Ҳаёт ва фаъолияти Абўшакури Балхӣ
Нақша:
Муқаддима
1. Маълумоти мухтасар дар бораи шоир
2. Мероси адабии ў
Хулоса
Абўшакури Балхӣ яке аз шоирони бузург ва тавонои асри худ буд. Ў соли 915 дар шаҳри бостонии Балх ба дунё омадааст. Таҳсили ибтидоии хешро дар шаҳри Балх гирифта, баъдан дар доираи адабии Бухоро ба воя расидаву мақому манзалати баланде касб мекунад. Таъкид намудан лозим аст, ки Абўшакури Балхӣ аз наздикон ва шогирдони устод Рўдакӣ будааст.
Абўшакури Балхӣ умри пурбаракат дида, дар солҳои 60-уми асри Х вафот кардааст. Аз шоир ба мо мероси на он қадар зиёде боқӣ мондааст. Аз мероси адабии шоир порчаҳои хурди лирикӣ, байтҳои пароканда аз достони ў «Орифнома» то ба мо омада расидааст.
Ба қавли худи шоир ў оилаи хешро аз маҳсули дастранҷи қалами худ таъмин мекардааст:
Ду динор бояд маро ё дирам,
Фароз оварам ман зи нўги қалам
Шоир бо вуҷуди истеъдод ва мақоми баланди адабиву шоирӣ доштанаш инсони хоксоре будааст. Ў дониши худро нокифоя шуморида, ҳамеша аз пайи сайқал додани дониши худ будааст:
То бад-он ҷо расид дониши ман,
Ки бидонам ҳаме, ки надонам.
Абўшакури Балхӣ дуруст қайд кардааст, ки инсон ҳар қадаре, ки илму донишро бештару хубтар фаро гирад, ҳамон қадар ба кашфи нави асрори оламу одам шавқмандтар мешавад. Ў баъдан «Орифнома»-ро таълиф мекунад. Достони «Орифнома» саропо ба мавзўи панду ахлоқ бахшида шудааст. Аз ин достон то ба мо ҳамагӣ 300 байт расидааст. «Орифнома» бо хусусияти пандуандарзияш дар таърихи назми ахлоқии форсу тоҷик дар радифи достонҳои «Калила ва Димна» ва «Синдбоднома»-и устод Рўдакӣ қарор мегирад.
Абўшакури Балхӣ дар достони «Орифнома» ба ҳамаи мавзўъҳои асосии зиндагӣ дахл намуда, масъалаҳои илму дониш, касбу ҳунар, тарғибу ташвиқи дўстиву рафоқат, ахлоқи некро мавриди тахлилу баррасӣ қарор додааст. Дар ҳақиқат, шоир мавқеи илму донишро аз ҳама боло гузошта, шахси донишмандро соҳибэҳтиром меҳисобад.
Бад-он кўш то зуд доно шавӣ,
Чу доно шавӣ, зуд воло шавӣ.
На донотар он кас, ки волотар аст,
Ки волотар он кас, ки донотар аст.
Шоир тарғибу ташвиқ мекунад, ки донишомўзӣ аз овони кўдаки бояд оғоз шавад:
Ба ҳангоми барноиву кўдакӣ,
Ба дониш тавон ёфтан зиракӣ.
Олимону донишмандонро хеле ситоиш мекунад, мартаба ва мақому манзалати онҳоро аз ҳама баланд мешуморад:
Касе к-ў ба дониш барад рўзгор,
На ў боз монад, на омўзгор.
Ў душманонро чашми дидан надошт. Ҳар қадаре, ки душманбадбинонро талқин намояд, ҳамон андоза меҳру муҳаббат ва дўстиву рафоқати инсонро васф менамояд. Дўстро барои ҳар як инсон муқаддас меҳисобад. Аз ў неъмати волотаре нест:
Шавад дўст аз дўст ороста,
Чу бо эминӣ мардум аз хоста.
Ҳама чиз пирӣ пазирад, бидон,
Магар дўстӣ, к-он бувад ҷовидон.
Гуфтан бамаврид аст, ки достони «Орифнома» фикру андешаҳои пандуахлоқии халқи тоҷикро, ки ҳатто пеш аз ислом мавҷуд будаанд, ҷамъбаст намуда, дар таърихи минбаъдаи афкори ҷамъиятии мо мақоми бузурге доштааст.