Ҳаракати зиддишӯравӣ ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Бухорои Шарқӣ
Оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Бухорои Шарқӣ. Амалиёти зиддишӯравии Иброҳимбек. Аввалин ташкилкунандагони дастаҳои зиддишӯравӣ дар Балҷувон Давлатмандбой, дар Кӯлоб Ашӯртӯқсабо, дар Қизилмазор (ноҳияи Темурмалик) Туғайсарӣ, дар Лақай (н. Рудакӣ) Иброҳимбек, дар Дарвоз эшони Султон ва дар Қаротегин (Раштонзамин) – Фузайлмахсум буданд. Шиори асосии қувваҳои зиддишӯравӣ ғазавот буд. Рӯҳониён бошанд, ташвиқот мебурданд, ки халқ барои онҳо озуқаву лавозимот тайёр кунад.
Қисми зиёди сардорони дастаҳои зиддишӯравӣ одамони бой, амалдор ва ҷинояткор буданд. Яке аз онҳо Иброҳим Чақабой буд, ки лақаби “галу”, яъне дуздро дошт. Ӯ соли 1889 дар оилаи сардори авлоди эсанхоҷаҳо дар Кӯктош таваллуд ёфтааст. Иброҳим барои хизматаш аз беки Ҳисор ҳуқуқи ба фоидаи худ гирифтани музди осиёбу обҷувозҳо ва закоти 12 хоҷагиро соҳиб шуда буд.
Дар Душанбе ӯ дар ҳузури амир Олимхон буд. Амирро то Чубек гуселонида, худ ба хонаи падарарӯсаш Абдуқайюм ба деҳаи Қаросуви Данғара рафт.
Воқеаҳои сиёсии соли 1921 баромадҳои зиддишӯравиро тайёр намуданд, сарватмандон мустаҳкамшавии ҳокимияти халқиро дида, шӯришро сар карданд. Моҳи июли соли 1921 тамоми Бухорои Шарқиро шӯришҳо фаро гирифтанд. Сараввал дастаҳои зиддишӯравӣ амалиёти алоҳида-алоҳида мегузарониданд, вале баъдтар ба фишори Артиши Сурх тоб наоварда, бо саркардаҳои номдор Иброҳим (Лақай), Султон (Дарвоз), Фузайлмахсум (Қаротегин), Хуррамбек (вил. Сурхон) муттаҳид шуданд.
Иброҳим дар аввал яке аз аъзои дастаи Қайюмпарвоначӣ буд. Дар тороҷгарӣ зуд ном бароварда, сардори даста шуд. Бо сардории ӯ охири моҳи август босмачиён хостанд, ки қалъаи шаҳри Кӯлобро ишғол намоянд, вале ҳимоятгарони қалъа хабардор шуда, мудофиаро ташкил карданд.
Рӯзи 11-ум командири аскарони қалъа Умарқул Саидов ва Абдураҳмон Ғузакро ба Чӯбек фиристод. Аз Чубек ёрӣ омад. Босмачиён гурехтанд. Рӯзи дигар бошад, 120 савораи шамшердор ба Муъминобод равона шуда, дар роҳ бо 600 босмачӣ вохӯрданд. 80 кас кушта шуд. Босмачиён боз гурехтанд. Ин якумин шикасти калони босмачиён буд. Ин гурӯҳи ҳарбӣ ба Файзобод омад. Иброҳим бошад, Кӯлобро забт карда, аъзои Кумитаи инқилобии вилоятро қатл кард. Ӯ Давлатмандбой (тоҷик) ва Туғайсариро (лақай) дар Кӯлоб монда, худ ба Лақай рафт. Дар Қаротегин ва Дарвоз махсуми Фузайлу эшони Султон ҳам сохти аморатро барқарор карданд.
Моҳи сентябри соли 1921 дар Султонобод ҷамъомади сардорони босмачиён баргузор шуд. Иброҳимбек эълон намуд, ки Ҳокимияти Шӯравӣ дар Ғарму Кӯлоб сарнагун карда шудааст. Намояндаи амир Аҳмадбек гуфт, ки Англия бо Ҳокимияти Шӯравӣ ҷангро сар карданист. Амир ҳам нияти бо қувваҳои калон ба Бухоро омаданро дорад. Аҳмадбек туҳфаи амир – ҷойнамозеро, ки дар он “Ба муҳтарам Муҳаммад Иброҳимбек тӯқсабо” сабт шуда буд, ба Иброҳим дод ва минбаъд ӯ унвони “бек”-ро гирифт.
Иброҳимбек бо мақсади муайяне деҳаи Мазори Мавлоноро пойтахти худ интихоб карда, аз ин ҷо ба деҳаҳои дуру наздик дар бораи сар кардани “ғазавот” ва барҳам додани гарнизонҳои Артиши Сурх номаҳо мефиристод. То нимаи августи соли 1921 дар Бухорои Шарқӣ Ҳокимияти Шӯравӣ фақат дар деҳаҳое боқӣ монда буд, ки гарнизони Артиши Сурх мавҷуд буд. Ба ғайр аз ин, ба ташкилёбии босмачигарӣ дар Бухорои Шарқӣ раиси КИМ-и ҶХШБ Усмонхоҷа Пӯлодхоҷаев ва бародараш Атоуллохоҷа, ки намояндаи ҶХШБ дар Бухорои Шарқӣ буд, ёрии калон расониданд. Онҳо ба вазифаҳои масъули ҳукуматӣ душманони сохти шӯравиро таъйин мекарданд ва халқро зидди сохти шӯравӣ бармехезонданд.
Пӯлодхоҷаев сардорони босмачиёнро ба дастгоҳи идо- ракунӣ таъйин мекард. Бо онҳо созишнома ҳам баст. Атоуллохӯҷа ва Давлатмандбой 12-уми августи соли 1921 дар Балҷувон бо намояндагони босмачиёни Кӯлоб, Қаротегин, Дарвоз, Ҳисор ва Вахш шартнома бастанд, ки аз 8 модда иборат буд. Мувофиқи ин шартнома Артиши Сурх аз Бухорои Шарқӣ бароварда, ин вилоят ба ихтиёри босмачиён гузошта мешуд. Дар созишнома дар бораи нест кардани коркунони фаъоли кумитаҳои инқилобӣ низ сухан мерафт.
Аз ҷумла, бо фармони сардорони босмачиён душманони Ҳокимияти Шӯравӣ аз маҳбасҳо озод ва унсурҳои дигари аксуинқилобӣ ба мансабҳои гуногуни шӯравӣ таъйин ва пешбарӣ шуданд. Дар асл ин шартнома барҳам додани Ҳокимияти Шӯравиро дар Бухорои Шарқӣ дар назар дошт. Тибқи ин шартнома тамоми Бухорои Шарқӣ аз қӯшунҳои русӣ тоза карда шуда, ба ҳайати ҳукумати марказӣ ва маҳаллии Бухоро бештар одамони бонуфузи аҳли дин бояд дохил карда мешуданд. 12 нафар фаъолони шӯравӣ, ки исму насабашон дар шартнома зикр шудаанд, ҷазо дода мешуданд, вагарна шартнома эътибор пайдо карда наметавонист.
Баъди вохӯрӣ Атоуллохоҷа ба Бухоро баргашта, ба ҷойи худ Шоҳзодаро таъйин кард ва ӯ дастаҳои нави босмачиёнро дар водии Вахш ташкил намуд.
Дар ҳақиқат, баъди ин созиш муборизаи зиддишӯравӣ каме суст гардид. Қисмҳои “Экспедитсияи Ҳисор” ба Самарқанд бурда шуданд. Он қувваҳои ҳарбие, ки ба Бухорои Шарқӣ оварда шуда буданд, отряди Ҳисорро иваз карда наметавонистанд. Хулоса, неруҳои зиддишӯравӣ ҳамаҷониба тайёрӣ дида, ҳуҷумро ба Душанбе сар карданд. Ҳуҷум 21-уми сентябри соли 1921 оғоз шуд. Иброҳимбек Душанберо ба муҳосира гирифта, талаб кард, ки гарнизон таслим шавад. Командири гарнизон Т.Морозенко, муовини ӯ Мухин ва консули генералии ҶШФСР дар Душанбе Нагорний шаҳрро ба муҳосира омода намуда, қосиди худро барои ёрӣ талабидан ба гарнизони Файзобод фиристоданд. Сарбозони гарнизон дар муддати 22 рӯз ҳуҷуми пайдарҳами Иброҳимбекро зада гардонданд. 14-уми октябр 100 нафар аскари сурх аз гарнизони Файзобод ба ёрӣ расиданд ва Душанберо аз муҳосира озод карданд.
Ҳамон рӯзи 14 -октябр 100 нафар аскари сурх бо ду пулемёт ба деҳаи Мазори Мавлоно ҳамла оварданд. Инро дида Иброҳимбек боз ба Душанбе ҳуҷум намуд, вале шикаст хӯрд ва Мазори Мавлоноро тарк кард.
Моҳи сентябри соли 1921 ба Бухорои Шарқӣ собиқ вазири мудофиаи Туркия Анварпошшо омад. Ӯ ҳуқуқи ба Бухоро омаданро бо ёрии Ҳукумати ҶХШБ гирифта буд. Дар тамоми Бухорои Шарқӣ то декабри соли 1921 Ҳокимияти Шӯравӣ фақат дар Душанбе боқӣ монда буду халос. Амир 9-уми декабр ба Иброҳимбек фармон дод, ки Душанберо забт намояд. Ҳамон рӯз дар Душанбе хиёнат ҳам шуд. Мутасаддии фавқулодаи ҶХШБ дар Бухорои Шарқӣ Усмонхоҷа Пӯлодхоҷаев ба хотири командири гарнизон Т. Морозенко, муовини ӯ Мухин ва консули ҳарбии ҶШФСР дар Душанбе Нагорний базм орост. Зимни суҳбат намояндагони Ҳукумати ҶХШБ Пӯлодхоҷаев, Алӣ Ризо, Фаррух Халил ва Дониёр хостанд Морозенко, Мухин ва Нагорнийро маҷбур кунанд, ки ба фармони беяроқгардонии гарнизон имзо гузоранд. Вале онҳо ба ин фармон имзо нагузоштанд. Бо фармони У. Пӯлодхоҷаев ин се нафар ҳабс карда шуданд. Баъди ин вай бо Алӣ Ризо аз ваколатҳои худ истифода бурда, дар беяроқкунии баталиони сеюми полки 7-уми гарнизони Душанбе иштирок кард. Аз амали Пӯлодхоҷаев ва Алӣ Ризо шахси номаълуме аз аҳолии шаҳр ба баталиони 2-ум хабар додааст. Аз ин рӯ, баталиони мазкур бонги хатар зада, ба ҷанг омода гардид ва аскарони беяроқшударо яроқнок карданд. Дар ҳамин ҳолат Иброҳимбек аз деҳаи Шоҳмансур ба Душанбе ҳамла овард. Ҷанг се рӯз давом ёфт. Гарнизони 550 — 600- нафара, ки аз чор тараф муҳосира шуда буд, беамон ҷангид. Иброҳимбек маҷбур шуд, ки ақиб нишинад.
Дар қатори онҳо аъзои Комиссияи фавқулодаи ҶХШБ дар Бухорои Шарқӣ ҳам ба Афғонистон фирор карданд, аммо вазъияти Душанбе беҳ нагардид. Қувваҳои зиддишӯравӣ тамоми атрофи Душанберо зери назорат гирифтанд. Нагорний бо Анварпошшо ва Иброҳимбек мукотибаро сар кард. Дар охир босмачиён ваъда доданд, ки агар гарнизон рафтан хоҳад, роҳашро мекушоянд, ба шарте ки Душанберо тарк кунад. Ҳатто ваъда доданд, ки барои аспҳояшон ему хошок ҳам медиҳанд. Ин воқеа 20-уми декабр ба вуқӯъ пайваст ва гарнизон ин талабро рад кард.
Гарнизони Душанбе фақат баъди гирифтани фармон шаби 14 – 15-уми феврали соли 1922 шаҳрро тарк намуд ва 22-юми феврал ба Бойсун расид. Дар тамоми Бухорои Шарқӣ Ҳокимияти Шӯравӣ барҳам дода шуд. Анварпошшо даҳҳо табрикномаи мамлакатҳои хориҷӣ ва шахсони алоҳидаро қабул кард. Моҳи феврали соли 1922 ӯ ба Ҳукумати Шӯравӣ дар бораи аз ҳудуди ҶХШБ ва ҶМШС Туркистон баровардани қӯшунҳои Артиши Сурх ва ба расмият шинохтани давлати ташкилмедодагии ӯ ултиматум (талаби таҳдидомез) пешниҳод кард.
Анварпошшо ба Сурхондарё рафт. Дар он ҷо дастаи зиддишӯравии мулло Абдулқаҳҳор амал мекард. Қувваҳои зиддишӯравӣ аз омадани Анварпошшо рӯҳбаланд гардиданд. Ин рӯҳбаландӣ ва баҳамоӣ вазъияти Бухороро зери хатар гузошт. Дар тамоми Осиёи Миёна ҳаракати зиддишӯравӣ авҷ гирифт.
Луғат
1. Экспедитсияи Ҳисор — отряди ҳарби Ҳисорро меноманд, ки октябри соли 1920 барои сарнагун кардани амир Олимхон дар водии Ҳисор ва барпо намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Бухорои Шарқӣ аз тарафи Ҳукумати ҶХШБ аз ҳисоби қӯшунҳои худ ва Русияи Шӯравӣ таъсис дода шуда буд.
2. Комиссияи фавқулодаи диктаторӣ (КФД) – мақомоти ҳокимиятие буд, ки онро КИМ-и Ҷумҳурии Бухоро марти соли 1922 дар Бухорои Шарқӣ таъсис дода буд. Вазифаи он татбиқи ҳама қарордодҳои Ҳукумати Бухоро ва агар лозим ояд, қабули қонунҳои наву бекор кардани қонунҳои пештара буд. Ин комиссия доимӣ буда, ҳайати он тез-тез иваз карда мешуд ва ҳафтае як маротиба ба ҳукумат гузориши хаттӣ медод. КФД дар асл як навъи ҳокимияти мухтор ҳам буд. Ба ҳайати он мақомоти хоҷагӣ, ҳарбӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, судӣ, маъмурӣ ва ғайра дохил буданд.
Савол ва супоришҳо:
1. Шарҳи ҳоли Иброҳимбекро нақл кунед.
2. Амалиётҳои ҳарбии соли 1922 –и Иброҳимбекро нақл кунед.
3. Анварпошшо кист ва чӣ хел ба Бухорои Шарқӣ омад?
4. Дар бораи ибтидои фаъолияти Анварпошшо дар Бухорои Шарқӣ чиро медонед?
5. Раванди таъсисёбии маъракаи муборизаи зидди Анварпош- шоро шарҳ диҳед.