Ҳадди ақали зиндагӣ ва сохтори низоми музди меҳнат. Нафақаи меҳнатӣ ҳамчун усули ҳавасмандгардонии инкишофи ҳосилнокӣ ва сифати меҳнат
Хусусияти асосии бозори меҳнат дар он ифода меёбад, ки дар ин бо зор ҳудуди пастшавии нарх вуҷуд дорад. Дар ҳақиқат, агар ягон намуди мол фурӯхта нашавад, соҳиби он (истеҳсолкунанда ё фурӯшанда) нархро то он маврид паст мекунад, ки мол фурӯхта шавад. Дар натиҷа фоида ба даст оварда нашавад ҳам, ҳадди ақал қисми хароҷоти истеҳсолӣ ҷуброн мегардад.
Вобаста ба меҳнат ҳолат тамоман дигар аст: нархи меҳнат, яъне меъёри музди кор ҳудуди объективии пастравӣ дорад. Ии ҳудуд дар асоси нархҳои дар мамлакат барқароргашта, ки барои харидани «са бади» минималии неъматҳо зарур аст, муайян карда мешавад. Чунин «сабад» неъматҳоеро дар бар мегирад, ки онҳо барои инсон ҷиҳати рӯз гузаронӣ зарур мебошанд. Арзиши ин «сабад»ро хадди ақали зиндагӣ меноманд.
ҲАДДИ АҚАЛИ ЗИНДАГӢ маблағи пулест, ки барои аз тара фи инсон харидани на камтар аз меъёрҳои физиологӣ маҳсулоти озуқаворӣ ва инчунин барои дар сатҳи минималӣ қонеъ гардони дани талабот ба либос, пойафзол, манзил, хизматрасониҳои нақ лиётӣ, маводи санитарию гигиенӣ зарур аст.
Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳадди ақа ли зиндагӣ» аз 19 майи соли 2009, No521 ҳадди ақали зиндагӣ, ки дар маҷмӯъ ҳисоб карда мешавад, бо мақсадҳои зерин истифода мегардад: баҳо додани сатҳи зиндагии аҳолӣ барои таҳия ва татбиқи сиёсати иҷти- моӣ ва барномаҳои иҷтимоии мақсаднок; таҳлил ва пешбинии сатҳи зин- дагии аҳолӣ; асосноккунии кумакрасонии иҷтимоии давлатӣ ба камбизоа- тон; тадриҷан наздик кардани андозаҳои муқарраршавандаи ҳадди ақали музди меҳнат, нафақаҳо, ҷубронпулиҳо, кумакпулиҳо ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ; муайян кардани ҳадди камбизоатӣ ва татбиқи тадбирҳо оид ба дастгирии иҷтимоии аҳолӣ.
Намудҳои ҳадди ақали зиндагӣ. Вобаста аз таъйиноти мақсаднок, ҳадди ақали зиндагӣ ба намудҳои зерин тақсим мешавад: ба ҳар як нафар аҳолӣ; аз рӯи гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ.
Ҳадди ақали зиндагӣ дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳои он, бо ҷудо кардани аҳолӣ ба сокинони шаҳр ва деҳот, ин чунин бо назардошти хусусиятҳои ҷуғрофию иқлимӣ ва хусусиятҳои ди гари истеъмоли неъматҳои моддӣ ва истифодаи хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар маҷмӯъ муайян карда мешавад.
Муайян кардани бузургии ҳадди ақали зиндагӣ дар таҷриба бо чунин сабабҳо мушкил аст: нуқтаи назари гуногун (пеш аз ҳама, корфармоён ва иттифоқҳои касаба) оид ба неъматҳое, ки ҳадди ақали зиндагӣ ҳисобида шаванд ва бояд ба «сабад» шомил гарданд, вуҷуд дорад; ба нуқтаи назари умумие, ки нисбат ба сатҳи минималии неъматҳои истеъмолии дар «сабад» овардашуда розӣ шудан душвор аст; бо сабаби гуногун будани нархҳо дар минтақаҳои мамлакат, дар ҳадди ақали зиндагӣ фарқияти ҳудудӣ вуҷуд дорад ва бинобар ин, якхела шуда наметавонанд. Масалан, бо зиёд гарди дани хароҷоти нақлиётӣ барои таҳвили мол, нархҳо дар минтақаи ВМКБ нисбат ба минтақаҳои марказии ҷумҳурӣ каме баланд мебошанд. Бинобар ин дар мамлакатҳои гуногун барои муайян кардани бузургии ҳадди ақали зиндагӣ усули гуногун истифода бурда мешавад. Дар Тоҷикистон то имрӯз усули асосноккардашуда, ки меъёри минималии истеъмоли неъматҳои гу ногун ном дорад, истифода шуда истодааст.
Ин чунин маъно дорад, ки ҳангоми муайян намудани бузургии ҳадди ақали зиндагӣ мутахасисон аввал таъмин будани одамонро бо миқдори ғизои зарурӣ ҳисоб мекунанд, то ин ки одамон аз гуруснагӣ ба беморӣ гирифтор нашаванд.
Мутахассисони дигар истеъмоли минималии молҳои ғайриозуқа ворӣ ва хизматрасониҳоро муайян менамоянд. Барои муайян кардани бузургии пулии ҳадди ақали зиндагӣ меъёрҳои натуралии истеъмол бо нархҳои амалкунанда зарб карда мешавад.
Дар бозори муосири меҳнат ҳадди ақали зиндагӣ одатан заминаи асосии ҳисоб кардани меъёри музди минималии меҳнатро ташкил ме диҳад (ҳаҷми минималии пардохти музди меҳнат – ҲМПММ). Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми мазкур оҳистаоҳиста ворид шуда истодааст, ле кин муттассифона, то ҳол ҲМПММ аз ҳадди ақали зиндагӣ паст аст.
Масалан, мувофиқи Кодекси меҳнат, андозаи музди меҳнат бо му вофиқаи байни корманд ва корфармо муқаррар карда мешавад. Музди меҳнат камтар аз андозаи ҳадди ақали муқаррарнамудаи давлат (м. 103 КМ) буда наметавонад ва бо ягон ҳадди аксар маҳдуд карда намешавад.
Низоми пардохти музди меҳнат, андозаи ставкаҳои тарифӣ, маошҳо ва дигар намуди музддиҳиро муайян мекунанд:
а) барои кормандони ташкилотҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгу зорӣ мешаванд – қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
б) барои кормандони ташкилотҳои маблағгузориашон омехта (қис ман маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ ва аз фаъолияти соҳибкорӣ) – қо нунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин шартномаҳо (созиш номаҳо)и коллективӣ, санадҳои меъёрии дохилии ташкилотҳо;
в) барои кормандони дигар ташкилотҳо – шартномаҳо (созишно маҳо)и коллективӣ, санадҳои меъёрии дохилии ташкилотҳо, шартнома (қарордод)ҳои меҳнатӣ.
Бо андозаи музди меҳнати минималӣ одатан кормандони одии бе ихтисос музди меҳнат мегиранд, ки аз ҳама кори одиро иҷро менамоянд ва ин бояд аз ҳадди ақали зиндагӣ якчанд маротиба зиёд бошад, яъне сохтори низоми пардохти музди меҳнат чунин тартибот дошта бошад: а) ҳадди ақали зиндагӣ; б) музди меҳнати минималӣ; в) пардохти музди меҳнати ихтисоснок.
Хусусиятҳои бозори меҳнат ва пардохти музди меҳнати кормандон ро муҳокима карда, бояд диққат дод, ки оид ба ҳуҷҷатҳои музди меҳна ти кормандони кироя одамон ҳангоми рафтан аз бозори меҳнат чиҳоро имзо намоянд. Дар ин ҷо танҳо хусусияти масъала тағйир меёбад: яъне барои корфармо акнун масъалаи асосӣ чунин аст: чӣ бояд кард, ки инсон босифат ва самаранок меҳнат кунад ва барои корманди кироя бошад – чӣ гуна дар доираи низоми амалкунандаи пардохти музди меҳнат ҳар чӣ бештар музди меҳнат гирад.
Ин манфиатҳо дар усулҳои ҳавасмандкунии иқтисодии кормандо ни кироя таҷассум ёфта қарор мегирад. Инсонгароӣ якчанд усули чу нин ҳавасмадкуниро ба вуҷуд овардааст, ки асоситарини онҳо чуни нанд: ҳавасмандкунии фаъолияти меҳнатӣ ба тариқи музди меҳнат; «иштирок дар муваффақият»; вобастагии бевоситаи ташаккули на- фақа аз музди меҳнат.
Музди меҳнат. Шаклҳои нисбатан анъанавии музди меҳнат – вақт байъ ва корбайъ ба шумор мераванд.
Имрӯз дар мамлакатҳои мутараққӣ усулҳои нави муайян намудани андозаи музди меҳнат паҳн гардидааст, ки миқдори бештари пулкоркунӣ бевосита аз муваффақият ва даромадҳои ширкат дар маҷмӯъ вобаста ме бошад. Шаклҳои нави пардохти музди меҳнат аз кӯшишҳои роҳбарияти худи ширкатҳо сахт алоқаманд мебошад.
«Иштирок дар муваффақият». Мақсади асосии он истифодаи усу ли муосири ҳавасмандкунии кормандони кироя мебошад.
Чи тавре ки равоншиносон тасдиқ менамоянд, барои аксарияти ода мон танҳо зиёдшавии даромад кифоя нест. Одамон мехоҳанд дар идо ра намудани корхона фаъолона иштирок намоянд, инчунин мехоҳанд худро шариксоҳиб ҳис намоянд ва ақидаҳои онҳоро ба назар гиранд. Муносибати меҳнатиро чунин ифодакунии равоншиносон – усули муҳи ми захиравии баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва сифати маҳсу лот эътироф шудааст. Соҳибкорон ва роҳбарони корхонаҳои аксария ти мамлакатҳои тараққикарда ин усулро фавран ба худ қабул кардаанд. Махсусан, Япония дар ин масъала пешрафта мебошад. Дигар мамла катҳо низ имрӯз кӯшиш карда истодаанд, ки аз мамлакати тулӯи офтоб дар ҷорӣ намудани низоми «иштирок дар муваффақият» қафо намонанд.
Имрӯз усулҳои таъминкунандаи иштироки кормандон дар тақсимо ти фоидаи ширкат нисбатан васеъ паҳн карда шудааст. Дар баробари ин шаклҳои мукаммалтари ҳавасмандкунӣ ба вуҷуд омадаанд. Яке аз наму дҳои он шариксоҳиби корхона гардидани кормандони кирояи дар кор хона кор карда истода мебошад. Дар бештари мамлакатҳо ҳатто қонун ба ширкатҳо имтиёз медиҳад, ки ба кормандон имконияти шариксоҳиб гардиданро ба корхона диҳанд.
Ҳавасмандкунии нафақавӣ. Ҳар як инсон ҳангоми ба синни му айян расидан ба нафақа мебарояд. Дар аксарияти мамлакатҳои ҷаҳон занҳо баъд аз 60солагӣ ва мардҳо 65солагӣ пурра қобилияти кории ху дро нигоҳ дошта наметавонанд. Дар натиҷа чунин масъала ба вуҷуд мео яд: онҳо аз кадом ҳисоб бояд зиндагӣ кунанд?
Ҳолати мазкурро кори шахсии ҳар як инсон шуморидан мумкин аст: яъне, бигзор, ҳар инсон барои пиронсолии худ маблағ ҷамъ намо яд. Лекин чунин рафтори сарфакорӣ на ба ҳамаи одамон муяссар мегар дад, дар ҳоле ки ҳамаи пиронсолон хӯрок хӯрдан мехоҳанд. То ин ки дар пиронсолӣ маблағ барои зиндагӣ дошта бошанд, аксарияти мамлакатҳо таъмини низоми нафақаро истифода мебаранд. Яъне баъд аз ба нафака расидани синну сол инсон ҳуқуқи гирифтани нафақаи меҳнатиро пайдо мекунад.
НАФАҚАИ МЕҲНАТӢ бо тартиби муайян пардохтани маб лағҳои пулие мебошад, ки ба шаҳрвандон баъд аз расидан ба син ну соли мувофиқи қонун муқараршуда ва инчунин барои хизмати дарозмуддат дода мешавад.
Лекин нафақа на танҳо масъалаи инсонпарваронаро ҳал менамояд. Ақли инсон барвақт дарк кардааст, ки тарсу ваҳм дар назди гуруснагӣ ҳавасмандӣ ба кори хуб мебошад. Бо ин мақсад механизми нафақа таш кил ёфта, андозаи нафақаи меҳнатӣ бевосита аз андозаи музди меҳнат ва собиқаи кор вобаста мебошад.
Чунин тартибот ҳамчунин дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пешбинӣ шудааст, ки барои пайдо кардани ҳуқуқи ба андозаи мак сималӣ гирифтани нафақа, ҳатман бояд на камтар аз 25 сол кор кард. Агар инсон дар давоми ҳаёти худ солҳои зиёд кор карда бошад, он гоҳ ан дозаи нафақа нисбат ба бузургии базисии он зиёд карда мешавад. Худи бузургии базисӣ бошад, бо фоиз нисбат ба музди меҳнат, ки инсон дар давраи фаъолияти меҳнатиаш гирифтааст, муқаррар карда мешавад. Дар аксарияти мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон андозаи нафақа на камтар 40%и музди меҳнатеро, ки инсон то ба нафақа баромадан гирифтааст, ташкил медиҳад. Пас, ҳар чӣ қадаре ки инсон хуб кор кунад, ҳамон қа дар музди меҳнати ӯ зиёд мегардад ва ҳамон қадар беҳтар дар пиронсолӣ зиндагӣ мекунад.
Нафақа аз фонди махсуси нафақавии ширкатҳои хусусӣ ё давлатӣ пардохт карда мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нафақаро аз фонди ягонаи нафақавӣ пардохт мекунанд.
Маблағи фонди мазкур аз ҳисоби аъзоҳаққии корхона ҷамъ гашта, қисми маблағи ҷудошудаи суғуртаи иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.