• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Ҳаёт ва фаъолияти Низомии Арўзии Самарқандӣ / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Ҳаёт ва фаъолияти Низомии Арўзии Самарқандӣ / Иншо

31 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
03.02.2024

Ҳаёт ва фаъолияти Низомии Арўзии Самарқандӣ

Нақша:

Муқаддима

1.Ҳолу аҳволи шоир

2. Эҷодиёти шоир

Хулоса

Низомии Арўзии Самарқандӣ аз шоирону нависандагон ва олимони барҷастаи асри XII ба ҳисоб меравад. Низомии Арўзӣ дар охири асри XI дар шаҳри бостонии Самарқанд ба дунё омадааст. Ў дар соҳаи шеъру адаби форсӣ малакаву истеъдоди беандозае доштааст. Ба ғайр аз ин дар илмҳои тиб ва нуҷум низ моҳир будааст. Аз сабаби он ки илми арўзро хуб медонист, бо унвони Арўзӣ низ маълуму машҳур шуда будааст.

Ў маълумоти ибтидоии маъмулиро дар мактабу мадрасаҳои замони худ гирифтааст. Шоир аз хурдӣ ба адабиёт шавқу ҳаваси зиёд дошта, доир ба ҳаёту фаъолияти бузургони шеъру адаби форсии тоҷикӣ нақлу ривоятҳоро аз бар менамуд. Махсусан ҳолу аҳвол ва фаъолияти адабии устод Рўдакӣ, Фирдавсӣ ва Абўалӣ ибни Сино ўро ба шавқ меовард.

Солҳои 1111-1120 ба сафари шаҳрҳои Самарқанд ва вилоятҳои гуногуни Хуросон баромадааст. Ҳангоми сафарҳои худ ў бо Умари Хайём вохўрдааст. Қабри Фирдавсиро зиёрат намудааст. Низомии Арўзии Самарқандӣ соли 1174 аз олам гузаштааст.

Аз шоир ба мо асаре бо номи «Чаҳор мақола» боқӣ мондааст. Ин асар яке аз намунаҳои барҷастаи насри бадеии тоҷикӣ ба шумор меравад. Номи аслии асар «Маҷмаъулнаводир», яъне маҷмўаи воқеаҳои аҷоибу нодир буда, ба сабаби он ки аз чаҳор мақола иборат будааст, онро «Чаҳор мақола» ном бурдаанд.

Низомии Арўзии Самарқандӣ «Чаҳор мақола»-и худро соли 1157 дар Бомиён эҷод намудааст. «Чаҳор мақола» ба яке аз ҳокимзодаҳои ғўрӣ Абулҳасан Алӣ ибни Фахриддин Масъуд, ки шоир ба тарбияи он машғул буд, навишта шудааст.

«Чаҳор мақола» аз ҳамин сабаб оҳанги панду насиҳатӣ дорад.

«Чаҳор мақола» ба ғайр аз муқаддима боз аз чаҳор бахш иборат аст, ки ҳар қисмро шоир мақола номидааст. Шоир чунин фикру андеша дорад, ки дар ҳар давру замон ҳокимони давр ба маслиҳату машварат ва кўмаки ақлу хиради чор тоифаи зиёиён-дабирон, шоирон, мунаҷҷимон ва табибон эҳтиёҷ доранд.

Дар «Чаҳор мақола» шоир дар бораи поксиратӣ, некўахлоқии донишмандону шоирону адибон суханронӣ карда, аз аҳли илму адаб ҳимоят мекунад.

«Чаҳор мақола» аз бахшҳои зерин иборат аст: мақолаи аввал «Дар моҳияти дабирӣ ва кайфияти дабири комил ва он чӣ тааллуқ бад-ин дорад», мақолаи дуввум «Дар моҳияти илми нуҷум», мақолаи сеюм «Дар моҳияти илми шеър ва салоҳияти шоир», мақолаи чаҳорум «Дар моҳияти илми тиб ва ҳидояти табиб».

Шоир нақлу ривоятҳои худро бо овардани ҳикоятҳои таърихӣ асоснок мегардонад. Низомии Арўзӣ ба шоиру қувваи шеър эътиқоди бузург дошт. Ў боварӣ дорад, ки шоир бо қувваи шеър метавонад маънӣ ва тахайюли худро сайқал диҳад. Шоир тарбияи ҷавонони боистеъдодро фарз мешуморад.

Таъкид намудан лозим аст, ки асари мазкур дорои аҳамияти таърихӣ буда, шоирону нависандагон ҳикоятҳои таърихии онро ҳангоми таълифи асарҳояшон истифода бурдаанд.

«Чаҳор мақола» ба забонҳои англисӣ ва русӣ тарҷумаву нашр шудааст. «Чаҳор мақола» асари барҷаста буда, хазинаи адабиёти классикии моро боз ҳам бою ғанӣ намудааст.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
  • Китобшиносӣ ва феҳрастнигорӣ дар қаламрави адабиёт / Реферат
  • Масъалаҳои ахлоқӣ дар “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов