Ҳаёт ва фаъолияти Носири Хусрав
Нақша:
Муқаддима
1. Шарҳи зиндагии шоир
2. Мероси адабии шоир
Хулоса
Носири Хусрав дар таърихи адабиёти форсу тоҷик ва аҳли илму адаби машриқзамин яке аз шоирону нависандагоне аст, ки дар давоми умри бобаракати худ бо назму наср асарҳои зиёде эҷод намудааст. Шоир дар бораи фаровонии асари хеш чунин фармудааст:
Мангар бад-ин заиф танам, з-он ки дар сухан,
З-ин чархи пурситора фузун аст асар маро.
Носири Хусрав, ки гоҳо худро Марвазӣ низ гуфтааст, соли 1004 дар шаҳри Қубодиён таваллуд шудааст.
Носири Хусрав аз овони кўдакӣ ба илму дониш ва касбу ҳунар шуғл варзида, маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳи худ касб намудааст. Шоир дар мадрасаҳои шаҳри Қубодиёну Балх ба омўхтани сарфу наҳви арабӣ, балоғату фасоҳат, тафсир, ҳадис, илоҳиёт ва монанди онҳоро омўхта, ба роҳи худомўзӣ илмҳои замони худ арўз, қофия, фалсафа, таърих, мусиқӣ, ҳисоб, ҳандаса, табиатшиносӣ ва забонҳои ҳиндиву юнониро низ аз худ намудааст.
Баъдҳо Носири Хусрав ҳамчун яке аз шоирони маълуму машҳур ба корҳои маъмурии давлатӣ роҳ меёбад. Баъди табаддулотҳои давлатӣ Носири Хусрав ба сафари ҳафтсола мебарояд. Шоир баъд аз гурезогурезҳо ва оворагардиҳо ба яке аз мавзеъҳои Бадахшон бо номи Юмгон паноҳ мебарад. Носири Хусрав 25-соли ҳаёти худро дар Юмгон сипарӣ менамояд. Соли 1088 шоир бо хориву зориҳо дар ҳамон ҷо вафот мекунад.
Аз шоир ба мо мероси бой боқӣ мондааст. Яке аз онҳо «Сафарнома»-и ў мебошад, ки аҳамияти бузурги илмиву таърихӣ дорад. «Сафарнома» мушоҳида ва натиҷаи сафарҳои 7-солаи шоир будааст, ки бо забони соддаву равон навишта шудааст.
Асари дигари Носири Хусрав «Девон»-и ў мебошад. Аз рўи маълумоти сарчашмаҳо аз шоир ду девон боқӣ мондааст, ки бо забонҳои арабию форсӣ таълиф гардидааст:
Ин фахр бас маро, ки ба ҳар ду забон,
Ҳикмат ҳаме мураттабу девон кунам.
Ҷонро зи баҳри мидҳати Олӣ Расул,
Гаҳ Рўдакиву гоҳе Ҳассон кунам.
Аз мавҷудияти девони арабии шоир то кунун хабаре нест. Девони манзуми шоир, ки ҷамъоварӣ шудааст, аз қасида, ғазал ва рубоӣ иборат аст.
Фаъолияти адабӣ ва шоирии ў асосан дар 25-солагӣ шурўъ шудааст. Мувофиқи ишораи Давлатшоҳи Самарқандӣ девони ашъори Носири Хусрав 30 ҳазор байтро дар бар мегирад. Ў аслан қасида сурудааст. Қасидаҳои шоир аз баъзе ҷиҳатҳо аз қасидаи ҳамзамонони худ ба куллӣ фарқ мекардааст. Дар қасидаҳои ў мадҳу ситоиши подшоҳон, васфи шароб дида намешавад.
Маснавии «Сафарнома» яке аз асарҳои дигари шоир буда, дорои 300 байт аст. Мавзўъҳои асосии «Сафарнома»-ро масъалаҳои панду ахлоқ, некӣ, бурдборӣ, эҳсон, ҷавонмардӣ, меҳру вафо дар бар мегирад.
«Рўшноинома»-и шоир дорои 592 байт аст, ки дар тўли як ҳафта таълиф шудааст. Дар асари мазкур масъалаҳои фалсафӣ аз қабили пайдоиши оламу одам, офариниши осмону ситораҳо, сифати камолоти инсон, тарзи бунёд ёфтани ҷомеаи инсонӣ, пайдо шудани давлат мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд.
Умуман дар осори шоир тамоми паҳлуҳои зиндагии ҷомеа мавриди омўзиш қарор дода шудааст. Носири Хусрав ба ҳамаи ин масъалаҳо аз диду назари инсондўстӣ назар афкандааст. Фикру ақидаҳои пешқадами шоир то ба имрўз низ дар байни мардум мавриди истифода қарор дода шудаанд, ки аз аҳамияти холӣ набудааст.