• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Ҳаёт ва фаъолияти Амир Хусрави Деҳлавӣ / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Ҳаёт ва фаъолияти Амир Хусрави Деҳлавӣ / Иншо

629 нафар дид 1

Муаллиф: Донишхона
17.02.2024

Ҳаёт ва фаъолияти Амир Хусрави Деҳлавӣ

Нақша:

Муқаддима

1.Ҳолу аҳволи шоир

2. Мероси адабии шоир

Хулоса

Амир Хусрави Деҳлавӣ яке аз шоирон ва адибони бузургу барҷастаи адабиёти форсизабони Ҳиндустон буда, бо осори илмиву адабиаш дар таърихи адабиёти форсу тоҷик мақому мартабаи баланд касб намудааст. Ў соли 1253 дар яке аз мавзеъҳои наздикии шаҳри Деҳлӣ ба дунё омадааст. Бештари ҳаёти шоир дар ин шаҳр сипарӣ гаштааст. Амир Хусрав таҳсилоти ибтидоиро дар назди бобоёни худ гирифта, баъдан ба мадраса рафта онро низ хатм менамояд. Амир Хусрав бештар дар дарбори шоҳони замони худ хизмат кардааст. Амир Хусрав аз овони хурдсолӣ ба шеъру шоирӣ шавқу ҳаваси зиёде доштааст. Амир Хусрав ба ғайр аз шеъру шоирӣ боз ба санъати мусиқӣ низ рағбат доштааст.

Мероси адабии шоир бою рангин буда, аз ғазал, рубоӣ, қитъа, маснавӣ, қасидаҳо ва достонҳо иборат аст. Ба ғайр аз ин ў соҳиби чор девон низ мебошад. Амир Хусрави Деҳлавӣ дар ҷавоби «Хамса» асари бузургеро бо номи «Панҷ ганҷ» эҷод намудааст. Амир Хусрав дар анъанаи хамсанависӣ аввалин шоир маҳсуб мешавад. Абдураҳмони Ҷомӣ дар «Баҳористон»-и худ қайд менамояд, ки «Панҷ ганҷ»-и Амир Хусрав аз беҳтарин ҷавобҳо ба «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ ба шумор меравад. «Хамса»-и Амир Хусрав дар таърихи адабиёти классикии форсии тоҷикӣ бо номи «Хамсаи Хусравӣ» низ маълуму машҳур мебошад. Мавзўъ ва мундариҷаи асарҳои шоир мухталиф мебошанд. Яке аз мавзўъҳое, ки шоир ба он дахл намудааст, фазилати илму дониш ва ҷаҳлу ҷоҳилӣ мебошад:

Чун набувад мард ба дониш азиз,

Гов бувад, хармагаси гов низ…

Мард, ки аз илм тавонгар бувад,

Кай назараш бар гуҳару зар бувад.

Шоир дар бобати одобу ахлоқ сухан ронда, покизагиву хулқу одоби ҳамидаро таърифу тавсиф менамояд. Инсонҳоро ба кўшишу ғайрат, некиву накўкорӣ ва тарбияи ахлоқи неки дигарон даъват менамояд:

Некўӣ омўз ба ҳар нокасе,

З-он ки бадӣ ҳаст худ ўро басе.

Амир Хусрав ҳамчун олими мутафаккир, шахси порсо мўътақид ба қонуну қоидаи шариати исломӣ буда, мухолифи ҳама гуна табақаҳои ҷамъият, ки маю машруботро як воситаи хушии ҳаёт маҳсуб медонистанд, шаробро ҳамчун сабабгори бадиву пастиҳо маҳкум менамояд:

Шурбу зино тира кунад ройро,

Шоҳиду май суст кунад пойро.

Масъалаҳои дигар ин сулҳнопазирии ақидаҳои исломӣ бо маю майгусорӣ мебошад, ки дар ашъори шоир ҷои махсусро дорад:

Бодаву тасбеҳ ба як лаб хатост,

Маҷлису меъроҷ ба як шаб хатост.

Масчиду майхона чу як ҷо шавад,

Натъи ҳарифон зи мусалло шавад.

Аз назари Амир Хусрав масъалаи ҳурмату эҳтироми падару модар дар ҷои аввал буда, вазифаи муқаддаси ҳар як фарзанд маҳсуб мешавад. Ин масъала хеле муҳим буда, пойдории оила, авлод, халқу миллатҳо ба он вобастааст. Амир Хусрав ҳурмату эҳтироми аввалро ба модар медиҳад, зеро ки дар таваллуди фарзанд ва тарбияи ў хидмати бузурге дорад:

Як шаба он ранҷ ки модар кашид,

Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.

Ў чу надорад зи паят ҷон дареғ,

Вой, ки чун дорӣ аз ў нон дареғ.

Амир Ҳусрав ҳамчун инсони комил қадру қимати волидайнро муҳокима намуда, диққати асосиро бештар ба зарурат будани фарзанд додааст. Ҳар як фарзанд бояд ободгари миллату кишвар бошад:

Зода агарчи ҳама хокистар аст,

Сурмаи чашми падару модар аст.

Ҳамин тариқ, ашъори пандуахлоқӣ, достонҳои лирикии ў аз намунаҳои беҳтарини назму шеъри адабиёти классикии форсии тоҷикӣ буда, барои тарбияи насли имрўза хизмати босазое кардааст.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

1 Ҳа  1 Не
Маводҳои монанд
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
  • Китобшиносӣ ва феҳрастнигорӣ дар қаламрави адабиёт / Реферат
  • Масъалаҳои ахлоқӣ дар “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов