• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Ҳаёт ва фаъолияти Асадии Тусӣ / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Ҳаёт ва фаъолияти Асадии Тусӣ / Иншо

65 нафар дид 1

Муаллиф: Донишхона
03.02.2024

Ҳаёт ва фаъолияти Асадии Тусӣ

Нақша:

Муқаддима

1.Ҳаёти мухтасари шоир

2. Мероси адабии Асадии Тўсӣ

Хулоса

Асадии Тўсӣ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик аввалин шоири сарояндаи мунозираҳои тоҷикӣ ба шумор меравад. Абўмансур Алӣ ибни Аҳмад Асадии Тўсӣ ҳамчун луғатшинос ва хаттоти машҳури замони худ шинохтаву эътироф гардидааст. Шоир соли 1005 дар Тўс ба дунё омадааст. Тавре аз сарчашмаҳо бармеояд, шоир таҳсилоти ибтидоиро дар зодгоҳи хеш гирифта, илмҳои расмии замонаашро аз қабили адабиёти арабӣ, таърих, фалсафа ва ҳикматро омўхта, илми хаттотиро низ хеле хуб аз бар намудааст. Аз овони ҷавонӣ ба шеъру шоирӣ майлу рағбати зиёд дошта, ба ҷамъ овардани луғат майл доштааст. Натиҷаи ҳамаи ин заҳматҳо ҳамин буд, ки ў «Луғати фурс»-ро таълиф намуд. Шоир ба Хуросон ва Озорбойҷон сафар намудааст. Баъди  сафарҳои дурудароз ба ватани худ баргашта, соли1073 дар зогоҳи худ- Тўс вафот мекунад.

Таъкид намудан лозим аст, ки фаъолияти илмиву адабии шоир хеле барвақт оғоз шудааст. Мероси адабии ў бою рангин буда, аз асарҳои зерин иборат аст: «Луғати фурс», «Гаршоспнома» ва панҷ мунозира. Ин панҷ мунозира дар шакли қасида ва тарзи баёни баҳси ду тарафи мутақобил эҷод шудааст. Мунозираҳо чунин ном доранд: «Мунозираи габр ва мусулмон», «Мунозираи араб ва аҷам», «Мунозираи замин ва осмон», «Мунозираи шаб ва рўз», «Мунозираи камон ва найза».

«Луғати фурс» луғати тафсирии забони тоҷикии форсист, ки то ба замони мо омада расидааст. «Луғати фурс» асосан дар пояи маводи ашъори шоирони Хуросону Мовароуннаҳр ҷамъоварӣ ва тартиб дода шудааст. Дар ин луғати бузург роҷеъ ба сад шоири асри IХ-ХI маълумот дода мешавад, ки дар дигар сарчашмаҳо вуҷуд надоранд. Дар луғати мазкур аз ашъори устод Рўдакӣ, Шаҳидии Балхӣ, Мунҷик, Дақиқӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ, Фирдавсӣ ва дигарон мисолҳо оварда шудааст. «Луғати фурс» арзиши баланди илмӣ дорад. Луғат дорои бештар аз 2000 калима мебошад. Дар луғат чун луғатҳои дигар калимаву ибораҳои душворфаҳм, камистеъмол, номи ситораҳо, вожаҳои маҳаллию лаҳҷавӣ ва як миқдор калимаву ибораҳои ҳиндӣ, юнонӣ, арабӣ ва туркӣ шарҳ дода шудаанд.

Маснавии «Гаршоспнома» аз афсонаҳои қадимаи Эрони бостон буда, хеле маъруфу машҳур аст. Қиссаи «Гаршоспнома»-ро бори аввал дар таърихи адабиёти классикии форсу тоҷик яке аз адибони асри X Абулмуайяди Балхӣ ба риштаи таҳрир кашидааст. Қиссаи «Гаршоспнома» қисман ба забони паҳлавӣ ва дар «Таърихи Систон» ба забони форсии дарӣ оварда шудааст. Дар он ҷо Гаршосп аз паҳлавонони Систон буда, ҳамчун бобокалони Рустами Достон тасвир ёфтааст. «Гаршоспнома»-и Асадии Тўсӣ дар шакли маснавӣ бо вазни «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ суруда шудааст. Достон дорои нўҳ ҳазор байт аст. «Гаршоспнома» қаҳрамонҳои зиёде дорад: Гаршосп, Заҳҳок, Ҷамшед, Гуранг, Фаридун, Наримон ва ғайра.

Гаршосп ҳамчун марди ободихоҳ тасвир ёфтааст. Падараш бошад меҳрубону шахси ботадбир тасвир шудааст.

Асадии Тўсӣ дар достон ба масъалаҳои одобу ахлоқ дахл намуда, ақидаҳои пандуахлоқиро бо сифатҳои хуби инсонӣ тарғибу ташвиқ менамояд. Бартарии некиро бар бадӣ дар бисёр лаҳзаҳо тасвир менамояд. Забону услуби нигориши «Гаршоспнома»-ро қайд кардан мумкин аст. Забони «Гаршоспнома»-ро намунаи барҷастаи забони шеъри тоҷикии асри XI номидан мумкин аст. Дар «Гаршоспнома» панду андарзҳои ҳакимона хеле фаровон аст ва он барои тарбияи насли навраси ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо аҳамияти бузург дорад.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

1 Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
  • Китобшиносӣ ва феҳрастнигорӣ дар қаламрави адабиёт / Реферат
  • Масъалаҳои ахлоқӣ дар “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов