Ҳуқуқҳои инсон ва давлати ҳуқуқбунёд
1.ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД: МАФҲУМ, УНСУРҲО, АЛОМАТҲО. Ғояҳои инсондӯстӣ, адолатнокй, зарурати эътироф ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон барои пайдоиш ва инкишофи назарияи давлати ҳуқуқбунёд муайянкунанда ғаштанд. Проблемаи давлати ҳуқуқбунёд, ки бисёр вақт бо номҳои “давлати қонунгузорӣ”, “давлати тартиботи ҳуқуқӣ” ва ғайра низ ёд мешавад, таваҷҷӯҳи одамони пешқадам, мутафаккирони рӯшанфикри дунёи қадим, асрҳои миёна ва замони ҳозираро ҳамеша ба худ ҷалб мекард ва мекунад. Ғояҳоро дар хусуси нақши қонун дар давлат, таносуби қонун ва ҳокимияти давлатӣ ҳанӯз Афлотун, Арасту, Полибий, Сисерон, Сенека ва дигар файласуфон баён кардаанд. Чунончи, Афлотун навиштааст: “Ман фанои давлатеро мебинам, ки дар он қонун қувва надорад ва зери ҳокимияти кадомест. Он ҷое, ки қонун фармонфармои ҳокимон аст ва онҳо ғуломони қонунанд, ман наҷоти давлат ва ҳама гуна хайру саховатро мебинам, ки худоҳо метавонанд ба давлат ато бикунанд”.
Арасту таъкид мекард, ки “қонун бояд ба ҳама ҳукмронӣ кунад”, арбоби сиёсии Рим Сисерон низ принсипи ҳуқуқиеро баён карда буд, ки тибқи он бояд ҳама “зери таъсири қонун қарор мегирифтанд, набалки танҳо баъзе шаҳрвандони алоҳида”.
Ғояҳои давлати ҳуқуқбунёд дар асрҳои ХУШ-ХХХ дар асарҳои Ҷ.Локк, Ш.Л.Монтеске, Ж.Ж.Руссо, И.Кант ва олимони диғар инкишоф дода шуданд. Чунончи, файласуфи бузурги немис Иммануил Кант барои давлат зарурати такя овардан ба қонун ва тибқи он амал кар- данро таъкид намудааст. Ба гуфтаи Кант, давлат ба сифати иттиҳоди одамони зиёди тобеи қонун баромад карда, он ҷо қоидае амал мекунад, ки тибқи он қонунбарор нисбати халқ он чиро, ки худи халқ нисбати хеш ба ҷо намеорад, ҳал карда намета- вонад. Агар давлат худро аз принсипи мазкур, аз риояи ҳуқуқу озодиҳо канор гирад ва ҳимояи қонунҳоро таъмин накунад, вай ногузир эҳтирому боварии шаҳрвандони худро аз даст медиҳад, онҳоро ба шуғлҳои нисбати худ дар мавқеи мухолиф қароргирифта водор месозад.
Файласуфон ва ҳуқуқшиносони замони ҳозира давлати ҳуқуқбунёдро чун давлати демократие баррасӣ мекунанд, ки дараҷаи баланди рушди тамаддуни инсониро шиори худ қарор додааст. Ифодаи “давлати ҳуқуқбунёд” маънии робитаи зичи давлат ва ҳуқуқро дорад. Давлати ҳуқуқбунёд давлатест, ки ба ҳуқуқ такя мекунад, дар он волоияти қонун пурра таъмин мегардад.
Давлати ҳуқуқбунёд давлатест, ки дар фаъолияти худ бо ҳуқуқ (қонун) вобаста ва маҳдуд аст.
Волоияти ҳуқуқ дар давлати ҳуқуқбунёд маънои волоияти на танҳо қонунҳо, балки ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро низ дорад, аз ин рӯ на ҳамаи давлатҳоро ҳуқуқбунёд номидан мумкин аст. Дар давлати ҳуқуқбунёд одам арзиши олитарин маҳсуб мешавад, ҳуқуқу озодиҳои ӯ афзалият дошта, мундариҷаи қонунҳо ва фаъолияти мақомоти давлатиро муайян мекунанд. Давлати ҳуқуқбунёд комилан инсондӯстона аст.
Ҳуқуқу озодиҳои инсон унсури аввалиндараҷа ва кафолатнокию ҳимояи онҳо аломати муҳимтарини давлати ҳуқуқбунёд аст. Дигар Арасту таъкид мекард, ки “қонун бояд ба ҳама ҳукмронӣ кунад”, арбоби сиёсии Рим Сисерон низ принсипи ҳуқуқиеро баён карда буд, ки тибқи он бояд ҳама “зери таъсири қонун қарор мегирифтанд, набалки танҳо баъзе шаҳрвандони алоҳида”.
Ғояҳои давлати ҳуқуқбунёд дар асрҳои ХУШ-ХХХ дар асарҳои Ҷ.Локк, Ш.Л.Монтеске, Ж.Ж.Руссо, И.Кант ва олимони диғар инкишоф дода шуданд. Чунончи, файласуфи бузурги немис Иммануил Кант барои давлат зарурати такя овардан ба қонун ва тибқи он амал карданро таъкид намудааст. Ба гуфтаи Кант, давлат ба сифати иттиҳоди одамони зиёди тобеи қонун баромад карда, он ҷо қоидае амал мекунад, ки тибқи он қонунбарор нисбати халқ он чиро, ки худи халқ нисбати хеш ба ҷо намеорад, ҳал карда наметавонад. Агар давлат худро аз принсипи мазкур, аз риояи ҳуқуқу озодиҳо канор гирад ва ҳимояи қонунҳоро таъмин накунад, вай ногузир эҳтирому боварии шаҳрвандони худро аз даст медиҳад, онҳоро ба шуғлҳои нисбати худ дар мавқеи мухолиф қароргирифта водор месозад.
Файласуфон ва ҳуқуқшиносони замони ҳозира давлати ҳуқуқбунёдро чун давлати демократие баррасӣ мекунанд, ки дараҷаи баланди рушди тамаддуни инсониро шиори худ қарор додааст. Ифодаи “давлати ҳуқуқбунёд” маънии робитаи зичи давлат ва ҳуқуқро дорад. Давлати ҳуқуқбунёд давлатест, ки ба ҳуқуқ такя мекунад, дар он волоияти қонун пурра таъмин мегардад.
Волоияти ҳуқуқ дар давлати ҳуқуқбунёд маънои волоияти на танҳо қонунҳо, балки ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро низ дорад, аз ин рӯ на ҳамаи давлатҳоро ҳуқуқбунёд номидан мумкин аст. Дар давлати ҳуқуқбунёд одам арзиши олитарин маҳсуб мешавад, ҳуқуқу озодиҳои ӯ афзалият дошта, мундариҷаи қонунҳо ва фаъолияти мақомоти давлатиро муайян мекунанд. Давлати ҳуқуқбунёд комилан инсондӯстона аст.
Ҳуқуқу озодиҳои инсон унсури аввалиндараҷа ва кафолатнокию ҳимояи онҳо аломати муҳимтарини давлати ҳуқуқбунёд аст. Дигар унсурҳо ва аломатҳои хоси чунин давлат дар асоси онҳо муайян мешаванд.
Давлати ҳуқуқбунёд аз чунин унсурҳои асосӣ таркиб меёбад: афзалиятнокии ҳуқуқҳои инсон, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, тақсимшавии ҳокимият.
Ба унсурҳои зикршуда чунин аломатҳои давлати ҳуқуқбунёд мутобиқат мекунанд:
волоияти ҳуқуқҳо дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти ҳаётӣ;
эътироф ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
тақсимшавии ҳокимият ба қонунбарор, иҷроия ва судӣ ва назорати судӣ-конститутсионӣ;
масъулиятнокии байниҳамдигарии шаҳрвандон ва давлат.
Давлати ҳуқуқбунёд пеш аз ҳама волоияти қонун, нуфузи он ва аз ҷониби ҳамаи мақомоти давлатӣ, ашхоси мансабдор, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, коллективҳо ва шаҳрвандон қатъиян риоя шудани қонунро дар назар дорад. Дар давлати ҳуқуқбунёд дар назди қонун ва суди мустақил ҳама баробаранд. Қонунҳо ба адолат асос ёфта, ба ҳимояи озодӣ, шаъну эътибор ва қадру қимати шахсият нигаронида шудаанд.
Дар давлати ҳуқуқбунёд ҳуқуқу озодиҳои инсон эътироф гардида ва кафолат дода мешаванд, дар асоси ташкили ҳокимияти давлатӣ принсипи тақсимшавӣ ба ҳокимиятҳои қонунбарор, иҷроия ва судӣ меистад. Давлати ҳуқуқбунёди замони ҳозира давлати демократиест, ки дар он иштироки халқ дар амалисозии ҳокимият (бевосита ё тавассути намояндагон) таъмин мегардад ва ин дараҷаи баланди фарҳанги ҳуқуқию сиёсии аҳолӣ, ҷомеаи рушдёфтаи шаҳрвандиро тақозо мекунад. Дар давлати ҳуқуқбунёд имконияти дар доираи қонун ҳимоя кардан ва ташвиқу тарғиб намудани ақидаву эътиқодҳои худ кафолат дода мешавад, ки ин аз ҷумла дар ташаккулёбй ва амал кардани ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дар озодии матбуот ва ғайра ифодаи худро меёбад.
Давлати ҳуқуқбунёд масъулиятнокии байниҳамдигарии шаҳрвандон ва давлатро дар назар дорад. Ифодаи масъулиятнокии давлат дар назди шаҳрвандон нигаҳдорй ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, муҳофизати тартиботи ҳуқуқӣ ва қонуният мебошад. Масъулиятнокии шаҳрванд дар назди давлат бо ӯҳдадориҳои конститутсионии вай муайян мешавад, ки байни онҳо муҳимтаринашон риояи қонунҳо ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳо мебошанд.
2.КАФОЛАТНОКИИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН — АЛОМАТИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД. Давлати ҳуқуқбунёд на танҳо қонунияти расмиест, ки нигаҳдошти тартибОти ҳуқуқиро дар ҷомеа таъмин мекунад, балки адолати ба эътирофу эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон асосёфта мебошад. Ҳуқуқҳои инсон ва давлати ҳуқуқбунёд зуҳуроти ба ҳам вобастаанд ва яке ба дигаре вуҷуд дошта наметавонад.
Эътироф, риоя ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон вазифаи асосӣ ва аломати муҳимтарини маҳз давлати ҳуқуқбунёди демократӣ мебошад. Дар таърихи инсоният ягон давлати дигар ба худ чунин ӯҳдадориҳо нагирифтааст. Чунончи, масалан, дар давлатҳои гуломдорӣ ва феодалӣ эътирофу таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон имконнопазир буд. Онхо танҳо дар Замони нав, дар шароити пойдории ғояҳои инсондӯстӣ, ҳамраъйй, қонуният, демократикунонии муттасили ҷомеа ва барқарории давлати ҳуқуқбунёд ба таври воқеӣ имконпазир гаштанд.
Бинобар ин конститутсияҳои бисёр давлатҳои демократии замони ҳозира ғояҳои давлати ҳуқуқбунёдро таҳким бахшидаанд. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумурии Тоҷикистон низ давлатро ҳуқуқбунёд эълон кардааст. Тибқи моддаи 1-и Конститутсия “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявй ва ягона мебошад”. Давлат ба худ ӯҳдадориҳои риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрвандро мегирад.
3.ПРИНСИПИ ТАҚСИМШАВИИ ҲОКИМИЯТ ВА ТАЪМИНИ ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН. Фаъолияти мақомоти давлати ҳуқуқбунёд ба принсипи тақсимшавии ҳокимият ба рукнҳои қонунбарор, иҷроия ва судӣ асос меёбад. Бе амалишавии принсипи мазкур дар амал ҷорӣ кардани риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ғайриимкон аст. Таърих бисёр мисолҳои гасб кардани ҳокимияти давлатӣ, муттаҳидсозии он дар дасти як одам ва ё мақомоти давлатиро медонад, ки ногузир ба беқонунӣ ва вайрон кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон оварда расонидаанд. Ба андешаи яке аз асосгузорони принсипи тақсим кардани ҳокимиятҳо Ҷ.Локк, чунин ҳокимият худ тобеи қонун нест ва табиист, ки он ба қонун тобеъшавии дигаронро таъмин карда наметавонад ва ҳамчунин қодир нест, ки озодиҳои табиии инсонро кафолат диҳад. Файласуфи дигар Ш.Л.Монтеске низ дар тақсимоти дақиқ ва муносибати байниҳамдигарии ҳокимиятҳо на танҳо кафолати воқеии ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, балки ҳимояи онҳоро аз зулму истибдод ва беқонунӣ қайд кардаст.
Ғояҳои тақсими ҳокимият таваҷҷӯҳи на танҳо олимони Ғарб, балки бисёр мутафаккирони Шарқро чун Ал-Форобӣ, Абулҳасан Амирӣ, Низомулмулк, Ғазолй, ибни Ҳалдун, Аҳмади Дониш ва дигарон ба худ ҷалб кардааст. Аммо онҳо бар фарқияти мутафаккирони Ғарб ба рукнҳои гуногун тақсим кардани ҳокимиятро пешниҳод накарда, балки таваҷҷӯҳи бештари худро ба сифатҳои инсонии ҳокимон ва амалдорон равона намудаанд ва ғояи ташкил намудани мақомотеро пешниҳод кардаанд, ки ба сифати ҳамвазни ҳокимияти мутлақи подшоҳон бошад. Чунончи, Ал- Форобӣ байни дувоздаҳ сифати ҳамидаи ҳокими накукор сифати «нисбат ба одамон боадолат будан»-ро зикр кардааст. Низомулмулк, Муҳаммад Заҳирии Самарқандй ва дигарон вазиронро ба сифати ибтидои боздошт нишон додаанд, ки гӯё ба туфайли онҳо «дар характери шоҳон қаҳру газаб боло гирифта наметавонад».
Дар ҷаҳони имрӯза принсипи тақсимоти ҳокимиятҳо маънои таъмини баробарвазнии ҳамаи рукнҳои ҳокимиятро дорад. Ҳар кадом рукни ҳокимият функсияҳои қатъиян муайянкардаи қонунро ба ҷо оварда, намегузорад, ки рукни дигар аз доираи салоҳиятҳои худ берун баромада, ҳуқуқҳои инсонро поймол созад. Сардори давлат қонунҳои зиддиҳуқуқии ҳокимияти қонунбарорро имзо намекунад, ташкилу фаъолияти ҳокимияти иҷроия зери назорати ҳокимияти қонунбарор аст, ҳокимияти қонунбарор ва сардори ҳокимияти иҷроия дар ташкили ҳокимияти судӣ иштирок мекунанд.
Бо мақсади санҷиши мундариҷаи ҳуқуқии қонунҳо дар давлати ҳуқуқбунёд назорати судии конститутсионӣ амалӣ мегардад, ки функсияҳои онро дар давлатҳои гуногун судҳои олӣ, судҳои конститутсионӣ ё шӯроҳои конститутсионӣ (давлат) ба ҷо меоранд. Вазифаи асосии онҳо муайян кардани мутобиқати қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба Конситутсия мебошад. Ҳамаи санадҳои қонунгузории мавриди истифодаи мақомоти ҳокимият бояд ба талаботи риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон мутобиқат кунанд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд маънӣ, ҳадаф ва мундариҷаи санадҳои ҳокимияти қонунбарор, иҷроия ва судиро муайян мекунанд.
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба сифати асоси ташаккули мақомоти ҳокимияти давлатӣ принсипи тақсимоти ҳокимиятҳоро таҳким бахшидаст. Мувофиқи моддаи 9-и Конститутсия ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипи тақсимоти он ба ҳокимиятҳои қонунбарор, иҷроия ва судӣ асос ёфтааст.
Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: давлати ҳуқуқбунёд, принсипи тақсими ҳокимиятҳо.
Савол ва супоришҳо:
1.Давлати ҳуқуқбунёд чист?
2.Унсурҳо ва аломатҳои асосии давлати ҳуқуқбунёдро номбар кунед.
3.Робитаи байниҳамдигарии давлати ҳуқуқбунёд бо ҳуқуқҳои инсон дар чӣ ифода меёбад?
4.Дар Рими қадим ақидае паҳн шуда буд: «Шоҳ қонун нест, қонун шоҳ аст». Шумо инро чӣ тавр мефаҳмед?
5.Ба андешаи Шумо, чаро принсипи тақсими ҳокимиятҳо ба қонунбарор, иҷроия ва судӣ яке аз аломатҳои давлати ҳуқуқбунёд аст?