• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Ҳаёт ва фаъолияти Низомии Ганҷавӣ / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Ҳаёт ва фаъолияти Низомии Ганҷавӣ / Иншо

690 нафар дид 3

Муаллиф: Донишхона
03.02.2024

Ҳаёт ва фаъолияти Низомии Ганҷавӣ

Нақша:

Муқаддима

1.Ҳолу аҳволи шоир

2. Фаъолияти адабии шоир

Хулоса

Низомии Ганҷавӣ яке аз шоирон ва суханварони бузурги Озорбойҷон буда, бо тахаллуси Низомӣ дар адабиёти классикии форсии тоҷикӣ маълуму машҳур гардидааст. Ў соли 1141 таваллуд шудааст. Падар ва гузаштагони шоир аз аҳли илму фазли замони худ будаанд. Низомии Ганҷавӣ дар хурдӣ аввал аз падар ва баъд аз модар ятим мондааст. Тарбияи минбаъдаи Низомиро тағояш Хоҷа Умар бар ўҳда мегирад. Таҳсили ибтидоии ў дар зодгоҳаш шаҳри Ганҷа сипарӣ мешавад. Ў бо ғамхорӣ ва саъю кўшиши тағояш тамоми илмҳои замонаро аз худ менамояд. Дере нагузашта ба дарбор даъват карда мешавад. Низомӣ ҳарчанд бо ҳакимони замони худ муносибати хуб дошта бошад, вале аз шукўҳу шавкати дурўғини аҳли дарбор хабардор буд. Ў қаноатпешагиро аз ҳолу аҳволи онҳо беҳтару хубтар медонист. Ў зулму золимии ҳамешагии аҳли дарборро дида, ба ҳокимон панду андарз медиҳад, ки аз чунин амалҳои бад даст кашанд:

Моли ятимон ситидан кор нест,

Бигзор, ин одати аҳрор нест.

Маскани шаҳрӣ зи ту вайрона шуд,

Хирмани деҳкон зи ту бедона шуд.

Шоир ҳаёти хоксоронаи хешро васф намуда, онро аз кайфу сафо, аз зиндагии аҳли дарбориён боло мегузорад. Ў қариб тамоми умр дар зодгоҳи хеш гўшанишинӣ мекунад. Кунҷи хилватеро бо як мушт ҷав ва омўхтани илму эҷоди асарҳои ҷаҳоншумулро аз ҳама беҳтар медонад:

Гули раъно даруни ғунча ҳазин,

Ҳамчу ман гашта эътикофнишин,

Манам рўй аз ҷаҳон дар гўша карда,

Кафе писти ҷавин раҳтўша карда.

Дар ҳақиқат, шоир гўшанишиниро барои он ихтиёр карда буд, ки ба халқу ватани худ нафъ расонад. Зеро ў чунин ақида дошт, ки инсон на барои хўрду хоб, балки барои корҳои бузург офарида шудааст:

Одамӣ н-аз пайи алафхорист,

Аз пайи зиракию ҳушёрист.

Саг бар он одамӣ шараф дорад,

Ки чу хар дида бар алаф дорад.

Кўш, то халқро ба кор оӣ,

То ба хулқат ҷаҳон биёроӣ!

  Низомӣ соли 1209 дар шаҳри Ганҷа аз олам гузаштааст. Шоир бо асарҳои зиёди худ дар таърихи адабиёти классикӣ ва ҳам дар адабиёти ҷаҳон маълуму машҳур гардидааст. Ў эҷодиёти худро аз сурудани шеърҳои лирикӣ ва ғазалу рубоиҳои ошиқона шурўъ намудааст. Низомӣ бо асари безаволи худ «Хамса» дар адабиёт мавқеи босазо дорад. «Хамса»-и ў панҷ ганҷи қиматбаҳоро фаро гирифтааст. Дар бораи «Хамса»-и Низомӣ устод С. Айнӣ дуруст қайд намудаанд, ки «Хамса»-и шоир аз ҷумлаи асарҳоест, ки адабиёти форсу тоҷик ба онҳо фахр мекунад. Амир Хусрави Деҳлавӣ ва Ҷомӣ барин шоирон ва адибони шўҳратманди мо ба Низомӣ пайравӣ намуда, асарҳои хешро эҷод  намудаанд. Дар адабиёт анъанаи назиранависӣ ба «Хамса»-и Низомӣ  оғоз гардид.

«Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ бо тарзи нигориш, бо истифодаи санъатҳои бадеӣ ва бо маҳорати нигорандагии муаллиф маълуму машҳур гардидааст. Дар он ҳамаи масъалаҳои ҳаётӣ, аз қабили тарғибу ташвиқи панду ахлоқи нек, некиву накўкорӣ, омўхтани илму дониш, адлу инсоф, адолатпарварӣ таҳлилу баррасӣ карда шудааст.

Достонҳои «Хамса»-и Низомӣ яке аз шоҳкориҳои адабиёти классикӣ ва ҳам адабиёти ҷаҳон ба шумор меравад. Фикру андешаҳои пешқадами шоир то имрўз ҳам аҳамияти худро гум накарда, барои ҳифзи покии ахлоқ ва олами зебоӣ хизмат менамояд.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

3 Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
  • Китобшиносӣ ва феҳрастнигорӣ дар қаламрави адабиёт / Реферат
  • Масъалаҳои ахлоқӣ дар “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов