Хроҷҳои гумрукӣ ва намудҳои он
Ба хироҷҳои гумрукӣ дохил мешаванд:
1) хироҷи гумрукӣ барои барасмиятдарории гумрукӣ;
2) хироҷи гумрукӣ барои мушоияти гумрукӣ;
3) хироҷи гумрукӣ барои нигаҳдории мол дар анборҳои мақоми гумрук;
4) хироҷи гумрукӣ барои додани шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарорандаи гумрукӣ.
ҳангоми барасмиятдарории молу воситаҳои нақлиёт, мушоияти гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёт, нигоҳдории мол дар анборҳои мақоми гумрук, инчунин барои додани шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарорандаи гумруки хироҷҳои гумрукӣ тибқи тартиб ва андозаи муайяннамудаи ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешаванд.
Хироҷҳои гумрукӣ аз ҷиҳати андоза бояд бо арзиши тахминии хизматрасонӣ маҳдуд шуда бошанд ва набояд асоси ғайримустақими ҳимояи моли ватанӣ ё бо мақсади ситонидани боҷу хироҷ асоси андозбандии моли хориҷӣ ҳангоми воридоти он гарданд.
Дар ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми интиқоли мол аз сарҳади гумрукӣ ӯҳдадории пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз дар ҳолати зайл ба миён меоянд:
1) ҳангоми воридоти мол – аз лаҳзаи убури сарҳади гумрукӣ;
2) ҳангоми содироти мол — аз лаҳзаи пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ ё анҷом додани амалҳое, ки мақсад аз онҳо мустақиман содир намудани мол аз қаламрави гумрукии ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Ба ғайр аз ин, боҷҳои гумрукӣ ва андоз супорида намешаванд, агар:
1) мувофиқи қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон ё КГҷТ:
— аз мол боҷҳои гумрукӣ ва андоз ситонида нашаванд;
— агар мол аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз шартан пурра озод карда шуда бошад – дар давраи амали ин гуна озодкунӣ ва бо риояи шартҳое, ки дар натиҷаи онҳо мол аз пардохти боҷу андозҳо озод карда шудааст;
2) агар то иҷозат барои муомилоти озод ва ҳангоми аз тарафи шахсон вайрон нашудани талаботу шартҳои муқаррарнамудаи КГҷТ моли хориҷӣ бар асари садама ва ё таъсири қувваи рафънопазир ё дар натиҷаи фарсудашавии табиӣ ва ё талаф дар шароити муқаррарии интиқол, нигаҳдорӣ ва истифодабарӣ тамоман нобуд ё тамоман талаф шуда бошад;
3) агар мол мувофиқи КГҷТ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурии Тоҷикистон ба моликияти давлатӣ гузаронида шавад.
Нисбати моле, ки барои муомилоти озод дар қаламрави гумрукии ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст ва ё аз ин қаламрав содир карда шудааст, дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси андози ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадории пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз қатъ меёбад.
Дар Тоҷикистон шахси масъул барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз декларант ба ҳисоб меравад. Агар мол аз тарафи брокери гумрук (намоянда) декларатсия карда шавад, ӯ мувофиқи қисми 2 моддаи 144 КГҷТ барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз шахси масъул ҳисоб меёбад.
Дар ҳолати риоя нашудани муқаррароти КГҷТ дар бораи истифодабарӣ ва ихтиёрдории мол ё иҷрои дигар талаботу шартҳои муқаррарнамудаи КГҷТ барои татбиқи расмиёти гумрукӣ ва низоми гумрукӣ, ки мазмуни онҳо пурра ё қисман аз супурдани боҷҳои гумрукӣ ва андоз озод карданро пешбинӣ менамояд, шахсони барои супурдани боҷҳои гумрукӣ ва андоз масъул дар ҳолатҳои пешбининамудаи КГҷТ соҳиби анбори нигаҳдории муваққатӣ, соҳиби анбори гумрукӣ, интиқолдиҳанда, шахсоне, ки ба зиммаи онҳо масъулияти риояи низомҳои гумрукӣ гузошта шудааст, ҳисоб мешаванд.
Инчунин ҳангоми насупурдани боҷҳои гумрукӣ ва андоз, аз ҷумла ҳангоми нодуруст ҳисоб кардан ва (ё) дер супурдани онҳо дар назди мақомоти гумрук шахсе ҷавобгар аст, ки масъулияти супурдани боҷҳои гумрукӣ ва андозро ба зимма дорад.
Ба ғайр аз ин ҳангоми интиқоли ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ масъулияти супурдани боҷҳои гумрукӣ ва андоз ба ӯхдаи шахси интиқолдиҳандаи ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт ва ба зиммаи шахсе мебошад, ки дар интиқоли ғайриқонунӣ иштирок мекунад, агар онҳо аз чунин интиқоли ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт огоҳ буданд ва ё бояд огоҳ мебуданд, ҳангоми воридот бошад, инчунин шахсоне масъуланд, ки молу воситаҳои нақлиёти ғайриқонунӣ воридшударо барои худ харида гирифтаанд ва ё моликияти худ қарор додаанд, ба шарте ки ҳангоми харидан ғайриқонунӣ ворид шудани онҳоро медонистанд ё худ бояд огоҳ мебуданд, ки ин ваҷҳ ба таври зарурӣ тибқи тартиби муайянкардаи қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст. Агар шахсони номбаршуда дар содироту воридоти ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт ба сифати декларант амал карда бошанд, онҳо барои супурдани боҷҳои гумрукӣ ва андоз, чунин масъулиятро ба зимма доранд.
Дар Тоҷикистон нисбати моли ба қаламрави гумрукии он воридшаванда маҳдудиятҳо оид ба маблағи умумии боҷҳои гумрукӣ ва андоз ҷори карда шудааст.Маблағи умумии боҷҳои гумрукӣ ва андоз нисбати моли ба қаламрави гумрукии ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда наметавонад аз маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андозе, ки бояд супорида шаванд, зиёд бошад, чуноне ки агар мол барои муомилоти озод ҳангоми ворид шуданаш ба қаламрави гумрукии ҷумҳурии Тоҷикистон, бе супурдани фоиз иҷозат дода шудааст, ба истиснои ҳолатҳое, ки маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз дар натиҷаи тағйир ёфтани ставкаҳои боҷҳои гумрукӣ ва андоз зиёд мешавад ва нисбати мол ставкаҳои боҷҳои гумрукӣ ва андози дар рӯзи қабули декларатсияи гумрукӣ амалкунанда аз тарафи мақоми гумрук ҳангоми арзи тағйири низоми гумрукӣ татбиқ мегардад. Дар ин ҳолат маблағи супоридаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз, ки ҳангоми истифодаи низоми гумрукии пешина пардохта шудааст, ҳангоми супурдани маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз мувофиқи шартҳои низоми аз нав интихобшудаи гумрукӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.