Ҳуқуқ ба озодии ва дахлнопазирии шахсият
1.АСОСҲОИ МЕЪЁРӢ-ҲУҚУҚИИ ҲУҚУҚ БА ОЗОДӢ ВА ДАХЛНОПАЗИРИИ ШАХСИЯТ. Ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсият яке аз ҳуқуқҳои бунёдӣ ва фитрии шахсии (шаҳрвандии) инсон аст. Он ба ҳуқуқҳои насли якум тааллуқ дорад. Аммо нишонаҳои аввалини ҳуқуқи мазкур ҳануз дар Хартияи бузурги озодиҳои соли 1215 ба назар мерасанд. Дертар дар марҳилаи инқилобҳои буржуазии асри XVIII он дар санади Хабеас Корпуси Британия (соли 1679), Эъломияи фаронсавии ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд (соли 1789) ва ҳуҷҷатҳои дигар чун кафолат аз ҳабсҳои ғайриқонунӣ ва истибдоди судӣ инъикос ёфтааст. Ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва аксари конститутсияҳои ҳозира низ озодӣ ва дахлнопазирии шахсиятро эълом медоранд.
Моддаи 3-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсиятро ин тавр таҳким бахшидааст: “Ҳар як инсон ба ҳаёт, озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ ҳақ дорад”. Моддаи 9-и ҳуҷҷати байналмилалии мазкур тасдиқ мекунад: ”Ҳеҷ касро худсарона дастгир, ҳабс ё бадарга кардан мумкин нест”.
Меъёрҳои мазкур ҳамчунин дар Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ таҷассум ёфтаанд. Аз ҷумла дар қисми 1-и моддаи 9-и ҳуҷҷати мазкур омадааст: “Ҳар як инсон ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ ҳақ дорад. Ҳеҷ кас наметавонад худсарона ба ҳабс гирифта шавад ё дар ҳабс нигоҳ дошта шавад. Ҳеҷ кас набояд аз озодӣ, ғайр аз асосҳо ва мутобиқи расмиёте, ки тавассути қонун муқаррар карда шудаанд, маҳрум карда шавад”.
Ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шах- сият аз ҷониби давлат ҳимоя шудани ҳар як одамро аз тааррузи ҳар касе ба ҳаёт, са- ломатӣ, озодӣ, амни- яти шахсӣ, шараф ва қадру қимати ӯ дар назар дорад. Ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлно- пазирии шахсият мо- ҳиятан аз ду ҳуқуқи ба ҳам алоқаманд: озодии шахсият ва ҳуқуқи дахлнопази- рии шахсият таркиб ёфтааст. Онҳо аз як- дигар ҷудонопазиранд. Яъне шахсияте, ки озодии ӯ пурра таъмин аст, дахлнопазир низ мебошад. Ва агар дахлнопазирии шахсият таъмин бо- шад, пас ӯ озод низ аст.
Озодии шахсият мафҳуми васеест, ки инҳоро дар назар дорад: озодии ҷисмонӣ (яъне озодии амал тибқи озодии худ, аз ҷумла озодии ҳаракат, озодӣ аз ҳабсу боздоштҳои ғайриқонунӣ); озодии ахлоқӣ (яъне озодии афкор, вичдон, дин); озодии иҷтимоӣ (озодии интихоби забони муошират, мансубияти миллӣ).
Ҳуқуқи дахлнопазирии шахсият ҳуқуқи ҳар инсон ба ҳимоя ва ҳифзи давлати аз таарузи ғайриқонунии ҳар касе ба озодӣ ва амнияти шахсии ӯ мебошад.
Амнияти шахсӣ маънии набудани зӯроварии ғайриқонунӣ ё таҳдиди зӯроварӣ ба шахсият ва бовар доштани шахсият ба оромӣ, имконияти иштирок кардан дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро дорад. Амнияти шахсӣ ҳамчунин кафолатро аз тааррузи зиддиҳуқуқӣ ба се навъи дахлнопазирии инсон: ҷисмонӣ (ҳаёт, саломатӣ), ахлоқӣ (шараф, қадру қимат) ва маънавӣ (имконияти дар асоси озодии ифодаи ирода рафтор кардан, ба маҷбурсозии ғайриқонунӣ дучор наомадан) дар назар дорад.
Ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ ба ҳамаи одамон, сарфи назар аз шаҳрвандӣ, ҳамчунин ноболиғӣ, бемори рӯҳӣ будан, ашхоси қобилияти фаъолияташон маҳдуд ё ғайри қобили амал донисташуда дахл дорад. Ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсиятро то ҳадди муайян, вале танҳо дар асоси қонун махдуд кардан мумкин аст.
Дар Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсият дар меъёрҳои алоҳидаи инъикоскунандаи стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон инъикос ёфтааст.
Дахлнопазирии шахсро давлат кафолат медиҳад. Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад. Мавриди озмоиши маҷбурии тиббӣ ва илмӣ қарор додани инсон манъ аст. (Моддаи 18-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ кафолатҳои ҷисмонӣ, ахлоқӣ ва маънавии дахлнопазирии инсонро таҳким мебахшанд. Масалан, ҳаёту саломатӣии инсонро (озодӣ аз шиканҷа, ҷазо, муносибати ғайриинсонӣ, озмоишҳои тиббӣ) моддаи 18-и Конститутсия, манъи истифодаи меҳнати занон ва ноболиғонро дар корҳои вазнин ва зеризаминй, ҳамчунин дар корҳои шароити меҳнаташон барои саломатӣи онҳо зарарнок моддаи 35-и Конститутсия кафолат медиҳанд.
Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятиро барои куштор, расонидани зарарҳои ҷисмонӣ, таҷовуз ба номус, лату кӯб ва дигар ҷиноятҳои зидди озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ муқаррар менамояд. Кодекси мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, бо истифодаи зӯроварии ҷисмонӣ ва психологй гирифтани шаҳодати шоҳид, гумонбар, ҷабрдида ё айбдоршавандаро манъ мекунад.
Ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсият нораво будани худсариро ҳангоми боздошт ё ҳабс кардан дар назар дорад. Тибқи моддаи 6-и Кодекси мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷкистон хеҷ касро бе иҷозати прокурор ба ҳабс гирифтан мумкин нест.
Ҳеҷ касро бе асоси қонунн дастгир, ҳабс ва бадарға кардан мумкин нест. Қисми 2-и моддаи 19-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ дахлнопазирии шахсияти одамон бо риояи қоидаҳои аз ҷониби умум эътирофшудаи тиббӣ кафолат дода мешавад, масалан, гирифтани ризоияти беморон барои амалиёти ҷарроҳӣ, ҳар гуна ташхису таҳлилҳо ва ҳатто сузантабобат.
Риояи шараф ва қадру қимати шахсият аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад. Ҳар инсон, сарфи назар аз ҷинс, синну сол, вазъи иҷтимоӣ, молу мулк, вазифаи ишғолкардааш, шараф ва қадру қимат дорад. Онҳо ногузиранд, бинобар ин ҳар кас ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки ӯро эҳтиром кунанд ва дахлнопазирии маънавиашро вайрон накунанд.
Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯҳмат ва таҳқирро ҷиноят мешуморад ва чунин кирдорҳоро манъ месозад, зеро онҳо шарафи инсонро паст зада, шаънашро догдор месозанд. Чунин амалҳоро Кодекси мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ масалан, ҳангоми гузаронидан тафтишот, шаҳодатдиҳй, ташхиси тафтишотй ва ғайра манъ мекунад.
Кодекси гражданин Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, қоидаҳои ҳифзи шараф ва қадру қимати инсонро аз ҷумла бо роҳи таллофй кардани зарари ахлоқӣ таҳким бахшидааст. Дар сурати аз ҷониби шахси ҷавобгар паҳн карда шудани маълумотҳое, ки шаъну эътибори даъвогарро догдор месозанд, суд новобаста аз гуноҳи шахси ҷавобгар зарари расонидашударо бо ифодаи пулй муайян карда, ба фоидаи даъвогар мерӯёнад. Агар маълумотҳои тӯҳматангези пастзанандаи шаъну эътибор дар матбуоти даврй чоп шаванд, суд ҷавобгарро метавонад водор созад, ки дар ҳамон нашрия раддия чоп кунонад.
Дахлнопазирии маънавии шахсият бо роҳи манъ кардани амалҳои гуногуни характери зӯроварй дошта ва ба рӯҳияи инсон таъсири манфй расонанда таъмин карда мешавад. Масалан, пурсиши иштирокдори мурофиа зери таъсири гипноз ё бо роҳи истифодаи фишоровариҳои гуногуни экстрасенсорӣ; ё маълумотгирии муфаттиш бо роҳи тарсондан, истифодаи сеҳру ҷоду ва ғайра.
2.МАҲДУДИЯТИ ОЗОДӢ ВА МАҲРУМИЯТ АЗ ОЗОДӢ. Таъмини дахлнопазирии ҷисмонӣ, рӯҳонӣ, маънавии шахсиятро давлат кафолат медиҳад. Аммо бо дар назардошти манфиатҳои шахсият, ҷомеа ва давлат дар баъзе ҳолатҳо маҳдудсозии ҳуқуқҳо ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсият имконпазир аст. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳо, шартҳо ва тартиби чунин дахолатро муайян мекунад ва таҳким мебахшад.
Ҳуқуқи инсонро ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсият дастгиру ҳабс кардан махдуд месозанд. Дар қонунгузориҳои байналмилалӣ ва миллӣ ин мафҳумҳо. ҳамчунин истилоҳҳои •ашхоси дастгиршуда” ва “маҳбус”-ро фарқ мекунанд.
Дастгир кардан боздошти мувакқатии (на бештар аз 72 соат) шахси ба содир кардани ҷиноят гумонбар аст, ки ба ӯ дар шакли маҳрум кардан аз озоди ҷазо додан мумкин аст.
Ҳабс кардан ҳамчун чораи нисбатан қатъии пешгирӣ дар маҳбас нигоҳ доштан аст.
Ҳабс кардан (дар забони лот. аrestum -суд, қарор) боздошти маҷбурӣ ва ҷой кардан дар маҳбас аст. Дар Ҷумҳурнн Тоҷикистон он навъи ҷазои ҷиноатиест, ки аз ҷудонигоҳдории қатъӣ иборат аст.
Ба ин тариқ, шахси дастгиршуда ҳама гуна шахсест, ки аз озодии шахсӣ «маҳрум шуда, аммо барои содир кардани ҷиноят маҳкум нашудааст, маҳбус бошад, шахсест, ки дар натиҷаи маҳкум шудан барои содир кардани ягон ҷиноят аз озодӣ маҳрум гардонда шудааст. Ҳамаи ашхоси аз озодӣ маҳрумшуда коҳидаву нозуктабиатанд. Рафтори ашхоси мансабдор, махсусан ходимони милйса, нисбати шахси дастгиршуда ва маҳбус бояд инсондӯстона бошад ва ба қонун қатъиян мутобиқат кунад.
Дастгирӣ ва ҳабси ғайриқонунии одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят хисоб мешавад (моддаи 358-и КҶ).
Ҳабс ва дастгир карданро метавонад корманди милиса ба амал барорад, вале дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатро ба ин амалҳо прокурор медиҳад. Дар бораи ҳама гуна ҳодисаҳои дастгир кардан мақомоти таҳқиқу тафтишоти пешакӣ ё муфаттиш бояд дар бадали 24 соат прокурорро ба таври хаттӣ огоҳ созанд, прокурор дар навбати худ, дар бадали 48 соат барои ҳабс кардан ё озод кардани одами дастгиршуда бояд иҷозат диҳад. Дастгиркунӣ набояд аз 72 соат (аз лаҳзаи дастгиршавй то гирифтани иҷозати прокурор барои ҳабс) беш бошад.
Ҳабс ва дастгир кардан бояд асос дошта бошанд. Ҳангоми ҳабс ва дастгиркуни бояд тартиботи амалисозии онҳо ва мӯҳлатҳои қонунӣ риоя гарданд. Ҳамаи инҳоро Кодекси мурофаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Шахсро танҳо бо асосҳои зерин дастгир кардан мумкин аст: 1) вақте одамро ҳангоми содир кардани ҷиноят, ё баъди он дастгир карданд, яъне дар лаҳзае, ки шахс ҷиноятро ба анҷом расонид, ҳануз дар ҷои ҷиноят аст, ё кӯшиши аз он ҷо пинҳон шудан дорад; 2) вақте шоҳидон, аз ҷумла ҷабрдидагон, он одамро чун ҷиноятсодиркарда рӯирост нишон медиҳанд; 3)вақте дар одами гумонбар ё либоси ӯ, дар киса ё манзилаш нишонаҳои баралои ҷиноят пайдо карда мешаванд; 4) агар баъзе маълумотҳои дигаре бошанд, ки барои гумонбар донистани ин одам дар содир кардани ҷиноят асос шуда метавонанд, ин шахсро танҳо вақте дастгир кардан мумкин аст, ки ӯ барои пинҳон шудан аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ воқеан кӯшиш намояд; 5) асоси дастгиркунй набудани ҷои доимии зист бошад; 6) ҳамчунин муқаррар нагардидани шахсияти ин одам асоси дастгиркунӣ шуда метавонад.
Ашхоси дастгиршуда бояд дар ҷойҳои расман эътирофшудаи нигаҳдорӣ нигоҳ дошта шаванд, дар ин хусус оилаҳои онҳо ва намояндагони қонунӣ бояд маълумоти пурра гиранд. Дар сурати дастгир кардан мақомоти дастгиркуниро ба амал оварда ё муфаттиш бояд дар бораи дастгиркунии кӯтоҳмуддат протокол тартиб диҳанд ва дар он ба таври ҳатмӣ асосҳо, сабабҳо, рӯз ва соат, сол ва моҳ, ҷои дастгиркунй, шарҳи одами дастгиршуда ва замони тартиб додани протоколро нишон диҳанд. Баъди пур кардани протокол он аз ҷониби шахси онро пуркарда ва шахси дастгиршуда имзо карда мешавад.
Шахси дастгиршуда Ҳуқуқ дорад: 1) донад, ки уро барои содир кардани кадом ҷиноятҳо гумонбар медонанд, аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талаб намояд, фаҳмонанд, ки барои чӣ ӯро дастгир карданд; 2) қонунӣ будан ё набудани дастгир шуданро дар суд радду бадал намояд; 3) аз маъмурияти ҷои алоҳидаи нигоҳдории муваққатӣ ва ё ҷои нигоҳдории тафтишотй талаб намояд, ки талаби ӯро дар хусуси тафтиши қонунмандии дастгир кардани ӯ ба прокурор хабар диҳанд; 4) аз амалҳои ашхоси таҳқиқу тафтиши пешакӣ гузаронида, муфаттиш ё прокурор шикоят кунад, тавзеҳот бидиҳад ва дархост намояд; 5) бо шикоят ва аризаҳо бо мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ашхоси мансабдор муроҷиат кунад; аз либосу пойафзоли худ, инчунин дигар асбобу ашёи зарурӣ истифода барад.
Ашхоси дастгиршуда вазифадоранд, ки талаботи Қоидаҳои тартиботи дохилиро дар ҷойҳои нигоҳдории дастгиршудагон риоя кунанд.
Ҳабс кардани нафаре маънои аз озодӣ маҳрум кардани уро дорад. Ҳабс (дар маҳбас нигоҳ доштан) чораи охирин аст, вақте асосҳое мавҷуданд, ки шахси айбдоршаванда дар озодӣ монда, метавонад аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пинҳон шавад, ё бо амалҳои худ ба рафти тафтишот халал расонад. Сарфи назар аз ҳадафҳои ҳабс барои амалӣ гардонидани он асосҳои қонунӣ заруранд. Ҳабс танҳо бо иҷозати прокурор фақат аз рӯи парвандаҳои оид ба ҷиноятҳое, ки барои онҳо қонун ҷазоро дар шакли маҳрум кардан аз озодӣ ба мӯҳлати беш аз як сол пешбинӣ мекунад, ба амал бароварда мешавад.
Дар сурате, ки муфаттиш дар бораи ҳабс кардан қарор қабул менамояд, вай вазифадор аст, дар бадали 24 соат аз лаҳзаи дастгир кардани шахс ба прокурор қарорро дар хусуси истифода кардани чораҳои пешгирӣ дар шакли нигоҳдорй дар ҳабс пешниҳод намуда, дар он бояд асосҳоеро баён намояд, ки тибки онҳо зарурати ба ҳабс гирифтани айбдоршаванда ба миён омадааст. Прокурор дар бадали 48 соат бояд масъаларо дар хусуси додани иҷозат барои ҳабс ё озод кардани шахси дастгиршуда ҳал намояд. Ба қарор маводи тасдиқкунандаи асоснокии қарор замима карда мешавад.
Шахси ҳабсшуда ҳуқуқ дорад: 1) дар бораи ҳуқуқҳо, озодиҳо ва вазифаҳои худ ба забони модарӣ ё забони дигари барояш фаҳмо маълумот бигирад; 2) муносибати шоиста бинад; 3) бо ариза, раддия дар бораи ҳуқуқҳо ва озодиҳои худ чи шахсан ва чи ба воситаи адвокат нисбат ба маъмурияти ҷойҳои нигоҳдории дастгиршудагон ва маҳбусон ба суд, прокуратура, мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ба ҳизбҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, васоити ахбори умум, ҳамчунин ба мақомот ва ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон муроҷиат намояд; 4) бо хешовандон ва дигар одамон танҳо бо рухсати хаттии муфаттиш (чун қоида, на бештар аз як маротиба дар як моҳ) мулоқоти давомнокиаш аз як то ду соат дошта бошад; 5) ҳамарӯза аз хешовандон дастовез, маводи ғизоӣ барои истеъмол кабул намояд; 6) бо худ ҳуҷҷатҳо ва навиштаҷоти марбут ба парвандаи ҷиноятӣ дошта бошад;
аз лаҳзаи роҳ дода шудани адвокат ба парванда бо ӯ мулоқотхои мӯхдат ва давомнокиашон номаҳдуд кунад; 8) аз сайругашти ҳаррӯзаи давомнокиаш як соат истифода кунад; 9) ба озодии афкор, виҷдон ва эътиқоди динӣ ҳақ дорад; 10) бо ҷаҳони берунӣ муошират намояд; 11) бо ному фамилияи худ ном гирифта шавад; 12) мохе як маротиба пули фиристодашударо гирад.
Шахси дастгиршуда вазифадор аст: 1) қоидаҳои мукарраргардидаи тартиботи дохилӣ ва қоидаҳои санитарй-гигиениро риоя кунад, намуди зоҳирии хуб дошта бошад, дар камераҳо ҳамеша тозагиро нигоҳ дорад; 2) талаботи маъмуриятро бечуну чаро иҷро кунад, бо кормандони он ва байни худ ҳалиму меҳрубон бошад; 3) ҳангоми ба камера дохил шудани ашхоси ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ аз ҷой бархезад ва дар саф истад; 4) ба ашёву таҷҳизот ва дигар амвол муносибати эҳтиёткорона кунад; 5) бо таъиноти маъмурият дар камера вазифаи навбатдориро ба ҷо орад.
Ба усулҳои дигари қонунии маҳдудсозии озодиҳо ва дахлнопазирии шахсият инҳо тааллуқ доранд: табобати маҷбурии ашхоси руҳан бемор, ки барои худ ва дигар одамон хавфноканд, карантини муваққатӣ нисбат ба одамони гирифтори бемориҳои хавфноки сирояткунанда, фиристодани ноболиғон ба мактабҳои махсуси тарбиявӣ ва ғайра.
З.МАХСУСИЯТҲОИ ДАСТГИРКУНӢ ВА ҲАБСИ ПЕШАКИИ НОБОЛИҒОН. Дастгиркунӣ ва ҳабси пешакӣ нисбат ба ноболиғон низ истифода мешавад. Ноболиги ҷиноят содиркарда ба кафолатҳои гуногуни суди боадолат, аз ҷумла ба ҳифзи иловағии махсус ҳуқуқ дорад.
Тибқи моддаи 37(b) Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак (соли 1989) “ҳабс, дастгиркунӣ ва ё дар маҳбас нигоҳ доштани кудак тибқи қонун танҳо ба сифати чораи охирин бо истифодаи мухдати ҳар чи кутоҳи давраи дахлдор амалӣ гардонда мешавад”.
Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон низ хусусиятҳои дастгиркунӣ ва ҳабси ашхоси ноболиғ таҷассум ёфтаанд.
Қонунгузорӣ нисбати ноболиғон ба сифати чораҳои огоҳу пешгирикунанда кафолати шахсию ҷамъиятӣ ва назорати имкоцпазири волидон, васиҳо ва парасторон, маъмурияти кӯдакистонҳоро пешбинӣ мекунад. Дастгиру ҳабс кардан чун чораи пешгирикунанда нисбат ба ноболиғон дар ҳолатҳои истисноӣ, агар инро вазнинии ҷинояти содиршуда талаб кунад, истифода мегардад. Дар лаҳзаи интихоби чораҳои пешгирикунанда синну сол, ҳолати саломатӣ ва вазъи оилавӣ ба инобат гирифта мешавад. Ноболиғони дастгир ва ҳабсшуда бояд аз калонсолон ва ноболиғони маҳбус ҷудо нигоҳ дошта шаванд. Дар лаҳзаи нисбат ба ноболиғ истифода гардидани ҳабси пешакӣ маводи парванда аз ҷониби прокурор омӯхта мешавад ва ноболиғи гумонбар ё айбдоршавандаро дар ҳама ҳолат худи прокурор мепурсад. Дар бораи дастгир шудани ноболиғ ҳатман волидони ӯ ё шахсони онҳоро ивазкунанда хабардор карда мешаванд.
Ноболиғи бо гумони содир кардани ҷиноят дастгиршуда ҳақ дорад: 1) донад, ки ӯро барои содир кардани кадом ҷиноят гумонбар медонанд; 2) талаб намояд, ки прокурор дурустии дастгиркуниро санҷад; 3) аз амалҳои таҳқиқу тафтиши пешакӣ, муфаттиш ё прокурор шикоят кунад, шарҳу тавзеҳот диҳад ва дархосту хоҳиш иброз дорад; 4) бо шикоят ё хоҳиш ба мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ё ашхоси мансабдор муроҷиат кунад; 5) аз либосу пойафзол, инчунин дигар чизҳои зарурии дар Қоидаҳои тартиботи дохилии ҷойҳои нигоҳдории ашхоси дастгиршуда зикргардида истифода кунад.
Дастгиру ҳабс кардан ва аз озодӣ маҳрум намудани ноболиғ дар ҳолатҳои истисноӣ, ҳамчун чораи ниҳоӣ истифода шуда, он бояд тибқи қонун ва аз рӯи имконият бояд дар мӯҳлати кӯтоҳтарин давом кунад.
Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муносибати худро ба ноболиғон дар асоси риоя ва эҳтироми ҳуқуқҳои онҳо муайян намуда, бояд дар ҳаққи ноболиғон гамхорй намоянд ва ба онҳо зараре нарасонанд.
Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: озодии ишхсият, дахлнопазирии илахсият, амнияти шахсӣ, маҳрумият аз озодӣ, дастгиркунӣ, ҳабс.
Саволҳо ва супоришҳо:
1.Шарҳ диҳед, ки Шумо моҳияти ҳуқуқҳои инсонро ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ чӣ хел мефаҳмед?
2.Амнияти шахсии инсон чист?
3.Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии таҳкимбахшандаи ҳуқуқро ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсият номбар кунед.
4.Оё ҳуқуқро ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсият маҳдуд кардан мумкин аст?
5-Маҳрум кардан аз озодӣ чӣ маънӣ дорад ва одам баъди кадом амалҳо аз
озодӣ маҳрумгашта дониста мешавад?
— Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом мақомот салоҳияти додани иҷозатро ба ҳабси пешакӣ дорад?
— Ба андешаи Шумо, барои одам маҳдудияти озодӣ душвор аст, ё маҳрумшавӣ аз озодӣ?
— Ноболиги барои содир кардани ҷиноят дастгиршуда кадом ҳуқуқҳоро дорад?
— Вазъияти зеринро бодиққат хонед ва муҳокима кунед: “Хонандагони синфи 8 “б » П. Тешаев ва Н. Нуров (ҳар ду 15- сола) аз ҷониби муаллими тарбияи ҷисмонӣ дар майдончаи варзишии мактаб ҳангоми ҷанг ва занозанӣ бо якдигар боздошт гардида, ба кабинети директор оварда шуданд. Директор баъди муайян кардани он ки онҳо чандин маротиба ба чунин амалҳо айбдоранд, ба волидони бачаҳо муроҷиат накарда, ба милитсия занг зад. Бачаҳо дар шӯъбаи милиса муддати 5 соат нигоҳ дошта шуданд ва танҳо баъди ин ҷо омадани волидонашон ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд Ба фикри Шумо, дар шӯъбаи милиса муддати 5 соат боздошт шудани ноболиғон маҳдудсозии озодӣ аст, ё маҳрум кардан аз озодӣ? Ба ақидаи Шумо, нисбат ба хонандагон бояд чӣ гуна чораҳо медиданд?
— Ба фикри Шумо, оё ба муассисаҳои махсуси тарбиявӣ фиристодани хонандагон маҳрум кардан аз озодӣ аст?