Гулистон машҳуртарин китоб дар таърихи адабиёти форсу тоҷик аст. Бештар аз 700 сол аст, ки наслҳои тоҷикзабон ин китобро меомӯзанд ва аз он таълим мегиранд. Бисёр фикрҳои тарбиявию ахлоқие, ки дар ин асар баён шудааст, имрӯз ҳам барои сайёраи мо хидмат карда истодаанд.