Ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа
1.ҲУҚУҚИ ИШТИРОК ДАР ҲАЁТИ ФАРҲАНГИИ ҶОМЕА ВА ШАКЛҲОИ ИСТИФОДАИ ОН. Ҳар кас, сарфи назар аз мансубияти шаҳрвандӣ, ҳуқуқи иштирок кардан дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа, истифодаи муассисаҳои фарҳангӣ ва дастрасӣ ба арзишҳои фарҳангӣ дорад.
Иштирок дар ҳаёти фарҳангӣ шаклҳои васеи вобастагй ба онро асоснок гардонида, ҷаҳони маънавии ҳар одамро ганӣ мегардонад.
Стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти фарҳангиро таҳким мебахшанд. Мувофиқи моддаи 27-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар “ҳар як инсон ҳақ дорад, ки дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа озодона ширкат варзад, аз ҳунар баҳра барад, дар пешрафти илм саҳм гирад ва аз дастовардҳои он истифода намояд. Ҳар як инсон ба ҳифзи манфиатҳои моддию маънавии худ, ки самараи корҳои илмӣ, адабй ё ҳунарии ӯ мебошанд, ҳақ дорад”. Моддаи 15-и Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ низ ҳуқуқҳои зерини ҳар касро эътироф мекунад: а) иштирок дар ҳаёти фарҳангӣ; б) баҳрабардорӣ аз натиҷаҳои пешрафти илмӣ ва истифодаи амалии онҳо; в) истифода аз ҳифзи манфиатҳои маънавию моддӣ, ки вобаста ба ҳама гуна осори илмӣ, адабй ё бадеӣ ба миён меоянду вай муаллифи онҳост.
Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳуқуқи иштироки озодонаро дар ҳаёти фарҳангӣ кафолат медиҳанд.
Ҳар шахс ҳақ дорад озодона дар хаёти фарҳангии ҷаъияти ва эҷодӣ бадеӣ илми техникӣ ширкат варзад, аз дастовардхои онҳо истифода кунад. Сарватҳои фархангӣ ва маънавиро давлат ҳимоя мекунад. Моликияти зеҳнӣ дар химояи қонун аст.
Моддаи 40-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фар- ҳанг” (соли 1997) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз баромади иҷтимоӣ, мансубияти нажодӣ ва миллӣ, ҷинс, забон, таҳсилот, эътиқод, вазъи иҷтимоию амволӣ, навъи шугл ҳуқуқҳои зерин доранд: 1) истифодаи озодона аз дастовардҳои фарҳанги умумимиллӣ ва умумиба- шарӣ; 2) мутобиқи шавқмандиҳо ва лаёқатмандиҳои худ машғул шудан бо ҳамаи навъҳои фаъолияти эҷодии касбӣ ва ғайрикасбӣ (ҳавасмандӣ); 3) соҳибият ба моликияти зеҳнӣ, нигоҳдории асрори маҳорати худ, озодо- на ихтиёрдорӣ карда- ни дастовардҳои хеш; 4) озодона исти- фода кардани арзи- шҳои маънавӣ, эсте- тикӣ ва ғайра ва доштани дастгирии давлатӣ дар ҳифзи фарҳанги миллии худ; 5) озодона исти- фода кардан аз сар- ватҳои фарҳангии худ, фондҳои китоб- хонаҳо, осорхонахо ва бойгониҳои дав- латй; 6) бе маҳдуди- яг гирифтани таҳсилоти гуманигарӣ ва бадеӣ, озодона интихоб кардани шаклу усулҳои таҳсил; 7) гамхорй кардан барои нигоҳдории мероси гу- зашта ва дастовардҳои ҳозираи фарҳангӣ; 8) соҳиби хусусии авмоле бу- дан, ки аҳамияти таърихию фарҳангӣ доранд, коллексияҳо ва мавод, би- ноҳо ва иншоот, муассисаҳо, корхонаҳо ва дигар объектҳои фарҳангӣ; 9) бо мақсади офаридани арзишҳои фарҳангӣ таъсис додани ташкилотҳо, муассисаҳо, корхонаҳо, ассосиатсияҳо, иттифоқҳои эҷодй ва дигар итти- ҳодияҳои ҷамъиятӣ; 10) ошкоро манзур кардани натиҷаҳои фаъолияти эҷодии худ дар хориҷа; 11) амалисозии фаъолияти фарҳангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар бо дар назардошти қонунгузории ин давлатҳо.
Барои амалисозии ҳуқуқ ва озодиҳои фарҳангӣ муассисаҳо ва ташкилотҳои фарҳангӣ мавҷуданд. Инсон ҳақ дорад дар фаъолияги муассисаи фарҳангӣ ширкат варзад ё аз фаъолияти эҷодии он ҳаловат бубарад.
Ҳар кас метавонад аз арзишҳои фарҳангӣ истифода кунад. Моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фарҳанг” номгуи онҳоро таҳким бахшидааст. Ба арзишҳои миллӣ-фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозёфтҳои археологй, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, коллексияи ашёи қадимӣ ва асарҳои санъат, аз ҷумла расмҳо, мусаввараҳо, асарҳои ҳайкалтарошй, топонимҳои аҳамияти таърихӣ дошта, асарҳои ороишй, нашрҳои дастхатй, осори қадимй, дастнависҳои муаллифон, литографияҳо, ҳуҷҷатҳои таърихӣ, асарҳои нодир, марқадҳои шахсиятҳои маъруф, богҳо, манзараҳои табиии аҳамияти таърихӣ дошта ва ғайра мансубанд.
Тарғибу ташвиқи мероси миллӣ-фарҳангӣ ва дастовардҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи муассисаҳои театрию намоишӣ ва консертй, кино ва муассисаҳои тарғиботи видеоӣ, китобхонаҳо, бойгониҳо, клубҳо, хонаҳои маданият, богҳои фарҳангу истироҳат, марказҳои фарҳангӣ-фарогатӣ, толорҳои намоиш, осорхонаҳо, мамнӯъгоҳҳои таърихию табиӣ, радио ва телевизион, иттифоқҳои эҷодӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии коркунони (ходимони) фарҳанг ва санъат, марказҳои илмӣ- техникӣ, марказҳои беруназмактабии фарҳангӣ-фароғатй, идораҳои рузномаву маҷаллаҳо, нашриётҳо ва ғайра мебошад.
Барои ҳар одам боздид аз осорхона, истифода аз китобхона ва бойгониҳо ихтиёрй аст. Дар муассисаҳои фарҳангӣ барои гирифтани маълумот, ҷамъоварии хар гуна мавод шароитҳои зарурӣ мавҷуданд. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ҳангоми иштирок дар ҳаёти фарҳангӣ одам вазифадор аст, ба қоидаҳо ва тартиботи дохилии муассиса итоат кунад.
2.ҲУҚУҚИ ИНСОН БА ДАСТОВАРДҲОИ ИЛМӢ-ТЕХНИКӢ. Имрӯз ягон соҳае нест, ки дар он дастовардҳои илм ва техника истифода нашавад. Шаҳодати он телевизорҳо, компютерҳо, дастгоҳҳои видео ва аудио, телефонҳои мобилӣ, антеннаҳои телевизионии маснӯӣ, ҳуҷҷатҳои электронй ва ғайра мебошанд. Истифодаи дастовардҳои илмӣ ба миллионҳо одамон кӯмак карда, кори онҳоро осон мегардонад. Одамон дар муддати кӯтоҳтарин метавонанд бо ҳамдигар гуфтугӯ кунанд, ба якдигар маълумотҳои заруриро расонанд, бо ёрии Интернет иттилооти гуногун пайдо карда, онро истифода намоянд.
Мисолҳои ба Шумо маълуми дастовардҳои илм ва техникаро оред.
Дар натиҷаи истифодаи дастовардҳои илм ва техника одам метавонад сатҳи дониши худро баланд бардорад, аз маводи Интернет истифода карда (ҳуқуқи таҳсил) маълумотҳои гуногунро фаҳмад (ҳуқуқ ба иттилоот), мукотибаи электронӣ дошта бошад (ҳуқуқ ба ҳаёти шахсӣ) ва дигар навъҳои истифодаи ҳуқуқҳои худро таъмин намояд. Ҳамчунин таъсири дастовардҳои илм ва техника ба муҳити зист (проблемаҳои экология), вазъи саломатӣ (пешгирии бемориҳои гуногун) ба мушоҳида мерасад.
Одам офарандаи ҳамаи ин воситаҳо буда, метавонад на танҳо истифодаи муваффакона ва оқилонаи онҳоро дар хоҷагй, ҳамчунин роҳ надодан ба вайрон кардани ҳуқуқҳои инсон таъмин намояд.
Тарғиби иттилоот ва паҳн кардани асарҳое, ки ба зуран сарнагун сохтани сохти конститутсионӣ, ҷангу зӯроварӣ, бераҳмй, бадбинии миллию динӣ даъват мекунанд ва шаъну эътибори миллиро паст зада, порнография ва бадахлоқиро ташвиқ мекунанд, манъ аст. Маҳдуд ва манъсозии истифодаи мероси фарҳангӣ, фаъолияти фарҳангӣ ва дастовардҳои он бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
3. МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ ВА ҲИМОЯИ ОН. Озодии эҷодиёти бадеӣ, илмӣ ва диғар навъҳои эҷодиёт бо озодии сухан ва матбуот алоқаманданд, зеро танҳо сухани муаллиф аҳамияти иҷтимоӣ ва арзишмандии асарро муайян мекунад, ё сухан сабаби маҳдудияти ҳуқуқи ӯ мегардад. Озодии эҷодиёт аз ҷониби давлат маҳдуд карда намешавад, зеро он натиҷаи меҳнати шахсии ҳар инсон аст. Бо ҳамин асосҳо давлат набояд ба фаъолияти эҷодии шаҳрванд халал расонад ва сензураи давлатӣ мукаррар намояд.
Мутобиқи моддаи 13-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фарҳанг” Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти эҷодиро эътироф мекунад ва ба озодии фаъолияти эҷодӣ дахолат намекунад. Давлат фаъолияти эҷодиро дастгирй мекунад ва ба инкишофи он ёрии моддӣ ва маънавӣ мерасонад, эҷодиётро аз дахолати ташкилотҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ҳизбҳо ҳифз менамояд, ба амалишавии ғояҳои эҷодӣ кӯмак мекунад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инкишофи ҳамаи навъҳои фаъолияти эҷодии касбӣ ва ғайрикасбӣ (ҳавасмандӣ), эҷодиёти театрӣ, мусиқӣ, санъати тасвирӣ, санъати кино, сирк, телевизион, радио, эҷодиёти анъанавии касбӣ, фаъолияти эҷодии устоҳои халқӣ ва ғайра шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда мешаванд.
Моликияти зеҳнӣ ҳуқуқҳои шахсии молумулкӣ ва ғайримолумулкие мебошанд, ки ба натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ, инфиродигардонии воситаҳои иштирокдорони аҳдҳои шаҳрвандӣ, маҳсулоти шахсӣ, корҳо ё хизматрасониҳо, чун объектҳои дигар, баробар дониста шудаанд.
Тибқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба объектҳои моликияти зеҳнӣ инҳо мансубанд: 1) натиҷаҳои фаъолияти эҷодии зеҳнӣ: асарҳои илмӣ, санъат ва адабиёт, аз ҷумла барномаҳо барои мошинҳои электронии ҳисоббарор, барномаҳои компютерӣ ва маҷмӯи маълумот; иҷро намудан, фонограммаҳо, ташкили намоиши эфирӣ ё намоиши кабелй, ихтироот, моделҳои муфид, намунаҳои саноатй, дастовардҳои селексионй, топологияи микросхемаҳои интегралӣ: маълумоти дорои сирри хизматй ё тиҷоратӣ; 2) воситаҳои фардикуноний иштирокдорони ахдҳои шаҳрвандӣ, молҳо, корҳо ва хизматрасонӣ, номи фирмавй: тамғаи
мол ва тамгаи хизматрасонӣ; номи маҳали истеҳсоли мол ва нишондодҳои истеҳсолӣ; 3) натиҷаҳои дигари фаъолияти зеҳнӣ ва воситаҳои фардикунонии ба онҳо баробаркардашуда, ки мутобиқи қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд.
Вақте сухан дар бораи моликияти зеҳнӣ меравад, пеш аз ҳама ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳуқуқи патентй дар назар аст.
Ба фикри Шумо, моликияти зеҳнӣ чӣ тавр ҳифз карда мешавад?
Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти фарҳангӣ, арзишҳои фарҳангӣ, моликияти зеҳнӣ.
Савол ва супоришҳо:
1.Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фарҳанг » кадом ҳуқуқҳои фарҳангӣ номбар карда шудаанд?
2.Дастрасӣ ба арзиилҳои фарҳангӣ чӣмаънӣ дорад? Арзишҳои фарҳангӣ чист?
3.Дарромани Иван Ефремов “Таиси Афинӣ»муколамаи Искандари Мақдунӣ ва ҳамсафи ӯ Птоломей, ки шоҳони Мисрро тобеъ сохта буд, оварда шудааст: «Птоломей пай бурд, ки истилогарон ин ё он мамлакатро тобеъ сохта, дар навбати аввал мероси фарҳангӣ — таърихии онро нобуд месозанд. Ӯсабаб пурсид. Искандари Мақдунӣ ҷавоб дод: “Мероси фарҳангӣ халқро рӯҳбаланд месозад, мо онро нест карда, рӯҳи шикастнопазири халқро, ки барои ҳифзи мамлакати худ ҷонашро ҳам дарег намедорад, барҳам мезанем. Дар ҷои вайрона муҳаббат ба халқи худ, ба гузаштаи худ, ба корнамоию қаҳрамонӣ ва ҷонфидоии шаҳрвандӣ пайдо намешавад. Халқ гузаштаи шуҳратёри худро фаромӯш карда ва ба тӯдаи беҳунар табдил ёфта, дар ҳеҷ хусус фикр накарда, фақат гами шиками худро мехӯрад «,
Оё Шумо мисолҳои вайрон карда шудани ёдгориҳои таърихро оварда, сабабҳои онро шарҳ дода метавонед?
4.Моликияти зеҳнӣ чист?