Ҳуқуқи муроҷиат кардан ба мақомоти давлатӣ
1.ҲУҚУҚИ МУРОҶИАТ КАРДАН: МАФҲУМ, ХУСУСИЯТҲОИ АМАЛИШАВӢ. Ҳуқуқи муроҷиат кардан ба мақомоти давлатӣ ё ҳуқуқи петитсия яке аз ҳуқуқҳо ва озодиҳои сиёсии инсон ва шаҳрванд, омили муҳими рушди демократии мамлакат мебошад. Муроҷиат (петитсия) шакли махсуси таъсиррасонӣ ба равандҳои идоракунӣ дар давлат аст. Онҳо ба мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ирсол карда шуда, як навъ на танҳо усули барқарорсозии ҳуқуқи вайроншудаи шаҳрванд, балки инчунин шакли иштироки сиёсӣ дар ҳалли корҳои оммавӣ мебошанд.
Амалишавии ҳуқуқи муроҷиат кардан инкишофи ташаббуси шахсӣ ва манфиатдории шаҳрвандро ҳангоми ҳалли масъалаҳои характери давлатӣ ва ҷамъиятӣ дошта дар назар дорад. Чун қоида, тартиби дидан, баррасии муроҷиат ва қабули қарорҳоро аз рӯи он қонунгузории мамлакат муайян менамояд.
Ҳуқуқи муроҷиат кардан ба шахс имконияти фиристодани шикоят, ариза ва пешниҳодотро ба мақомоти салоҳиятдори давлатӣ, аз ҷумла ба суд, фароҳам меорад. Маънии шикоятҳо аксаран талабот бобати бартарафсозии вайрон кардани ҳуқуқу озодиҳои шахс аст, ки дар натиҷаи амали (беамалии) ғайриқонунии шахсони мансабдор ба амал омадааст. Дар муроҷиатномаҳо инчунин на танҳо манфиатҳои қонунии шаҳрванд, балки манфиатҳои ҷамъиятӣ, талаби баҳодиҳӣ ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ё воқеаҳои ҷудогонаи ҳаёти ҷамъиятӣ метавонанд ифода гарданд.
Ҳуқуқи муроҷиат карданро на танҳо шаҳрвандони мамлакат, балки шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бетабаа низ амалӣ гардонда метавонанд, масалан, муроҷиат бо ариза дар хусуси қабул кардан ба шаҳрвандӣ.
Муроҷиатҳо метавонанд инфиродӣ ва дастаҷамъона, шифоҳӣ ва хаттӣ бошанд. Шикояти инфиродӣ одатан манфиатҳои шахси алоҳидаро инъикос мекунад, вале дар он ба манфиатҳои дигарон низ дахл кардан мумкин аст. Масалан, сокини шаҳри Душанбе Н.Д.Шоймуродов ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ бо шикоят дар ин хусус муроҷиат кард, ки вақтҳои охир соҳибони нақлиёти мусофиркашонӣ бе сабабҳои асоснок нархи роҳкироро хеле баланд бардоштаанд. Муроҷиати мазкур инфиродӣ аст, вале он ба манфиати аксари шаҳрвандон дахл мекунад.
Муроҷиати дастаҷамъона метавонад масъалаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва шаҳрвандони онро фаро гирад. Одатан дар зери онҳо одамони зиёде имзо мегузоранд. Масалан, зери бинои баландошёнае Дар хиёбони Рӯдакӣ қаҳвахонае кушода шуд. Ин ҷо ҳар рӯз то поси шаб мусиқии баланд садо медиҳад ва ин амал барои истироҳати сокинони бино халал мерасонад. Соҳиби қаҳвахона хоҳишу огоҳиҳои чандинкаратаи сокинони биноро ба эътибор намегирад. Дар натиҷа онҳо маҷбур шуданд бо шикояти дастаҷамъона ба мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ муроҷиат карда,
талаб намоянд, ки соҳиби каҳвахона тартиботи муқарраркардаи қонунро риоя кунад ва мусиқии баландро баъди соати 22 хомӯш намояд.
Ҳар як шикоят аз ҷониби роҳбар ё шахси мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, корхона, ташкилот бояд баррасӣ шавад. Аммо на ҳамаи онҳо имконият доранд, ки ҳамаи шаҳрвандони шикоятдоштаро шахсан қабул кунанд, бинобар ин дар назди мақомоти ҳокимияти давлатӣ бисёр вақт раёсат ё шӯъбаҳои махсуси баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон амал мекунанд.
Ҳуқуқи муроҷиат кардани инсон бо дигар ҳуқуқ ва озодиҳо алоқаманд аст, зеро ҳимояи онҳоро кафолат медиҳад. Ҳуқуқи муроҷиат кардан мутлақ аст ва ҳатто дар шароити вазъияти фавқулодда ҳам махдуд карда намешавад.
2.ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ МУРОҶИАТ КАРДАН. Ҳуқуқи муроҷиат кардан ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким бахшида шудааст.
Шаҳрванд ҳақ дорад шахсан ва ё якҷоя 6о дигарон ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намояд.
Моддаи 31-и Конститутсияи (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон” (соли 1996) низ ҳуқуқи муроҷиат кардани шаҳрвандони мамлакат ва шаҳрвандони хориҷию ашхоси бетабааро кафолат медиҳад. Мутобиқи моддаи 1-и қонуни мазкур шаҳрвандон ҳақ доранд шахсан ё якҷоя бо дигарон, ё ба воситаи намояндагони ваколатдори худ ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва шахсони мансабдор, ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, ки ба салоҳияти онҳо ҳалли масъалаҳои дар муроҷиат ба миёнгузошташуда дохил мешаванд, муроҷиат намоянд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон” навъҳои зерини муроҷиатро таҳким мебахшад:
Пешниҳодот муроҷиати ба беҳбуди фаъолияти мақомоти давлатӣ ё иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо нигаронидашудаи шаҳрвандон аст.
Ариза муроҷиати шаҳрвандон бобати бартарафсозии ҳуқуқвайронкуниҳои ба онҳо маълумгашта ё хоҳиши амалисозии ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва ташкилотҳо мебошад.
Шикоят муроҷиат бо талаби барқарорсозии ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон аст, ки бо амал/беамалӣ, ё қарорҳои мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, ҳамчунин ашхоси мансабдори онҳо вайрон карда шудаанд.
Дар муроҷиатҳо бояд фамилия, ном, сурогаи шаҳрванд, моҳияти пешниҳодот, ариза ё шикоятҳо нишон дода шаванд. Муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном ва маълумотҳо оид ба ҷои истиқомат нестанд, ё онҳо бо воқеият мувофиқат намекунанд, анонимй (номаи номаълум) маҳсуб шуда, баррасӣ намегарданд. Шикоятҳо ва аризаҳои мувофиқи тартиботи муқарраршуда пешниҳодгардида бояд ҳатман баррасӣ шаванд. Рад кардани қабули шикоятҳо ва аризаҳо манъ аст.
Шаҳрванди бо шикоят ба мақомоти давлатӣ, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, корхона, муассиса, ташкилот муроҷиаткарда ҳақ дорад: ба шахси тафтишкунандаи шикоят далелҳоро шахсан баён созад; бо маводи тафтишот шинос шавад; маводи иловагӣ пешниҳод намояд ё дар бораи онҳоро талаб кардани мақомоти шикоятро баррасикунанда дархост кунад; аз хизмати адвокат ё шахси дигар истифода намояд; дар бораи натиҷаҳои баррасии шикоят ҷавоби хаттӣ гирад; мувофиқи тартиботи муқарраргардида ҷуброн кардани зарарро аз шахсони гунахкор талаб намояд; дар сурати розӣ нашудан бо қарори қабулшуда ба мақомоти судӣ шикоят кунад.
Муроҷиати шаҳрвандон дар мухдати як моҳ аз рӯзи ворид шуданашон ва муроҷиатҳое, ки омӯзишу тафтиши иловагиро талаб намекунанд, дар муддати на дертар аз 15 рӯз бояд баррасӣ гарданд. Дар ҳолатҳое, ки барои ҳалли ариза ё шикоят гузаронидани тафтиши махсус зарур аст, мӯхдати баррасӣ метавонад дароз карда шавад, вале он набояд аз ду моҳ зиёд бошад.
Шаҳрвандон барои додани аризаҳо ва шикоятҳои тӯҳматангезу таҳқиркунанда, ҳамчунин даъвои барангезандаи хусумати миллию динӣ ва дигар кирдорҳои мувофиқи тартиботи ҷиноятӣ ҷазододашаванда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон” таъқиби шаҳрвандон ба сабаби муроҷиат ва маҷбурсозии онҳоро барои иштирок дар амалҳои ҳимоякунандаи ягон муроҷиат манъ мекунад.
Кормандони мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо дар мавридҳои ғайриқонунӣ рад кардани баррасии муроҷиат; бе сабабҳои узрнок вайрон кардани мӯхдати баррасии муроҷиатҳо; қабули қарори асоснадоштаи мухолифи қонун; паҳн кардани маълумотҳои сирри давлатӣ ё ягон сирри дигар маҳсубшаванда, ё иттилооти бо қонун ҳимояшаванда дар бораи ҳаёти шахсии шаҳрвандон, инчунин дигар иттилоот, агар онҳо ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро махдуд созанд, гунаҳкор дониста, мувофиқи қбнунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Назорати риояи қонунгузорӣ дар бораи муроҷиати шаҳрвандон ба зиммаи Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи ӯ вогузошта шудааст.
Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: ҳуқуқи муроҷиат ва пешниҳод кардан, ариза додан, шикоят намудан.
Савол ва супоришҳо:
1.Ҳуқуқи муроҷиат кардан чист? Амалисозии ҳуқуқи мазкур барои инсон чӣ аҳамият дорад?
2.Оё шаҳрванди хориҷӣ ё ишхси бетабаа ҳуқуқи муроҷиат кардан доранд?
3.Навъҳои ба Шумо маълуми муроҷиат карданро номбар кунед. Мисолҳо биёред.
4.Кадом санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи муроҷиат карданро кафолат медиҳанд?
5.Фикр кунед ва мисолҳои муроҷиати инфиродию дастаҷамъиро оред.
6.Қонунгузории Тоҷикистон барои баррасии шикоят чӣ гуна мрҳлат муқаррар кардааст?
7.Ба фикри Шумо, одамон вақти пешниҳод кардани шикоят ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҳангоми баррасӣ ва баровардани қарор оид ба шикоят бо чӣ душвориҳое дучор омада метавонанд?