Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Зиндагӣ дар ҷомеае, ки бунёди онро таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, адлу масъулияти баланди ҳокимиятдорӣ ташкил медиҳад, орзуи халқи тоҷик буд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 ин орзуи халқи тоҷикро амалӣ сохта, барои эҳтиром гузоштан ба арзишҳои инсонӣ ҳуқуқ ва озодиҳои шахсро муқаддас эълон кард. Аз ин ҷиҳат, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз намудани давлат ба ҳайси яке аз унсурҳои муҳимми сохтори конститутсионии Тоҷикистон муайян гардидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар давраи омода намудани лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо таъкид намуда буданд, ки ҳуқуқҳои инсон бояд яке аз бахшҳои муҳимми Конститутсияи навамон гардад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъкид доштанд, ки ҳуқуқи инсон масъалаи муҳим буда, «ҳоло дар маркази диққати ҷаҳониён, махсусан, афкори умуми кишварҳои мутамаддин ва мутараққии дунё қарор дорад».
Амалӣ гардидани ҳуқуқи инсон аз шароити мушаххаси таърихии ҳар як кишвар ва анъанаҳои миллию фарҳангии он вобастагӣ дорад. Ин нуқта дар даҳсолаҳои охир, махсусан, бо таъсири ҷаҳонишавӣ, аз ҷумла ворид гардидани фарҳанги ба мо бегонаи ҳуқуқи инсон бештар зоҳир мешавад. Ҳамин раванди амалӣ гардидани ҳуқуқи инсонро дар иртибот ба омилҳои фарҳангӣ, ҳанӯз дар давраи омода намудани лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистон дарк ва пешбини намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVIII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла таъкид намуда буданд: «Гап фақат дар сари татбиқи амалии ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандҳост, ки вобаста ба шароити мушаххаси ҷомеаҳои инсонӣ, суннатҳои таърихию маънавии кишвар, сатҳи рушди фарҳангӣ сиёсии мардум сурат мегирад».
Дар Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардидааст. Ин меъёр ҷавобгӯйи ҳадаф ва талаботи инкишофи ҷомеаи демократӣ дар ҷаҳони мутамадцин буда, ҳоло дар конститутсияи ҳамаи давлатҳои демократии дунё ифода гаштааст. Аз тариқи меъёри зикршуда Тоҷикистон худро узви ҷомеаи башар, муборизи арзишҳои ҳуқуқӣ, қонун ва демократия эълон мекунад. Ҳамзамон бо ин, пуштибанӣ аз манфиатҳои давлати миллӣ, пеш аз ҳама, сохибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатиро дар назар дорад. Дар ҳамин замина боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шуда, механизми амалишавӣ ва кафолати онҳоро пешбинӣ месозад. Ин боб аз сию чор модца иборат буда, аз моддаи 14 оғоз мегардад.
Ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрвандро, ки дар боби дуюми Конститутсия псшбинӣ гардидаанд, гуруҳҳои зерин ҷудо кардан мумкин аст:
а) ҳуқуқу озодиҳои табиӣ. Ин ҳуқуқу озодиҳое мебошанд, ки ба таври табиӣ пайдо гардида, ба инсон ва бо ҳамдигар дар алоқамандии зич қарор дощта, ҳамдигарро пурра месозанд. Поймол гардидани яке аз ин ҳуқуқҳо метавонад барои поймол шудани ҳуқуқҳои дигар боис гардад. Масалан, поймол шудани ҳуқуқ ба меҳнат, инсон ва шаҳрвандро аз ҳуқуқи иштирокчии муносибатҳои меҳнатӣ будан ва гирифтани даромад маҳрум месозад.
Вобаста ба ин, амалишавии ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, ки дар боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ шудааст, аз кафолатҳои муайяни ҳуқуқӣ вобаста мебошанд. Кафолатҳои ҳуқуқӣ барои амалӣ гардидани ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд равона карда шуда, онҳоро аз поймолшавӣ ҳифз мекунанд.
Дар баробари амалишавии ҳуқуқу озодиҳо Конститутсия дар моддаи 14, инчунин, маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохти конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ пешбинӣ намудааст.
Конститутсия гарчанде дар моддаи 14 асосҳои маҳдуд карда шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро пешбинӣ менамояд, дар моддаи 47 ҳуқуқҳоеро пешбинӣ кардааст, ки чунин ҳуқуқҳо наметавонанд ҳатто дар давраи вазъияти фавқулода маҳдуд карда шаванд, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳимоя, ҳуқуқ ба ҳаёт, дахлнопазирии шахс, дахлнопазирии манзил, ухдадории давлат барои пешниҳоди маълумот ва дигарҳо. Кафолати мазкур аҳамияти назаррас дошта, Ҳуқуқу озодиҳоро аз поймолшавӣ нигоҳ медорад.
Тибқи Конститутсия дахлнопазирии шахс эътироф карда шудааст. Ин маънои онро дорад, ки дахлнопазирии шахсро давлат кафолат медиҳад. Бинобар ин, ҳеҷ касро бе асоси кофии қонунӣ дастгир кардан ё ҳабс кардан мумкин нест. Ғайр аз ин, ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳкор дониста намешавад. Дар ин самт кафолати муҳимми конститутсионии ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд дар он зоҳир мегардад, ки қонуне, ки баъд аз содир шудани рафтори ғайриқонунии шахс қабул шудааст ва он ҷазои шахсро вазнин мекунад, қувваи бозгашт надорад (моддаи 20 Конститутсия).
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайр аз ҳуқуқу озодиҳои табиӣ, инчунин, ҳуқуқу озодиҳои сиёсиро низ кафолат додааст. Мутобиқи моддаи 27 Конститутсия шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ё ба воситаи вакилонашон иштирок намоянд. Чунин тартиб аз моҳияти демократӣ доштани Тоҷикистон сарчашма гирифта, ба он равона карда шудааст, ки халқи Тоҷикистон ба идоракунии давлатӣ бештар ҷалб карда шавад.
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ низ ҳуқуқ доранд, ки дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ва давлат фаъолона иштирок намуда, саҳми худро дар пешрафти Тоҷикистон гузоранд. Бо ин мақсад хонандагон метавонанд дар иттиҳодияҳои гуногуни кӯдакон ва наврасон муттаҳид гардида, дар муҳокимаи масъалаҳои ба ҳаётӣ онҳо вобастабуда иштирок кунанд. Ҳуқуқи мазкури хонандагон бевосита дар моддаи 28 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда шудааст. Дар иттиҳодияҳои гуногуни кӯдакон ва наврасон муттаҳид гардидани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолнокии онҳоро таъмин намуда, ба ташаккули шуурнокии онҳо мусоидат менамояд.
Ҳуқуқу озодиҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ низ дар баробари ҳуқуқу озодиҳои дигари инсон ва шаҳрванд аҳамияти махсус дошта, аз ҷониби Конститутсия кафолат дода мешаванд.
Конститутсия дар моддаи 32 муқаррар кардааст, ки ҳар кас метавонад соҳиби моликият ва мерос бошад. Моликияти шахс дахлнопазир буда, ягон кас наметавонад ҳуқуқи мазкурро маҳдуд ё бекор кунад. Моликияти шахс мумкин аст танҳо аз ҷониби давлат ба манфиати ҷамъият дар ҳолатҳои муқарраркардаи қонун гирифта шавад. Ҳангоми ба манфиати ҷомеа гирифтани моликияти шахс давлат уҳдадор аст арзиши пурраи онро пардохт намояд.
Конститутсия инчунин кафолат медиҳад, ки агар дар натиҷаи амали ғайриқонунии шахс, аз ҷумла иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ ба моликияти шахс зарар расонида шавад, товони зарари расонидашуда аз ҳисоби шахсони гунаҳкор ситонида мешавад.
Шахс метавонад бо моликияташ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шавад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 12 фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкориро кафолат медиҳад. Яъне, шахс метавонад озодона фаъолияти соҳибкориро ба амал барорад. Вай метавонад ҳамон намуди фаъолиятеро интихоб намояд, ки барояш маъқул аст.
Конститутсия ба оила ҳамчун ҳуқуқи муҳимми иҷтимоӣ диққати махсус зоҳир менамояд. Бинобар ин, дар моддаи 33 Конститутсия зикр гардидааст, ки давлат оиларо ҳамчун асоси ҷомеа ҳимоя менамояд. Дар моддаи 34 Конститутсия зикр шудааст, ки модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси моддаҳои зикргардидаи Конститутсия кӯшиш карда истодааст, ки нисбат ба рушди оила ғамхории махсус зоҳир карда, онро зери ҳимоя қарор диҳад. Бо ин мақсад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (13 ноябри соли 1998), Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо (1 марти соли 2005), «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» (29 апрели соли 2006). «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (2 августи соли 2011). «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» (19 марти соли 2013), «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» (18 марти соли 2015) ва дигар қонунҳо қабул карда шуда, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 — Соли оила эълон гардида буд.
Қобили зикр аст, ки дар шароити муосири пешрафт мазмуни ҳар як ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд аз ҷониби Конститутсия ва қонунҳои мувофиқи он қабулшуда бо дарназардошти аҳамияти ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд маънидод карда мешаванд. Қонунҳо ва санадҳои дигари ҳуқуқии тибқи Конститутсия қабулшаванда мазмун ва муҳтавои ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрвандро пурра гардонида, татбиқи осони онҳоро таъмин менамоянд.
Масалан, мувофиқи моддаи 34 Конститутсия падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд. Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон ва масъулияти фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар, ки бо моддаи 34 Конститутсия муқаррар гардидааст, минбаъд бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» на танҳо шарҳ, ҳамчунин, тақвият дода шуд. Чунончи, дар асоси моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» фарзанди болиғу қобили меҳнат уҳдадор аст, ки падару модари худро нигоҳубин ва таъмин намуда, онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ дастгирӣ намояд. Дар ҳолати иҷро накардани уҳдадориҳои мазкур фарзанди болиғу қобили меҳнат бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Барои баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон ҳуқуқҳои фарҳангӣ нақши асосӣ мебозанд. Шаҳрвандон метавонанд дар асоси дастрасӣ ба ёдгориҳои таърихӣ, иштирок дар ҳаёти фарҳангӣ, озодона истифода кардан аз дастовардҳои илму техника ҳуқуқҳои фарҳангии худро ба амал бароранд. Ҳамаи ин бе гирифтани таҳсил ғайриимкон аст. Аз ин хотир, Конститутсия дар моддаи 41 зикр менамояд, ки ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад.
Тоҷикистон ба шаҳрвандон гирифтани таҳсилоти ройгонро кафолат медиҳад. Бо ин мақсад ҳамасола шумораи зиёди муассисаҳои таълимии замонавӣ сохта, ба истифода дода мешаванд ва барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда мешаванд. Яъне давлат нисбат ба шаҳрвандонаш дар самти гирифтани таҳсил ғамхории махсус зоҳир карда, нақши калидӣ доштани илмро дар рушду тараққиёти давлат эътироф мекунад.
Аз ҷониби давлат кафолат дода шудани ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд ҳама вақт бо уҳдадории давлат алоқаманд набуда, амалишавии он дар ҳолатҳои алоҳида аз худи шахс вобаста мебошад. Ин маънои онро дорад, ки дар низоми ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд гурӯҳи ҳуқуқу озодиҳое ҷой доранд, ки онҳо бе иштироки давлат амалӣ шуда метавонанд. Масалан тибқи моддаи 41 Конститутсия ҳар кас ба таҳсил ҳуқуқ дорад. Чунин ҳуқуқ метавонад, ҳамчунин, бо роҳи худомӯзӣ ба амал бароварда шавад, лекин ин нақши давлатро дар таҳким ва кафолати ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд маҳдуд ё инкор карда наметавонад. Яъне доираи амалишавии ҳуқуқи шахс ва мазмуни он аксаран аз худи шахс ва дараҷаи лаёқати вай вобаста мебошад.
Аз ҷониби давлат дар сатҳи Конститутсия кафолат дода шудани ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосӣ ба он равона карда шудааст, ки.чунин ҳуқуқҳо аз дахолати шахсони дигар ҳимоя карда шаванд.
Дар радифи ҳуқуқу озодиҳо боби 2 Конститутсия, инчунин, дар моддаҳои 42, 43, 44 ва 45 вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрвандро пешбинӣ намудааст.
Тибқи моддаи 42-юми Конститутсия ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда, ҳуқуқу озодӣ ва шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолатҳои амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, ҳифзи ҳуқуқии ӯро муқаррар намуда, барои танзими муносибатҳои гуногуни ҷамъиятӣ заминаи ҳуқуқӣ ба вуҷуд меоранд. Аммо амалишавии меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо аз амали ҳар як шахс вобаста мебошад, зеро дар сурати аз ҷониби шахс эҳтиром гузоштан ба қонун ва таъмини риояи меъёрҳои он ҳадафҳои давлати ҳуқуқбунёд татбиқ гардида, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд амалӣ мешавад. Дар сурати ҳарчи бештар огоҳ будани шахс аз муқаррароти Конститутсия ва қонунҳо ҳамон қадар содир шудани амалҳои ҳуқуқвайронкунӣ кам гардида, тартиботи ҷамъиятӣ устувор мегардад. Надонистани қонун бошад, боиси содир шудани ҳуқуқвайронкунӣ гардида, манфиатҳои қонунии шаҳрвандони кишварро халалдор месозад ва шахси содирнамудаи ҳуқуқвайронкунӣ оқибат ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Бо мақсади роҳ надодан ба чунин амал, яъне ҳавола кардан ба надонистани қонун зимни содир кардани амали ҳуқуқвайронкунӣ Конститутсия дар қисми дуюми моддаи 42 инчунин меъёреро пешбинӣ мекунад, ки тибқи он надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади бархурдор будани шаҳрвандон аз муқаррароти қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, онҳо пас аз қабул дар рӯзномаҳои расмӣ ба таври васеъ интишор карда мешаванд ва танҳо аз нашри расмӣ мавриди амал қарор дода мешаванд. Ҳамчунин, тавассути воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла телевизиону радио бо мақсади ба таваҷҷуҳи аҳолӣ расонидани мазмуну муҳтавои қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшуда барномаҳои махсус пахш карда шуда, чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ амалӣ карда мешаванд. Ин имкон медиҳад, ки тамоми шаҳрвандони кишвар аз фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ сари вақт бархурдор бошанд.
Моддаи 43 Конститутсия ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии онро вазифаи муқаддаси шаҳрваид муқаррар намудааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби адои хизмати ҳарбиро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати харбӣ», ки 29 ноябри соли 2000 қабул шудааст, ба танзим медарорад. Тибқи ин қонун шаҳрванди ба синни 18-солагӣ расида, агар ӯ ҳуқуқи озод шудан ва ба таъхир андохтани хизмати ҳарбиро надошта бошад, ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешавад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» асосҳои озод кардан аз даъват ба хизмати ҳарбиро пешбинӣ намуда, муқаррар кардааст, ки дар баробари шаҳрванде, ки барои содир кардани ҷинояти махсусан вазнин ё вазнин доғи судии бардоштанашуда дорад, инчунин, аз даъват ба хизмати ҳарбӣ шаҳрвандони зерин озод карда мешаванд:
— онҳое, ки бинобар вазъи саломатӣ ғайри қобили хизмати ҳарбӣ ё ба таври маҳдуд ба хизмати ҳарбӣ қобил дониста шудаанд;
— онҳое, ки хизмати ҳарбӣ ё алтернативӣ адо мекунанд ё адо кардаанд;
— онҳое, ки дар давлати дигар хизмати ҳарбиро адо намудаанд;
— онҳое, ки унвони илмии номзади илм ё доктори илм доранд;
— онҳое, ки падар (модар) ё бародарашон (хоҳар) ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ дар асоси даъват ва бо тартиби ихтиёрӣ дар вазифаҳои сержантҳо, прапоршикҳо ва афсарон ё дар давраи гузаштани ҷамъомадҳои ҳарбӣ ҳалок шудааст ё вафот кардааст;
— онҳое, ки дар оила писари (писархонди) ягона мебошанд.
Дигар вазифаи муҳиму ҳатмии шаҳрвандон супоридани андоз ва дигар пардохтҳои бо қонун муайяншуда ба шумор рафта, меъёри мазкур дар моддаи 45 Конститутсия пешбинӣ шудааст. Ҳангоми аз ҷониби шаҳрвандон сари вақт ва бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ пардохт гардидани андоз ва дигар пардохтҳои муқарраркардаи қонун буҷети давлатӣ ғанӣ гардида, имкон медиҳад сиёсати давлатӣ дар соҳаи дастгирии давлатии шахсони эҳтиёҷманд ва барҷомонда ба амал бароварда шавад.
Умуман, боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрвандро муқаррар намудааст, калонтарин боби Конститутсия ба шумор меравад ва тамоми қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо дарназардошти меъёрҳои ин боб қабулу такмил дода мешаванд. Риоя ва иҷрои муқаррароти боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи онҳо риояву иҷро кардани талаботи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз маърифати баланди ҳуқуқии аҳолӣ вобастагӣ дорад.
Дар асоси Конститутсия дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар бо мақсади таъмини волоияти қонун, таҳкими раванди демократикунонӣ дар ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирӣ намудани ҳар гуна ҳуқуқвайронкунӣ чораҳои муассир андешида шуда, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шудаанд.
Ҳанӯз моҳи апрели соли 1997 бо мақсади таъмини волоияти қонун дар ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирии роҳи қонуншиканӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияӣ ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон|» қабул шуда буд.
22 августи ҳамон сол ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» қабул гардид.
Бо мақсади таҳкими минбаъдаи раванди демократикунонии ҷомеа, тарғиби арзишҳои демократӣ ва ба ин васила фароҳам овардани фазои демократӣ дар кишвар 1 декабри соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷиқистон «Дар бораи ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ дар ҷумҳурӣ» қабул гардид.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009 «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» тасдиқ гардид, ки мақсади асосии он баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқӣ, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарк намудани ягонагии ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, таъмини фаъолнокии сиёсии аҳолии ҷумҳурӣ мебошад.
Ҳамчунин, бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ соли 2009 аз ҷониби олимону мутахассисони варзидаи кишвар тафсири илмиву оммавии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда шуда, дастраси хонандагон гардонида шуд ва имрӯз аз он шаҳрвандони зиёди кишвар дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ истифода мебаранд.