Ҳуқуқи иштирок дар маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, ва роҳпаймоиҳои осоишта
1.ҲУҚУҚИ ИШТИРОК ДАР ҶАМЪОМАДҲО, МАҶЛИСҲО, НАМОИШҲО ВА РОҲПАЙМОИҲОИ ОСОИШТА: МАФҲУМ, ХУСУСИЯТҲО. Ҳуқуқи иштирок дар маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта унсури муҳими ҳокимияти халқӣ, ҳуқуқи асосии сиёсии инсон ва шаҳрванд аст.
Ҳар инсон бояд имконият дошта бошад, ки фикри худро оид ба масъалаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ ба таври инфиродӣ ё дастаҷамъӣ чорабиниҳои гуногуни оммавӣ ташкил карда ва гузаронида ва дар онҳо иштирок карда, баён карда тавонад. Ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои оммавиро шаҳрвандон чи ба манфиати рушди шахсияти худ, худифшосозӣ ва чи барои иштироки фаъолонаи худ дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ амалӣ гардонда метавонанд.
Чорабиниҳои оммавиро чи шаҳрвандон ва чи мақомоти ҳокимияти давлатӣ метавонанд ташкил кунанд, бинобар ин онҳо, чун қоида, ҳадафҳои зерин доранд: ё дастгирии фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, ё эътироз ба амалҳо ва қарорҳои онҳо. Ҳамчунин онҳо бо мақсади ҷалб кардани таваччӯҳ ба масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатии шаҳрвандон, худи мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, барои ҳифзи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои табақаҳои гуногуни аҳолӣ гузаронида мешаванд. Чорабиниҳои мазкур ба ифодаи на танҳо ақидаҳои сиёсӣ дахл мекунанд, балки инчунин метавонанд талабҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дошта бошанд.
Бисёр вақт дар мамлакат чорабиниҳои оммавии барои тамоми аҳолӣ барҷаста гузаронида мешаванд, масалан, ҷашнвораҳо, зоДрӯзи ходимони илм ва фарҳанг, санаҳои воқеаҳои таърихӣ ва сиёсӣ, ки моҳияти фарҳангӣ-сиёсӣ доранд. Аммо дар параграфи мазкур сухан дар бораи чорабиниҳои ифодакунандаи фаъолияти сиёсии шаҳрвандон меравад.
Ҳуқуқи иштирок дар маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта дар худ инҳоро фарогир аст: 1) ҳуқуқи ташкили чорабинии оммавӣ ва иштирок дар он; 2) ҳуқуқи аз давлат талаб кардани пешниҳоди ройгони фазои кушод (кӯчаҳо, майдонҳо, боғҳо ва ғайра) барои гузаронидани чорабиниҳо, паҳн кардани иттилоот дар ВАО, ҳамкорихо дар ташкилу гузаронидани чорабиниҳо; 3) ҳуқуқ ба ҳимояи давлатӣ дар сурати зарурат.
Чорабиниҳои оммавиро дар шаклҳои гуногун гузаронидан мумкин аст, ки асоситаринашон инҳоянд: ҷамъомадҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, роҳпаймоиҳои осоишта, пикетҳо, манифестатсияҳо.
Маҷлис — иштироки якҷояи шаҳрвандон дар ҷои қаблан муайяншудаи ҷамъияти ва вақти қаблан муайянгардида барои муҳокимаи дастаҷамъӣ ва масъала.
Маҷлисҳо дар толорҳо, майдонҳо ва дигар ҷойҳо гузаронида мешаванд. Иштирокдорони ҷамъомад одатан қарор (резолютсия) кабул мекунанд.
Гирдиҳамои шакли муташаккилии ифодаи афкори ҷамъиятӣ, дастгирии оммавии қарорҳо, талабот ва дигар муроҷиатҳои шаҳрвандон аст, ки дар ҷой ва вақти қаблан муайяншуда гузаронида мешавад.
Гирдиҳамоиҳо барои муҳокимаи масъалаҳои муҳими ҷамъиятӣ, аз ҷумла сиёсӣ, дастгирии ягон талабот, изҳори ҳамраъӣ ё эътироз оид ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ташкил карда мешаванд. Гирдиҳамоиҳо дар ҷои муайян гузаронида шуда, дар онҳо ҳамаи хоҳишмандон метавонанд суханронӣ кунанд, нуқтаи назари хешро оид ба масъалаҳое, ки сабаби ин чорабинӣ шудаанд, баён доранд.
Намоиш шакли баёни муташаккилонаю оммави ва дастаҷамъонаю инфиродии афкор оид ба ҳама гуна масъалаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ аст.
Намоиш шакли нисбатан маъмули чорабиниҳои оммавӣ буда ва одатан оид ба ягон воқеаи муҳими хуш, ё барои баёни эътироз барпо гардида, роҳпаймоии оммавии намоишгарон бо шиорҳо, транспарантҳо ва плакатҳо аст. Одатан дар намоишҳо ҳазорон одамон иштирок мекунанд. Намоишҳо метавонанд бо гирдиҳамоиҳо огоз гарданд ва анҷом ёбанд. Яке аз гуногуннавъиҳои намоиш роҳпаймоӣ мебошад.
Роҳпаймои як навъи намоиш аст, ки бо роҳи ҳаракати шаҳрвандон бо маршрути қаблан муайншуда сурат мегирад.
Роҳпаймоӣ, чун қоида, шакли пиёда қадам зада, баён кардани фикру ақидаҳо аст, ки дар ин маврид гурӯҳи одамони ҳамфикри бо мақсади умумӣ муттаҳидшуда ба ҷои муайян, масалан, назди бинои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ё манбаи хатари экологӣ ва ғайра ҷамъ омада, ин ҷо ҷамъомади начандон калон мегузаронанд. Иштирокдорони роҳпаймой метавонанд ба мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ эътироз ё талабот пешниҳод кунанд, аз воситаҳои агитатсияи аёнӣ, асбобҳои аудиовизуалӣ истифода намоянд. Гуногуннавъии роҳпаймоиҳо гузаштан тавассути мавзеи аҳолинишин ва тамоми мамлакат аст.
Пикет шакли ошкоро баён кардани афкори дастаҷамъӣ ё инфиродии шаҳрвандон бо роҳи ҷойгирсозии онҳо дар назди объекти пикетшаванда мебошад.
Пикет гурӯҳи начандон калони одамон аст, ки бо плакатҳо ва транспарантҳо дар наздӣ ягон объект, аксаран дар назди бинои мақомоти ҳокимияти давлатӣ рост меистанд, мешинанд ва ё ба таври ҳалқашакл ҳаракат мекунанд. Бар фарқият аз дигар шаклҳо пикетро як одам ҳам карда метавонад. Гуногуннавъии махсуси ташкили пикет шаҳрчаи хаймагӣ аст.
Манифестатсия омезиши навъҳои гуногуни чорабиниҳои оммавӣ аст.
На ҳамеша ҷамъшавйи тасодуфии одамонро ҷамъомад ва аз ҷониби онҳо муҳокима шудани ягон масъаларо гирдиҳамоӣ номидан мумкин аст. Барои ин дар онҳо мавҷуд будани мақсадҳои якҷояи ҷамъиятӣ-сиёсӣ лозим аст. Ғайр аз ин дар хусуси чунин ҷамъомад бояд мақомоти ҳокимияти давлатӣ пешакӣ хабардор карда шаванд. Аммо дар баъзе ҳолатҳо одамони тасодуфан ҷамъшуда Метавонанд иштирокдори чунин чорабиниҳо шаванд. Масалан, соли 1961 дар шаҳри Берлин шаҳриён шоҳиди огози сохтмони девори Берлин гашта, ба он эътироз баён карданд ва ба ин тариқ, ташкилкунандагони ғайриихтиёрии гирдиҳамоии зидди бунёди ин девор гаштанд.
Ба андешаи Шумо, оё ҷамъшавии одамони мутаҳайир дар ҷои ба вукӯъ пайвастани садамаи нақлиётӣ дар роҳ, ё гурӯҳи шаҳриёнро, ки бегоҳӣ дар назди фаввораи муҷассамаи Исмоили Сомонй ҷамъ омада, истироҳат мекунанд, шакли оммавию ошкорои баёни афкор ҳисобидан мумкин аст? Ҷавоби худро далелнок созед.
Ҷамъомадҳои оммавии осоишта метавонанд ба масъалаҳои гуногуни ҳаёти байналхалқӣ бахшида шаванд. Чунин шакли чорабиниҳо аз нимаи дуюми асри XX маъмул гардиданд. Аҳолии бисёр мамлакатҳои ҷаҳон бо ин роҳ ба сиёсати ҷангҷӯёнаи ҳукуматҳои худ ё дигар давлатҳо эътироз баён мекунанд, ташаббусҳои ҷангҷӯёнаро маҳкум месозанд ва муборизаи халқҳои мамлакатҳои гуногунро барои истиқлодият дастгирӣ мекунанд.
Қуқуқи озодии ҷамъомадҳои осоишта дар ҳуҷҷатҳои асосии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон таҷассум ёфтаанд. Чунончи, ҳуқуқи мазкурро моддаи 20-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар таҳким бахшидааст, онро Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрандӣ ва сиёсӣ низ кафолат медиҳад, ки дар моддаи 21-умаш омадааст: “Ҳуқуқ ба ҷамъомадҳои осоишта эътироф карда мешавад”.
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Трҷикистон низ ҳуқуқи иштироки ҳар касро дар ҷамъомадҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта кафолат додааст.
Шаҳрванд ҳақ дорад дар маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш, роҳпаймоии осоишта, ки қонун муқаррар кардааст, ширкат варзад. Ҳеҷ касро ба нн тадбирҳо маҷбуран ҷалб кардан мумкин нест.
Моддаи 29-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳуқуқи иштирок дар ҷамъомадҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта бар фарқият аз дигар ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ на танҳо ба шаҳрвандони мамлакат тааллуқ дорад, балки онро шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бетабаа низ метавонанд амалӣ гардонанд. Ҳуқуқи мазкур мутлақ набуда, онро метавон танҳо дар асоси қонун маҳдуд кард.
2.ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ИШТИРОК ДАР ҶАМЪОМАДҲО, ГИРДИҲАМОИҲО, НАМОИШҲО ВА РОҲПАЙМОИҲОИ ОСОИШТА. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба гузаронидани ҷамъомадҳои осоишта бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта” (соли 1998) ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ кафолат дода шудааст.
Мутобиқи моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта” шаҳрвандон ҳақ доранд дар маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоиштаи муқарраркардаи қонун иштирок намоянд. Ҳеҷ касро ба ин тадбирҳо маҷбуран ҷалб кардан мумкин нест. Тибқи моддаи 4-и қонуни мазкур шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бетабаа аз озодии иштирок дар намоишҳо баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонуни мазкур, ба истиснои ҳолатҳои пешбиникардаи қонунгузории амалкунанда, истифода Мебаранд. Масалан, ба чунин ҳолатҳои истисноӣ манъи истифодаи васоити моддӣ-техникӣ ва пулии шаҳрвандони хориҷӣ барои таъмини гузаронидан ва маблағгузории намоишҳо дохил мешавад.
Мувофиқи моддаи 6-и қонуни мазкур ташкилотчиёни ҷамъомадҳои осоишта метавонанд ҳар шаҳрванд ё гурӯҳи шаҳрвандон, ҳамчунин ҳизби сиёсӣ ё иттиҳодияи ҷамъиятӣ бошанд. Ашхоси аз ҷониби суд ғайри қобили амал ё қисман ғайри қобили амал эътирофшуда, ҳамчунин ашхоси дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрукшудагон нигоҳдошташаванда ташкилотчиёни намоишҳо шуда наметавонанд.
Кудакони ноболиғ ва хурдсоли ҳамроҳи волидонашон дар ҷамъомадҳои оммавии осоишта иштироккунанда, албатта, ба ташкили чунин чорабиниҳо ҳақ надоранд. Вале бо вуҷуди ин давлат вазифадор аст, ки амнияти онҳоро таъмин намояд.
Ба фикри Шумо, оё хизматчиёни давлатӣ ҳақ доранд, ки дар ҷамъомадҳои осоишта иштирок кунанд?
Ташкилотчиёни ҷамъомадҳои осоишта вазифадоранд, ки дар ин хусус на дертар аз 15 рӯзи санаи муайяншуда роҳбарияти вилоят, шаҳр, ноҳияро дар бораи гузаронидани чунин чорабинӣ ба таври хаттӣ хабардор созанд.
Намоишҳоро аз соати 8 то соати 20 дар ҳама ғуна ҷойҳои барои ин мақсад имконпазир, ба истиснои ҷойҳое, ки истифодаи онҳо махдуд ё манъ карда шудааст, гузаронидан мумкин аст. Мувофиқи моддаи 10-и қонуни зикршуда ҷойҳое, ки гузаронидани намоишҳо дар онҳо манъ аст, инҳо шуда метавонанд: ҳудудҳо, биноҳо, иншооте, ки амнияти шаҳрвандонро таъмин намекунанд; ҷойҳои наздики истеҳсолот ва иншооти хатаровару зарарнок; ҷойҳои пайвасти роҳҳои оҳан ва роҳҳои мошингард, пулҳо, пулҳои болои ҳам, хатҳои ҷудосозандаи роҳҳои оҳан, хатҳои нафту газгузар ва хатҳои барқи баландшиддат, истгоҳҳои барқӣ, объектҳое, ки дар онҳо хавфи сӯхтору таркиш калон аст; ёдгориҳои таърих ва фарҳанг, қабристонҳо ва иншооти динӣ, мамнӯъгоҳҳо, парваришгоҳҳо ва боғҳои миллӣ, зиёратгоҳҳо.
Гузаронидани намоишҳо дар назди биноҳое, ки дар онҳо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҷойгир шудаанд, ба кори мӯътадили ин мақомот набояд халал расонанд.
Дар қонун ҳуқуқҳо ва вазифаҳои ташкилотчиёни ҷамъомадҳои осоишта, боздоштан ва анҷом додани намоишҳо бо талаби намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ, иштироки ихтиёрии шаҳрвандон дар намоишҳо, таъмини шароитҳо барои гузаронидани намоишҳо, кафолатҳои ҳуқуқии шаҳрвандон бобати озодона баён кардани фикри худ ҳангоми гузаронидани намоишҳо ва ҷавобгарӣ барои вайрон кардани тартиби ташкилу гузаронидани намоишҳо нишон дода шудаанд.
Ҷамъомадҳои оммавие осоишта ҳисобида мешаванд, ки моҳияти зӯроварона надоранд ва ба чунин амалҳо водор намесозанд. Дар вақти гузаронидани намоишҳо ба иШтирокдорони он ҳамроҳи худ доштани силоҳ, чизҳои махсус тайёркарда ё мувофиқгардонидашудае, ки онҳоро бар зидди ҳаёт ва саломатӣи одамон, инчунин зараррасонй ба моликияти корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандон истифода кардан мумкин аст, манъ карда мешавад. Бояд гуфт, ки ащёи ҳифзкунандаи бадан ва либос, масалан, тоскулоҳ, айнакҳои муҳофизатй, дастпушакҳо ва ғайра силоҳ ҳисобида намешаванд.
Дар вақти гузаронидани намоиш иштирокдорони он бояд тартиботи ҷамъиятӣ ва тартиби муқарраркардаи ташкилотчиёни намоишро риоя кунанд. Дар сурати вайрон карда шудани тартибот аз ҷониби як нафар ё гурӯҳи одамон онҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешавақц, вале ин чунин маънӣ надорад, ки бетартибиҳо сар шудаанд, яъне моҳияти осоиштагии ҷамъомад ё намоиш ба ин сабаб тағйир намеёбад. Дар ҳама ҳолат давлат вазифадор аст ҳимояи иштирокдорони ҷамъомади осоишта ва онҳоеро, ки дар чунин ҷамъомад иштирок надоранд, таъмин намояд. Нигоҳдории тартибот дар вақти чорабиниҳои оммавӣ ба зиммаи мақомоти корҳои дохилӣ ва ташкилкунандагони чорабинӣ вогузощта мешавад.
З.МАҲДУДИЯТҲОИ ҲУҚУҚИ ИШТИРОК ДАР МАҶЛИСҲО, ГИРДИҲАМОИҲО, НАМОИШҲО ВА РОҲПАЙМОИҲОИ ОСОИШТА. Амалисозии ҳуқуқ ба чорабиниҳои оммавӣ бо маҳдудиятҳои муайян алоқаманд аст. Вай набояд ҳуқуқ ва озодиҳои дигар одамонро халалдор созад. Истифодаи ҳуқуқи мазкур барои зӯран дигаргун намудани сохти конститутсионӣ, барангехтани бадбиний нажодӣ, миллӣ, динӣ, тарғиби зӯроварӣ ва ҷанг манъ аст.
Мувофиқи моддаи 15-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта” гузаронидани чорабинии оммавӣ дар ҳолатҳои муайян манъ карда мешавад:
1)агар мақсадҳои намоиши дар назарбуда тарғиби амал ва ё худи амал бо Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуда бошанд;
2)агар гузаронидани он дар ҷое ба нақша гирифта шавад, ки қаблан барои гузаронидани чорабинии дигар дархост шудааст, инчунин вақте ки қаблан барои гузаронидани чорабинии дигар дархост шудаасг, ё дар ҳоле, ки барои гузаронидани намоишҳо манъ ё махдуд карда шудааст;
3)агар он барои ҳаракати нақлиёт ва шаҳрвандон халали рафънашаванда расонад ё расонида тавонад, ё ба боздошта шудани кори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои марбут ба таъмини ҳаёти аҳолӣ хавф дошта бошад;
4)агар он барои ҳаёт, саломатӣ ва амнияти шаҳрвандон таҳдиди воқеӣ ба бор орад, ҳамчунин ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии онҳоро халалдор созад;
5)агар он бо вайрон кардани муқаррароти қонуни мазкур гузаронида шавад.
Аммо аз болои қарори мақомоти давлатӣ дар бораи манъ кардани гузаронидани ҷамъомади осоишта мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд шикоят кардан мумкин аст. Чунин шикоятро суд бояд дар бадали се рӯз баррасӣ намояд.
Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: ҷамъомад, маҷлис, гирдиҳамоӣ, маҷлис, намоиш, роҳпаймоӣ, пикет, манифестатсия.
Савол ва супоришҳо:
1.Ҳуқуқи иштирок дар маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта чӣ маънӣ дорад? Барои шаҳрвандон амалисозии ин ҳуқуқ чӣ аҳамият дорад?
2.Оё шаҳрвандони хориҷӣ ҳуқуқ доранд, ки дар ҷамъомадҳои осоишта ииипирок кунанд?
3.Шаклҳои ба Шумо маълуми гузаронидани чорабиниҳои оммавиро номбар кунед. Шарҳ диҳед, ки маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, пикетҳо аз ҳамдигар бо чӣ фарқ мекунанд?
4.Кадом санадҳои ба Шумо маълуми байналмилалӣ ва миллӣ ҳуқуқи ҷамъомадҳои осоиштаро кафолат медиҳанд?
5.Ба фикри Шумо, барои чӣ ташкилотчиёни намоишҳо вазифадоранд, ки мақомоти ҳокимияти давлатиро дар хусуси гузаронидани чунин чорабинӣ пешакӣ хабардрр намоянд?
6.Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кадом ҷойҳо гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ манъ аст?
7.Оё ҳуқуқҳои шаҳрвандонро бобати иштирок дар маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта маҳдуд кардан мумкин аст?