Ҳаёт ва фаъолияти Абдурраҳмони Ҷомӣ
Нақша:
Муқаддима
1. Зиндагиномаи шоир
2. Мероси адабии шоир
Хулоса
Абдурраҳмони Ҷомӣ 7-уми ноябри соли 1414 дар деҳаи Харҷурди вилояти Ҷоми Хуросон ба дунё омадааст. Ҷомӣ яке аз намояндагони аҳли илму адаби адабиёт маҳсуб мешавад. Шоир таҳсилоти ибтидоиро дар назди падари худ гирифта, инчунин забони арабиро то андозае аз худ кардааст. Тавре худи Ҷомӣ мегўяд: «Мо дар ҳақиқат шогирди падари худ ҳастем, ки илм аз вай омўхтем». Ҷомии хўрдсол аз овони кўдакӣ зеҳни бурро, ақлу фаросату одобу ахлоқи аҷоибе дошт. Ҳанўз аз кўдакӣ ба шеъру шоирӣ шавқу ҳаваси зиёде доштааст. Бинобар ин фаъолияти эҷодии худро хеле барвақт оғоз намудааст. Ҷомӣ барои такмил додани илму дониши хеш ба шаҳрҳои Ҳироту Самарқанд, Қазвину Ҳамадон, Курдистону Бағдод сафарҳо кардааст. Дар охир ба Ҳирот баргашта, боқии умри худро дар шаҳри Ҳирот гузаронидааст. Абдурраҳмони Ҷомиро дар Ҳирот ҳама арбобони давлату аҳли илму адабиёт бо эҳтиром ва ғамхории ҳаматарафа қадрдонӣ мекарданд. Ҷомӣ соли 1492 дар шаҳри Ҳирот вафот кардааст. Маросими дафни Ҷомӣ ба маъракаи бузурге табдил ёфт. Аксарияти шоирони Ҳирот аз ҷумла наздикону пайвандони ў дар ҳаққи эшон марсияҳо навиштаанд. Оромгоҳи Ҷомӣ дар шаҳри Ҳирот зиёратгоҳи оламиён гаштааст.
Мероси адабии шоир аз асарҳои манзуму мансур иборат аст. Асарҳои бузургтарини шоир «Баҳористон» ва достони «Ҳафт авранг», ки аз ҳафт достони манзум иборат аст, ба ҳисоб меравад. Абдурраҳмони Ҷомӣ дар пайравии хамсасароёни гузашта Низомӣ ва Амир Хусрави Деҳлавӣ достони «Ҳафт авранг»-и худро таълиф намуд. Ҷомӣ дар бораи «Ҳафт авранг» ва мавқеи он сухан ронда, достонҳои худро ба ситораи ҳафтбародарон монанд мекунад:
Ин ҳафт сафина дар сухан ҳамранганд,
В-ин ҳафт хазина дар гуҳар ҳамсанганд.
Чун ҳафт бародарон бар ин чархи баланд,
Номӣ шуда бар замин ба «Ҳафт авранг»-анд.
Достон ва маснавиҳои «Ҳафт авранг»-и Ҷомӣ дар замонҳои гуногун эҷод шуда, аз се маснавӣ ва чор достон иборат мебошанд.
Яке аз асарҳои машҳури насрии ў достони «Баҳористон» мебошад. Ин асар дар пайравии «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ суруда шудааст ва аз ҳашт боб иборат аст. Ҳар як боби он аз ҳикоятҳои пандуахлоқӣ таркиб ёфтааст.
Қисми дигари эҷодиёти шоирро девони ғазалиёти ў ташкил медиҳад, ки ба мавзўъҳои мухталиф бахшида шудааст. Тарбияи фарзанд ва ахлоқи ў аз назари шоир хеле муҳим аст. Бинобар ин Ҷомӣ дар бобати одобу ахлоқ ва фазилати фарзанд сухан ронда, ифтихор ва пайдории ному насаби авлод ва оиларо дар ҷомеа бахусус қайд менамояд:
Ҳеҷ неъмат беҳтар аз фарзанд нест,
Ҷуз ба ҷон фарзандро пайванд нест.
Ҳосил аз фарзанд гардад коми мард,
Зинда аз фарзанд монад номи мард.
Ҷомӣ бо чунин васила фарзандонро аз якдигар фарқ карда, дар бораи фарзанди нохалаф сухан ронда, таъкид менамояд, ки на ҳамаи фарзандон ба шаъну шараф ва иззату эҳтиром сазоворанд.
Шоир илму донишро муқаддас шуморида, инсонҳоро ба омўхтани он даъват менамояд. Қадри китобро низ аз ин ҷиҳат баланд меҳисобад:
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст.
Бувад бемузду минат устоде,
Ки дониш бахшадат ҳар дам кушодӣ.
Ё дар ҷои дигаре чунин фикру андешаи худро тақвият дода мегўяд:
Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.
Ҳар лаҳза аз ў ба гўшаи танҳоӣ,
Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.
Ҳамин тариқ, Абдурраҳмони Ҷомӣ ҳамчун олим, шоир, яке аз адибони намоёни адабиёти классикии форсу тоҷик дар осмони илму адаби асри ХV шинохтаву эътироф гардидааст. Ў дар сурудани ғазал ба шоирони бузурги гузашта Саъдиву Амир Хусрави Деҳлавӣ ва Ҳофизу Камоли Хуҷандӣ пайравӣ намудааст.