Ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷавобгарии ҳуқуқӣ
Рафтори шаҳрванд бояд ба талаботи меъёрҳои ҳуқуқӣ мувофиқ бошад. Рафтори ба ҳуқуқ мувофиқи одамон моҳияти тартиботи ҳуқуқиро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, давлат, ҷомеа ва аъзои он ба рафтори одамоне, ки ба талаботи меъёрҳои ҳуқуқӣ ҷавоб медиҳад, ҳавасманд мебошанд. Ҷомеа ба воситаи рафтори ба ҳуқуқ мувофиқ идора карда шуда, фаъолияти ҳаётан муътадили он ба роҳ монда мешавад. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандон низ дар асоси рафтори ба ҳуқуқ мувофиқ ба амал бароварда мешаванд. Баръакс, рафторе, ки ба талаботи ҳуқуқ ҷавоб намедиҳад, ҳуқуқвайронкунӣ ё рафтори бархилофи ҳуқуқ мебошад.
Ҳуқуқвайронкунӣ кирдори гунаҳкорона ва зиддиҳуқуқии шахсе мебошад, ки ба ҷамъият, давлат ё шахсони алоҳида зарар мерасонад. Вай дар натиҷаи содир кардан ё накардани ягон амали гунаҳкоронае, ки бархилофи меъёрҳои ҳуқуқӣ мебошад, ба вуҷуд меояд. Агар шаҳрванд мунтазам интизоми меҳнатро вайрон намояд, ба кор дер ояд, дуздӣ кунад, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон кунад ва дигар кирдорҳои ба ҳамин монандро содир намояд, ин маънои онро дорад, ки ба ҳуқуқвайронкунӣ роҳ додааст. Саркашӣ аз иҷрои уҳдадориҳои ҳуқуқӣ маънои вайрон кардани талаботи меъёрҳои ҳуқуқиро дорад. Пас ҳуқуқвайронкунӣ риоя накардани талаботи меъёрҳои ҳуқуқӣ аст. Ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ба ҷамъият, давлат ва шахсони алоҳида хатарнок ва зараровар мебошад. Бинобар ин, меъёрҳои ҳуқуқӣ онҳоро маҳкум менамоянд.
Ҳуқуқвайронкунӣ ба ду навъ ҷудо мешавад: ҷиноят ва кирдори ношоям. Ҷиноят хатарноктарин навъи ҳуқуқвайронкунӣ мебошад.
Чунин ҳуқуқвайронкуниеро кирдори ношоям меноманд, ки ба муносибатҳои идоракунӣ, корӣ, молумулкӣ, молиявӣ ва дигар муносибатҳо сӯйиқасд менамояд. Кирдори ношоям аз ҷиноят бо дараҷаи барои ҷамъият хавфнокиаш фарқ менамояд. Дараҷаи барои ҷамъият хавфнокӣ вобаста ба объекте, ки ҳуқуқвайронкунанда ба он суиқасд менамояд, андозаи зарар ва шахсияти ҳуқуқвайронкунанда муайян карда мешавад. Агар шахс ба дуздии моликияти давлатӣ ва шахсӣ, одамкушӣ роҳ диҳад, ба дигар шахсон зарари ҷисмонӣ расонад, авбошӣ ва амсоли инҳоро содир намояд, пас ин амалҳои ӯ ҷиноят ҳисобида мешавад, зеро рафтори ӯ ба ҷамъият ва одамон хатари калон дорад. Аммо агар шахс ба кор дер ояд, қоидаи роҳгардиро вайрон намуда, аз чароғаки сурх гузарад ва дигар рафторҳои ба ҳамин монандро содир намояд, он гоҳ вай кирдори ношоям содиркарда эътироф мешавад, чунки дараҷаи хавфнокии рафтори ӯ камтар буда, ба ҷамъият зарари начандон калон мерасонад.
Аз кирдори ношоям то ҷиноят як қадам роҳ аст. Барои ҳамин одам бояд кӯшиш намояд, ки аз хурди бо рафтори хубу одоби намунавӣ сазовори эҳтироми дигарон бошад. Далелҳо шаҳодат медиҳанд, ки баъзе хонандагон ҳанӯз аз хурдӣ ба кирдорҳои ношоям даст мезананд. Интизомро вайрон карда, ба дарс дер меоянд. Бо муаллимон дағалӣ намуда, дар дарсҳо бетартибӣ мекунанд ва бо ҳамин рафтори худ дар синф ҳолати ғайрикориро ба вуҷуд меоранд. Дар вақти танаффус бо ҳамсинфони худ ҷанҷол мекунанд, баъд аз дарс ба нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ машғул мешаванд. Бо рафиқони калонсоли худ беэҳтиромӣ карда, кирдорҳои ношоям содир менамоянд. Ҳамин тариқ, роҳ ба сӯйи ҷиноят аз худсарӣ (беинтизомӣ), рафторҳои хурди ношоям, беэҳтиётӣ ба дигарон ва дағалӣ сар мешавад. Сабаби аксари ҳуқуқвайронкуниҳо паст будани дараҷаи шуурнокии ҳуқуқвайронкунандагон, беинтизомӣ, беаҳамиятӣ, нашъамандӣ, майпарастӣ ва беандешагӣ нисбат ба оқибатҳои рафтори худ мебошад. Набудани ҳисси ҷавобгарии шахсӣ, надонистан ва нафаҳмидани қонун, инчунин беҷазо мондан ва дигар ҳолатҳо низ сабаби ҳуқуқвайронкунӣ шуда метавонанд.
Шахсе, ки талаботи меъёрҳои ҳуқуқро вайрон кардааст, ба ҷавобгарии ҳуқуқӣ кашида мешавад. Таҳти маҷбурияти давлатӣ аз тарафи ҳуқуқвайронкунандагон иҷро гардидани уҳдадориҳоро ҷавобгарии ҳуқуқӣ меноманд. Ҷавобгарӣ ба маънои ҳуқуқиаш ҷавобгарӣ барои ҳуқуқвайронкунӣ мебошад. Агар шаҳрванд дар ҳолати мастӣ ба кор ояд, авбошӣ содир намояд, ба молумулк ва шахсияти дигарон зарар расонад, ҳақорат ва туҳмат кунад, инчунин, дигар рафторҳои ба ҳамин монандро содир намояд, он гоҳ ӯ ба ҷавобгарии ҳуқуқӣ кашида мешавад.
Ҷавобгарии ҳуқуқӣ ҳама вақт бо маҳрум намудани манфиатҳои шахсӣ, молумулкӣ ё маҳдуд намудани онҳо вобастагӣ дорад. Ин маҳрумкуниҳо аксуламали табиии ҷамъият, давлат ва зараре мебошад, ки шахси ҳуқуқвайронкунанда ба дигарон расонидааст. Ҷавобгарии ҳуқуқӣ ба навъҳои зерин ҷудо мешавад: ҷавобгарии маъмурӣ, интизомӣ, гражданӣ ва ҷиноятӣ.
Риояи талаботи ҳуқуқӣ уҳдадории конститутсионии ҳар як шаҳрванд мебошад. Дар баробари ин, ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки қонунҳои кишвари худро ба хубӣ донад. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад (моддаи 42 Конститутсия). Хуб донистани қонун ва санадҳои ҳуқуқӣ инсонро дар рӯҳияи хулқу атвори хуб тарбия намуда, масъулияти ӯро баланд мебардорад. Ҳамзамон ҷавобгарӣ барои вайрон намудани қонун ва санадҳои зерқонунӣ воситаи асосии пешгирӣ ва решакан намудани ҳуқуқвайронкунӣ мебошад.
Саволҳо:
1. Моҳияти ҳуқуқ дар чӣ ифода меёбад?
2. Фарқи «ҳуқуқ» ва «қонун» дар чист?
3. Ҳуқуқ чист?
4. Нишонаҳои фарқкунандаи ҳуқуқро аз дигар қоидаҳои рафтор номбар намоед.
5. Кадом типҳои таърихии ҳуқуқро медонед?
6. Функсияҳои ҳуқуқ чист?
7. Рушди ҳуқуқ дар давраи ҳозира чӣ тавр сурат мегирад?
8. Меъёрҳои ҳуқуқӣ чист?
9. Намудҳои меъёрҳои ҳуқуқро номбар кунед.
10. Сарчашмаҳои ҳуқуқ чист?
11. Қонун чист?
12. Фарқи Конститутсия аз дигар меъёрҳои ҳуқуқи дар чист?
13. Қонуни конститутсионӣ чист?
14. Кодекс чӣ гуна санади меъёрии ҳуқуқист?
15. Ҷараёни қонунгузорӣ аз кадом марҳалаҳо иборат аст?
16. Қабули қонунҳо чӣ гуна сурат мегирад?
17. Тартиби қабули қонунҳои конститутсиони чӣ гуна мебошад?
18. Муносибатҳои ҳуқуқӣ чист?
19. Навъҳои муносибатҳои ҳуқуқиро номбар намоед.
20. Кадом соҳаҳои ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистонро медонед?
21. Ҳуқуқвайронкунӣ чист?
22. Ҷавобгарии ҳуқуқӣ чист?
23. Навъҳои ҷавобгарии ҳуқукиро номбар намоед.