Ҳаёт ва фаъолияти Унсурулмаолии Кайковус
Нақша:
Муқаддима
1. Ҳаёти мухтасари шоир
2. Мероси адабии ў
Хулоса
Унсурулмаолии Кайковус яке аз намояндагони барҷастаи адабиёти асри XI ба ҳисоб меравад. Доир ба ҳолу аҳволи хонаводагии Унсурулмаолӣ маълумоти зиёде нест. Аз рўйи гуфтаи сарчашмаҳо маълум мешавад, ки ў аз хонадони шахсони маърифатноку фозилу донишманд ба дунё омадааст. Унсурулмаолии Кайковус тахминан дар аввалҳои асри XI дар яке аз вилоятҳои кўҳистони Эрони Шимолӣ таваллуд шуда, то солҳои 90-ум умр ба сар бурдааст. Бобо ва падари Унсурулмаолӣ низ аз шахсони маърифатноки замонаш будаанд. Аз ин рў, падараш саъю кўшиш намудааст, ки фарзандаш аз илмҳои пешқадами замонаш бархўрдор бошад. Падараш кўшиши зиёде ба харҷ дода, донишмандони замон ва ҳунармандони соҳаҳои мухталифро барои таълиму тарбияи фарзанди худ ҷалб намудааст. Унсурулмаолӣ як замон бо таъсири таълимоти Абўалӣ ибни Сино ба омўзиши илми тиб низ машғул шудааст. Ғайр аз ин, илмҳои пешрафтаи замони худ нуҷумшиносӣ, ҳайат, шеър ва илми мусиқиро низ фаро гирифтааст. Ҳамин тариқ, Унсурулмаолии Кайковус аз илму донишҳои замони хеш хуб баҳраманд шудааст.
Аз мероси адабии шоир ба мо асари бузурги ў «Қобуснома» расидааст, ки дар таърихи адабиёти классикӣ бо номи «Насиҳатнома» низ маълуму машҳур аст. Унсурулмаолии Кайковус шахси пуртаҷрибаву донишманд будааст, аз ин рў таҷрибаи рўзгор ва панду ҳикматҳои хешро дар асараш «Қобуснома» ҷамъоварӣ намудааст.
Қайд кардан бамаврид аст, ки Унсурулмаолӣ анъанаи падари худро давом дода, барои тарбия ва таълими фарзанди худ- Гелоншоҳ насиҳатномае мураттаб месозад, ки бо номи «Қобуснома» маълуму машҳур шудааст. Баъд аз мутолиаи ин асар хонанда ба хулосае меояд, ки дар ҳақиқат, Унсурулмаолӣ як шахси фозилу донишманд, таҷрибадида, ҷаҳондида ва хирадманд будааст.
«Қобуснома» дар таърихи адабиёти классикии форсии тоҷикӣ ҳамчун асари тарбиявии аҳлоқӣ шинохтаву эътироф шудааст. «Қобуснома» дорои 44 боб буда, ҳар яке аз бобҳо ба масъалаҳои мухталифи ахлоқу одоб, расму ойин, рўзгордорӣ, оилаву оиладорӣ, таҳсили илму дониш, омўзиши касбу ҳунар, варзиш, давлату давлатдорӣ ва доир ба дигар масъалаҳои ҳаётӣ бахшида шудааст. Асар аз ҳикоятҳои хурд-хурд иборат аст, ки шоир онро аз эҷодиёти худи мардум ҷамъоварӣ намудааст. Унсурулмаолӣ аз ҳаёту саргузашти хеш, аз осори бадеиву таърихӣ низ нақлу ривоятҳо овардааст. Кайковус дар бобҳои асари худ масъалаҳои зулму золимӣ, ҷаҳлу ҷоҳилӣ, макру фиреб. мағрурию худписандӣ, кинаву бадгўӣ, ҷабру ситамро маҳкум намуда, дар баробари ин дўстию рафоқат, некиву накўкорӣ, ростиву росткорӣ, мардиву ҷавонмардӣ, саховатмандӣ ва дигар хусусиятҳои ҳамидаи неки инсониро ситоиш намуда, тарғибу ташвиқ менамояд. Ў, ки худ донишманд буд, ба фарзанди хеш низ тарбия медиҳад, ки илму дониш, касбу ҳунар омўзад, то дар зиндагӣ хориву зориро набинад. Ҳаёти мо саросар панд аст, таҷриба аст. Бинобар ин нависанда таъкид бар он менамояд, ки мактаби ҳаёт таҷрибаҳои ибратомўз дорад ва мо бояд аз онҳо бо маҳорати калон истифода намоем. Тавре гуфтем, мавзўъҳои баҳси «Қобуснома» мухталифанд ва дорои аҳамияти тарбиявӣ мебошанд. Дар боби некиву накукорӣ сухан ронда мегўяд, ки то тавонӣ некӣ кун ва ҷаҳд кун, то касеро наёзорӣ. Агар дидори инсон хуб бошад, бояд рафтору кирдораш низ чунин бошад. Дар мавриди сухан гуфтан бар он ақида аст, ки пеш аз сухан гуфтан, аввал андеша бояд кард. Суханро бузург дон, суханро рост гўй, ҳеҷ гоҳ сардсухан мабош, ки аз сухани бад душманӣ рўяд. Дар боби пириву ҷавонӣ сухан ронда, таъкид менамояд, ки ба қадри пириву ҷавонӣ бояд расид, зеро ки ин неъматест бебаҳо.
Хулоса, нависанда дар асари худ аз забони бузургон чун Анўшервон, Бузургмеҳр, Афлотун, Суқрот панду ҳикматҳои судманд баён намуда, мардумро ба роҳи рост ҳидоят менамояд. Гуфтан ҷоиз аст, ки панду ҳикматҳо ва ҳикоятҳои насиҳатомези «Қобуснома» барои хурду бузург, чи дар гузашта ва чи дар замони имрўз аз аҳамият холӣ нест. Месазад, ки ин китоб ҳамчун дарси одобу ахлоқ дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии мо ҳамчун фанни алоҳида таълим дода шавад. Зеро одобу ахлоқи хуб нисфи ҳусн аст.