Ҳаёт ва фаъолияти Абўабдуллоҳи Рўдакӣ
Нақша:
Муқаддима
1. Рўзгори шоир
2. Мероси адабии шоир
Хулоса
Абўабдуллоҳ Ҷаъфар бинни Муҳаммад Рўдакӣ соли 858 дар деҳаи Панҷрўди водии Зарафшони ҷамоати Рўдакӣ ба дунё омадааст. Рўдакӣ тахаллуси шоирии устод аст, ки аз номи деҳаи зебои худ Рўдак гирифтааст. Падар ва гузаштагони Рўдакӣ аз табақаи боимтиёз ва шахсони соибэҳтироми водии худ буда, ба тарбияи фарзандаш аҳамияти бузург додааст. Ў маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳи худ гирифта, аз худ истеъдоди баланде зоҳир намудааст. Рўдакӣ чунон зираку доно будааст, ки дар синни ҳаштсолагӣ «Қуръон»-ро бапуррагӣ ҳифз намудааст.
Устод Рўдакиро дар таърихи илму фарҳанги адаби форсии тоҷикӣ бо номҳои сардафтари адабиёти классикӣ, асосгузори назми форсии тоҷикӣ, устоди шоирон, султони шоирон, маликушшуаро ва одамушшуаро ёд мекунанд. Ў шеъру шоириро низ аз ҳаштсолагӣ оғоз намудааст. Рўдакӣ дар баробари зеҳни гирову ақли расо овози хуш ва савти дилкаше низ доштааст. Ў азми сафари Самарқанд мекунад ва дар мадрасаи шаҳри Самарқанд таҳсили илм менамояд. Шоир дар бораи илми мусиқӣ шавқу рағбат доштани худ чунин ишора мекунад:
Рўдакӣ чанг баргирифту навохт,
Бода андоз, к-ў суруд андохт.
Рўдакӣ соҳиби девони бузург будааст. Ба ғайр аз ин, аз шоир ба мо достониҳои «Калила ва Димна», «Синдбоднома», маснавии «Даврони офтоб» ва қасидаҳои «Шикоят аз пирӣ», «Модари май» боқӣ мондааст. Ҳамаи ин гуфтаҳои боло аз он гувоҳӣ медиҳад, ки устод Рўдакӣ шоири пурмаҳсул будаанд. Афзунии миқдори шеърҳои Рўдакиро қайд намуда, шоири асри XI Рашидии Самарқандӣ чунин мегўяд:
Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некўшоирӣ,
Рўдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.
Шеъри ўро баршумурдам сездаҳ раҳ сад ҳазор,
Ҳам фузун ояд, агар чунонки бояд бишмарӣ.
Аз ҳамаи ин осори беандоза бузурги устод Рўдакӣ акнун танҳо дар ҳудуди ҳазор байт боқӣ мондаасту халос.
Достони «Калила ва Димна» аслан достони ҳиндӣ буда, дар асри VI аз ҳиндӣ ба паҳлавӣ тарҷума шудааст. Баъдан, ба арабӣ баргардонида шуд. Рўдакӣ достонро аз рўи тарҷумаи тоҷикии Балъамӣ ба риштаи назм кашидааст. «Калила ва Димна» асари пандуахлоқӣ мебошад.
«Модари май» қасидаи мадҳӣ буда, дар васфу ситоиши шоҳи Хуросон навишта шудааст.
Қасидаи «Шикоят аз пирӣ» дорои 34 байт буда, қасидаи шарҳиҳолӣ номида мешавад. Рўдакӣ ин қасидаро дар рўзҳои пириву сахтии зиндагии худ эҷод кардааст. Қасидаи «Шикоят аз пирӣ» лаҳзаҳои муҳимтарини ҳаёти шоир, хусусан пастиву баландиҳои рўзгори онро ба ёд меорад. Асари дигари шоир маснавии «Даврони офтоб» ба ҳисоб меравад, ки дар бораи ҳаракат, хосияту хусусиятҳои табиии офтоб нақлу ривоят мекунад. Мероси адабии боқимондаи устод Рўдакӣ аз қасида, ғазал, қитъа, рубоӣ ва маснавӣ иборат аст. Ашъори дигари боқимондаи Рўдакӣ, махсусан ғазалҳои ў, аз нигоҳи мазмун ва мундариҷа ба монанди қасидаҳои ў рангорангу бою ғанӣ мебошанд. Маснавиҳои шоир асосан қиссаву афсона, саргузаштҳои ибратомўз, панду ахлоқи инсони нек ва афкору андешаи инсондўстонаи ўро фаро гирифтаанд.