авранг» мебошад, ки аз ҳафт достони бузург иборат аст.
Давраи ташаккули адабиёти туркӣ дар аҳди салтанати Темуриён оғоз ёфт, ки яке аз намояндагони маъруфи он Низомиддин Алишер Навоӣ (1441–1501) ба шумор меравад. Осори Навоӣ бо забонҳои форсӣ-тоҷикӣ ва туркии чағатоӣ эҷод шудаанд.
Пас аз ба тахти Ҳирот нишастани султон Ҳусайн Бойқаро Навоӣ мақоми ходими давлатиро соҳиб шуд. Қариб тамоми умри Навоӣ дар Ҳирот гузаштааст. Ба қалами Навоӣ асарҳои назмию насрӣ, мисли «Хамса», «Лисон-ут-тайр», «Маҳбуб-улқулуб», «Таърихи мулуки Аҷам» ва ғайра марбут мебошанд. Шеърҳои бо забони туркии чағатоӣ таълифнамудаи Навоӣ бо унвони «Хазоин-ул-маонӣ» дар чаҳор девон гирди ҳам оварда шудаанд, ки он зиёда аз 3130 ғазал ва шеърҳои гуногунро дар бар мегирад. Девони дигари ӯ бо номи «Девони Фонӣ» машҳур аст, ки дар он 12 ҳазор мисраъ ашъори форсӣ-тоҷикии шоир ҷамъоварӣ шудааст.
Дар ташаккули фаъолияти шоирии Навоӣ нақши Абдурраҳмони Ҷомӣ хеле бузург аст. Навоӣ худро шогирди Ҷомӣ меҳисобид.
Сарчашма:
Маълумоти Давлатшоҳи Самарқандӣ дар бораи Ҳофизи Шерозӣ: «Нодираи замон ва аъҷубаи даврон буда… ӯро «Лисонулғайб» ном кардаанд. Сухани ӯ бетакаллуф ва сода, аммо дар ҳақоиқу маориф ӯ маонӣ дода ва камолоти аввалӣ ниҳоят аст… ва дар илми қуръонӣ беназир аст. Ва алқобу номи Хоҷа Ҳофиз Шамсиддин Муҳаммад аст ва дар рӯзгори Оли Музаффар дар мулки Шероз зиндагӣ карда, аммо аз ғояти ҳиммат ба дунё сар фуруд наёвардӣ ва бетакаллуфона маош кардӣ».
Давлатшоҳи Самарқандӣ. Тазкират-уш-шуаро, дастхати № 84 китобхонаи ба номи А.А. Семёнови Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АУ ҶТ саҳ. 293.
Соммирзои Сафавӣ дар тазкираи худ «Туҳфаи Сомӣ» дар бораи Абдурраҳмони Ҷомӣ менависад: «…Партави фазоили ӯ аз шарқ то ғарб расида…Дар унфувони (давраи) ҷавонӣ рӯйи таваҷҷуҳ ба ҷониби иктисоби фазоил (касби дониш) оварда ва ба андак вақт саромади фузало ва булағои он замон гашт. Дар даври султон Бӯсаид сити (овозаи) донишаш ба ҳама ҷо расид. Султон Саид бағоят дар боби эҳтиромаш мекӯшид… Дар замони султон Ҳусайн Бойқаро бештар аз пештар қабули мартаба ёфта…»
Соммирзои Сафавӣ. Тазкираи туҳфаи Сомӣ. Тасҳеҳ ва муқаддима аз Рукниддини Ҳумоюнфаррух, Теҳрон, 1347 ҳ., саҳ. 143-145.
Санаҳои муҳим:
1404 – таълифи «Зафарнома»-и Низомиддини Шомӣ
1490 – аз тарафи Ҷомӣ мураттаб сохтани куллиёти ӯ
1491 – таълифи китоби «Равзат-ул-ҷаннот фи авсофи мадинати Ҳирот»-и
Муиниддини Исфизорӣ
1492 – вафоти Абдурраҳмони Ҷомӣ
Савол ва супориш:
1) Ривоҷи илму фан ва соҳаҳои гуногуни онро шарҳ дода, олимони маъруфи ин давраро номбар намоед.
2) Шоирони маъруфи ин давра киҳо буданд?
3) Дар бораи мактаби адабии Ҳирот нақл кунед.
4) §§ 14 ва 15–ро такрор намоед.