Ҳаёти адабӣ ва илми
Вазъияти сиёсие, ки аз аввали асри XVI дар Мовароуннаҳр ва Хуросон ба вуҷуд омад, ба ҳаёти адабӣ ва илмӣ зарбаи сахт расонид. Ҳокимони аввали хонадони Шайбонӣ дар Мовароуннаҳр аз фарҳанг, адабиёт ва илм фарсахҳо дур ва чун ҳама саҳронавардон бемаърифат будаанд ва ҳеҷ таваҷҷуҳе ба тамаддун надошта, фикре ҳам дар бораи ба дарбор ҷалб кардани шоирону олимонро намекарданд. Ин буд, ки дар ибтидои асри XVI дар Мовароуннаҳру Хуросон марказҳои адабӣ вуҷуд надошт ва вохӯрии шоирон ва намояндагони фарҳангу илми шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Тошканд, Ҳирот, Балх ва ғайра бештар дар хонаи шахсони алоҳида, мадрасаҳо ва дар растаи косибони бозорҳо сурат мегирифт.
Ҳирот ҳамчун як маркази фарҳангӣ дар ибтидои асри XVI аҳамияти худро аз даст дод. Намояндагони илму адабиёт ва ҳунар аз ин маркази фарҳангӣ ба ҳар тараф пароканда гардиданд.
Дар асри XIII, дар замони ҳуҷуми муғул теъдоди зиёде аз шоирон ва олимону фарҳангиёни Мовароуннаҳру Хуросон аз таъқиби муғулони истилогар ба Ҳиндустон паноҳ бурданд. Ин мавҷи аввали муҳоҷирати намояндагони илму фарҳанги Мовароуннаҳру Хуросон ба Ҳиндустон буд. Ин сарнавишти фоҷиабор дар ибтидои асри XVI дар Мовароуннаҳру Хуросон боз такрор шуд. Бар асари фишору таъқиби Шайбониён теъдоди зиёди шоирону олимон ба Ҳиндустон паноҳ бурданд, ки ин мавҷи дуюми муҳоҷират ба ҳисоб меравад. Мувофиқи ахбори тазкираи «Музаккир-ул-аҳбоб»-и Ҳасани Нисорӣ дар нимаи аввали асри XVI аз Мовароуннаҳру Хуросон 39 шоир бо сабабҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба Ҳиндустон муҳоҷират карданд. Дар миёни онҳо шоирон: Низомуддини Абдулбоқӣ, Шиҳобиддини Муаммоӣ, Фозили Андиҷонӣ, Қудси Фарғонӣ, Ҳайдари Кулчапаз, Боязиди Пуронӣ, Маҳрамӣ, Ҳусайни Марвӣ, Абдурраҳмони Мушфиқӣ ва дигарон буданд. Ба ғайр аз Ҳайдари Кулчапаз ва Абдурраҳмони Мушфиқӣ, ки ба ватан баргаштанд, боқӣ 37 нафари ин шоир дар Ҳинд зиндагӣ ихтиёр карда, дар доираҳои мухталифи адабии он кору фаъолият намуданд.
Муҳоҷирати шоирон аз Мовароуннаҳр ба Ҳиндустон дар нимаи дуюми асри XVI низ идома ёфт. Мутрибии Самарқандӣ дар асари худ «Тазкират-уш-шуаро» менависад, ки 28 нафар шоир дар ин давр аз Мовароуннаҳр ба Ҳиндустон ҳиҷрат карданд. Дар миёни онҳо шоирон: Анҷумӣ, Адамӣ, Ҷандавӣ, Зулолӣ, Кашфӣ, Қадрӣ ва дигарон буданд.
Теъдоди зиёди шоирон, олимон ва ҳунармандон, ки бо сабабҳои гуногун натавонистанд аз Мовароуннаҳру Хуросон берун раванд, аз ҷониби Шайбониён ва ё Сафавиён ба қатл расиданд. Масалан, соли 1512 шоир Камолиддини Биноӣ дар Насаф аз ҷониби лашкаркаши Сафавиён Наҷми Сонӣ ба қатл расид; шоири маъруфи Ҳирот Бадриддини Ҳилолӣ соли 1529 бо фармони Убайдуллоҳхони Шайбонӣ кушта шуд; мусиқидони маъруф Кавкабии Бухороӣ соли 1535 бо фармони Таҳмосби Сафавӣ сараш аз танаш ҷудо гардид; маъруфтарин хаттоти ҳиротӣ Миралӣ соли 1544-45 м дар Бухоро ба қатл расид; Наврӯзи Хонанда ва Аҷуси Наҷм дар Сирдарё аз тарафи Шайбониён ғарқ гардиданд; соли 1598 бо фармони Абдулмуъмини Шайбонӣ пайкари Султон Муҳаммади Танбӯрӣ бо шамшер дуним карда шуд; бо фармони ҳокими Ҳирот Амирхон дасти рост ва забони шоир Аҳмади Табасиро буриданд. Чунин мисолҳоро аз таърихи фоҷиабори ин даври Мовароуннаҳру Хуросон бисёр овардан мумкин аст.
Дар охири солҳои 50-уми асри XVI ҳавзаи адабии Ҳирот, ки дар замони Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ дар Шарқ шуҳрати зиёде касб карда буд, комилан барҳам хӯрд.
Дигаргуниҳои зиёди манфие, ки дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии Мовароуннаҳр чун ҷангҳои дохилӣ, беҳуқуқии мардум, фитна ва гуруснагӣ дар асри XVI домангири кишвар шуд, натавонист комилан пеши роҳи рушди илму фарҳангро дар ин сарзамин бигирад. Муҳоҷирати неруҳои фарҳангӣ аз Мовароуннаҳр дар замони ишғоли Шайбониён бо омадани донишмандон, шоирон, мусаввирон, мусиқинавозон ва овозхонон, ки ба сабаби таъқиби мазҳабии Сафавиён дар Эрону Хуросон рӯй ба Мовароуннаҳр оварданд, то андозае ҷуброн гардид. Дар миёни онҳо шоирон Камолиддини Биноӣ, Зайниддин Восифӣ, файласуф ва донишманди калом Мавлоно Исомуддини Иброҳим, Муллоҷони Шерозӣ, муаллифи рисолаи «Меҳмонномаи Бухоро» Фазлуллоҳ Рӯзбеҳони Исфаҳонӣ ва дигарон буданд.
Муаллифи тазкираи «Музаккир-ул-аҳбоб» (асри XVI) Ҳасани Нисорӣ 250 нафар ходими илму адаби замонашро ном бурдааст, ки аксари онҳо дар таърихи халқи тоҷик мақоми хосе доштанд. Дар доираи адабии Бухоро шоирон: Афсарӣ, Равнақи Бадахшӣ, Касири Бухорӣ, Маҳрамӣ, Мирзо Сабрӣ, Фарҳодӣ, Фатҳуллоҳи Ғиждувонӣ, Сомони Бухорӣ, Мансури Табрезӣ ва дар доираи адабии Самарқанд бошад, Орифи Самарқандӣ, Ҳалвои Самарқандӣ, Лиқои Самарқандӣ, Яҳёи Самарқандӣ, Нодири Самарқандӣ, Фурӯғи Самарқандӣ, Ховари Самарқандӣ ва дигарон фаъолият мекарданд.
Шоир ва таърихнигор Зайниддин Маҳмуди Восифӣ аз зумраи шоирони номдори он замон аст. Ӯ соли 1485 дар Ҳирот таваллуд ёфта, дар Бухоро, Самарқанд, Тошканд ва дигар шаҳрҳои Мовароуннаҳр умр ба сар бурд. Асари саргузаштии ӯ «Бадоеъ-ул-вақоеъ» ном дорад. Дар он муаллиф дар баробари баёни воқеаҳои замонаш, инчунин, симои шаҳрҳои он замонаро ба таври барҷаста тасвир карда, русуму одоти мардумро муфассал навиштааст. Восифӣ ҳамчун нависандаи мушоҳидакор бисёр нуқсонҳои усули идораи давлати хониро дар асараш ифшо менамояд. «Бадоеъ-ул-вақоеъ» на фақат шоҳасари насри бадеӣ, инчунин, сарчашмаи муҳимми таърихӣ низ мебошад.
Шоир ва муаррихи номӣ Камолиддини Биноӣ ҳамзамони Восифист. Ӯ соли 1453 дар Ҳирот, дар хонадони ҳунарманди бинокор ба дунё омад. Вай дар овони ҷавонӣ ба шаҳрҳои Эрон сафар карда, соли 1495 ба Самарқанд меояд. Дар ин ҷо ӯ шоҳиди ҷангу низоҳои байни ворисони салтанатталаби темурӣ гардид. Баъд аз заволи давлати Темуриён Камолиддин Биноӣ ба дарбори Шайбонихон даъват мешавад. Ӯ дар дарбори Шайбонихон обрӯ ва нуфуз пайдо кард, ки Шайбонихон навиштани воқеаҳои лашкаркашии худро ба ӯ супоридааст. Биноӣ олим ва адиби пурмаҳсул аст. Ӯ муаллифи девони ашъор, маснавии «Беҳрӯзу Баҳром», рисолаҳои таърихии «Шайбонинома» ва «Футуҳоти хонӣ» буда, дар мусиқӣ «Нуҳранг» ва «Савтуннақш» барин оҳангҳо офарид.
Асари Биноӣ «Шайбонинома» аз таърихи зиндагӣ ва лашкаркашиҳои Муҳаммади Шайбонӣ ривоят карда, воқеаҳои таърихиро тақрибан то соли 1505 фаро мегирад. «Футҳоти хонӣ» ин як шакли густурдатари «Шайбонинома» мебошад ва аз таърихи хонадони Шайбонӣ маълумот дода, бо воқеаҳои соли 1510 поён меёбад. Ин ду асар якдигарро пурра карда, сарчашмаҳои муҳимми таърихӣ ба ҳисоб мераванд.
Соли 1507 Камолиддини Биноӣ дар лашкаркашии Шайбонихон ба Хуросон ва ишғоли Ҳирот дар рикоби ӯ қарор дошт. Баъд аз он ки дар соли 1510 Шайбонихон дар ҷанги Марв кушта мешавад, Камолиддини Биноӣ ба Мовароуннаҳр, ба Насаф (Қаршии имрӯза) меояд ва дар соли 1512 дар қатли оми ин шаҳр аз тарафи лашкаркаши Сафавиён Наҷми Сонӣ кушта мешавад.
Бадриддини Ҳилолӣ шоири маъруфи ғазалсарои нимаи аввали асри XVI буда, дар солҳои ҳафтодуми асри XV дар Астаробод ба дунё омадааст. Соли 1491 ба Ҳирот омада, ба донишандӯзӣ машғул мешавад. Ҳилолӣ дар ҳеҷ дарборе кор накард ва барои ҳеҷ кадоме аз ҳокимон мадҳия нанавишт.
Ҳилолӣ пеш аз ҳама бо девони ғазалиёташ маъруфи хоссу ом гардида, ба қалами ӯ инчунин се достон – «Лайлӣ ва Маҷнун», «Сифот-ул-ошиқин» ва «Шоҳу дарвеш» низ тааллуқ дорад.
Бадриддини Ҳилолӣ шоҳиди муборизаҳои шадиди Сафавиён ва Шайбониён барои Хуросон гашта буд. Ӯ ҳаҷвияе дар чаҳор мисраъ дар бораи Убайдуллоҳхони Шайбонӣ навишт, ки он чунин аст:
То кай, Убайдо, пайи толон бошӣ,
Тороҷгари мулки Хуросон бошӣ.
Ғорат кунию моли мусалмон бибарӣ,
Кофар бошам, гар ту мусалмон бошӣ.
Ин рубоӣ сабаб шуд, ки соли 1529 баъд аз он ки Ҳиротро Убайдуллоҳхон ишғол кард, фармон дод Ҳилолиро ба қатл расонанд.
Шоири дигари ин аср Мавлоно Абдурраҳмони Мушфиқӣ мебошад. Ӯ соли 1525 дар Бухоро ба дунё омада, соли 1588 дар ҳамин шаҳр вафот мекунад. Мушфиқӣ дар давраи таҳсили мадраса ба шеъргӯйӣ пардохт ва илмҳои асосии замонашро азхуд намуд.
Мушфиқӣ ба дарбори Абдуллоҳхони II даъват мешавад ва ба дараҷаи маликушшуароӣ мерасад. Ӯ бисёр қасидаҳои мадҳӣ навиштааст, ки қисме аз онҳо барои омӯхтани таърихи Мовароуннаҳр дар асри XVI ҳамчун сарчашмаи таърихӣ хизмат мекунанд. Дар баъзе қитъа ва рубоиҳои шоир санаҳои лашкаркашӣ, муҳорибаҳои муҳим, вафоти шахсони таърихӣ, аз тахт фаромадан ва ё ба тахт нишастани ин ва ё он шоҳ, солҳои итмоми биноҳои машҳур ва осори меъмории асри XVI зикр шудааст. Ин қисмати эҷодиёти шоир барои омӯхтани таърихи асри мазкур, хусусан, таърихи меъморӣ аҳамият дорад.
Ба ҷуз аз шаҳрҳои Самарқанду Бухоро, дар дигар шаҳрҳои Мовароуннаҳр низ шоирону донишмандон ҳаёт ба сар мебурданд. Масалан, дар ин давр дар Ҳисор доираи адабие вуҷуд дошт. Шоирон: Дӯсти Ҳисорӣ, Зардаки Ҳисорӣ, Узри Ҳисорӣ, Ишратии Ҳисорӣ, Ғарибии Ҳисорӣ ва дигарон намояндагони ин ҳавзаи адабӣ буданд.
Дар аср XVI таърихнигорӣ ҳам дар байни илмҳои замон мавқеи хосро ишғол кардааст. Яке аз муаррихони барҷастаи ин аср Хондамир буд. Соли 1475 ӯ дар Ҳирот таваллуд шуда, соли 1535 дар Деҳлӣ вафот кардааст. Хондамир асараш «Ҳабиб-уссияр»-ро солҳои 1521–1524 навишта, дар он воқеаҳои таърихи умумӣ ва тарҷума и ҳоли одамони машҳурро баён карда, шарҳи ҳодисаҳоро то соли 1510 расонидааст. Инчунин, ӯ муаллифи асарҳои «Дастур-ул-вузаро», «Ҳумоюннома» буда, ҷилди ҳафтум ва қисми хотимаи асари маъруфи муаррихи номӣ Мирхонд – «Равзат-ус-сафо»-ро низ навиштааст.
Дигар аз таърихнигорони маъруфи ибтидои асри XVI Фазлуллоҳ ибни Рӯзбеҳони Хунҷӣ мебошад, ки аз таъқиби Исмоили Сафавӣ аз Исфаҳон ба Бухоро, ба дарбори Шайбонихон паноҳ бурд. Ӯ асареро бо номи «Меҳмонномаи Бухоро» дар соли 1509 навишт. Дар ин рисолаи таърихӣ муаллиф ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии Мовароуннаҳру Хуросони ибтидои асри XVI-ро инъикос кардааст. Ба ҷуз «Меҳмонномаи Бухоро», ки сарчашмаи муҳим ба ҳисоб меравад, Фазлуллоҳ ибни Рӯзбеҳони Хунҷӣ муаллифи рисолаҳои «Сулук-ул-мулук» ва «Таърихи оламорои Аминӣ» низ мебошад.
Яке аз шоирон ва муаррихони барҷастаи ин давр Ҳофизи Таниш буд. Ӯ соли 1549 дар Бухоро таваллуд шуда, соли 1635 дар ҳамин шаҳр вафот мекунад. Мероси илмию адабии Ҳофизи Танишро асари таърихии ӯ «Шарафномаи шоҳӣ», ки бо номи «Абдуллоҳнома» низ маъруф аст, ду девони ғазалиёт, касоид ва маснавӣ ташкил медиҳанд. Рисолаи таърихии Ҳофизи Таниш «Шарафномаи шоҳӣ» барои омӯхтани ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва адабии асри XVI аҳамияти калон дорад.
Дар байни солҳои 1540-1551 Масъуд ибни Усмони Кӯҳистонӣ асари таърихии худ «Таърихи Абулхайрхонӣ»-ро ба дастури Абдулатифхон (ҳокими Самарқанд дар солҳои 1540 – 1552), ки дар дарбори ӯ кор мекардааст, навиштааст. Ин китоб воқеаҳои таърихиро аз қадим то солҳои 60-уми асри XV дарбар мегирад.
Яке аз сарчашмаҳои муҳимми таърихӣ ва адабии асри XVI асари ёддоштии Заҳириддин Бобур «Бобурнома» мебошад. «Бобурнома» аз се қисм иборат буда, қисмати аввалаш ба воқеаҳои дар Фарғона рухдода, ки он замон Бобур ҳокими он ҷо буд, бахшида шуда, инчунин, дигар ҳодисаҳои таърихии Мовароуннаҳрро аз соли 1494 то соли 1509 тасвир мекунад. Қисмати дуюми китоб воқеаҳои сиёсии дар Кобул рӯйдода то соли 1519-ро инъикос мекунад. Қисмати сеюми китоб ҳодисаҳои соҳои 1519–1529 дар шимоли Ҳиндустон ба вуҷудомадаро дар бар мегирад.
Дар шаҳрҳои калону хурди Мовароуннаҳр шахсони соҳибмаълумоте буданд, ки бо рӯйнавис кардани асари муаллифони номӣ машғул мешуданд. Бо ин меҳнати пурмашаққати худ онҳо сабабгори аз насл ба насли дигар ё аз як аср ба асри дигар гузаштани асарҳои нодири ниёгони мо гаштаанд.
Сарчашма:
Амир Маҳмуди Хондамир дар бораи қатли Ҳилолӣ дар Ҳирот дар соли 1529 аз ҷониби Убайдуллоҳхони Шайбонӣ менависад: «Убайдхон бо лашкари фаровон дар нафаси шаҳр (Ҳирот) нузул намуда, бар маснади салтанат мутамаккин гашт ва ашрори ӯзбекияву ҷамоати самарқандия дасти зулму ситам ба ҷониби турку тоҷик аз дуру наздик дароз кард, фиғони мазлумони дардманд аз сипеҳри баланд даргузашт…Аз ҷумлаи мазлумон ва мақтулони маълум Мавлоно Ҳилолист…, боис бар қатли вай он ки зумрае аз аҳли ҳасад ба хидмати Убайдхон арз карданд, ки Мавлоно рубоие дар ҳаҷви ту гуфта, ки мисрааш ин аст:
Кофар бошам гар ту мусалмон бошӣ.
…Бинобар ин ҷиҳот, он хони ноодил ба ҳабси вай ҳукм кард ва ӯзбекони нокас ӯро дар ҳабс шиканҷа ва қини бисёр карда, пас аз озори бисёр он нодири рӯзгорро дар сари бозор ба қатл оварданд».
Амир Маҳмуди Хондамир. Таърихи шоҳ Исмоил ва шоҳ Таҳмосби Сафавӣ (Зайли таърихи Ҳабиб-ус-сияр). Ба нашр омодакунанда Муҳаммадалии Ҷарроҳӣ. Теҳрон, 1370 ш., саҳ. 154 – 155.
Восифӣ аз сафари худ ба Самарқанд, аз он ки чӣ гуна дар сардиҳои ин шаҳр ӯ ва ҳамроҳонаш азият кашидаанд ва чӣ тавр аз султон Абӯсаид – ҳокими Самарқанд, ки бесавод буд ва низ забони тоҷикиро намедонист, гирифтани подош ба ивази мадҳияеро чунин менависад: «Мавлоно Абдулалии Балхӣ, ки яке аз дӯстони ҷонӣ буд, шабе ба хонаи ин камина омада гуфт, ки ин толибилмон ҳама ҳалок мешаванд. Дар бораи эшон чӣ фикре мекунӣ? Гуфтам: «Ман низ ҳайронам ва чорае намедонам». Гуфт: «Дар таърифи соли қаҳт, ба мадҳи Абӯсаид султон қасидае мебояд гуфт ва дар маонии бадеъ, то аз вай ба тариқи сила (туҳфа) ахз намоем ва киштии умри ин фақиронро аз ин дарёи хунхори қаҳт бар карона орем». Гуфтам: «Абӯсаид султон туркест ва аслан форсӣ намедонад, ҳамчуноне ки мо туркӣ намедонем». Гуфт: «Ман ёре дорам, ки имому ноиби султон аст, ҳамин миқдор, ки моро ва ин қасидаро таъриф мекунад, муҳим кифоят мешавад».
Зайниддин Маҳмуди Восифӣ. Бадоеъ-ул-вақоеъ. Ҷилди 1. Теҳрон, 1349 ҳ.ш., саҳ. 68.
Санаҳои муҳим:
1453 – таваллуди Камолиддини Биноӣ дар Ҳирот
1485 – таваллуди Зайниддин Маҳмуди Восифӣ дар Ҳирот
1512 – қатли шоир Камолиддин Биноӣ дар Насаф
1529 – кушта шудани Бадриддин Ҳилолӣ дар Ҳирот бо фармони
Убайдуллоҳхони Шайбонӣ
1535 – қатли мусиқидони маъруф Кавкабии Бухороӣ
951 ҳ.қ./1544-45м – қатли маъруфтарин хаттоти ҳиротӣ Миралӣ дар
Бухоро
1588 – вафоти Абдурраҳмони Мушфиқӣ дар Бухоро
Савол ва супориш:
1) Чаро ҳавзаҳои адабӣ ва илмии Мовароуннаҳру Хуросон дар ибтидои асри XVI аз фаъолият бозмонданд?
2) Мавҷи аввали муҳоҷирати шоирон ва фарҳангиёни Мовароуннаҳру Хуросон дар кадом аср буд? 3) Адибон ва олимони Мовароуннаҳр ба куҷо ҳиҷрат карданд?
4) Шоирони маъруфи ин даврро номбар кунед.
5) Кадоме аз шоирони ин давр ба дараҷаи маликушшуароӣ расид?
6) Кадом рисолаҳои таърихии асри XVI-ро медонед?