Ҳуқуқ ва ахлоқ
Муносибатҳои байни одамон на танҳо ба воситаи меъёрҳои ҳуқуқӣ, инчунин тавассути меъёрҳои ахлоқи низ ба танзим дароварда мешаванд. Аз давраҳои қадим одамон рафтори худро бо меъёр ва қоидаҳое, ки худи онҳо дар ҳаёт санҷидаанд ва он меъёру қоидаҳо манфиати умумии онҳоро ифода мекарданд, мувофиқ мекарданд. Онҳо мефаҳмиданд, ки худсарӣ, инкор намудани манфиати дигарон барои ҳамаи онҳо номувофиқ ва хатарнок мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки ба ҳама гуна офатҳо ва тохтутозҳои дигарон ҳамон халқҳое тоб оварда тавонистаанд, ки ба меъёрҳои умумӣ, қоидаҳо ва одатҳо қатъиян риоя намуда, таҷрибаи бисёрасраи фаъолияти якҷояи корӣ, молумулкӣ, оилавӣ ва амсоли инҳоро дуруст истифода кардаанд.
Ахлоқ, одат, анъана, яъне меъёрҳои ахлоқӣ, тасаввурот оид ба некӣ ва бадй, адолат ва беадолатӣ, бовиҷдонӣ ва бевичдонӣ ва амсоли онҳо қоидаҳои аввалини рафтори одамон буданд. Одамон вайронкунандагони чунин қоидаҳоро маҳкум мекарданд. Бо мурури инкишофи ҷомеа ва мураккаб шудани муносибатҳои байни одамон меъёрҳои ахлоқӣ имконияти пурра танзим кардани муносибатҳои гуногуни ҷомеаро аз даст доданд. Пайдоиши давлат ва синфҳо, инкишофи муносибатҳои хоҷагӣ боиси мураккабшавии ин муносибатҳо гардид. Акнун меъёрҳои ахлоқӣ на ҳамаи муносибатҳои байни одамон ва давлатро ба танзим дароварда метавонистанд. Ба ин сабаб, тадриҷан намудҳои нави меъёрҳои иҷтимоӣ — меъёрҳои ҳуқуқӣ ба вуҷуд омаданд. Барои вайрон намудани ин меъёрҳо давлат ҷазо медод. Ҳамин тариқ, ҳуқуқ ҳамчун батартибдарорандаи рафтори одамон нисбат ба меъёрҳои ахлоқӣ дертар ба вуҷуд омад.
Ахлоқ ва ҳуқуқ якҷоя қоидаҳои рафтори одамонро танзим мекунанд. Дар айни замон баъзе рафтори одамон фақат аз тарафи ахлоқ ва дигарашон аз тарафи меъёрҳои ҳуқуқӣ ба танзим дароварда мешаванд. Аммо дар аксар мавридҳо ҳуқуқ ва ахлоқ дар ягонагӣ муносибатҳои ҷамъиятиро ба танзим медароранд. Он рафторе, ки зидди талаботи меъёрҳои ҳуқуқӣ мебошад, рафтори зиддиахлоқӣ аст, Авбошӣ, дуздӣ, дашном, туҳмат, озор додани дигарон ва ба ин монанд рафтори ношоям на фақат ба воситаи меъёрҳои ахлокӣ маҳкум карда мешаванд, балки барои чунин рафтор шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ низ кашида мешаванд.
Ҳуқуқ ва ахлоқ якдигарро пурра менамоянд. Ҳуқуқ амалӣ шудани ахлоқро таъмин менамояд ва ахлоқ ба баландшавии самаранокии ҳуқуқ мусоидат мекунад. Дар баробари ҳамин меъёрҳои ҳуқуқӣ нисбат ба меъёрҳои ахлоқӣ то дараҷае аниқ ифода ёфта, дар қонунҳо, фармонҳо, қарорҳо, низомномаҳо ва дигар санадҳои зерқонунӣ навишта мешаванд. Онҳо муносибатҳои муайянро возеҳу равшан ва дар ягонагӣ ифода менамоянд.
Меъёрҳои ахлоқӣ нисбат ба меъёрҳои ҳуқуқӣ доираи васеи муносибатҳои ҷамъиятиро дар бар мегиранд. Чунин рафтори одамон, ба монанди дурӯғгӯйӣ, хасисӣ, ҳасад хӯрдан, беэҳтиромӣ ба дигарон аз тарафи меъёрҳои ҳуқуқӣ ба танзим дароварда намешаванд. Асоси меъёрҳои ҳуқуқиро меъёрҳои ахлоқӣ ташкил медиҳанд. Одамон ҳангоми қабули қонунҳои алоҳида ба меъёрҳои ахлоқӣ такя менамоянд.
Ҳуқуқ ба ахлоқ такя карда, муносибатҳои ҷамъиятиро ба танзим медарорад. Ахлоқ дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ ба ҳуқуқ ёрӣ мерасонад. Онҳо дар ягонагӣ бераҳмӣ, дағалӣ, дуздӣ, хиёнат, зӯроварӣ, фиреб ва амсоли инҳоро манъ менамоянд. Дар баробари ин, ахлоқ маҷмӯи қоида ва меъёрҳои рафтори одамон нисбат ба якдигар ва ҷамъият мебошад.
Вале бояд қайд кард, ки меъёрҳои ахлоқӣ бархилофи меъёрҳои ҳуқуқӣ хислати ҳатмӣ ва қонунӣ надоранд. Аз ин рӯ, барои иҷрои онҳо мақомоти давлатӣ ҳуқуқи маҷбур кардан надорад. Риояи меъёрҳои ахлоқӣ бо таъсири афкори ҷамъиятӣ ва эътиқоди худи шахс таъмин карда мешавад. Дар баробари ин, раванди аз ҷиҳати маънавӣ солим гардонидани ҷомеа ниҳоят мураккаб ва дурудароз мебошад. Барои ин мо бояд ба ҳама гуна фиребгарӣ, бераҳмӣ, худписандӣ, бешарми, номувофиқии сухан ва кор ва муносибати бадбинона ба инсон ҳарчи зудтар хотима диҳем. Эҳтиром ба шахсият, ҳуқуқ ва ҳаёти инсон, озодии виҷдон, ҳисси соҳибихтиёрӣ, мустақилияти иқтисодӣ метавонад ба пешрафти кишвари мо ёрӣ расонад. Тараҳҳум, меҳрубонӣ, шарм, пушаймонӣ, эҳсонкорӣ барин хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, ки хусусияти умумибашарӣ доранд, бояд раҳнамои ҳар як шахс дар кору зиндагӣ бошанд, зеро тавре ки шоири бузурги тоҷику форс Саъдии Шерозӣ барҳақ фармудааст:
Бани Одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як ҷавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Саволҳо:
1. Қоидаҳои аввалини рафтори одамон аз чиҳо иборат буданд?
2. Ҳуқуқ ва ахлоқ кай пайдо шудаанд?
3. Ягонагӣ, алоқамандӣ ва фарқи ахлоқ ва ҳуқуқро фаҳмонда диҳед.